Гувоҳнома (акт) ҳуҷҷатест, ки тавассути он бо имзои иҷрогарони амал ва шахсони салоҳиятдор ҳарчи чорабиниҳо ба расмияти муҳосибот ворид карда мешавд.Намуна:
Гувоҳнома
(Акт)
ш.Хуҷанд, 26 июли с.2001
Мо, дар зери имзокунандагон, сардори гурӯҳи 202 ихтисоси «биология» /гурӯҳи ӯзбекӣ/ Ҳотамов У-, донишҷӯёни ҳамин гурӯҳ Каримова М., Ёқубов С., мураббии гурӯҳ Бобоҷонов Х.А. ин гувоҳномаро тартиб додем дар ин бора, ки аз хазинаи гурӯҳ барои ташкил ва гузаронидани Иди забон 42/чилу ду/ сомонӣ ба тариқи зайл сарф шуд.
1.Ороиши зал 4с. 60д.
2.Хариди тӯҳфа ба ғолибони озмун 22с.
З.Чопи таклифнома 4с. 40д.
4.Гулдастаҳо барои меҳмонон 11с.
Ҳамагӣ: чилу ду сомон 42с.
Гувоҳнома ду нусха ба имзо расид, ки дар дасти хазинадор ва сардори гурӯҳ нигоҳ дошта мешавад.
/имзо/ Ҳотамов У.
/имзо/ Каримова М.
/имзо/ Бобоҷонов Х.А
Комментарии (0)