Хислатнома ҳуҷҷатест, ки аз ҷониби сардори муассиса дар бораи кормандон навишта мешавад. Дар он мухтасар сухан аз фаъолияти меҳнатӣ, ташаббус ва дастовардҳо, низоми кор, хислатҳои шахсӣ, шуғли дӯстдошта, этибор дар ҷомеаи меҳнатӣ, мукофотҳои давлатӣ, оиладорӣ меравад. Роҳбари муассиса ҳуқуқ дорад дар бораи хислатҳои манфии корманд низ нависад. Дар ин сурат ба хислатнома имзои раиси иттифоқи касаба ҳатмист. Намуна:
Хислатнома
ба Муҳаммадраҷабов Солеҳ муаллими
кафедраи услуби таълими фанҳоӣ
табиатишносии Донишгоҳи давлатии
Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров
Муҳаммадраҷабов Солеҳ соли таваллудаш 1976, миллаташ тоҷик, ғайриҳизбӣ дар кафедраи услуби таълими фанҳои табиатшинос аз_соли 2007 инҷониб дар вазифаи муаллим кор мекунад. + хатмкардаи факултаи табиатишносии ДДХ мебошад ва бо қарори комиссияи имтиҳоноти давлатӣ ба ҳамин кафедра ба сифати муаллим ба кор тавсия шудааст. + дар солҳои 2002-2006 дар шӯъбаи ғоибонаи аспирантураи ДДХ аз рӯи ихтисоси 03.00.05- ботаника таҳсил дошт ва дар ин муддат рисолаи номзадиро дар мавзӯи «Навҳои гулҳои ороишии Шимолии Тоҷикистон ва парвариши онҳо» ба итмом расонида ба муҳокимаи кафедра пешниҳод намуд.
Муҳаммадраҷабов С. аз рӯи ихтисоси усули таълим дониши хуб дорад, дарсҳои амалӣ, лабараторӣ, семинарӣ мебарад, ба таҷрибаи омӯзгории донишҷуён рохбарӣ менамояд. Тибқи соҳаи услуби таълим муаллифи чаҳор мақолаи проблемавӣ мебошад, ҳамаи имтиҳоноти минимуми номзадиро супоридааст.
Муҳаммадраҷабов С. дар корҳои ҷамъиятии факулта ва донишгоҳ фаъолона иштирок менамояд: узви /котиби/ Шӯрои таълимӣ-методии факултаи табиатишносии ДДХ, ноиби раиси Шурои олимони ҷавони ДДХ мебошад. Шуғли дӯстдоштааш паррандапарварист, мухлиси назми тоҷик буда, ашъори бисёр аз ёд кардааст.
+ соҳиби оила ва ду нафар фарзанд аст. Мукофоти давлатӣ надорад, бо айбе маҳкум нашудааст, дар ҷомеаи факулта ва донишгоҳ соҳибиззат мебошад.
Декани факултаи
табиатшиносии ДДХ /ном ва насаб/
Раиси иттифоқи касаба /ном ва насаб/
/сана/
Комментарии (0)