- а) пешвандҳои сифатсози ба-, бар-, бе-, бо-, но-, то-: бомаърифат, бофаросат, бомаслиҳат, баркамол, бебунёд, ноором, ношинос, тоалифбо ва ғайра;
- б) сифатҳое, ки аз ибораҳои исмӣ (ҳамроҳӣ, изофӣ, пешояндӣ) бо пасвандҳои -а, -ӣ (-гӣ, -вӣ) сохта шудаанд: панҷсола, умумихалқӣ, байналмилалӣ, хонагӣ, дунявӣ ва ғайра;
- в) сифатҳои мураккаб: солхӯрда, некандеш, бадхашм, тезгард, пешқадам ва ғайра.
- а) сифатҳое, ки аз такрори калима сохта шудаанд: (коғази) рах-рах, (мӯйҳои) тор-тор, (дили) реш-реш, (ҷигари) пора-пора ва ғайра;
- б) сифатҳое, ки аз шумораву исм бо пасвандҳои -а, -ӣ (-гӣ) сохта шудаанд: санги 50-грамӣ, нигини 5-қирота, вазни 32-килоӣ ва ғайра;
- в) сифатҳои таъкидии навъи заб-зард, каб-кабуд, суп-сурх, сап-сафед, тип-торик ва ғайра;
- а) сифатҳои таркибие, ки бо пайвандаки -у (-ю, -ву) сохта шудаанд: гулҳои сурху сафед, суханҳои пасту баланд, хешовандони дуру наздик, марғзори сабзу хуррам, масъалаҳои иҷтимоию сиёсӣ, корҳои илмию таҳқиқотӣ ва ғайра;
- б) сифатҳои ҷуфте, ки бо пешвандҳои ба-, бо-, бе- ва пешвандгунаҳои сер-, пур-, хуш- ва пайвандаки -у сохта шудаанд: бамеҳру муҳаббат, боақлу фаросат, бедолу дарахт, сершоху барг, пурнозу неъмат, хушобу ҳаво ва ғайра.
Комментарии (0)