Маълумот оид ба намуди доруҳо


Дорухона        Намуди дору ин ҳолати шакли қулайтарини маводи дорувор ё ин ки гиёҳҳо, барои истифодабарӣ баҳри ба натиҷаи дилхоҳи онҳо дар муолиҷаи аз беморӣ ё ин ки пешгирии он ноил шудан мебошад. 

         Доруҳо намуди сахт, нарм ва моеъ дошта метавонанд. Инчунин як доруворро дар ҳамаи намудҳои он тайёр кардан мумкин аст. 

Tabulettaaef – қурс – таблетка 

Намуди сахти дору аст, ки воя ва таркиби муайян дошта, бо роҳи фишурдани дорувор ва маводҳои ёридиҳандаи он дар исканҷа («пресс») тайёр карда мешавад. Баъзе намудҳои қурсҳо барои истифодаи берунӣ (ad usum externum) ё барои истифода ҳангоми тазриқ (pro injectioibus) (баъд аз дар моеи махсус ҳал намудан) тайёр карда мешавад. 

Tabuletta obducta – қурси рӯйкашкардашуда 

Ин чунин намуди қурс мебошад, ки таъми нохуши дорувор бартараф шуда, намуди он беҳтар гардонида шудааст. Ҳамчунин рӯйкашкунии дорувор онро аз таъсири беруна муҳофизат менамояд.  

Dragee – саққочадору (ҳабба) – драҷе 

Намуди доруи сахт буда шакли кулӯла – саққочаро дорад. Барои истеъмоли дохилӣ истифода мешавад. Бо роҳи фишурдани бисёркарата (қабат ба қабат) тайёр карда мешавад. 

Granulum i,m – ғурӯшадору – гранула 

Намуди доруи сахт буда, шакли доначаи гандумаки слиндрӣ в/ғ доштани он мумкин аст. барои истеъ -   моли дарунӣ истифода бурда мешавад. 

 Pulviseris,m – хока – порошок 

Намуди сахти дору дар ҳолати хока. Барои истеъмоли дарунӣ, берунӣ ва тазриқ (пас аз ҳал намудан дар моеи лозимаи бесироят) истифода кардан мумкин аст. хокаҳои миқдори муайян вояноккунанда (pulvis divisus) ва воянокнашуда (pulvis indivisus)  тайёр карда мешаванд. Ба миқдори номуайян одатан хокаи упо (aspersion,onis,f.) истифода мешаванд ва онҳо pulvis subtilissimus (хокаи ма- ҳин) ad usum externum ҳастанд – баҳри истифодаи берунӣ, барои пошидан истифода бурда мешаванд.

Unguentum,i,n – марҳам – мазҳ 

 Намуди доруи нарм дар асоси равғанҳо, чарбҳо вазелин ad usum externum тайёркарда мешавад.

Linimentum,i,n – марҳами суст – линимент. 

Намуди нарми дору, аз марҳам моеътар (ad usum externum) барои истифодаи берунӣ таъин карда мешаванд.

 Ҳангоми навиштани дорухат нишон дода мешавад, ки маҳ - лул дар асоси спирт (Solutio spirituosa) ё дар асоси равған (Solutio oleosa) тайёр карда шудааст. 

Guttae,arum,f – чакраҳо (қатраҳо) – капли. 

Намуди моеи дору, ки дар чакраҳо ad usum internum, ad usum exsternum истифода кардан мумкин аст. Чакраҳои махсус барои гӯш, чашм бинӣ мавҷуд мебошанд. 
Дар дорухатҳо адади чакраҳои муайян бо рақамҳои юнонӣ (I,II,V) нишон дода мешаванд. 

Mucilage, inis,f – луобдору, шилмакдору – слизҳ. 

Моеи часпанда ҳамчун сақичак (шилмакдору) буда, ad usum internum истифода бурда мешавад. Онҳо ба таркиби баъзе доруҳои мураккаб дохиланд. Хусусиятҳои озордиҳандаи баъзе доруҳоро бартараф менамояд. 

Луобҳоро аз растаниҳои луобдор, бо роҳи дар об ҳал кардани лнҳо ҳосил мекунанд. Номгӯи базеъи онҳо: mucilago gummi Armeniacae – луоби зардолугӣ mucilago radicis Althaeae – луоби решаи гули хайри (алтей), mucilago Amyli – луобӣ оҳарӣ ва ҳоказо.

Emulsum,i,n. emulsio,onis,f – эмулсия – эмулсия. 

Намуди доруи моеъ, ки андарунаш чакраҳои дигар моеъ муаллақ мебошад… Ad usum ibternum, ad usum exsternum, pro injectionibus истифода бурдан мумкин аст. 

Аз рӯи тайёр намудани, онҳо emulsium oleosum (emulsio oleosa) – эмулсияи равғанӣ, emulsium seminal (emulsio seminalis) – эмулсияи тухмигӣ (тухми ниёҳӣ) мешаванд. 

Эмулсияҳои равғаниро аз oleum Ricini, oleum Amygdalarum, oleum jecoris Aselli тайёр кардан мумкин аст. Ҳамчун эмулсиякунандаҳо (эмулнаторҳо) одатан gummi arabicum, gummi Armeniacae истифода бурда мешавад. 

Эмулсияи тухмигиро аз semenis Amygdali amarum, Amygdali dulcis, semenis Cucurbitae тайёр менамоянд. 

Suspensio,onis,f – суспензия (омеза) – суспензия 

Намуди моеи дору, ки дар муҳити моеъ зарраҳои сахти дорувор муаллақ мемонад. 

Ad usum internum, ad usum externum, pro injectionibus (suspensio strilis) истифода мешавад. 

Mixture,ae,f – мумзаҷ – микстура.

Намуди доруи моеъ, ки аз якчанд доруҳо ташкил ёфтааст. Онро аксаран ad usum internum таин менамоянд. 

Membranula (lamella),ae,f ophthalmica – пардадору барои чашм – глазная плёнка. 

Намуди доруи бесироятгардонида, ҳамчун пардаи полимерӣ, ба ҷои чакраҳо барои чашм истифодашаванда.  

Pastaaef – хамира – паста 

Марҳами дар таркиби худ беш аз 20 – 25% маводи хокаги дошта (ad usum externum), барои истифодаи беруни таъин карда мешавад. 

Suppositorum, i, n –шамъчадору суппозиторий (свеча)

 Намуди дору, дорои вояи муайяне (миқдоре), ки дар ҳарорати 200С дар ҳолати сахт буда, дар ҳарорати бадани одам об мешавад. Шамъчадоруҳо низ гуногун мешаванд:   suppositorum rectale онҳо per rectum (дохилирострӯдагӣ) истифода бурда мешаванд; suppositorum vaginale – ин намуди дору шамъчадоруҳо ren vaginam (дохилимаҳбалӣ) истифода бурда мешаванд. Шакли онҳо ҳамчунин гуногун мешаванд: 

Globules,i,n – шакли саққоча 

Oveulum,i,n – тухмшакл

Pessarium,i,n – шамъчадоруи нӯги мудаввар дошта 

Bacillius,i,m – дар шакли қаламча 

Emplastrum,i,n – марҳам зимод, часпакдору – пластқрҳ 

                     Марҳами дар намуди пластерӣ, ки бо гармии тан мулоим шуда ба он часпида метавонад. Аd usum externum истифода мешавад. 

Tinctura,ae,f – қиём сибға – настойка. 

Намуди моеи дору, ки барои истифодаи ad usum externum (берунӣ), ad usum internum (дарунӣ) бо вояи (ададӣ) қатраҳо фармуда мешавад. Онро аз гиёҳҳо бе таъсири гармӣ бо истифодаи спирт, спирт бо об, спирт бо эфир тайёр менамоянд. 

Extractumin – шира (усора) – экстракт. 

Намуди доруи ғафсе (ғализе), ки аз гиёҳҳо кашида гирифта шудааст. мувофиқи зичиаш (ғафсиаш) ин намуди дору моеъ, ғафс ва ҳамчунин хушк мешавад. Ad usum internum (дарунӣ) истифода бурдан мумкин аст.  

Infusumin – дамоба, гиёҳчой  - настой. 

Доруҳое низ ҳастанд, ки аз гиёҳҳо бо роҳи дам кардан дар оби жӯш тайёр карда мешаванд. 

Decoctum, i, n – жӯшоба – отвар. 

Доруворе, ки аз гиёҳҳо бо жӯшонидани он ё ин ки дар ҳам- моми обӣ (водная баня), тайёр карда мешавад. 

Solution,onis,f – маҳлул – раствор. 

Намуди моеи дору, ки дар он як ё ин ки як чанд доруворҳо ҳал карда шуда аст. Ad usum internum, pro injectiobus, ad usum externum истифода бурдан мумкин. Маводи ҳалкунан- да–agua destillata, spritus aethilicus 70%, 90%, 95%, Glyceri – num, oleum, Vaselini, oleum Persicorum, oleum Olivarum ва ғайраро истифода бурда метавонанд.         

Pilula, ae, f – ҳабб – пилюла                                                      

Намуди доруи муайяни воягии сахт, ки намуди саыыоча (ғелакчаро) дорад. Он аз моддаҳои чандир, ки дар таркибаш дорувор дорад ва аз моддаҳои ёридиҳанда сохта шудааст. Ad usum internum истифода мешавад. 
Моддаҳои ёридиҳанда ин хамираи ҳаббӣ (massa pilularum пилюлная масса) аст, ки аз amylum, sac - charum, bolus alba, agua, spiritus, glucerinum, extratum et pulvis Glycyrrhizae иборат мебошад. 

Specieserumf (pl) – маҷмӯи гиёҳҳо – сбор лекарственный 

Ин ҷамъи якчанд навъи гиёҳҳои майдакардашуда ё баргҳои бутун, ки аз онҳо ҷӯшоба, дамобаҳо тайёр карда мешаванд. Баъдан ба ин таркиб ягон дорувории лозимӣ илова кардан мумкин аст. Онҳоро ad usum internum, ad usum exsternum истифода бурдан мумкин аст. Бисёри онҳо дар истеҳсолоти дорубарорӣ тайёр карда мешавад. 

Ҳамчун: 

Species pectoralis – маҷмӯи балғамрон 

Species chologogae – маҷмӯи талхарон

Species direticae – маҷмӯи пешоброн 

Species sedative – маҷмӯи оромбахш 

Species antiasthmaticae – маҷмӯи зидди диыыи нафас истифода мешавад

Sirupusim – ширинӣ (шира, ширинӣ) – сироп 

Намуди доруи моеъ, ки ягон дорувор ё ин ки гиёҳ бо шакар (бешакар) ба ғализии (консентратсияи) муайян оварда мешавад. 

Capsulaaef – ғилофаҳои оҳарӣ – ҷелатинй капсула. 

Доруи муайян воягӣ, ки ба лифофаи оҳарӣ, ҷелатинй ва дигар  биополимери печонда шудааст. 

Одатан ин дорувориҳои истеъмолашон бад (бӯи бад, таъми нохуш…) мебошад. 

Ғилофаҳои зерин мавҷуданд:  

Capsula gtlatinosa mollissen elastica – ғилофаи нарми чандир 

                  Capsula gelalinosae dura – ҷелатинии сахт 

Capsula gelalinosae operculata – ғилофаи ҷелатини сарпӯшакдор  

Capsula amylacea seu oblate – ғилофаи оҳарӣ ё рӯйпӯш  кардашуда.   

 


Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив