Кафолатнома (доверенность) ҳуҷҷатест, ки нависандаи он дар бораи ҳодиса, воқеа, иҷрои амале кафолат медиҳад. Имзои кафолатдеҳ аз ҷониби сардор ё масъулини муассиса тасдиқ карда мешавад. Намуна:
Кафолатнома
(Доверенность)
Ман, Акбаров Салим, донишҷӯи соли сеюми факултаи математика ба Аҳмадов Назир Усмонович шиносномаи А449776 ШКД-и н. Б. Ғафуров 18.03.2001 додааст, кафолат медиҳам, ки идрорпулии маро барои моҳҳои март ва апрели соли ҷорӣ аз хазинаи (касса) ДДХ бигирад.
/имзо/
Кафолатномаи Акбаров Салимро тасдиқ мекунам.
Декани факултаи
Таърих /ном ва насаб/
/мӯҳр/ /сана/
Комментарии (0)