Баённома ҳуҷҷатест, ки муаллиф дар он асли воқеаро чун гувоҳ ё иштирокдор баён менамояд. Баённома бештар ба ҳалли масъалаҳои баҳснок нигаронида мешавад.
Ба декани факултаи таърих
/ном ва насаб!
Баённома
Ман, сардори гуруҳи 102 Каримов Салим ба Шумо маълум менамоям, ки аз донишҷӯёни гурӯҳи мо барои ташкил ва гузаронидани Иди дониш ҳеҷ гуна маблағ ҷамъ оварда зиёфат ташкил карда нашудааст. Иди дониш бе ҷамъи маблағ аз суханронӣ, шеъру сурудхонӣ иборат буд.
Сардори гурӯҳи 102: Каримов С.
/имзо/
/сана/
Комментарии (0)