Ҳурмати меҳмон нигаҳ дор, эй писар


Эй бародар меҳмонро нек дор,
Ҳаст меҳмон аз атои Кирдигор.
Меҳмон рӯзӣ зи худ меоварад,
Пас, гуноҳи мизбонро мебарад.
МехмонОре, меҳмон фардест, ки бо ризоияти Офаридгори бузург ба хони касе падид ояд. Он фардро мебояд бо нармию хушӣ пазируфт. Расму русуми меҳмонию меҳмондорӣ байни мардуми тоҷик аз замонҳои қадим идома дорад. Аз ин рӯ, мардуми тоҷик ҳамчун халқи меҳмондӯсту меҳмоннавоз дар байни халқҳои ҷаҳон шинохта шудаасту хеле машхур аст.
Меҳмонию меҳмондорӣ қоидаҳои асосии худро доранд. Аз ин хотир, нисбати ва меҳмон қабули он лутфу марҳамати зиёдеро бояд анҷом дод. Меҳмон атои Худованд аст ва танҳо ба ризоияти Офаридгори бузург ба даргоҳи касе ҳозир мегардад. Ҳар як инсони комил вазифадор аст, ки меҳмони ба хонааш омадаро бо меҳрубонию хушӣ пазируфта, лутфу марҳаматашро ба ҷо орад. Дар ҳузури меҳмон аз чиҳатҳои гуногуни оиладории хеш ҳарфе назанед. Ҷаҳд намоед, то меҳмонро бо хушию эҳтироми хоса гусел намоед.
Овардаанд, ки дар замони Ҳазрати Расули Акрам (с) шахсе буд, бисёр меҳмондӯст ва зане дошт ниҳоят хасису разил. Рӯзе он мард аз сабаби ранҷу андӯҳи он зан ба Ҳазрати Расусаллоҳ (с) арз кард, ки ба сабаби бадии он зан наметавонад меҳмонеро истиқбол намояд. Хазрат фармуданд, ки ба хона бирав ва ба он зан бозгӯ, ки имрӯз меҳмон меояд ва ту онҳоро ба хушӣ пазироӣ куну ҳангоми омадану рафтанашон диққат деҳ, ки чӣ баракату чӣ ранҷе аз онҳо падид меояд. Ҳамин хел ҳам карданд. Чун вақти дохилшавии меҳмонон шуд, дид, ки дар домани меҳмонон гӯшту меваҳои бисёр дохили хона шуданд. Зан ниҳоят хурсанд шуд. Чун вақти берун рафтани меҳмонон шуд, дар назари зан газандаҳо ва мору каждумҳои бисёр дар домани онон овехта баромада рафтанд. Зан ба шавҳар арзи ҳол кард. Мард рафта ба Расули Худо суол намуд.
-Он неъматҳо ба баракати он аст, ки Худованди олам бо сабаби меҳмонӣ ва мизбонӣ арзонӣ намуда ва он газандаҳо гуноҳҳои соҳибхонаанд, ки берун рафтанд. Пас он зан меҳмоннавоз гардиду бо шавҳараш эҳтиром пайдо кард.
Аз ин ҷо бармеояд, ки ҳамеша бояд бо меҳмон кушодарӯю хандон, чун бо беҳтарин наздикони хеш мебояд муносибат намуд, то баракати хона зиёда гардаду кинаву адоват ва бадию афсурдагӣ аз байн биравад.
Муъмине к-ӯ дошт меҳмонро накӯ,
Хақ, кушояд оби раҳматро бар.
Ҳар кӣ меҳмонро ба рӯи тоза дид,
Аз Худо атфоли беандоза дид.
Беҳтарин хислатҳои меҳмоннавозӣ ин чеҳраи кушоди соҳибхона аст. Ҷабини кушодаи мизбон сабаби кушоиши иштиҳои меҳмон аст. Ҷихати дигаре, ки меҳмон аз ташрифи худ хурсанд шуда, лаззати маънавию руҳӣ мебарад, ин хушзабонӣ нарму суханони аҳли хонаи меҳмондор аст. Агар сад нӯшу неъмат фаровон карда шаваду чеҳраи аҳли оила чин, гапхояшон дағал бошад, меҳмон ботинан аз ин ҳузури худаш пушаймон шуда, хафа бармегардад. Аз ин рӯ, бисёр мебояд меҳмонро азизу гиромӣ дошт ва одоби меҳмондориро ба ҷо овард.
Мардуми тоҷик аз қадимулайём то ба имрӯз меҳмоннавозу меҳмондӯст буда, минбаьд низ фарзандони ин миллати бузург иқдоми онҳоро идома медиҳанд. Мегӯянд, ки мағзе, ки рӯшан нест, кӯр аст, диле, ки бедор нест, гӯр аст. Пас бедор мебояд зист, хушёр мебояд зист, то аз анъанаву расму русуми миллати хеш бебаҳра намонд. Меҳмоннавоз бояд буд.
Ҳар кй меҳмонро гиромӣ мекунад,
Кӯшише бар некномӣ мекунад.
Меҳмоннавозӣ фазилати хуби инсонист. Ҳар касе, ки дар хони худ бо меҳмони ба хонааш омада нармию хушӣ ва болидарухиву эҳгиром ба ҷо намеорад, ӯро Офаридгори бузург пазироӣ намекунад, ба хонадонаш файзу саховат намебахшад. Меҳмонро бо хотири болида ва табъи баланд мебояд гуселонд. Дар ҳузури меҳмон ҳатто бадтарин душмани хешро намебояд таҳқир кард. Баҳри болидагии хотири меҳмон аз осмон бояд ситора овард. Аз каъри замин гавҳари рахшон бурун овард, то меҳмон хушдил гардад.
Бузургии меҳмон ба бузургии хаққи Худованд баробар аст. Аз нобудиҳо чизе бояд сохт, ки меҳмон азият накашад. Аз фаровониҳо чашмаи бузурги илҳом бояд сохт, то меҳмон соҳибтаъб гардад.
Меҳмонро эй писар, эъзоз кун,
Гар бувад кофир бар ӯ дар боз кун.
Ҳаст меҳмон аз атоҳои Карим,
Ҳар кӣ з-ӯ пинҳон шавад бошад лаим.
Меҳмоннавозон Худоро хуш оянд ва дар ҳаёт сербаракат гарданд. Ҳатто дар лаҳзаҳои гаму андӯҳ ва дарду алам низ мебояд бо меҳмон эҳтироми хоса ба ҷо овард. Мисли хуршедаки тахи абр бо лабханде онҳоро пазироӣ кард, то озурдахотир нагарданд.
Хулоса, меҳмонон беҳтарину наздиктарин ва дӯстдортарин наздику пайванди касанд, ки бо воридшавиашон ба хонадони кас нуру зиё, гармию тароват, хушию осудаҳолӣ ва хайру баракати бешумор меоранд. Меҳмонон ҳамеша ба чеҳраи боз, хушгуфторию лутфу марҳамати зиёди мизбон эҳтиёҷ доранд.
Пас биёед азизон, меҳмондӯст бошем, парастишу эҳтироми меҳмонони азизро ҳамеша ба ҷо орем, онҳоро ба лутфу марҳамати зиёд пазироӣ карда гуселонем. Назди меҳмонон ҳеҷ гоҳ мағруру пуртакаббур ва пуртакаллуф нагардем, то меҳмон худро малулу афгор эҳсос нанамояд.
Аз такаллуф дур бош, эй мизбон.
То гаронӣ набвадат аз меҳмон.

Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив