Оҳан (Fe)


ОханОҲАН (лот. Ferrum), Fe, элементи химиявии гурӯҳи VIII ҷадвали Менделеев; рақами ат. 26, массаи ат. 55,847. О. ба инсоният аз қадимулайём маълум аст. О. қариб 300 минерали оксидӣ, сулфидӣ, силикатӣ, карбонатӣ, фосфатӣ ҳосил менамояд. О. дар организми одаму ҳайвонот дар раванди пайвастану ба бофтаҳо интиқол додани оксиген иштирок мекунад. О. фаъолияти узвҳои хунофарро меангезад, ҳамчун дору ҳангоми муолиҷаи камхунии оҳаннорасо, диатезҳои хунрез, лейкоз ва ғ. истифода мегардад. Изотопи радиоактиви он 59Fe ҳангоми тадқиқоти клиникӣ кор фармуда мешавад. Дар организми одам 4 – 5 г О. мавҷуд аст: 70%-и ин миқдор дар таркиби гемоглобин, 5 – 10% дар таркиби пигменти нафаскашии мушакҳо (миоглобин) ва 0,1% дар таркиби плазмаи хун дохил мешавад; 20 – 25%-и О. дар организм дар шакли захира вуҷуд дорад. Миқдори О. дар зардоби хуни марди калонсол 120 мкг/100 мл, дар занҳо – 80 мкг/100 мл аст. Дар як шаборӯз бо пешоб 60 – 100 мкг О. хориҷ мешавад. Ҳангоми гемосидерози пӯст, гемохроматоз, баъзе шаклҳои камхунӣ, бемориҳои сироятӣ, сиррози ҷигар, уремия, омосҳои бадфарҷом ва ғ. дар таркиби зардоби хун миқдори О. якбора меафзояд (гиперсидеремия). Сиёҳолуи хушк, лӯбиё, ҷигари гов, нахӯд, марҷумак ва диг. ғизоҳо О.-и фаровон доранд. Мубодилаи О. дар организм ба фаъолияти ҷигар вобаста аст. Бинобар ин аз рӯи миқдори О. дар таркиби зардоби хун метавон оид ба ҳолати ҷигар баҳо дод.


Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив