Ҷаҳонро хуррамӣ аз деҳқон аст


Чаҳонро хуррамӣ аз деҳкон аст,

Аз ў гаҳ зар, гаҳе бўстон аст.

Ҳар як оила хоҳони он аст, ки ҳамеша дастархонаш пур аз нозу неъматҳо бошад ва аъзоёни оила серу пур бошад. Ин ҳама серию пурӣ натиҷаи заҳмату меҳнати содиконаи деҳконон аст. Шоир Алӣ Бобоҷон бо ин мисраҳояш меҳнати деҳқонро чунин васф кардааст:

Хокро карда нарм чун сурма

Бомдоди баҳор дона бикошт,

Донааш нони гандуми мо шуд,

Хирмани ганҷ аз замин бардошт.

Деҳкон аз субҳи содиқ, пеш аз ҳама, тулӯъи офтоб хеста ба замин қадам мениҳад бо дастони боқуввати худ олоти меҳнатро гирифта ба сари замин равона мегардад. Ин амали деҳкон аз оғози фасли баҳор то анҷоми фасли тирамоҳ ҳар руз пай дар пай такрор меёбад. Ҳосиле, ки деҳкон бо азобу машаккат ба даст меорад, зеби дастархони мардум ва ғизои ҷону тани мо мегардад. Маҳсули ранҷи дасти ў дастархони моро оро медиҳад. Аз ин рӯ, шоире хуб гуфтааст:

Марди деҳкон, дасти пурзурат набинад дардро,

Мисли ту кай дида олам саховатмандро.

Сарвари давлатамон нақши деҳкононро дар инкишофи ҷомеа ва баланд гаштани сатҳи камбизоатӣ амик дарк намуда, бо фармони худ 75-ҳазор гектар заминро барои деҳқонон чудо намуданд. Ин икдоми Президентро деҳконон бо хушнудӣ қабул карданд. Ин ташаббуси сарвари давлат манбаи зиёд  гардидани маҳсулот гардид ва то андозае нарху навои маҳсулотро ба низом овард.

Ҳоло дар сатҳи ҳукумат барои фароҳам овардани шароити хуби меҳнатии деҳконон ва ҳифзи ҳуқуқии меҳнати онҳо санадҳои меъёрии ҳукукии ҷудогона кабул шудаанд, ки онҳо оғози кор, анҷоми он, давомнокии вакти корӣ, танафуси байни бастҳои корӣ, ҳадди ақали музди меҳнат ва масоили дигарро танзим мекунад.

Дар миёни деҳқонон шиорҳои машҳур ҳамеша вирди забон аст: «Кори имрӯзаро ба фардо магузор «дасту бозуям-обу орзуям «, «даст ҷунбад, даҳон меҷунбад «, «зарро дар оташ, одамро дар меҳнат месанҷанд «, «дарёро об машҳур мекунад, одамро меҳнат», «меҳнати ҳалол- нони бемалол «, «ҳар кӣ ҳалол кор кард хамба пур аз орд кард «, «меҳнати баҳор пур кунад анбор » ва гайраҳо.

Мо орзу дорем, ки дасти пуррганҷи деҳкон ҳамеша пурганҷ бошад. Меҳнате, ки аз баҳор то тирамоҳ, дар фаслҳои гармову сармо барои мо мекунад, боз ҳам зиёдтар карда шавад. Ҳурмату эҳтироми деҳқон садчанд гардад. Ҳақиқатан деҳқон куввату қудрати зиндагист. Ҳар қадар, ки ӯро эҳтиром кунем, дӯст дорем, кам аст.

Деҳкон руҳи равони қуввату дармони мост. Ҳалолат бод, эй марди кишоварз.

Ҷаҳонро хуррамӣ аз деҳқон аст

Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив