Вақф ва фарҳанги навини тоҷик


Фарханги точикиДар бахши таҳқиқи таърих ва фарҳанги солҳои бистуми қарни ХХ саҳифаҳои торику норўшан ҳоло ҳам кам нестанд. Масалан, чунин як масъалаи муҳим, ба монанди истифодаи молиёти хазинаи вақф дар ташаккули фарҳанги навини тоҷик то ҳол дар таърихшиносии тоҷик мавриди барассиву таҳқиқ қарор нагирифтааст.

Мутаассифона, баъзе муҳаққиқон онро масъалаи дуюмдараҷа ҳисобида, бархе дигари пажўҳишгарон онро умуман нодида мегиранд. Акнун назари иҷмолӣ ба рўйдодҳои солҳои аввали барқароршавии сохти давлатдории шўравӣ меафканем. Мамлакати паҳновари собиқ пттиҳоди Шўравӣ, аз ҷумла қаламрави осиёимиёнагии он дар оғўши ҷанги шадиди шаҳрвандӣ қарор дошт. Кори саноат, кишоварзӣ, тиҷорат ва дигар соҳаҳои иқтисодиёт фалач гашта буд. Кишварро гуруснагӣ фаро гирифта буд. Оид ба фаъолияти муассисаҳои маъориф, тандурустӣ, чойхонаву клуб, китобхонаҳои оммавиву қироатхонаҳо ҳоҷати ҳарф задан ҳам нест. Он солҳо давлати ҷавони Шўравӣ қудрати бо маблағ таъмин ва ба роҳ андохтани фаъолияти мунтазами шабакаҳои маъорифу тандурустиро надошт.

Дар чунин як замони пуртаҳлукаву душвор ба муасисаҳои фарҳангӣ хазинаи вақф кўмаки бебаҳо расонида, ба рушду фаъолияти онҳо мусоидат намуд. Вале пас аз қабули Эъломияи ислоҳоти обу замин, ки тибқи он моликияти хусусӣ ба замину об барҳам дода шуда, кулли ин сарвату дороиҳо ба ихтиёри давлат гузаштанд, муассисаҳои вақф низ барҳам дода шуданд.

Дар замонҳои қадиму асрҳои миёна сохтори вақф мояи асосии зиндагӣ ва воситаи рўзгузаронии олимон, омўзгорон, толибилмон ва умуман зиёиён ба шумор мерафт. Фаъолияти мунтазами мактабҳо, мадрасаҳо, китобхонаҳои оммавӣ, табобатхонаҳо, расадхонаҳо ва дигар шабакаҳои таҳсилотӣ, маърифатӣ ва тандурустӣ маҳз ба василаи молиёти муассисаҳои вақф робитаи ногусастанӣ дошт. Сохтори вақф асосан ба хайру эҳсони одамони ҷудогона ё шахсони ҷудогона ва сарватманд асос ёфта буд.

Дар қаламрави Аморати Бухоро ва дигар давлатҳои хонии Осиёи Миёна заминҳои вақф тахминан 20-25 дар сади тамоми заминҳои обиро ташкил дода, моликиёти вақф як шакли маъмули заминдорӣ шуморида мешуд. Қобили зикр ва таъкид аст, ки заминҳои вақф аз пардохти ҳама гуна андозу молиёт озод буданд. Сармоядорон, баъзан ҳатто соҳибкорону ҳунармандони ҷудогона аз ҳисоби дўконҳои ҳунармандиву тиҷоратӣ, даромади солонаи гармобаҳо, корвонсароиҳо, бозорҳо, ҳиссаи хироҷи обу наҳри ҷўйҳо ба хазинаи вақф маблағҳои зиёд мепардохтанд.

Ҳукумати Руссияи подшоҳӣ пас истилои қаламрави Осиёи Миёна ҳайатҳои сершумори тафтишотӣ таъсис намуда, мекўшид, ки сохтори вақфро ба як низом дарорад ё онро тамоман бекор намояд. Вале амалдорони подшоҳии рус аз тарси он, ки ин амали онҳо норозигии рўҳониён, толибилмон ва умуман зиёиёни сершумори мамлакатро, ки дар байни мардум эътибори зиёд доштанд, ба вуҷуд меорад, аз ин иқдомоти худ даст кашиданд. Дар натиҷа вақф дар генерал-губернатории Туркистон чун як ниҳоди ҷамъиятӣ боқӣ монд ва фаъолият пеш мебурд.

Пас аз инқилоби Октябр ҳукуматдорони нави Ҷумҳурии Туркистони Шўравӣ низ ба ин масъала мувоҷеҳ гардиданд. Ҳанўз соли 1918 ба мақсади ба маҷрои ҳуқуқӣ даровардани ҳалли масъалаҳои молиёти вақф ҳайати махсуси вақфро дар паҳлўи Вазорати халқҳои хурд (Нацмен) таъсис доданд. Дар маҳалҳо низ шўъбаҳои ин ҳайат низ фаъолият доштанд. доштанд. Дар охири солҳои 1920 Кумитаи Марказии пҷроияи Ҷумҳурии Туркистон ба ҳаллу фасли масоили вақф бевосита рў овард. Чунончи, дар Низомномаи Ҷумҳурии Туркистон аз таърихи 17 ноябри соли 1920, зери рақами 353, дар банди 14 он ки ба истифодаи вақф дахл дорад, гуфта мешуд, ки минбаъд тамоми молиёти муассисаҳои вақф ба ихтиёри Комиссариати маъориф интиқол дода мешавад ва аз ин ҳисоб фаъолияти боғчаҳои кўдакон, интернатҳо, ятимхонаҳо ва муасисаҳои фарҳангиву маърифати ба роҳ монд хоҳад шуд. Ба мақсади риояи адолати иҷтимоӣ соли 1920 дар асоси Низомномаи мазкур қарор қабул гардид, ки даҳяки даромади вақф ба муассисаҳои динӣ, аз қабили масҷидҳои мазорот баргардонида шавад. Аз ин сабаб сарвати вақф ба ду бахш: «динӣ» ва «маданӣ» тақсим гашт. Хазинаи вақфи бахши «маданӣ» асосан барои дастгирии кори маъорифу муассисаҳои таҳсилотӣ, маърифативу фарҳангӣ масраф мегашт. Кумитаи Марказии пҷроияи Ҷумҳурии Туркистон ҳаллу фасли масоили вақфро дар шароити касоиди иқтисодии ҳамон замон хуб дарк намуда, бо декретҳои махсуси худ, аз соли 1922, таҳти рақами 175, соли 1923, таҳти рақамҳои 164, 167 ва ғайра, масъалаҳои вақфро баррасӣ намуда, дар охири соли 1923 зарурати таъсиси Сарраёсати умумии вақфро ба миён гузошт. ин Сарраёсат дар муддати ду сол корҳои муфидеро ба сомон расонид. Аз ҷумла тамоми молиёти вақфи шаҳру навоҳии тамоми қаламрави Ҷумҳурии Туркистон ба қайд гирифта шуд. Масалан, аз рўи маълумоти ба ҳисобгирии соли 1923 дар се вилояти Ҷумҳурии Туркистон: Самарқанд, Сирдарё ва Фарғона дар якҷоягӣ 23542 десятина замини вақф ва 2259 ашёи дигари вақф ба қайд гирифта шуд. Дар Ҷумҳурии Мардумии Хоразм даромади умумии аз молиёти вақф ба дастомада, ба 450 ҳазор сум мерасид. Танҳо дар як худи шаҳри Бухоро 480 ҳазор таноб замин,1300 дўкон ва 50 корвонсарои вақфӣ ба қайд гирифта шуда буд. Маблағи умумии муассисаҳои вақфии Ҷумҳурии Туркистон тахминан ба 550 ҳазор сўм мерасид. ин нишондиҳандаҳо аз арқоми аслӣ хеле каманд, зеро мутаввалиёни вақфҳо даромади вақфро пинҳон менамуданд.

Аз 24-31 январи соли 1925 дар шаҳри Тошканд Конфронси кишварии кормандони муассисаҳои вақф доир гардид. Дар кори он мудирони шўъбаҳои вақфи шаҳрҳои Хуҷанду Уротеппа М.Бойматов ва С.Абдуманонов ширкат намуда, аз фаъолияти кори шўъбаҳои худ гузориш доданд. Дар пратаколи номри яки конфронс чунин сабт гардида буд: «Дар ҷомеаи комуннистӣ сохтори молиёти вақф чун хоҷагии хусусӣ ҳарчанд, ки бояд ҷой надошта бошад, вале дар марҳилаи гузариш ва муҳити Шарқ, ки ин ҷо ҳанўз таъассуб ва хурофоти динӣ дар байни мардуми авом устувор аст, молиёти вақф як муддат бояд, ки таҳти назорати давлат назорат дошта бошад». Аз ин сатрҳо сиёсати давлати Шўравӣ ва Ҳизби Комуннист нисбати сохтори вақф ба таври рўшан намудор мегардад.

Қайд кардан месазад, ки 70-80 дар сади сарвати вақф дар шаҳру маҳалҳои тоҷикнишин қарор доштанд. Масалан, дар ихтиёри шўъбаи вақфи шаҳри Хўҷанд мувофиқи маълумоти солҳои 1924-1925 6о дўкон, 4 корвонсарой, 1 гармоба (ҳаммом), 2 осиёби обӣ, 3 майдончаи бозорӣ, 82 таноб боғи меваҷот ва амволи дигар мавҷуд буд, ки ба ҳисоби миёна соле 1450 сум фоида меоварданд. Дар ихтиёри шўъбаи вақфи уезди Самарқанд 537 дўкон, 7 корвонсарой, 6 осиёб ва ғайра соле 48272 сўм даромад дошт. Дар шаҳри Бухоро дар ихтиёри шўъбаи вақфи он 57 адад корвонсарой, 1414 дўкон, 23 майдончаи савдо, 10 гармоба, 18 осиёб, 133 ҳавлӣ ва дигар молиёт вуҷуд дошт, ки онҳо соле 385900 сўм даромади нақд доштанд. Чунончи, дар боло ишора кардем, ин нишондиҳандаҳои расмӣ аз асли воқеъӣ дур мебошад. Зеро дар асл даромади муассисаҳои вақф аз ин миқдор ҳам зиёд буд.

Мувофиқи маълумоти омории соли 1926 дар шўъбаи вақфи Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистон чунин амволи вақфӣ ба қайд гирифта шудааст: Дар ноҳияи Ҳисор – 3612 таноб замин, 50 таноб боғи мева, 28 адад дўкони тиҷоратӣ, 5 корвонсарой, 8 ҳавлӣ, 22 осиёб, 27 обҷувоз; Дар минтақаи Кўлоб – 4ҳазор таноб замин, 600 таноб боғи мева, 100 дўкон, 15 корвонсарой, 20 осиёб ва 10 обҷувоз. Доир ба амволи вақфи ноҳияҳои Қўрғонтеппа, Ғарм, Бадахшон, Панҷакент маводи зарурӣ дар даст надорем. Маълумоти омории минтақаҳои Ҳисору Кўлоб низ дақиқ нест. Тибқи маълумоти бойгонӣ, ки мо онро аз бойгонии шахсии таърихшиноси маъруф П.П.пванов дар шўъбаи ленинградии инситути ховаршиносии СССР соли 1984 ба даст овардаем, соли 1926 дар ноҳияи Ҳисор аз ҳисоби молиёти вақф 678 масҷид, 30 мадраса, 7 мазор ва 678 мактаби динӣ фаъолият доштанд. Дар минтақаи Кўлоб бошад, 1048 масҷид, 114 мадраса, 1048 мактаби динӣ ва як корхона фаъолият мекарданд. Дар минтақаи Ғарм бошад, 37 мадраса мавҷуд буда, дар онҳо 375 мударрис дарс медоданд. ин рақамҳо бори нахуст рўи чопро мебинанд. Дар даврони Шўравӣ ин маълумот сарфи назар мешуданд.

Дар солҳои хониши 1924-1925 дар ихтиёри Сарраёсати вақф 108 мактаби дараҷаи аввал, ки дар онҳо 9138 нафар толибилм таҳсил менамуданд. инчунин 10 мактаби дараҷаи дуюм бо 925 талаба, 2 мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ, 1 техникуми омўзгорӣ дар шаҳри Тошканд, омўзишгоҳи мусиқӣ дар Хива, курси кўтоҳмуддати омўзгорӣ дар Самарқанд, 22 мактаби маҳви бесаводӣ, 11 китобхонаи оммавӣ, 3 бунгоҳи тиббӣ, 8 мактаб – интернат мавҷуд буд. Сарраёсати вақф инчунин 18 муассисаи дигари маърифативу тарбиявиро парасторӣ мекард. Соли хониши номбурда бо стипендияи Сарраёсати вақф 59 нафар ҷавон дар мактабҳои олии шаҳрҳои гуногуни собиқ пттиҳоди Шўравӣ таҳсил мекарданд. Дар солҳои минбаъда ин шумора афзуда, ба 300 нафар расид. Сарраёсати вақф инчунин дахлу харҷи хонаи дар шаҳри Маскав будаи «Бухороиён» – (Бухарски дом)-ро ба зимма дошт. Хонаи мазкур дар ҳамон солҳо барои донишҷўёну зиёиёни тоҷик як сарпаноҳи хубе ба шумор мерафт.

Аз миёни шаҳрҳои кунунии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд солҳои хониши 1926-1927 як мактаби дараҷаи аввали №14 амал менамуд, ки дар маъазҳои он давра бо номи «Мактаби вақф» сабт гардидааст. Дар ин шаҳр инчунин як китобхонаи оммавӣ бо номи «Турон» фаъолият дошт, ки он низ моли сарраёсати вақф буда, дар паҳлўи масҷиди Шайх Маслиҳатдин қарор дошт.

Тибқи маълумоти омории соли 1917 дар ноҳияи псфара 279 десятина замини вақфӣ вуҷуд дошт, ки он ба се муассиса тобеъ буданд. Дар Конибодом 214 замин ва 8 муассисаи вақфӣ мавҷуд буд. Дар волости Маҳрами Хуҷанд 99 десятинаи заминро 5 муассисаи вақфӣ соҳиб буданд. Мувофиқи ҳамон санади номбурда соли 1927 дар шаҳри Хуҷанд 3278 десятинаи замини вақфӣ вуҷуд дошта, онҳоро 345 мутаваллӣ идора мекарданд. Сарраёсати вақф дар шаҳри Хуҷанд зиёда аз 120 қитъаи боғи меваро дар ихтиёр дошт. Соли 1926 шўъбаи вақфи шаҳри мазкур бонги изтироб зада буд, ки аз боғоти вақфӣ 90 адади он то ҳанўз ба иҷора дода нашудааст.

Мо дар бораи фаъолияти минбаъдаи Сарраёсати вақф ва шўъбаҳои маҳаллии он мутассифона, ҳоло дар даст ягон маводи зарурӣ надорем. Танҳо ҳаминаш маълум аст, ки Сарраёсати мазкурро соли 1928 ба муносибати оғози ҳаракати колхозӣ барҳам доданд ва дар натиҷа тамоми молиёт ва амволи вақфӣ ба ихтиёри колхозҳо ва давлати шўравӣ интиқол дода шуд..

Дар хотима бояд зикр кард, ки дар солҳои аввали Шўравӣ сохтори вақф мақому манзалати ҳуқуқӣ пайдо намуд ва дар симои Сарраёсати вақф чун дар замонҳои пеш аз инқилоб барои пешрафти илму маърифат ва фарҳанг хидмати арзандаеро ифо намудааст. Бо туфайли ин муаассиса ва шўъбаҳои маҳаллии он унсурҳои нави фарҳанги нав, аз ҷумла мактабҳо, интернатҳо, ятимхонаҳо, комуна, клубҳо, китобхонаҳои оммавӣ, табобатхонаҳо, кўдакистонҳо ва дигар сохторҳои маърифативу тандурустӣ як ҷузъи муҳими ҳаёти маънавии сокинони шаҳру деҳот гардиданд. Аз ин рў, дар оянда омўзиши ҳамаҷонибаи таърихи вақф дар солҳои аввали барқароршавии сохти давлатдории Шўравӣ дар Осиёи Миёна, аз ҷумла дар Тоҷикистон хеле муҳим ва боарзиш хоҳад буд.

 


Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив