Айб аст, ки дар ҳунар накӯшӣ,
Сад айб ба як ҳунар накӯшӣ.
Соҳибҳунаре, ки ботамиз аст,
Дар дидаи мардумон азиз аст.
Оре, ҳар як инсон бояд дар зиндагӣ ҳамеша бар он ҷаҳд намояд, ки соҳибақлу соҳибхирад ба воя бирасад. Байни дӯстону наздикон обрӯю эътибор ва манзалату қиммат дошта бошад. Муҳити иҳотакарда ӯро пазируфта эҳтиромашро ба ҷо оранд. Лекин ин нишонаҳои бузург барои инсон ба осонӣ муяссар намешаванд. Барои ба даст овардани обрӯ машақати зиёд лозим меояд. Барои соҳибкасб гаштан бисёр мебояд омӯхт. Барои ифтихорманд гаштан худ бояд кони ақлу заковат ва мардонагиву далерӣ буд. Соҳибақл бояд буд, то пешаи дурустеро интихоб намуда, тавассути меҳнати бузург обрӯ пайдо кард.
Шахсияти баркамол ва озодфикр ҳанӯз аз овони хурдӣ дар худ фикри интихоби пешаи асосиро мепарварад. Ин ақидаи бузург ба ҳар инсон бояд аз аввал дар дилаш бедор гардад. Зеро равшании ҳар як рӯз аз оғози саҳари он маълум мегардад. Интихоби касб низ пешаи худододист, ки табиатан дар дили кас пайдо мегардад.
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд,
Меҳри онро дар дилаш андохтанд.
Интихоби касб бояд ба кас бо як фикри дурандешонаву ҷиддӣ ва таҳаммулпазир пайдо гардад, зеро барои омӯхтану соҳибкасб гаштан машаққатҳои зиёд пеш меоянд. Барои омӯхтани касб ҳамаи он машаққату азиятҳоро пурбардор будан лозим аст. Шахсони сабуксору бетааммул наметавонанд соҳибкасб гарданд.
Сабуксарон дар интихоби касб сахт азият мекашанд, зеро ба машаққату заҳмати зиёд тобовар бошанд. Ин аст, ки дар ҳаёт на ҳар кас соҳибкасб буда метавонад.
Аммо шахсияти пурбардор ва барнодил ба ҳеч гуна душворӣ нигоҳ накарда, ҳунар меомӯзад ва пешаи худро интихоб карда, ҳар лаҳзаи ҳаёташро баҳри касби пуршарафи худ дареғ надошта, меҳнат мекунад. Мегӯянд, ки меҳнат одамро аз се хокистари бузург мераҳонад: «дармондагӣ, фисқ ва эҳтиёҷ». Агар кас пешаи дурустро интихоб карда меҳнат намояд, пас ӯ ҳамеша ҳама гуна дарду ранҷро аз сари худ дур карда метавонад. Илова бар ин пешаи дурусту пурмаҳсул ва ҳунари воло чун давлати поянда ва чашмаи афзоянда ба кас танҳо ва танҳо давлат, хушбахтӣ ва ободиву нур меорад.
Албатта, ҳунарвар ва соҳибкасб ҳамеша соҳибиззат аст, зеро заҳмати бепоёнаш ҳамеша ба хонадонаш сарбаландӣ меорад. Сарбаландии ҳар як қавм натиҷаи меҳнату машаққати худи ӯст. Ифтихори ҳар як соҳибкасб мояи ранҷи пурмаҳсули ӯст, ки осон ба даст наомадааст. Баҳри ҳар як ободӣ ва бурдбории зиёд меҳнати ҳалол мебояд.
Бе дарду ранҷ ганҷ муяссар намешавад,
Музд он гирифт ҷон бародар, ки кор кард.
Ин ҷо музд ба маънои саховату бурдборӣ ва обруву манзалати бузург аст, ки танҳо тавассути меҳнату интнхоби пешаи пуршараф омадааст.
Хулоса, умр барои инсои танҳо як бор муяссар мегардад. Танҳо илм омӯхту амали бузург намуд. Пешаи дуруст интихоб карду ифтихор пайдо намуд, то умри азиз ройгону сарсон нагзарад:
Умре, ки баҳо бувад гаронаш,
Бо ҳар баду нек магзаронаш.
Дар коргаҳе чунин дилафрӯз,
Коре куну пешае биомӯз.
Интихоби пешаи дурусту манфиатбахш тамоми умр ба инсон хушию сурур, рӯзгори осоишта ва хонаи обод меорад. Соҳибкасбон ҳамеша соҳибиззатанд. Ифтихори бузург танҳо аз ҳунари воло ва касби пуршараф ба даст меояд.
Комментарии (0)