Адиби тавоно Мирзо Ҳабибуллоҳ мутахаллис ба Қоонӣ 20-уми октябри соли 1808 дар шаҳри Шероз ба дунё омадааст. Падари ӯ Мирзо Муҳаммад Алӣ худ шоир буда, бо тахаллуси Гулшан шеър мегуфтааст. Гулшан аслан аз Кирмоншоҳон буда, баътар ба Шероз меояд. Дар овони мактабхонии Коонӣ падараш аз олам гузаштааст. Қоонӣ баъдтар барои таҳсил ба Исфаҳон рафта, сипас бо шоҳзода Мирзо Шуҷоуссалтана – писари Фатҳалишоҳ дӯстӣ пайдо намуда, ба ин восита бо ёрии моддии шоҳзода барои таҳсил ба Машҳад меравад. Қоонӣ худ мегӯяд, ки дар Машҳад зиндагиаш нисбатан хушҳолона будааст. Чунончи, «… бахтам қавӣ, кисаам фарбеҳ, хостаам зиёд», – ба ёд меорад шоир.
Ин ёрии моддӣ имкон медиҳад, ки Қоонӣ ба омӯзиши илмҳо боз ҳам ҷиддитар машғул шавад. Ин аст, ки Қоонӣ ба омӯзиши илмҳои гуногун хеле ҷиддӣ машғул шуда сарфу наҳв, мантиқ, бадеъ, маонӣ, баён, ҳандаса, ҳисоб, нуҷум, калом, фиқҳ ва ғайраро ҳамаҷониба меомӯзад. Ӯ аз илми мусиқӣ низ комилан бохабар будааст. Аз рӯи шаҳодати сарчашмаҳо ва баъзе ишораҳои тарҷумаиҳолии худи Қоонӣ, ӯ дар синни 16-17 солагӣ ба ҷами арӯзро аз худ мекунад. Сарчашмаҳо ба забондонии Қоонӣ низ ишора намуда таъкид кардаанд, ки шоир забонҳои арабӣ ва туркиро хеле хуб медонистааст. Ӯ дар ҳамин поя забонҳои франсавӣ ва англисиро низ омӯхта будааст. Ҳатто Қоонӣ ба писари 7-солаи худ Сомонӣ забони франсавиро то ба ҳадде бо тамоми нозукиҳояш омӯзондааст, ки Сомонӣ дар он синну сол ба забони мазкур озодона сӯҳбат менамудааст.
Шеъргӯии шоир хеле барвақт оғоз гардида, ӯ дар ибтидо бо тахаллуси «Ҳабиб» эҷод мекардааст.
Баъдтар шоир ба хидмати Ҳасаналӣ Мирзо, ки ҳокими Машҳад буд, дохил шуда, се сол хидмат мекунад. Фарзанди Ҳасаналӣ Мирзо Уктои Қоон ном дошт ва шоир тахаллуси худро аз Ҳабиб ба Қоонӣ иваз менамояд. Баъдтар шоҳзодаро ҳокими Кирмону Язд таъин мекунанд ва Қоонӣ низ ба ин макон меояд.
Қоонӣ пас аз он ки бо Фатҳалишоҳ шинос мешавад, муддате хидмати ӯро ихтиёр менамояд, Фатҳалишоҳ ба шоир унвони эҷодии муҷтиҳидушшуаро дода, ба ӯ таваҷӯҳи бештар зоҳир менамояд.
Соли 1835 дар Теҳрон Муҳаммадшоҳ ба тахт менишинад. Қоонӣ худи ҳамон сол ба Теҳрон омада, ба хидмати ӯ дохил мешавад. Муҳаммадшоҳ ба ӯ лақаби «Ҳассон-ул-аҷам»-ро медиҳад, ки баҳри сазовор гардидан ба ин унвон садри аъзам Ҳоҷ Мирзо Оқосӣ мусоидат намудааст:
Худовандо, шунидам мар маро Ҳассон лақаб додӣ, Бале, Ҳассон бувад ҳар к-ӯ, ту бигзинӣ зи эҳсонаш. Кадомин фахр аз ин бартар, ки гӯяд осафе чун ту, Муҳаммадшаҳ Муҳаммад ҳасту Қоонист Ҳассонаш.
Қоонӣ ду дафъа хонадор шуда бошад ҳам, дар зиндагии оилавӣ бахташ омад накард. Пас аз ранҷу азобҳои хеле тӯлонӣ, ки ҳам аз ҳар ду ҳамсараш ва ҳам аз хешовандони онҳо дида буд, вай сахт бемор мешавад.
Мирзо Ҳабибуллоҳи Қоонӣ сеюми майи соли 1854 вафот кардааст. Оид ба санаи вафоти ин адиби хушзавқ шоире чунин моддаи таърих гуфтааст:
Таърихашро яке бурун омаду гуфт: Сад ҳайф, ки рафт аз миён Қоонӣ.
Қоонӣ серфарзанд буда, яке аз писарони шоир Муҳаммад Ҳасан адиби хеле рангинхаёл будааст.
Муҳаммад Ҳасан аз овони хурдсолӣ ба шеъргӯӣ машғул шуда, бо тахаллуси Сомонӣ эҷод мекардааст.
Мероси адабии Қоонӣ.
Қоонӣ ба шеъргӯӣ дар овони 11-12- солагӣ шурӯъ намуда, аз худ осори адабии бое боқӣ гузоштааст. Мероси адабии маҳфузмондаи Қоониро беш аз сад ҳазор байт донистаанд. Он осор асосан аз қасида, ғазал, қитъаоту рубоиёт иборат мебошад. Дақиқан таркиби девони Қоонӣ чунин аст: қасида 330-то, ғазал 78-то, рубоӣ 29-то, мусаммат 6-то, таркиббанд 13-то, тарҷеъбанд 1-то, қитъа 155-то, маснавӣ-2то;
Ҳунари Қоонӣ Дар қасидасароӣ.
Сабаби ба қасида бештар рӯ овардани шоир он аст, ки шоҳони қоҷорӣ адабиётро асосан дар дарбор мутамарказ намуда будаанд. Аз ин рӯ, шоир ба мақсади беҳбуди рӯзгори хеш асосан ба эҷоди қасида камар бастааст. Ҳукумати қоҷорӣ усули кишвардорӣ ва муносибат ба адабиёту адибонро мисли Ғазнавиёни давраи аввал ба роҳ монда буд. Аз ин ҷост, ки Қоонӣ дар қасида ба Унсурӣ, дар тарҷеъбанд ба Фаррухӣ ва дар мусаммат ба Манучеҳрӣ пайравӣ намудааст.
Қоонӣ асосан қасидаҳои мадҳӣ сурудааст. Ӯ дар тағаззули як қасидаи мадҳии худ ба маҳбуба аз омадани фасли баҳор, аз эҳёи табиат ва зебоиҳои он, накҳати гулу лола, вазидани насими гуворо, атрогин гардидани ҳаво ва резиши борони найсон ва ғайра хабар медиҳад.
Чунончи:
Ай турки ман, ай баҳори ҷонафзо,
Бурқаъ бикаш аз рухи биҳиштосо.
К-аз боғи биҳишт навбаҳор инак
Ҳамвор фурӯ чамид зӣ дунё.
Иди аҷамӣ ба фарри Фарвардин,
Дар сабза гирифт соҳати ғабро.
Баст абри сафед килла бар гардун,
Зад лолаи сурх хайма бар саҳро.
Домони чаман аз он пур аз лӯълӯ,
Сомони замин аз ин пур аз дебо.
Андар даман аз шақиқу озаргон
В-андар чаман аз бунафшаву мино.
Оварда бурун баҳори лӯъбатгар,
Аз парда ҳазор лӯъбати зебо.
Навшоду ҳисор гашт, пиндорӣ,
Боғ аз гулу сарву сунбули бӯё.
Ҳар субҳ орад сабо ба пинҳонӣ,
Бас нағз сувар зи ҳар карон пайдо.
Бозори Хутан шудаст, пиндорӣ,
Дашту даман аз шавоҳиди раъно.
ва ғайра.
Тағаззули мазкур, албатта, комилан ба тағаззулоти Фаррухӣ нарасида бошад ҳам, дар тасвири ҷузъиёти фасли баҳор хеле ҳунармандона мебошад. Хусусан, дар мазмунсозӣ табъи баланд доштани шоир ҳис шавад ҳам, дар кор гирифтан аз унсурҳои шаклӣ: вазн, қофия, радиф, матлаъсозӣ ва ғайра чандон ҳунармандона нест. Алоқамандона ба тасвири баҳор, мавзӯъҳои дигари қасидаҳои Қоонӣ васфи маю бодагусорӣ, мусиқиву суруд, таваҷҷӯҳ ба маҳбуба ва умуман шодиву нишот яке аз мавзӯъҳои марказии қасидаҳои ӯ ва хусусан тағаззулоти Қоонӣ аст. Ҳатто тағаззули як қасидаи шоир, ки ба васфи баҳор ва ҷузъиёти он бахшида шудааст, 38 байтро дар бар мегирад.
Дар қасидаҳои Қоонӣ мавзӯъҳои шикоятиву эътирозӣ, танқиду ҳаҷвӣ мисли шиква аз ноадолатиҳои рӯзгор, бадкории ҳасудон, бадгӯиҳои ҳаннотону нотавонбинон, танқиди муфтхӯрону айёшон, ҳокимону соҳибмансабон, амалдорон, ҳамкасбони ҳасадхӯр, қалтабонҳову авомфиребон ва ғайра хеле хуб мушоҳида мешавад.
Қасидаҳои Қоонӣ, гуногунмавзӯъ буда, дар онҳо панду андарз, ситоиши шахсиятҳои динию мазҳабӣ, васфи инсони комил, тасвири шаҳрҳову қасрҳо, тарғиби адлу одилӣ ва адолатхоҳӣ, танқиди риёкорону мутаассибон, манзаранигориву хушгузаронии умр ва ғайра ба назар мерасад. Масалан, баъзе қасидаҳояш арзиши таърихӣ доранд, ки дар онҳо ҳодисаву воқеаҳои таърихӣ, шахсиятҳои сиёсӣ ва фаъолияти онҳо, лашкаркашиҳо, фатҳу ғалабаҳо, кишваркушоиҳо ва ғайра баён шудаанд. Яке аз ҳамин гуна қасидаҳои шоир 268 байтро дар бар гирифта, калонтарин қасида дар таърихи адабиёти форс-тоҷик ба шумор меравад. Ё худ қасидаи «Дар манқабти Алӣ», ки аз 337 байт иборат аст, аз қасидаи қаблан зикршуда ҳаҷман калон буда, достонро ба ёд меорад.
Ӯ дар пайравии Фаррухӣ қасидае дорад, ки дар он воқеаи фатҳи Ғуриёну Ҳирот ба тасвир гирифта шудааст. Қасидаи Фаррухӣ «Фатҳи Суманот» ном дошта, корномаи Маҳмуди Ғазнавиро дар бар мегирад, ки дар он қиссаҳои шоҳони гузаштаро афсона меҳисобад:
Фасона гашту куҳан шуд ҳадиси Искандар,
Сухан нав ор, ки навро ҳаловатест дигар.
Қоонӣ мегӯяд:
Сухан газофа чӣ ронӣ зи хусравони куҳан,
Яке зи шавкати шоҳи ҷаҳон сарой сухан.
Шоир ғалаба дар қалъаи Ғуриёну Ҳиротро ба тасвир гирифта, корномаи шоҳро ба зафару пирӯзӣ ҳангоми кишваркушоиҳо ба қалам додааст:
Ба соли панҷоҳу анд аз паси ҳазору дувист,
Чу кард оҳуи ховар ба бурҷи шер ватан.
Ба азми чолиши афғонхудо зи
Рай ба Ҳирот Сипаҳ кашиду барангехт азмро тавсан.
Ин ҷо низ ҳайбати лашкари шоҳӣ ва васоити ҷангии ӯ ситоиш карда шудааст:
Ҳазор бухтии сармасту ҳар кадом ба шакл,
Чу заврақе, ки аз ӯ чор лангар аст ован.
Ҳазор арродаи гарданда тӯпи қалъакушоӣ,
Чунон ки бар китфи бод садде аз оҳан.
Шоир лаҳзаҳои пирӯзии лашкари шоҳ ва мағлубияти ҳиротиёнро чунин мавриди арзёбӣ қарор медиҳад:
Яке анишаи маккорпеша бурд хабар,
Ба марзбони Ҳарӣ, к-ай ҳамеша ёри меҳан:
Шаҳ аз Рай омаду бигирифт Ғуриёну парер,
Ба шода омаду дар ҷода ҷой дошт паран.
Шоир омодагии ҳиротиёнро ба муқобили ин ҳуҷум чунин баён кардааст:
Ҳам аз миёна гузин кард шаш ҳазор далер,
Ҳужабрзаҳраву пӯлодпӯшу тоғожан.
Ба ҳамин тариқ, дар боби чӣ тавр таввасути сафорати Англия ёрӣ расонидан барои пешгирии минбаъдаи паҳншавии ҷанги мазкур ва анҷоми ин кишваркушоӣ шоир чунин мефармояд:
Шунидаам, ки сафире зи англисхудой,
Ду сол рафт, ки сӯйи Рай омад аз Ландан.
Паём деҳ, ки малик гар гирифт мулки Ҳарӣ,
Инони рахш нагирад магар ба мулки Дакан,
На Қандаҳор бимонад ба ҷой, на Кобул
На Бомиён, на Лаҳовур, на Ғазна, на Парван.
Аз ин муҳокимарониҳо бармеояд, ки қасоиди Қоонӣ арзиши бисёр қавии таърихӣ низ доранд. Хонанда аз онҳо бисёр лаҳзаҳои ҳассоси ҳаёти мадуми кишвар ва умуман Шарқро меомӯзад, аз худ менамояд.
Ба ҳамин тариқ, Қоонӣ дар шаклҳои дигари шеърӣ: тарҷеот, рубоӣ, ғазал, мусаммат ва ғайра низ панҷаи қавӣ доштааст. Вале маҳз дар қасида ва махсусан, қасоиди мадҳӣ Қоонӣ шӯҳрати оламгир дорад. Қасоиди ӯ мадҳӣ бошад ҳам, арзиши волои таърихиро дорост.
Мавзӯъ ва мазмуни асари насрии Қоонӣ – «Парешон».
Қоонӣ на танҳо дар навъҳои гуногуни адабии манзум: қасида, таркиббанду тарҷеъбанд, мусамматот, ғазал, рубоӣ, қитъаот ва ғайра, балки ӯ дар наср низ табъи фавқулодда баланд доштааст. Агар ӯ дар навъҳои адабии манзум: дар қасида ба Анварӣ ва Хоқонӣ, Унсурӣ, Фаррухӣ; дар мусаммат ба Манучеҳрӣ; дар қитъа бештар ба Анварӣ ва Саъдӣ; дар рубоӣ ва тарҷеот ба Фаррухӣ дунболравӣ карда бошад, дар наср маҳз ба Саъдӣ пайравӣ намудааст. Ин аст, ки Қоонӣ дар зери таъмири «Гулистон»-и Саъдӣ асари насрии худ – «Парешон»-ро таълиф менамояд. Гузашта аз ин асар Қоонӣ номаҳо ва зиндагиномаи худро низ ба наср таълиф намудааст.
«Парешон»-ро Қоонӣ дар овони 29-солагии хеш, соли 1836 таълиф намудааст. Дар асар зимни фасли «Сабаби таълифи китоб…» аз Муҳаммадшоҳи ҳоким (солҳои салтанаташ 1834-1848) ёд карда мешавад, ки шояд китоб бо хоҳиши ӯ таълиф шуда бошад. Қоонӣ сабаби «Парешон» ном ниҳодани асари худро дар вазъи ногувору ноороми аҳволи шахсии хеш медонад: «ҷидду ҳазле чанд дар ҳам рехтам ва бархе назму наср бо ҳам омехтам ва он ҷамъро ба муносибати ҳоли худ «Парешон» ном ниҳодам».
Сохтори асар чунин наст: Муқаддима, фасли «Сабаби таълифи китоб», қисмати асосӣ ва хотима. Қисмати асосии асар дорои 123 ҳикоят буда, ба масъалаҳои гуногуни ахлоқӣ, тарбиявӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, инсондӯстиву накӯкорӣ, саховатмандию баландҳимматӣ, сабру таҳаммул, дӯстиву рафоқат ва ғайра бахшида шудааст. Аз сабаби он ки «Парешон» зери таъсири «Гулистон»-и Шайх Саъдии Шерозӣ рӯи кор омадааст, дар он тарбияи инсон ва адолату адолатхоҳӣ аз масъалаҳои марказӣ ва асоситарин ҳисоб мешаванд.
Усули офариниши ҳикоят дар «Парешон»-и Қоонӣ мисли «Гулистон»- и Саъдӣ мебошад. Яъне ҳар як ҳикоят бо порчаҳои шеърӣ, бештар бо қитъаот зеб дода мешавад. Вазифаи пораҳои шеърӣ, ки ғолибан дар интиҳои ҳикоят оварда мешаванд, тақвияту пуррасозии маънии ҳикоёт, муассириву ҷозибанокии он мебошад. Ҳар он маънию мақсаде, ки дар ҳикоя дарҷ гардидааст, таввасути пораҳои шеърӣ асоснок карда мешаванд, ки дигар хонанда комилан аз мутолиаи он қаноатмандӣ ҳосил менамояд ва чуну чаро намекунад. Барои мисол ба ҳикояте аз китоби «Парешон»-и Қоонӣ муроҷиат мекунем:
Подшоҳе аз соҳибдиле суол кард, ки аз подшоҳон чӣ монад?
-Гуфт:
Як чиз, валекин ба ду сифат.
Пурсид, ки он кадом аст?
Гуфт:-Ном, ки чун адлу эҳсон кунанд, ба некӣ ва илло ба зиштӣ.
Ҳазор сол, ки Заҳҳок подшоҳӣ кард,
Аз ӯ намонд ба ҷуз номи зишт дар олам.
Агарчи давлати Кисро басе намонд, вале,
Ба адлу дод шудаш ном дар замона алам.
Қоонӣ адлу зулмро бо образҳои шоҳони таърихӣ Анӯшервон, Ҳотам, Ҳаҷҷоҷ ибни Юсуф ва ғайра ба таври муқоиса зикр намуда, афзалияти адлро бар зулм, бартарии одилро аз золим нишон медиҳад. Ҳикояти мазкури Қоонӣ бо андаке ихтисор доир ба ин мавзӯъ хеле ҷолиб аст:
Подшоҳе кисаи тамаъ дӯхта ва анбони ҳирс аз шаҳвати золимон андӯхта, бад- ин сабаб ҷониби мазлумон нагирифтӣ ва насиҳати носеҳон напазируфтӣ…
Ҳадяи золим ар ситонад шоҳ,
Донишу чашму гӯш хира шавад.
Доди мазлумро бигир аз ӯ,
Субҳи умраш чу шоми тира шавад.
Аз ин лаҳзаҳои ҳикояти мазкур маълум мешавад, ки пояи зулм дар ҳама давру замон ва дар ҳама гуна ҳолат бебақою ноустувор будааст. Баръакс, бунёди адл ва арзиши адолат ва нақши одил дар ҳама гуна ҷомеъа ва дар ҳама гуна давру замон устувору побарҷо, бобақову пойдор аст.
Азбаски «Парешон» асари ахлоқӣ-тарбиявист, пас ситоиши хислатҳои ҳамида: инсондӯстӣ, халқпарварӣ, ватанхоҳӣ, некӣ ва некӯкорӣ, саховатмандӣ, олиҳиматӣ, адолатпарварӣ, илмдӯстӣ, хоксорӣ, фурӯтанӣ, хайрхоҳӣ, некандешӣ, пуртамкинӣ, таҳаммулкорӣ, дурандешӣ, пурсабрӣ ва ғайра дар он бо тамоми ҷузъиёт ба тасвир гирифта шудааст.
Хислатҳои разила аз қабили: бадӣ, бадандешӣ, кибр, ғурур, золимӣ, худхоҳӣ, мардумозорӣ, ғоратгарӣ, қатлу куштор, сабукфикрӣ, кӯтоҳназарӣ, дунҳиматӣ, такаббур, рибохорӣ, ришваситонӣ, авомфиребӣ, қалтабонӣ, даюсӣ, нокасӣ, бодахорӣ, майпарастӣ, муфтхӯрӣ ва ғайра дар ин асар хеле ба таври ҷиддӣ маҳкум карда мешаванд. Масалан, дар ин ҳикоят, ки мастию бодапарастӣ ҳамчун унсури дуркунандаи инсон аз ақл ва аз ҳадди одамӣ ба тасвир гирифта мешавад, хеле муҳокимаронии ҷолиб ба назар мерасад. Хонанда мавқеи адибро ба тезӣ ҳис карда метавонад. Ин ҳикоят «Бодапаймои тавбакор» ном дошта, басо ҳазломезу ҳаҷвӣ ба назар мерасад. Дар ин ҳикоят симои нохуши бадмасте тасвир шудааст, ки бодаи дусола обрӯву эътибори сисолаашро барҳам задааст ва дар охир ӯро ба марг расонидааст.
Дар асар, албатта, таъсири дин ва тасаввуф хуб ҳис карда мешавад. Дину тасаввуф ҳамчун ду омили марказию безарари тарбиявӣ- ахлоқии инсон қаламдод мегардад. Бояд гуфт, ки «Гулистон»-и Саъдӣ ба таърихи адабиёт ҳамчун як кашфиёти нодири адабӣ ворид шудааст. Аз ин рӯ, «Гулистон» ба адабиёти давр ва минбаъда таъсири фаровон гузошта, «Нигористон», «Хористон», «Баҳористон», «Парешон» барин асарҳо бевосита дар пайравии «Гулистон» таълиф шудаанд. Яке аз чунин асарҳо, чунон ки қаблан низ ишора намудем, «Парешон»-и Қоонист, ки охирин ҷавобия ба асари Саъдист. Ин асар ҳам дар шакл (сохтору таркиб) ва ҳам дар мазмуну мӯҳтаво ба «Гулистон» монанд аст, вале дар арзиши адабӣ- эстетикӣ, таъсирнокии мазмуну моҳият, ҳунари эҷоду санъати баён, ҷозибияти сухану маҳбубияти ифода, баҳрабардорӣ аз мутолиаи он ба асари Саъдӣ баробар шуда наметавонад. Саъдӣ ягона адибест, ки дар назму насри адабӣ – бадеӣ мақому мартабаи якхела дорад. яъне ӯ он мавқее, ки дар шеър дорад, айнан ҳамон пояро дар наср низ соҳиб аст.
Қоонӣ низ шоири тавоно ва нависандаи забардаст мебошад. Агар мақоми Қоонӣ ва ҳунари ин шоир дар назму шеър ва санъати эҷодии ӯ дар наср бо эҷодиёти Саъдии Шерозӣ муқоиса карда шавад, ҳеҷ гоҳ Қоонӣ ҳамрадифи Саъдӣ шуда наметавонад. Ҳол он ки то замони Қоони назму насри форс-тоҷик мароҳили комили камолот паймуда, таҷрибаи фаровони эҷодӣ мавҷуд будааст. Албатта, он ашъореро, ки Қоонӣ аз Мавлавӣ зикр кардааст, дар назар дошта намешавад. Аз ҳама муҳим он аст, ки «Гулистон» аз муқаддима, 8 бобу хотима иборат аст, вале ин низом дар «Парешон» нест ва шояд унвони асар ба мӯҳтавои он (дар нисбати «Гулистон») низ ишорае бошад.
Сохтори ҳикояҳо низ дар ин ду асар яксон нест. Ҳикояҳои Саъдӣ хеле кӯтоҳ, пурмазмун, сертаъсиртар ва аз нигоҳи ҳунар ҳам басо ҳунармандонаву ҷолибанд.
Ин тарзи офариниш дар асари Қоонӣ нисбатан заъиф ва аз нигоҳи ҳунар сусттар аст. Ӯ бештар ҳикоятҳоро тӯлонӣ баён намуда, ҳадафро кашол медиҳад.
Дар асари Саъдӣ санъати дӯстдоштаи ӯ дар баёнаш насри мусаҷҷаъ аст, ки аз саҷъ хеле хуб кор мегирад. Ин ҳолат дар асари Қоонӣ каме костааст. Саҷъро Қоонӣ хеле зиёд ба кор мебарад, вале тӯлониву маснӯъ. Хонандаро хаста мекунад, зеро дарки маъно каме душвор мегардад. Саъдӣ дар ҳикояи ишқие менависад:
-Порсоеро дидам ба муҳаббати шахсе гирифтор, на тоқату сабр ва на ёрои гуфтор»…
Коргирӣ аз саҷъ дар «Парешон» чунин сурат гирифтааст:
«Дар фасли зимистон, ки ҳаво бурди бард» пӯшидан гирифт ва чашмаи чашми саҳоб ҷӯшидан, нафас дар ҳалқ танг шуд ва мардуми чашм дар чашми мардум санг».
Бо вуҷуди ин ҳама, Қоонӣ дар таърихи адабиёт бо таълифи ин асар суннати адабиро эҳё кард ва чун охирин ҷавобиягӯ ба «Гулистон» машҳур шуд. Беш аз ин, Қоонӣ бо эҷоди ин асари худ ба насри реалистӣ ва рушди адабиёти маорифпарварӣ тақвияти махсус бахшид.
Ҳунари Қоонӣ дар қасидасароӣ
Мавзуҳои монанд:
- Ҷавобҳои саволҳои имтиҳонӣ аз фанни "География" (шифоҳӣ) қисми I аз 1 то 20 саволнома
- Ҷавобҳои саволҳои имтиҳонӣ аз фанни География (шифоҳӣ) қисми II аз 20 то 35 саволнома
- Ҷавобҳои саволҳои имтиҳонӣ аз фанни Таърихи халқи тоҷик қисми II аз 15 то 30 саволнома
- Ҷавобҳои саволҳои имтиҳонӣ аз фанни Таърихи халки точик қисми I аз 1 то 15 саволнома
- Азнавсозӣ дар Тоҷикистон
Комментарии (0)