Модарнома


Модар…. чӣ хел калимаи ширин ва дилагез аст. Вақте, ки Модар мегӯем тамоми бадану рӯҳамонро як эҳсоси хубе фаро мегирад, ки мо аз он ҳаловат мебарем.

Модар ба мисли замин якто аст ва муҳабати ӯ барои мо фарзандон беканора ва ҷовидона аст.

Як шаба ранҷе, ки Модар кашид
 Бо ду ҷаҳонаш натавон баркашид.

Аё модар! Туро ёд кардам, дар танҳои чашм мепӯшам ва садои хандаҳоят ба гӯш мерасад. Вақте чашм мекушоям ин садо хомӯш мегардад, зеро ин садо тасаввур аз хотиротам буд. Туро ёд кардам модар, чӣ гуна суханҳое бароят бигӯям то ту дар наздам ҳозир шавӣ ва туро оғӯш гирам сарамро болои китфонат гузораму роҳат кунам. Оҳ модар! Чашмонам аз ёди ту ҳамеша нам ҳастанд. Чӣ қадар вазнин, чӣ қадар мушкил ин дурӣ аз ту, туро ёд кардам.

Биё модар, даст бар сарам бигузор, дили мисли мавҷҳои дарё пурталотум гаштаамро ором намо, биё ки ман бо ту розӣ дил бигуям. Эй раҳмати Худованд ту бузургтарин шахси ҳаёти, зеро бо ин ҳама бузурги маро пиҳил кардӣ. Эй ҷаннати Парвардигор дар рӯи замин! Ту василаи хушбахтии ҳаёти ман, зеро ту маро бизодӣ, баҳри ман шабҳо дар сари гаҳворам нишаста бехобӣ кашидӣ, ду ҷуйбори ширатро аз ман дареғ надоштӣ. Туро ёд кардам модар ту мисли гул ҳастӣ, ки аз бӯи хушат чаҳон муаттар аст. Аё модар! Туро ёд кардам, аз ин дурӣ дилам шикаста аст мисли намози мусофир.

Биҳишт, ки ризои модарон аст, дар зери қудуми Модарон аст. Бале Модар қиматарин неъмати дунё, сарчашмаи муҳабати беканор, химматбаландтарин шакхси башар аст. Канори модар худ мақсади аввалини ҳаёти мост. Мисли оғӯши модар биҳиштосо макони дигаре нест. Модар мисли замин танҳо ва яктост. Модар дар ҳама ҳолат чӣ ҳозиру чӣ ғоиб пайваста дар ёди фарзанд ҳаст. Аз даст рафтани Модар барои фарзанд фоҷеаи хело гарон аст;

Модар, модар, каси баҳиммат бошад,
Дидори шарифи ӯ ғанимат бошад.
Аз маҳзани панди он бигир арзонӣ,
 Фардо чӣ кунӣ, ки ганҷи қимат бошад.

Оре, давлати фарзандон модар аст. Зиндагӣ худ шеър аст, ки бо аллаи модар ибтидо гирифта, бо номи он хотима меёбад. Ҳар фарзанде,ки қимати модарро донад бо дуояш хушбахту шӯҳратёр мегардад.

Сад ҷону дил фидои як муддаои модар,
Фатҳу кушоиш орад дасти дуои модар.
Хира бар он касонам к-аз хештан ризоянд,
 Як бор ношунида ҳарфи ризои модар

Аз сарвату зи шӯҳрат гар бар фалак занад сар,
 Таъзим мекунам боз дар пеши пои Модар,

Зиҳӣ, Модар, ба чунин қудрату матонат, эҳсону ҷасорат ва меҳру садоқати беканор, ки бузургони олам дар пешат сар фуруд меоранд…

Бузургии зан-модар пеш аз ҳама дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбиякунанда ва ба камолрасонандаи фарзанд, инчунин нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад. Пайғамбари ислом ҳазрати Муҳаммад дар яке аз ҳадисҳои худ мефармояд: “Чаҳор чиз саодати шахс аст: ҳамсари шоиста, фарзандони хайрхоҳ, рафиқони хуб ва рӯзӣ дар Ватан”.

Ба ин маънӣ, занону модарон ҳамеша дар тарбияи фарзандони соҳибмаърифату хайрхоҳ ва дорои ахлоқи ҳамида кӯшиш намуда, онҳоро ба ҳаёти мустақилона омода созанд. Зеро фарзанди аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва маънавӣ солим ба қадру манзалати падару модар, Ватан ва таъриху тамаддуни миллат мерасад ва барои давлату миллати худ хизмат мекунад.

Ин масъулияти бузург модаронро вазифадор месозад, ки дар баробари нигоҳубину парасторӣ ва камолоти маънавию ҷисмонии фарзандони худ онҳоро дар рӯҳияи худогоҳиву худшиносӣ, ҳувияту ифтихори миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳомии марзу бум тарбия намоянд.

Агар ободиву суботи ҷомеа аз осоишу оромии ҳар як оила вобаста бошад, дар навбати худ ободии ҳар як хона дон аз рӯҳияи солиму созанда, сатҳи маънавиёту маърифатнокӣ ва тандурустии зан-модар вобаста аст. Нақши модар махсусан дар тарбия, омӯхтани забон, таъриху фарҳанг, донишҳои муосир ва умуман камолоти маънавӣ ва ҷисмонии фарзанд хеле барҷаста мебошад.

Модар барои ҳар як шахс азизу муқаддастар аз ҳама мавҷудоти рӯи олам аст. Модари ман ҳам бароям гиромитарин ва наздиктарин инсон ҳастанд. Ҳар чӣ ки дар рӯйи замин дорам, ҳатто ҷони азизи худро лозим шавад, тайёрам барояшон фидо созам. Модарон арзандаи ҳамагуна эҳтирому дӯстдорианд. Зеро меҳрубонтарин инсонҳои рӯи оламанд ва фарзандро дар ҳама ҳолат дастгиранду дилсӯзу бахшанда. Hавозиши дастони модар беҳтарин истироҳат аст барои фарзанд, новобаста ба синну сол.

Дар ҳаққи модар чӣ қадар сухан гӯем кам аст… онҳо хеле бузурганд!
 Ҷанннат, ки ризои Модарон аст дар зери қудуми Модарон аст.

Рӯзе як нафар пеши Пайғамбарамон (с.а.с) меояд ва мепурсад :
Эй Расули Худо ба ки ман хушрафторӣ кунам, киро хуб нигоҳ кунаму эҳтиром кунам?
Пайғамбари бузург (с.а.с) мегӯяд: Ба МОДАРАТ.
Вай шахс боз мепурсад, баъд ба ки?
Пайғамбарамон боз мегӯянд ба МОДАРАТ.
Он шахс, дафъаи 3-юм мепурсад
Пайгамбарамон боз ба МОДАРАТ мегӯянд.
Вақте боз мепурсад… Пайгамбари бузург он вақт ба ПАДАРАТ мегӯянд.
 Ин бузургии Модарро бинед, ки Пайғамбарамон 3 бор ба МОДАРАТ мегӯянд…

Модар бузург аст. Бузургии модар дар он аст, ки бузургтарин неъмати дунё – фарзандро ба дунё меорад. Шабу рӯз дар фикри он аст, ки фарзанд бузург, донишманд, ҳунарманд шавад ва барои ҷомеа инсони саҳмгузор гардад. Вақте ки фарзандаш 1-2 сола мешавад, модар ба вай аввалин калимаҳоро ёд медиҳад. Вақте ки фарзанд калимаҳоро аз бар карда натавонад, модари бузург бо вай пайваста калимаҳоро такрор карда, омӯхтани онро мусоидат менамояд, то ки фарзанд сухан карданро ёд гирад, тарзи озодона сухан карданро аз худ намояд ва дар синни 3-4 солагӣ ба ӯ тарзи рафтору кирдор ва ба калонсолон чӣ тавр суханронӣ намуданро нишон медиҳад.

Як калимаро ба фарзанди 2-3 сола, агар ягон шахси дигар омӯзонад, он фарзанд ба як бору ду бор калимаи вайро аз худ намекунад, зеро он шахси дигар ба ин кӯдак такрор намекунад. Дар ин ҷо бузургии модар маълум мешавад.

Баҳори ту хазон мабод, эй биҳишти ман,
Ба дасти дигарон мабод сарнавишти ман.
Азизу беҳтарини ман, модари ман,
Биҳиштӣ дар замини ман, модари ман.
***
Аз сари пистони ту сар мешавад умри ҳама,
Аз сари дастони ту пайроҳаи дури ҳама.
Аз дили ту сар шавад дарёдилӣ,
Қобили сурат шавад обу гиле.
***
Чашми бедори ту моро бахти бедор оварад,
Ҷунбиши гавҳора ёд аз чархи даввор оварад.
Домани бахт аст аз домони ту,
Дил ба сомон аст аз сомони ту.
***
Сӯзани ту аз сутуни қасри тилло қимат аст,
Рӯи нуронии ту аз рӯи дунё қимат аст.
Бе ту хуш фоле намонад дар ҷаҳон,
Ҷои ту холӣ намонад дар ҷаҳон.
***
Бо нураш гарчӣ ин хуршеди ховар,
Фаро гирад ҷаҳонеро саросар,
Намегардад валекин он баробар
Ба ин пурӯувватӣ бо меҳри модар!
Фақат модар ба ҳар гармову сармо,
Ҳамеша бар сари гаҳвораи мо,
Накарда мижа таҳ биншаста шабҳо,
Бипарвард ӯ чу ҷон бигрифта дар бар.
Вуҷудаш чун ба фарзанд аст пайванд,
Варо хонад ба худ ҷону ҷигарбанд.
Агар хоре занад бар пои фарзанд,
Дили модар шавад ғамгин муқаррар.
Барои фикру ёди пурумедаш,
Барои ҳурмати мӯи сафедаш,
Ба ҷон ҳам ҳурмату иззат кунедаш,
Набошад то ки чашмаш ҳеч гаҳ тар
***
Ишқам, умедам, хаётам туи, эй модариҷон модарам,
Қалбам, садоям, навоям туи, эй модариҷон модарам.
Ширин забонӣ, дармони ҷонӣ, эй модариҷон модарам,
Танҳо бароям ту меҳрубонӣ, эй модариҷон модарам.
***
Модар, модар ба ҷон баробар модар,
Дубора нашуд ба кас муяссар модар.
Нолам зи ғамат, хок бар сар гирам,
Кошке бимирам дар пеши пои модар.
***
Ёрон ҳама ҷо, вале Ватан дар як ҷост,
Ҳар санги Ватан мисоли ҳайкал зебост,
Олам ҳама ҷо азиз, лекин бар ман
Модар яктост, Тоҷикистон яктост.
* * *
Як мушт зи хоки модари хушназарам,
Мушти дигаре зи хоки поки падарам
Чун ҳадяи вопасинашон бар фарзанд
Резед ба гӯри ман, чу ман даргузарам.
* * *
Модар, модаро, ту ибтидоям будӣ,
Ҳам қимати қомати расоям будӣ.
З-аввал ту намезодӣ, намемурдам ман,
Гӯё ки ту низ интиҳоям будӣ.
* * *
Модар, модаро! Шири сафедам додӣ,
Дунё баумед асту умедам додӣ.
То бар сари ман чӣ ояд аз бешу камӣ,
Ту дар сари гаҳвора навидам додӣ.
* * *
Ҷаҳонеро паи эъҷоз доданд,
Фазоеро паи парвоз доданд,
Чу моро модарон зоданд рӯзе,
Заминро ҳамчу пойандоз доданд.
* * *
Аё модар, мадори ман ту будӣ,
Гули аввалбаҳори ман ту будӣ.
Нахушкад чашмаи шеъру сурудам,
Зи бас сарчашмадори ман ту будӣ.
* * *
Аё модар, ба қурбони ту мирам,
Чу мӯҳри меҳри паймони ту мирам.
Ҷаҳон пурмакру дастон аст, бигзор,
Ки ман дар рӯи дастони ту мирам.
* * *
Сиришти ман, ниҳоди ман ту будӣ,
Сафои бомдоди ман ту будӣ.
Аё модар, ба он сон бесаводӣ
Нахустин устоди ман ту будӣ.
* * *
Ту хушбахтӣ зи қисмат, хоҳари ман?
Сарафрозӣ ба олам, додари ман?
Замин то осмон розиям аз ту,
Ту аз ман розӣ рафтӣ, модари ман?
* * *
Ҷаҳонсозу ҷаҳонороӣ, эй зан,
Сутуни гунбади миноӣ, эй зан.
На танҳо қалъаи дилҳоӣ, эй зан,
Ки ҳатто қалъаи дунёӣ, эй зан.
* * *
Дилам хоҳад равам бар кӯи модар,
Вуҷудам пур шавад аз бӯи модар,
Тамоми рӯи дунёро бигаштам,
Надидам рӯи хуш ҷуз рӯи модар.
* * *
Дареғо, модари пирам, дареғо,
Чароғи бахту тақдирам, дареғо.
Ту будӣ бар сарам, будам фалакгир,
Кунун бе ту замингирам, дареғо.
* * *
Туӣ пирам, туӣ тадбири пирам,
Дуоям кун, дуоятро бигирам.
Намемирӣ ту, эй модар, агар ман
 Барои модари миллат бимирам!

 


Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив