2700 солагии шаҳри бостонии Кўлоб


Таърихи гузашта чун
шамъ аст, кўшиш кун, ки он
 фурўзон бошад.

Б. Ғ. Ғафуров

Кулоб

Хатлон яке аз манотиқи бостонии Тоҷикистон буда, тибқи сарчашмаҳои таърихӣ ҳудуди навоҳии имрўзаи Хатлон ва як қисмисоҳили рости дарёи Панҷро фаро мегирад.

Ҳанўз асрҳои III – II пеш аз мелод водии Қўлоб   даҳҳо шаҳристонҳо доштааст, мисли Ҳулбук, Мунк, Тамлиёт, Андичароғ, Искандар, Бар – бар, Исни Қўлоб, Сайёд…

Пойтахти давлати Бохтар шаҳри Балх ба сифати нодири шаҳрҳои дунё шинохта шудааст.

Шаҳри Кўлоб яке аз шаҳрҳои қадимтарин мебошад. Дар ин шаҳр бисёр ёдгориҳои таърихӣ ва биноҳои баландошёна қомат афрохтаанд. Яке аз ин ёдгориҳои таърихӣ мақбараи бузургвор Мир Саид Алии Ҳамадонӣ мебошад, ки дар маркази шаҳр ҷойгир шудааст.

Каме дар бораи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ.

Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, ки худ яке аз ашхоси бонуфузи равияи тасаввурот буд, ҷидду ҷаҳди беандоза намудааст, ки суханаш ҳадафрасу таъсирбахш бошад, то ки аз мақсадаш хонандаи қаторӣ огаҳӣ ёбад ва пайрави содиқи ақидаи вай гардад.

Ў тавассути асарҳои безаволи хеш барои наслҳои минбаъда як пандномае офарид, ки мутолиаю қиммати он то ҳанўз ва дар оянда ҳам аз байн нахоҳад рафт. Суханони ҳакимонаи ин пири иршод дар ҳама давру замон сармашқи амалу зиндагии насли башар хоҳанд буд. Асарҳои ин пири маърифатро мутолиа намуда, пеши назари хонанда воқеан хазинаи пур аз ганҷ, захираи нотакрори афкори воло, панду андарзҳои ҳакимона, ҳикоя, қисса ва ривоятҳои марғуб ҳувайдо мегардад.

Ба ин дараҷа мўҷазу беназир, ҷаззобу пуртаъсир баромадани каломи ҳазрати Алии Ҳамадонӣ бесабаб нест. Огаҳии комил аз «Қуръон»-и Шариф аҳодиси набавӣ, қиссаҳои ибратбахш аз ҳаёти авлиёю анбиё, донистани сарчашмаҳои таърихию адабии гузаштагонамон ва ниҳоят таҷрибаи бою ғании зиндагӣ, ки дар асарҳои тўлонӣ андўхта шуда буданд ба ў имкон дод, ки асарҳои пурмазмуну олидараҷа иншо намуда, аз худ ба мо мероси гаронбаҳое боқӣ гузорад. Мир Саид Алии Ҳамадонӣ асарҳо ва рисолаҳои бисёре дорад, ба мисли «Захират-ул-мулк», «Ҳафт-водӣ», «Футутия», «Даво-ул-кулуб», «Сайр-ут-толибин», «Мирот-ут-тайбин», «Қудусия амирия» ва ғайраҳо мебошад.

Дар шаҳр ва ноҳияи Кўлоб 140000 аҳолӣ иқомат мекунанд. Дар маркази шаҳр Донишгоҳи Давлатии ба номи Абўабдуллои Рўдакӣ арзи вуҷуд дорад. Инчунин заводи хишт, нон, пахта, равған, шир, таҷҳизоти технологӣ, фабрикаи дўзандагӣ, фабрикаи қолинбофӣ ва дигарҳо фаъолият мекунанд. Аҳолии шаҳр ва ноҳияи Кўлоб ба истеҳсоли пахта, ғалла ва чорводорӣ машғул мебошанд. Дар шаҳри Кўлоб ду бозори калон вуҷуд дорад.

Дар ҳайати Кўлоб 4 шўрои қишлоқ ва 4 колхоз арзи вуҷуд дорад.

Дар шаҳри Кўлоб меҳмонхонаи Хатлон барои 250 нафар арзи вуҷуд дошта, ҳамарўза ба меҳмонон ва сокинони шаҳр хизмат мерасонад.

Дар шаҳр беморхонаи марказии вилоятӣ, таваллудхона, касалхонаи бемориҳои сил ва дигар беморхонаҳои шаҳрӣ, поликлиникаю марказҳои табобатӣ ҳастанд, ки ба аҳолии шаҳр хизмат мерасонанд. Дар ҳудуди шаҳри Кўлоб 11 мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ҳастанд, ки дар он фарзандони шаҳр таълим мегиранд.

Дар ҳудуди шаҳри Кўлоб се боғи калони маданият бунёд карда шудааст, яке аз онҳо боғи марказии маданият, ки дар назди мақбари Мир Саид Алии Ҳамадонӣ мебошад. Яке аз марказҳои мадании шаҳр ин қасри маданият мебошад, ки барои 800 кас ҷои нишаст дорад.

Дар шаҳр театри халқии ба номи С. Вализода мавҷуд мебошад, ки дар ҳайати худ ҳофизони халқии Тоҷикистон ва артистони зиёдеро тарбия кардааст.

Ба монанди Сураё Қосимова, Давлатманди Хол, марҳум Одинаи Ҳошим, Қурбони Зардак, артистон Бобоҷон Ҳасанов, Толиб Бобоев, Мирзоватан Миров ва ғайраҳо.

Дар шаҳр гулбоғи таҷрибавии дарахтҳо, гулҳо дар таҳти роҳбарии олим Тилло Бобоев мавҷуд аст, ки барои тарбияи дарахтони ҳамешасабз ва гулҳои рангоранг барои ободӣ ва зебоии шаҳру ноҳияҳои собиқ вилояти Кўлоб машғул аст.

Дар қисми ҷанубии шаҳр дар дохили собиқ боғи «Пионерон» қалъаи Кўлоб мавҷуд аст, ки ин аз исботи шаҳри қадимаи Кўлоб дарк медиҳад ва аз дохили қалъа бисёр чизҳои қадима ба монанди корчаҳои сафолӣ, тангаҳо, кўзаҳо ва ҳайкалчаҳои қадима дарёфт карда шудааст.

Дар қисми поёнии боғи маданият дар даромадгоҳи мақбараи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ осорхонаи шаҳри Кўлоб мавҷуд аст. Дар осорхона бисёр чизҳои таърихӣ ҷамь овада шудааст. Онҳо аз таърихи шаҳри Кўлоб дарак медиҳанд.

Аҳолии шаҳру ноҳияи Кўлоб асосан тоҷикон мебошанд, аммо дар қатори тоҷикон ўзбекҳо ҳам зиндагӣ мекунанд. Аҳолии шаҳр бо гази табиӣ таъмин мебошанд. Қисми зиёди аҳолӣ дар кўчаҳои қадима ба монанди Чарм-Гарон, Нонвои поён, гузари  Тамошо-Теппа ва микрорайонҳои 9-10 истиқомат доранд.

Ба аҳолии шаҳр филиали Бонки Милли Тоҷикистон, «Амонатбонк», «Агроинвестбонк», «Тоҷиксодиротбонк» хизмат мекунанд.

Дар қисми шарқии шаҳр майдони варзшӣ бунёд карда шудааст, ки барои 30000 тамошобин ҷои нишаст дорад. Дар майдони варзишӣ дастаи футболи «Равшан»-и Кўлоб, мактаби варзишии кумитаи тарбияи ҷисмонӣ ва дигарон машқ ва бозӣ мекунанл. Поёнтар аз майдони варзишӣ қасри варзиши мактаби варзишии иттифоқи касаба арзи вуҷуд дорад.

Барои истироҳат дар тобистон дар қисми шимолу ғарбии шаҳр ҳавзи калони шиноварӣ (озера) обод карда шудааст.

Барои ободкунии шаҳр якчанд ташкилотҳои сохмонӣ ба монанди трести Су 15, ки дар ҳайати худ якчанд ташкилотҳои сохтмониро муттаҳид кардааст, арзи вуҷуд дорад.

Ба а­ҳолии шаҳр якчанд тарабхона, қаҳвахона ва чойхонаҳои калон хизмат мекунанд, ки онҳо дар ҷойҳои намоёни шаҳр сохта шудаанд. Аҳолии шаҳр аз хизматҳои телефонии дохила ва сетҳои телефонӣ, ки дар шаҳри Душанбе мебошанд ва дар шаҳри Кўлоб намояндагиҳои худро доранд, истифода мебаранд.

Бахшида ба ҷашни 2700 солагии шаҳр якчанд биноҳои ҳозиразамон, баландошёна сохта шуда истодааст. Дар маркази шаҳр аз тарафи мардум ва тоҷирони шаҳри Истаравшан чойхонаи калон сохта шуда ба истифода тайёр мебошад. Боз бинои нави бонки «Тоҷиксодиротбонк», шўъбаи ЗАГС, касалхонаи нави шаҳрӣ, мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ ва дигарон сохта шуда истодааст. Бахшида ба ҷашни 2700 солагӣ меҳмонхонаи калонтарини шаҳр барои қабули меҳмонони хориҷиву муқими шаҳр таъмир шуда истодааст ва дар муддати кўтоҳтарин ба кор медарояд.

Хулоса, таррақиёти шаҳри Кўлоб баъди солҳои 20-уми асри ХХ-ро дар бар мегирад. Шаҳри Кўлоб якчанд маротиба маркази вилояти Кўлоб буд. Дар ҳозира шаҳри Кўлоб дуюмин шаҳри калони вилояти Хатлон мебошад. Он ҳам аз ҳисоби аҳолӣ, зебоӣ ва ободии шаҳр мебошад.

Соли 2006, 2700 солагии Кўлоби бостонӣ бо тантана ҷашн гирифта мешавад.

Ҷашнат муборак бод, Кўлоби бостонӣ!

 


Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив