Имлои исм


Исмҳои навъи зерин ду тарзи навишт доранд:
  • а) як гурӯҳ исмҳое, ки дар анҷом ҳамсадои ҳ доранд: роҳ-раҳ, чоҳ-чаҳ, моҳ-маҳ, коҳ-каҳ, рӯбоҳ-рӯбаҳ ва ғайра;
  • б) як гурӯҳ исмҳое, ки дар анҷом ҳарфи й доранд: рӯй-рӯ, мӯй-мӯ, кӯй-кӯ, ҷӯй-ҷӯ, пой-по, сарой-саро, шӯй-шӯ ва ғайра.
Якҷо навишта мешаванд:
  • а) бо артикли арабии ал-: алқисса, алвидоъ, алҳазар, алҳақ, алғараз ва ғайра;
  • б) ҳамаи қолабҳои исмҳои мураккаб: гулдаста, садбарг, гарданбанд, падарарӯс, сарфармондеҳ, хештаншинос ва ғайра;
  • в) агар ба воситаи пасванди -ӣ (-гӣ,-вӣ) аз шумораи миқдорӣ исм сохта шавад, танҳо калимаи охири шумора бо унсури -солагӣ якҷо навишта мешавад: бисту панҷсолагӣ, ду ҳазору панҷсадсолагӣ, ду ҳазору панҷсаду панҷсолагӣ ва ғайра;
  • г) исмҳое, ки дар қолаби исм+асоси замони ҳозираи феъл ва пасвандҳои -ӣ, -ак сохта шудаанд: дастгирӣ, роҳсозӣ, навсозӣ, оташгирак, обкашак, тортанак ва ғайра;
  • ғ) исмҳои мураккабе, ки аз шумораву исм бо пасванди -а (-я) сохта шудаанд: себарга, чоркунҷа, чоргӯша, дуоба, сепоя ва ғайра;
  • д) исмҳои мураккабе, ки ба воситаи миёнвандҳои '-у- ва -о-' аз асосҳои феъл сохта шудаанд: гуфтушунид, гуфтугӯ, рафтуомад, обутоб, гирогир, даводав, хезохез ва ғайра.
Бо нимтире (дефис) навишта мешаванд:
  • а) исмҳое, ки ҷузъи шумораи онҳо бо рақам ифода шудааст: 1000-солагии зодрӯзи Абӯалӣ ибни Сино, 20-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1000-солагии «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ, 1100-солагии давлатдории Сомониён ва ғайра;
  • б) номи баъзе ҳизбҳои сиёсӣ ва равияҳои сиёсӣ: ҳизби сотсиал-демократӣ, сотсиал-демократ ва ғайра;
  • в) исмҳои мураккаби иқтибосии андоза: киловат(т)-соат, километр-соат, метр-сония ва ғайра;
  • г) исмҳои иқтибосии навъи: штаб-квартира, гран-при, экс-чемпион, контр-адмирал ва ғайра;
  • ғ) исмҳои таркибӣ аз қабили: вагон-ресторан, механик-ронанда ва ғайра;
  • д) дар номҳои осори классикӣ артикли ал тибқи қоидаи маъмул бо нимтире ҷудо карда мешавад: «ал-Қонун»-и Ибни Сино, «ат-Тафҳим»-и Абӯрайҳони Берунӣ, «Мантиқ-ут-тайр»-и Фаридаддини Аттор ва ғайра;
  • е) исмҳои иқтибосии навъи Волга-Дон, Коста-Рика, Ню-Йорк, Порт-Артур, Сан-Марино, Рио-де-Жанейро ва ғайра.
Ҷудо навишта мешаванд:
  • а) таркибҳои ҷуфте, ки бо пайвандаки -у (-ю, -ву) шакл гирифтаанд: шаъну шараф, гӯшту нохун, молу ҳол, обу ҳаво, саъю кӯшиш, орзую ҳавас, дороиву сарват ва ғайра;
  • б) ҷузъи номҳои таркибии ҷуғрофӣ, ки дар қолаби ибораи изофӣ сохта шудаанд: Панҷи Поён, Сари Хосор, Осиёи Марказӣ, Осиёи Ҷанубӣ, Шарқи Дур, Ростови лаби Дон ва ғайра;
Эзоҳ. Агар ҳар ду ҷузъи чунин исмҳо задаи ягона дошта бошанд, якҷо навишта мешаванд: Конибодом, Шаҳринав, Шаҳрисабз, Шаҳритус, Даштиҷум ва ғайра.
  • в) исмҳои таркибии изофии зерин: аспи гули бодом, атласи абри баҳор, гули ошиқи печон, гули намози шом ва ғайра.
Баёнияҳо ба таври зайл навишта мешаванд:
  • а) баёнияҳои изофӣ ва ҳамроҳии унвон, мансаб, лақаб, нисба, ки ба маънои аслии худ корбаст шудаанд, бо ҳарфи хурд ва ҷудо навишта мешаванд: амир Исмоил, шоҳ Аббос, Саидмӯъмини паҳлавон, Шокири муаллим, Набии мироб ва ғайра;
Эзоҳ. Агар баёнияҳо пас аз исми хос бе бандаки изофӣ омада бошанд, бо исм якҷо навишта мешаванд: Аҳмадмахдум, Салимпаҳлавон, Ҳошимкорвон, Қориишкамба ва ғайра.
  • б) баёнияҳои хешутаборӣ ва эҳтиром бидуни алоқаи изофӣ бо исми хос якҷо навишта мешаванд: Акашариф, Бибиоиша, Шарофатхола, Барноапа, Шодиамак ва ғайра;
  • в) баёнияҳои изофии лақаб, ки бо исми хос омадаанд, бо ҳарфи калон навишта мешаванд: Баҳроми Гӯр, Махдуми Гав, Муҳаррами Ғарч ва ғайра.
Ному насаб ба таври зайл навишта мешавад:
  • а) бо бандаки изофӣ: Масъуди Саъди Салмон, Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ, Ҳусайн Воизи Кошифӣ ва ғайра;
  • б) бе бандаки изофӣ: Раҳим Ҷалил, Ҳаким Карим, Ғаффор Мирзо, Бозор Собир, Лоиқ Шералӣ ва ғайра;
  • в) бо пасвандҳои -ӣ, -зода (-зод), -иён, -пур, -духт: Сомонӣ, Асрорӣ, Мирзозода, Афсаҳзод, Довудиён, Нодирпур, Зафардухт ва ғайра;
Пасванди -ӣ тахаллус низ месозад: Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Саъдӣ, Ҷомӣ, Шукӯҳӣ ва ғайра.
  • г) номи сулолаҳои таърихӣ: Ҳахоманишиён, Ашкониён, Сосониён, Тоҳириён, Саффориён, Сомониён, Ғазнавиён ва ғайра;
  • ғ) исмҳои хоси шахс дар шакли ҷамъ бо ҳарфи калон навишта мешаванд: Одинаҳо, Шоҳмуродҳо, Раҳимзодаҳо ва ғайра.
Эзоҳ. Калимаҳои ибн, бинт, валад дар байни ном ва номи падар бо ҳарфи хурд ва ҷудо навишта мешаванд: Муҳаммад ибни Ҷарир, Робия бинти Каъб, Ёдгор валади Бозор ва ғайра. Калимаи ибн дар оғоз пеш аз исми хоси шахс ҷудо ва бо ҳарфи калон навишта мешавад: Ибни Сино, Ибни Рушд, Ибни Ямин ва ғайра. Исмҳои хоси шахс дар таркиби калимаи мураккаб бо ҳарфи хурд навишта мешаванд: саъдисифат, ҳофизшиносӣ, мавлавихонӣ, бедилхонӣ ва ғайра.
Бо ҳарфи калон навишта мешаванд:
  • а) номҳои Худо: Худо, Худованд, Парвардигор, Офаридгор, Яздон, Аллоҳ;
  • б) номи мақомоти олии давлатӣ, мансабҳои олӣ ва рамзҳои давлатӣ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра;
  • в) калимаи аввал ва исми хоси таркиби номи рутбаҳои тахассусӣ, унвонҳои фахрии давлатӣ ва мукофотҳои олӣ: Мушовири ҳақиқии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мушовири давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корманди шоистаи Тоҷикистон, Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, Нависандаи халқии Тоҷикистон, Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва ғайра;
Эзоҳ. Номи вазифа, мансаб, унвон, рутбаҳои давлатӣ ва ҳарбӣ, дараҷаҳои илмӣ бо ҳарфи хурд навишта мешаванд: вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиши миллӣ, доктори илм, профессор ва ғайра.
  • г) исмҳои хоси маъмурӣ, ҷуғрофӣ ва кайҳонӣ (номи қитъа, кишвар, ҷумҳурӣ, вилоят, шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳа, уқёнус, баҳр, дарё, кӯл, обанбор, кӯҳ, сайёра) ва монанди инҳо: Осиё, Аврупо, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Суғд, вилояти Хатлон, Самарқанд, Бухоро, Хуҷанд, Кӯлоб, Ҳисор, шаҳраки Сарбанд, уқёнуси Ором, баҳри Хазар, кӯли Сарез, дарёи Вахш, Офтоб, Моҳ, Замин, Зӯҳра, Зуҳал ва ғайра;
  • ғ) калимаи нахуст ва исми хоси дохили номи таркибии идора, мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ, илмӣ ва фарҳангӣ: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва ғайра;
Эзоҳ. Номи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва миёнаи касбӣ, номи факултету кафедраҳо, шуъба ва бахшҳои муассисаҳои илмӣ, маъмурӣ ва монанди инҳо бо ҳарфи хурд навишта мешавад: мактаби таҳсилоти умумии № 50 шаҳри Душанбе, факултаи ҳуқуқшиносӣ, кафедраи забони тоҷикӣ, шуъбаи илмҳои биология ва тиб, шуъбаи танзими истилоҳот ва ғайра.
  • д) калимаҳои мураккаби мухтасаршуда (ихтисораҳо)-е, ки аз ҳарфҳои аввали калимаю ибораҳо сохта шудаанд: ҶТ (Ҷумҳурии Тоҷикистон), ДМТ (Донишгоҳи миллии Тоҷикистон), АИ (Академияи илмҳо), БМТ (Бонки миллии Тоҷикистон) ва ғайра;
Истисно: Ҳамаи ҷузъҳои номи созмонҳои байналмилалӣ тибқи қоидаҳои маъмул бо ҳарфи калон навишта мешавад: СММ (Созмони Милали Муттаҳид), САҲА (Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо) ва ғайра.
  • е) ҳар як калимаи номи воқеаҳои таърихӣ: Рӯзи истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯриши Восеъ, Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ғайра;
  • ё) калимаи нахуст ва исми хоси таркиби қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ: Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эъломияи ҳуқуқи башар, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ғайра;
  • ж) калимаи нахусти анҷуман ва ҷашнҳо: Анҷумани байналмилалии тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон, Ҷашни 1400-умин солгарди Борбад, Ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра;
  • з) калимаи нахуст ва исми хоси дохили номи асарҳои бадеӣ, илмӣ, маҷаллаю рӯзномаҳо, суруду мусиқӣ, филмҳо, асарҳои саҳнавӣ: «Марги судхӯр», «Писари Ватан», «Садои Шарқ», «Чӯли Ироқ» ва ғайра;
  • и) номи қаср, кох, китобхона, осорхона, театр, тарабхона, меҳмонҳона, фурӯшгоҳ ва амсоли инҳо: Қасри миллат, Кохи Борбад, Кохи Ваҳдат, Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи миллӣ, Фурӯшгоҳи марказӣ ва ғайра.

Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив