Маслиҳат манфиатбахш аст


Сифати тахсилотСифати таълим ҳангоми машғулиятҳо вобаста ба тарғиби касбу ҳунар аз дониши хуби мутахассиси касбӣ ва хуб ҷиҳозонидани устохонаҳои таълими истеҳсолӣ бо асбобу анҷом ва дастгоҳҳои муосир вобаста мебошад. Маҳз дар ҳамин замина таҳкурсии таваҷҷўҳманд ба касбу ихтисос ва меҳнатдўсту соҳибкасб шудани хонандагон пайдо мегардад.

Дар ҷомеа мақоми касбу ҳунар афзалияти хосаро дорост, ки инро ҳоло ҳар як фарди солимақл ба хубӣ эҳсос менамояд, зеро мақоли «Ҳунар – беҳ аз симу зар» аз қадимулаём маълум аст ва касбу ҳунари дўстдошта метавонад мўҷиби шодкомӣ, дарозумрӣ ва рўзгори ободи шахс гардад. Касби дўстдошта ба саломатии шахс низ таъсири нек мерасонад.

Наврасону ҷавонон аз нуқтаи назари донишмандон табақаи хушзеҳну боидроки аҳолӣ ба ҳисоб мераванд. Бинобар он, онҳоро дар вақти интихоби касб бояд дуруст роҳнамоӣ кард. Маслиҳатчии касбӣ бояд масъулият, салоҳиятнокӣ, ихтиёрият, махфият ва фаъолияти касбинтихобкунандаро ҳаматарафа омўзад ва баъдан ба кор шурўъ намояд. Тавсия дода мешавад, ки маълумотҳое, ки маслиҳатчӣ ҳангоми пурсиш аз муштарӣ гирифтааст, бояд махфӣ нигоҳ дошта шаванд. Ў маълумотҳоро бо розигии муштарӣ метавонад ба дигарон муаррифӣ намояд. Маслиҳачӣ бояд ба наврасон ва ҷавонон оид ба интихоби касб ба тарзи саҳеҳу равшан аз рўи дастуру тавсияҳо, маслиҳатҳои методӣ дода ёрии амалӣ расонида тавонад. Дастурҳои маслиҳатчии касбӣ бояд озодии муштариро барои қабули қарор, маҳдуд насозанд ва барои ташаккулдиҳӣ, имконият фароҳам оваранд. Бояд натиҷаҳои ба даст омадаро аз мавқеи мутобиқати хусусиятҳои шахсию психологии наврасон ва ҷавонон ба талаботи ҷамъият мушаххас, бо назардошти рушд ва омўзиши минбаъда бо мақсади соҳибкасб шудан, дастгирӣ ва ба ҷараён дарорад.

Дар вақти хизматрасонии касбӣ бояд эҳтироми шахсият ва ҳуқуқу озодиҳои касбинтихобкунанда ба эътибор гирифта шаванд.

Дар муошират бо муштари зарурати он касбу ихтисосҳоро ҳаматарафа фаҳмонида тавонад.

Намуди зоҳирии маслиҳатчӣ бояд дилкаш ва рафтору кирдораш бонизом бошад. Ба хонандагон дар мактаб бояд ташхиси равонӣ гузаронида шавад. Ташхиси равонӣ низ бояд ба хонандагон дар шинохти худ, худтарбиякунӣ ва худтакмилдиҳӣ кўмак расонда тавонад. Барои омўзиши мақсади касбинтихобкунӣ ва натиҷаи он истифода аз усулҳои пурсиш, сўҳбат, маълумотдиҳӣ оид ба касбҳои муосир ва навиштани иншо дар мавзўи «Касби дўстдоштаи ман» хеле манфиатовар аст.


Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив