«Баҳориёт» ва ё «Ҳайвонотнома»асари тамсилии Миробид Сайидои Насафӣ буда, дар рӯзгори Абдулазизхони аштархонӣ (1645-1680) соли 1091ҳ. (1680м.) дар муддати ду-се рӯз таълиф шудааст ва дар ин бора худи шоир чунин ишора дорад:
Ин нусха, Сайидо ба ду-се рӯз шуд тамом,
Дар рӯзгори ҳазрати Абдулазизхон.
Таърих аз ҳазору навад як гузашта буд,
Аз ҳиҷрати Расул-шаҳи охируззамон.
Асар ҳаҷман чандон калон набуда аз 184 байт иборат мебошад. Мантиқан агар андеша карда шавад «Баҳориёт» бо кибру ғурӯр оғоз шуда бо низоъҳои паёпай ҷараён гирифта то ба интиҳо қариб давом мекунад. Муҳим он аст, ки бо сулҳ ва оштӣ тамом мешавад ва ҳатто ҷонварон аз ҳамдигар узрпурсӣ менамоянд, ки мақсади эҷодкор табиши фалсафӣ мегирад. Яъне ҳама гуна ҷанг ба сулҳ хотима меёбад. Пас ин ҳамин маъниро низ дорад, ки ҷанг, кибру ғурур, ҳавобаландӣ, худхоҳӣ умри тӯлонӣ надорад ва ҳатман пушаймонӣ ба бор меорад. Албатта, ба чунин натиҷаи фалсафӣ расидани Миробид Сайидои Насафӣ бесабаб нест. Шоир аз анъанаҳои адабии тоисломӣ ва асримиёнагӣ иттилооти комил дошта дар эҷодиёти худ аз онҳо кор гирифтааст. Сайидо дар ҳамин замина низ тозакориҳо карда метавонад ва ӯ чунин ҳам кардааст. Ӯ бо эҷоди ин асари худ ду ҷанбаи суннати адабии миллиро тақвият бахшидааст: яке осори тамсилиро таҳким бахшидаву дигаре адабиёти мунозиравиро эҳё кардааст. Намунаи комили асари тамсилӣ-мунозиравӣ «Дарахти Ассурик ва буз» аст, ки дар адабиёти асримиёнагӣ таъсири фаровон гузоштааст. Махсусан дар асри ХI тавассути эҷодиёти Носири Хусрав ва бештар дар осори Асадии Тӯсӣ мунозира ҷилои тозае касб мекунанд. Намунаҳои комили мунозира панҷ қасидаи Асадии Тӯсӣ: «Замину осмон», «Тиру камон», «Шабу рӯз», «Габр ва мусулмон» «Арабу аҷам» ба ҳисоб меравад. Дар ин асарҳо интихоби мавзӯъ ва масъалагузорӣ, ҳалли масъала ва натиҷагирӣ аз он тамоман нав, ниҳоят муҳим ва арзишманд мебошад.«Баҳориёт»-и Сайидо ҳамчун асари адабӣ, пеш аз ҳама дар нақши 18- ҷонвар нишон додани муносибатҳои табақавӣ дар ҷамъият аст. Дар рӯи замин агар пурқувваттарин ҷонвар шер бошад, ҳақиру нотавон мӯрча ба шумор меравад. Шоир ҳушдор медиҳад, ки хисоли ҳамида фурӯтанӣ, хоксорӣ, шикастанафасӣ, ҳалимӣ,дурандешӣ, сабурӣ, хайрхоҳӣ, некӯкорӣ, дидароӣ, тавозӯъ барои солимии ҷомеъа ҳатмӣ ва ногузир мебошад.Дар муқобили хисоли ҳамида, ки номбар кардем, хислатҳои разила: кибр, ғурур, худхоҳӣ, кӯтоҳназарӣ,ҳавобаландӣ, сабӯкандешӣ, бузургманишӣ, ҷоҳталабӣ, нодилӣ, пастфитратӣ, сифлагӣ, дунҳимматӣ, разилӣ,ғаразхоҳӣ, фитнаангезӣ гузошта мешавад. Шоир ду паҳлуи хисоли инсониро (ҳамида ва разиларо) ҳатто дар ниҳоди як ҷонвар ҷой медиҳад. Аҷоиб он аст, ки зикри хислатҳои ҳамила ва дар ҳамин замина содир гардидани кибру ғурур ва ҳам тафохури бебунёд, аз забони худи ин ва ё он ҷонвар таъкид карда мешавад.Вале аз тарафҳои манфии ҳаёту фаъолияти худ он ҷонвар забон намекушояд. Сифатҳои зишту носавоби он аз тарафи ҷонвари муқобили вай номбар гардида, сарзаниш карда мешавад. Вале аз тарафҳои манфии ҳаёту фаъолияти худ он ҷонвар забон намекушояд. Сифатҳои зишту носавоби он аз тарафи ҷонвари муқобили вай номбар гардида, сарзаниш карда мешавад, ки хеле хуб ва табиист. Ҷараёни хатти ҳаракати сюжет ва тезутунд гардидани муносибатҳо, гӯё ҷӯёи ҳақиқати воқеӣ аст. Ин аст ки шоир онро дар нақши табақаҳои басо беозору заҳматкаштарини рӯзгор мӯрча мебинад ва хеле хуб ҳам пайдо мекунад, зеро ҷараёни бархурдҳо,муқовимати низоъҳо, баҳамоии тазодҳо чунин роҳи ҳалли мушкилотро пеш меорад. Бузургии шоир, эҷодкор ва мафкурабардор ҳам дар ҳамин аст, ки роҳи баромадан аз вазъияти баамаломадаро пайдо карда тавонад. Ин мушкилотро Сайидо дар созгории табақаҳои иҷтимоӣ дар меёбад. Ӯ таъкид менамояд, ки ҳар як табақаи иҷтимоӣ дар ҷомеъа ҷой, мақоле ва мавқеи худро дорад.
Комментарии (0)