Мирзосодиқ на танҳо дар навъҳои хурди лирикӣ хушзавқ аст, балки дар достонсароӣ ҳам адиби тавоно мебошад. Аз ӯ чор маснавӣ низ боқӣ мондааст. Аз ҷумла: «Рафъи тумани Оҳугиру Хайробод», «Ба духтаре ошиқ шудани дарвеш», «Қазову қадар» ва «Дахмаи шоҳон». Маснавии «Дахмаи шоҳон», ки соли таълифи он аниқ қайд нашудааст, муҳаққиқон таърихи онро солҳои 1785, 1791 ва 1796 ишора кардаанд. «Дахмаи шоҳон» аз нигоҳи сохтор ва мазмуну мундариҷаи худ хеле ҷолиб аст. Достон аз муқаддима ва қисмати асосӣ иборат мебошад. Муқаддимаи асар аз се бахш фароҳам омадааст. Дар бахши аввал мулоҳизаҳои фалсафии адиб, муносибати ӯ ба мирону шоҳон, адлу дод, ноодиливу бедодӣ баён гардидааст. Дар бахши дуюм оид ба авзои замон, муҳити зиндагӣ, бевафоии дунё,арзиши илму дониш, фазлу ҳунар баҳс карда мешавад. Бахши сеюми муқаддимаи асар доир ба мушоҳидаву сайру гашти шоир дар атрофи шаҳри Бухоро ва ҳаводиси ба ӯ дучоромада баҳс мекунад. Муқаддимаи достон бо зерфасли «Тасвири девони маъбад» интиҳо меёбад. Қисмати асосии достон, ки пас аз муқаддима меояд, «Ибтидои шурӯъ дар мақсуд» нахустзерфасли он мебошад. Мушоҳидаҳои шоир ба тасвири «Дахмаи Субҳонқулихон» оғоз гардида, сонӣ тасвири Дахмаи Убайдуллоҳхон, «Дахмаи Абулфайзхон» ва «Дахмаи Абдулмӯъминхон» меояд ва бо ҳамин достон ба поён мерасад. Дар қисмати асосии достон, ҳангоми сайри шоир ногаҳ аз дахмае садое баланд мешавад, ки:
Кушо сӯи мо чашми ибрат, нигар,
Ки будем шоҳони зарринкамар!
Ҳадаф зикри бебақоии дунё, пушаймонӣ аз амалҳои носавобу зишт мебошад. Баъд шоир садои басо ҷозибу ҷолибе аз як дахмаи мармарин мешунавад, ки он аз зиндагии бемаънӣ, кирдори носавоб, амалҳои нохуби худ ҳангоми ҳукуматдорӣ бо сӯзу гудоз ривоят мекунад. Ин дахмаи ҳокими аштархонӣ — Субҳонқулихон будааст. Мирзосодиқ баъд аз шунидани садои ин амир боз пештар меравад ва дахмаи Убайдуллоҳхон пеш меояд. Ӯ садои ин амирро мешунавад, ки аз таърихи салтанати золимонаи худ ҳикоя менамояд. Амири мазкур аз фаъолияти золимонаи хеш сахт пушаймон гардида, худро хеле сарзаниш мекунад. Убайдуллоҳхон аз кардаҳояш пурра норизост ва таъкид мекунад, то ин ки одамон чунин ғалатҳоро содир накунанд. Яъне дар достон сокини ҳар як дахма саргузашти худро бо тамоми ҷузъиёт, бо забони худаш қоил мешавад. Агар зишткору золим бошад, пас аз кардааш сахт пушаймон аст. Агар заррае кори хуб карда бошад, натиҷаи онро ҳатман дидааст. Дареғо, ки ин амирон ҳанӯз солҳои салтанатдорӣ инро фикр накрдааст. Онҳо салтанати худро «безаволу ҷовид» донистаанд. «Дахмаи шоҳон»-и Содиқ дар заминаи ривояте, ки миёни мардум паҳн шудааст, эҷод гардидааст. Он ривояти шоҳони афсонавии Эрони қадим мебошад ва бо наср таълиф шуда, аз пораҳои шеърӣ барои тасдиқи фикр кор гирифта шудааст. Яъне Искандари Мақдунӣ бо Афлотун ва лашкараш ба қаламрави Аҷам ворид шуда, Афлотун дахмаҳоро ба ӯ нишон медиҳад. Инҳо дахмаҳои Ҷамшед, Рустам, Фаридун, Исфандиёр, Наримон, Манучеҳр, Барзӯ, Сӯҳроб ва дигарон аст. Тавофути асари
Содиқ аз дахмаи ривоятӣ аз он иборат аст, ки:
а) Дар ривоят аз кирдори нек қисса карда мешавад ва дар асари Содиқ танҳо амалҳои зишти онҳо баён шудааст.
б) Асари халқӣ бо усули ривоят нақл буда, асари Содиқ бевосита аз забони худи қаҳрамон аст.
в) Дар асари халқӣ пир донишманду соҳибтаҷриба буда, дар асари Содиқ мушоҳидаи адиб асоси тасвир қарор дода шудааст.
г) Мавзӯъ ва мазмуни асари Содиқ дар адабиёти тоҷик нав буда, ба адабиёт таъсири амиқ мегузарад. Адибон: Мирзо Абдулазими Сомӣ,Абдурраҳмони Тамкин, Аҷзии Самарқандӣ дар пайравии Мирзосодиқ асар таълиф кардаанд. Бояд гуфт, ки тозакориҳо ва навовариҳои Мирзосодиқ дар таҳаввули ғазал ва эҷоди маснавӣ хеле ва хеле назаррас мебошад. Аз ин рӯ, ӯ дар таърихи адабиёти охирҳои асри XVIII ва оғози асри XIX чун адиби навовар мавқеъ дорад.
Комментарии (0)