Ариза ҳуҷҷатест, ки тавассути он хоҳиши нависандаи он ба тариқи расмӣ ба муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ иброз дошта мешавад. Намуна:
Ба ректори ДДХ ба номи
академик Б.Ғафурое
академик Н. Салимов,
аз донишҷӯи курси III
факултаи филологияи тоҷик
шӯъбаи рӯзноманигорӣ
Баротов Карим
Ариза
Хоҳишмандам маро аз гурухи шартномавӣ ба гурӯҳи буҷетӣ гузаронед. Ман имконияти пардохти маблағи таҳсилро надорам, Падарам дар соли 2008 вафот карданд, дар оилаамон касе кор намекунад, бародарам Баротов Ҳалим, соли таваллудаш 1989 дар сафи Артшии миллӣ дар хизмат аст.
Ба ариза ҳуҷҷатҳои зеринро замима менамоям:
-нусхаи шаҳодатномаи вафоти падарам;
-тасдиқномаи комиссариати ҳарбии вилояти Суғд
Бо эҳтиром: /имзо/
/сана/
Комментарии (0)