Сохт ва мундариҷаи «Наводир-ул-вақоеъ»


Наводир ул вакое«Наводир-ул-вақоеъ» дар мероси адабии Аҳмади Дониш мавқеи марказӣ дорад. Ин асар заҳмати 15-сола ва маводи якумраи гирдовардаи муаллиф аст. Нависанда ба таълифи асар соли 1870 оғоз намуда, онро соли 1885 ба итмом расонидааст. Таълифи ин асар муаллифи онро миёни аҳли ҷомеаи онрӯзаи Бухоро ҳамчун адиби тавоно ва мутафаккири забардаст шиносонид. Аҳмади Дониш дар ин асар бисёр масъалаҳои муҳимми фалсафию иҷтимоиро, ки мавриди қазовати файласуфон ва мутафаккирони гузашта буд, аз дидгоҳи нав ва дар аҳди бархурдҳо ботамаддуни Аврупоӣ ба таҳлилу тасвир гирифтааст. Аз ин рӯ, «Наводир-ул-вақоеъ» барои бедории фикрӣ, барои ҷунбиши мафкуравии миллат ва умуман муосирони Аҳмади Дониш, пайравони ӯ ва зиёиёни пешқадами охири асри XIX ва ибтидои садаи ХХ таъсири амиқу дақиқ гузоштааст. Зеро солҳои таҳсил дар мадраса, робита бо дарбору дарбориён, махсусан сафарҳои ӯ ба Россия, муносибат бо олимон, ҳарбиён, сиёсатмадорони Аврупо ҷаҳонбинӣ ва тафаккури ӯро нисбат ба сиёсат ва иқтисодиёти аморати бухоро тағйир дода буд. Сохтори асар «Наводир-ул-вақоеъ» аз нигоҳи сохту таркиб бисёр ҷолиб аст. Асар хати яклухти дорои сужети муайян нест ва қисматҳои сужетро ҳам дар бар намегирад. Асар дар маҷмӯъ аз бисту се боб иборат мебошад, вале боби 15-уми он фарқ дорад. Зеро ин боб «Рисола дар назми тамаддун ва таовун» ном дошта, дорои муқаддима ва се бобби ҷудогона мебошад, ки баъдтар онро шарҳ хоҳем дод.

Бобҳои «Наводир-ул-вақоеъ» гуногунмавзӯъ буда, чаҳордаҳ боби асар таҳлилу тадқиқи муаллиф аст, ки дар боби понздаҳ ҷамъбасти он ба сифати як навъ рисолаи ҷудогона оварда шудааст. Умуман, ҳамаи бобҳои асар аз нигоҳи ғояву мазмун ва мақсади муаллиф ба ҳам як навъ пайванди минтиқӣ дошта, яке дигарро тақвият медиҳад, пурра мекунад. Мушоҳидакор ё таҳлилгар, ки баёни бобу нақли ҳикоёт низ ба ӯ тааллуқ дорад, шахсияти олиму доно, мутафаккир ва ҷомеъашиноси бузургест, ки Шарқро бо тамоми ҷузъиёт ва Ғарбро ҳам хуб медононад. Метавонад мушоҳидакор шахсияте бошад, ки ҷаҳонбинии ниҳоят васеъ, сафаркарда, таълимдида ва қиёскунанда бошад. Дар асл чунин ҳам ҳаст. Аҳмади Дониш ҳамчун ҷомеъашинос ҷамъиятро бе сардор имконпазир медонад. Аз ин рӯ, дар «Наводир-ул-вақоеъ» оид ба тарбияи авлоди инсон, муносибати ниҳоят ҷиддӣ ва эҳтиёткорона нисбат ба фарзандон ва тарбияи мунтазами онҳо, хусусан оид ба ахлоқ ва муомилаи табақаҳои ҷамъиятӣ, ахлоқи табақаҳои ҳукмрон, риояи адолат ва маҳкум намудани ноадолатӣ, нақши амир, қозиву муфтӣ, вазиру қушбегӣ ва ғайра дар бобҳои ҷудогонаи асар андешаҳои шахсии худро баён намудааст. Аҳмади Дониш маориф, таҳсил ва таълиму тарбияро асоси ҷомеа медонад. Вай барномаи таҳсил, сабку усули таълим, китобҳои дарсӣ, ҷараёни дарсҳо ва ғайраро дар таълимдиҳандаҳои Бухорои замони муаллиф, яке аз масъалаҳои марказии асари худ медонад. Масъалаҳои мазкур дар бобҳои «Дар таҳқиқи ҳуқуқи абавайн (падару модар) ва ҳадду ҳуқуқи онҳо», «Дар таҳқиқи матои дунё ва ҳақиқати муомилоти он», «Дар васоёи фарзандон ва баёни ҳақиқати касбу пешаҳо» ва ғ. хеле бо далелу бурҳони қотеъ баён шудааст.

Мазмуну мӯҳтавои асар. Мазмуни мухтасари «Наводир-ул-вақоеъ» тақрибан чунин аст:

Муқаддима.

Дар ин ҷо муаллиф сабаби таълиф шудани асарро бо–мазмуну мундариҷаи он зикр мекунад.

Боби якум. «Дар таҳқиқи ҳуқуқи абавайн…» Оид ба тарбияи фарзандон ва шинохти падару модар аст.

Боби дуюм. «Дар таҳқиқи матои дунё ва ҳақиқати муомилоти он». Дар ин боб бештар кормандони корҳои давлатӣ ва фаъолияти онҳо ба таҳлил гирифта шудааст, ки бояд онҳо маънавияти бой дошта бошанд, то аз ҳарисӣ парҳез кунанд.

Боби сеюм. «Дар таҳқиқи таърихи олам ва тафтиши ҳудусу қидам». Ҳатто аз унвони боб пайдост, ки оид ба пайдоиши олам ва умуман фалсафаи офариниш баҳс рафтааст.

Боби чаҳорум. «Дар иллати накбати уқало ва сабаби давлати суфаҳо». Дар ин боб оид ба сабабҳои бадбахтии оқилон ва хушбахтии бедонишон баҳс меравад. Аҳмади Дониш таъкид мекунад, ки инсон маҳз ба хотири манфиатҳои моддӣ талош наварзад, балки бештар ба маънавият таваҷҷӯҳ зоҳир намояд. Бояд инсон танҳо нафърасони ҷомеъа бошад.

Боби панҷум. «Дар ҳикояти фаромӯшхона ва баёни қурби соат».

Боби шашум. «Дар ҳикояти Ҳоҷӣ ва манофеи сафар ва хислати занон» Доир ба саргузашти марди бухороӣ, ки ба сайҳат баромада хеле тӯлонӣ сафар кардааст, нақл карда мешавад.

Боби ҳафтум. «Дар ҳикояти Абулқосимбӣ ва сафари русия».

Боби ҳаштум. «Дар сафорати Абулқодирбек ва аҷоиби ҷашни Руссия».

Боби нӯҳум. «Дар ҳикояти гирдоби Искандар ва ғанои марди аҷамӣ».

Боби даҳум. «Дар таҳқиқи ишқу муҳаббати ҳақиқӣ ва маҷозӣ ва одоби ишқбозӣ». Ин боб низ мисли дигар бобҳо бо усули суолу ҷавоб навишта шудаанд.

Боби ёздаҳум. «Дар одоби никоҳ ва баёни хусусияти модаршӯ»

Боби дувоздаҳум. «Дар таҳқиқи қазову қадар» Дар ин бахш Аҳмади Дониш вуҷуди зиндагиро дорои чор рукн: хӯрдан, пӯшидан, зану фарзанд кардан ва маскан сохтан медонад.

Боби сездаҳум. «Дар васоёи фарзандон ва баёни ҳақиқати касбҳову пешаҳо».

Боби чордаҳум. «Дар таҳқиқи рӯҳ ва нисбати тааллуқи он ба абдон».

Боби понздаҳум. «Рисола дар назми тамадун ва таовун». Ин ягона боби «Наводир-ул-вақоеъ» аст, ки комилан мустақил буда, аз муқаддима, се фасл ва хотима иборат мебошад. Дар муқаддима сабабҳои пайдоиши одамӣ, хайри он ва ихтиёри ӯ дар чист… ва ғ. баҳс рафтааст.

Фасли аввал «Дар фазилати аморат ва раёсат ва муомилати салотин бо Ҳақ».

Фасли дуюм «Дар сулуки умаро бо сипоҳ ва хадам ва ҳашам».

Фасли сеюм «Дар тариқи раиятдорӣ ва фуқаропарварӣ ва расидан ба ғаври муҳоммии зердастон».

Хотима. Дар таъйини мулук ба нудамо ва муқаррабон. Дар ин рисолаи хурд оварда мешавад, ки инсон шарифтарини махдуқот аст. Ҳама чиз барои инсон офарида шудааст. Зоти инсон аз ақли шарифа ва нафси касифа мураккаб аст. Инсон бояд илму маърифат омӯзад ва аз рӯи илму маърифат ва ақлу фаросат роҳи дурустро паймояд.

Боби шонздаҳум. «Дар таҳқиқи ҳайати арз ва такаввуни маодин ва моюносаба золика». Дар ин боб Аҳмади Дониш оид ба ҷинсҳои кӯҳӣ, конҳо, маъданҳои зеризаминӣ, заминҷунбӣ, вулконҳо маълумот медиҳад.

Боби ҳабдаҳум. «Дар фараҷ баъд аз яъсу хамул».

Боби ҳаждаҳум. «Дар наводири ҳолоти ашхос, ки аз ҷанги сибоъ ҷастанд»

Боби нуздаҳум. «Дар таъбири рӯъёи ҳоила, ки далолат бар ҳудуси воқеа мекард». Муаллиф доир ба хобҳои дидаи хеш ҳикоят мекунад. Ин хобҳо баъзе лаҳзаҳои шарҳиҳолии худи муаллиф низ ҳаст. Яъне бисёр лаҳзаҳои тарҷумаиҳолии Донишро низ равшан месозад.

Боби бистум. «Дар таҳрири маъноии баъзе абёт, ки афозили аср истадъо намуда буданд». Дар ин боб Дониш баъзе байтҳои Бедилро–шарҳу тавзеҳ медиҳад.

Боби бисту якум. «Ҳикояти бӯзинаи таббох».

Боби бисту дуюм. «Дар маънии ҳадиси «Сақф-ул-ҷаннати аршу-р-Раҳмони ва баёни ҳашру Нашр».

Боби бисту сеюм. «Дар ташхиси ахлоқи инсон». Аҳмади Дониш дар ин боб менависад, ки инсон дар хулқу атвор мисли тилло ва нуқра аст, зеро тилло ва нуқра то ин ки холис шаванд, аз чандин кӯраву бӯта мегузаранд. Инсон ҳам бояд аз чандин таҷрибаҳои рӯзгор гузарад, то ин ки хислатҳои разилаву бади худро рафъ созад. Ӯ бештар аз сокинони ҷомеаи онрӯзаи Бухоро намунаҳо меорад. Барои он ки инсони оқил ва инсони ҷоҳилро аз ҳам фарқ гузоред, бояд онҳоро санҷид.

 


Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив