Лексикаи ҳаҷвӣ - мутоибавии ашъори Мушфиқӣ хоси ҳамон касбу пеша, оддӣ, бозорӣ ва баъзан туркист. Аҳёнан аз одоб берун низ мебошанд. Барои намуна ғазали ҳаҷвии «тақсими мерос»-ро зикр хоҳем кард, ки хеле ҳаҷви малеҳ дорад. дар ин ғазал тавассути санъати таҷову муҳобила аз оғоз то анҷоми он нобаробарии зану мард ва ҳатто хоҳару бародар бошанд ҳам,нобаробарӣ сарфи назар карда намешавад, ба тасвир гирифта мешавад. Аз сӯи дигар, ҳарисӣ нисбат ба молу чиз, сарвату неъмат нишон дода шудааст. Ҳатто шеъри мазкур моҳияти шарҳиҳолӣ дорад:
Ҳамшира хакрҷи мотами бобо аз они ту,
Сабр аз ману тараддуди ғавғо аз они ту.
Анбори пур зи ғаллаи бобо аз он ман,
Он қоҳҳои монда ба саҳро аз они ту.
Ин ҷомахобу бистару болин аз они ман,
Бетоқативу нолаи шабҳо аз они ту.
Танбӯри пур зи хотами бобо аз они ман,
В-он нағмаҳои тарнатороно аз они ту.
В-он ҷои хоби мондаи бобо аз они ман,
Тасбеҳи пора-пораи бобо аз он ту.
Дастор, ҷома, фӯтаи бобо аз они ман,
Бетоқативу нолаи шабҳо аз они ту.
Кафгиру дегу дегчаи бобо аз они ман
Дастгиру дегхонаи бобо аз они ту.
Ҳамёни пур зи тангаи бобо аз они ман,
Занги фулуси мондаи бобо аз они ту
Ҷумла гилему қолини бобо аз они ман,
В-он нақшҳои мондаи бурё аз они ту.
Аз рӯи ҳавлӣ то ба лаби бом аз они ман,
Аз пушти бом то ба Сурайё аз они ту.
Мардум гусел кардану шиштан аз они ман,
Такфини хоб кардани бобо аз они ту.
Рафтан ба сӯи қабру нишастан аз они ман,
Дастархони чалкаку ҳалво аз они ту.
Аз ин ғазал бармеояд, ки шоир урфу одати ҷории замонро, ки дар онҳо ба занон чандон эътибор дода намешавад, сахт ҳаҷв мекунад. Зоҳиран он чизҳое, ки ба хоҳар аз мероси бобо пешниҳод карда мешаванд, ҳам аз нигоҳи миқдор, доираи фарогирӣ, ҳаҷм, саршумор, андоза, арзишманди ҳиссаи ба хоҳар пешниҳодшуда бештар аст. Вале амалан ба хоҳар чизе мушаххас дар даст намемонад. Ва он чи ки моли меросист, ба бародар расидааст. Аз ин рӯ, шоир мантиқан ҳамшираро ҳимоя мекунад.
Комментарии (0)