Дар «Марги судхўр» ихтилофи иҷтимоӣ ва устодии нависандаи ҳаҷвнигор муҷассам гардидааст, ки моро бо башараи Гобсеки Бухороӣ шинос месозад. Айнӣ зоҳиран орому ботамкин аст, вале дар симои қахрамононе, ки ин пири хирадманди Шарқи мо дар даврони шикасту воруни таърихӣ тасвир мекунад, хонандагон ғазабу изтироби беандозаро мебинанд».
Устод Айнӣ дар бораи иншои повести «Марги судхўр» чунин ибрози назар мекунад: «Ман таҳрири «Марги судхўр»-ро дар соли 1936 тамом карда, ба муҳокимаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон гузошта будам. Ман маслиҳатҳои дар хониши умумӣ аз тарафи коллективи нависандагон додашударо ба назар гирифта, асарро дубора таҳрир карда, ба нашриёт супурда будам». Пасон асари «Марги судхўр» танҳо соли 1939 ба табъ мерасад. Вале устод баъди чоп шудани повест низ барои такмил ва бақувват намудани он чанд соли дигар саъю кўшиш менамояд. Ниҳоят повестро хеле такмил дода, ба он иловаҳои зиёд ворид месозад ва соли 1953 повести «Марги судхўр» дар таҳрири нав аз чоп мебарояд.
«Ман дер боз дубора кор карда баромадани «Марги судхўр»-ро орзу доштам, аммо муяссарам намешуд. Ниҳоят имсол — соли 1952 маро фурсат даст дод, ки ин асарро дубора кор карда бароям. Дар вақти кори дубора муомилаҳои векселиро ҳам, ки ба судхўрон вобастагии қавӣ дошт, Қорӣ Ишкамба ҳам ба ин кор машғул шуда буд ва дар таърихи иқтисодиёти Бухорои амирӣ як сафҳаи пурфоҷиаеро ташкил мекард, тасвир намуда, ба ҷойҳои муносиби асар даровардам».
Устод Садриддин Айнӣ повести «Марги судхӯр»-ро аз забони тоҷикӣ ба забони ӯзбекӣ гардонд ва он соли 1946 аз чоп баромад. Инчунин «Марги судхўр» ба забони русӣ, фаронсавӣ, немисӣ ва забонҳои ҷумҳуриҳои муштаракулманофеъ ва забонҳои дигар чандин маротиба тарҷума ва нашр шудааст.
Мавзӯъ ва мундариҷаи ғоявии асар
Нависанда ба воситаи сухани воло ва нақшҳои барҷаста ҳаёти воқеии як давраи хеле мураккаби ғоявии асар халқи тоҷикро инъикос намудааст. Повест дар баёни ҳодисаю воқеоти ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии охирҳои асри XIX ва аввалҳои асри ХХ-и Бухорои Шарқӣ як оинаест, ки пеши чашми хонанда тамоми фисқу фуҷур, фиребу найранг, шўру шари судхўрон ва дар баробари ин ҳаёти вазнини тоқатфарсои мардуми оддии шаҳри Бухоро ва деҳоти онро воқеӣ намудор мегардонад. Повест аз нигоҳи мазмун ва мундариҷаи ғоявӣ аз дигар асарҳои устод фарқ мекунад ва инчунин дар адабиёти садаи ХХ-и тоҷик ва ҳатто адабиёти халқҳои Осиёи Марказӣ ва Қазокистон камназир аст.Устод дар повести «Марги судхўр» роҳу воситаҳои пайдо шудани муносибатҳои нави ҷомеаи капиталистиро тибқи кушодани банкҳо, доду ги-рифти банкирҳо бо одамони камбағал дар раванду ҷараёни воқеот бо камоли маҳорат тасвир намудааст. Ғайр аз ин, нависанда чӣ хел ба шаҳру деҳоти Бухоро сар халондан ва истисмор кардани сармоядорони рус, аз ҷумла банкирҳоро нишон дода мегузарад. Банкирҳои рус ба воситаи векселҳои махсус худашон одамони камбизоатро истисмор намуда, аз тарафи дигар, ин тарзи амалиётро ба банкирҳои таҳҷоӣ нишон медоданд. Устод ба ин восита ҳақиқати воқеиро тасвир карда, нишон додааст, ки мардуми оддӣ аз ду ҷониб — ҳам аз тарафи судхўрони маҳаллӣ — Қорӣ Ишкамба ва ҳам аз тарафи сармоягузорони хориҷӣ (рус) истисмор мешуданд. Ҳодисаи ба сари Абдунабӣ ва бародарони вай омада басо дардомез тасвир ёфтааст. Абдунабӣ тамоми умр дар хонаи Бойбобо хизмат кард. Касалманд шуду деҳ назди бародарон рафт. Дар ҳамон ҷо ҷон дод. Бойбобо ба ҷои он ки ҳаққи чандинсолаи хизмати мақтулро ба ворисонаш диҳад, баръакс ўро тўҳмат намуда, боз ба болои қарзҳо 4 ҳазор танга бор намуд ва аз қозикалон иддао намуд, ки ин қарзро аз бародаронаш рўёнда ба ў диҳанд. Нависанда рафти ҳодисаро боварибахш ба қалам дода, симои ҳақиқии Бойбобо ва қозикалонро кушода медиҳад. Онҳо бо сад фиребу найранг ба мақсади ифлоси худ мерасанд ва бародарони Абдунабиро аз замину дороиашон маҳрум мегардонанд. Нависанда ба ин восита беҳаёӣ, бераҳмӣ, зулму хиёнати аҳли доро ва тақворо дар симои Бойбобо, Қозӣ Арбоб, Ҳотам, Холиқи Эшон ва Розиқ Халифа ҷамъбаст намудааст.
Комментарии (0)