Соиб яке аз шоирони тавонои ғазалсарост, ки дар таҳаввулоти–жанри мазкур саҳми арзанда дорад. Ӯ дар рушди мусаммати мухаммас–низ хеле қавипанҷа мебошад. Мусамматҳои мухаммасҳои ӯ аз нигоҳи–мавзӯъ ва мӯҳтаво, инчунин аз ҷиҳати хусусиятҳои шаклӣ асосан суннатӣ–бошад ҳам, дар ҳунари эҷод навоваронаанд. Чунончи,мусаммати–мухаммаси аввали девони шоир, ки аз нигоҳи унсурҳои шаклӣ низ–тозакориҳо дошта, хеле ҳунармандона эҷод шудааст ва аз чаҳор банд–иборат аст. бандӣ буда, дар маҷмӯъ 42 банд мебошанд ва 210 мисраъ ё ин ки 105–байтро ташкил медиҳанд. Ҳамаи мусамматҳои мухаммаси Соиб дар мавзӯъҳои ишқӣ,маю бода, баҳору зебоиҳои табиат ва ғайра эҷод–шудаанд. Аз тарафи дигар, хеле сабук бошад ҳам оҳангҳои иҷтимоиро–низ фаро гирифтаанд. Вале оҳангҳои хеле қавии иҷтимоӣ, ки дар–ғазалиёти шоир дида мешаванд,дар мусамматҳои мухаммаси ӯ дучор–намеоянд.–Чунончи, банди аввали мусаммати мухаммаси дуюми девонро–барои намуна зикр менамоем:
Гаҳ ба ман теғи тағофул он парирӯ мезанад,
Гоҳам оташ бар ҷигар аз тундии хӯ мезанад,
Рӯ матоб, ай дил, агар теғ он ҷафоҷӯ мезанад,
Ҳар ки худро бар дами шамшери абрӯ мезанад,
Чун ҳилоли ид бар хуршед паҳлу мезанад.
Мусаммати мухаммаси мазкур дорои панҷ банд (басту панҷ–мисраъ) буда, ишқист ва маҳбуба аз ҳама ҷиҳат (ҳам заҳиран ва ҳам–ботинам) бартарӣ дорад. Маҳбуба ҷафоҷӯ, бераҳм, бемеҳр, пурноз,–фохир, ношикебо,бадзабон аст. Ошиқ баръакс: ҷафокаш, шикебо, содиқ,–ҳалим, ботавозӯъ, хоксор, хушмуомила, заҳматкаш мебошад. Аз мӯҳтавои ғазали мазкур пайдост, ки мавзӯи марказии он ишқ буда,–дар он васфи маҳбуба,ҷузъиёти зебоиҳои ҳусни ӯ, то андозае дур–афтодани ошиқ ва тадриҷан ба ҳиҷрон гирифтор шуданаш,шикебоии–ошиқ, нози маҳбуба, дурӣ ҷустани ӯ аз ошиқ, вале ин ҳамаро аз гардиши–рӯзгор, аз ҳукми тақдир, аз печидагиҳои зиндагӣ дидани ошиқ ба назар–мерасад.–Дар баробари ин ҳама, то ҳадде моҳияти андарзӣ гирифтани образи–лирикии ошиқ ба мушоҳида мерасад, ки яке аз сифатҳои хеле нозуки–сабки сухани Соиб,хосса услуби ғазалсароии ӯст.–Дар ашъори Соиб оҳангҳои тасаввуфию ирфонӣ низ хеле қавист, зеро–боре сари ин масъала ӯро муосирин имтиҳон низ кардаанд.
Комментарии (0)