Дар солҳои охир дар натиҷаи инкишофи босуръати илму техника ба масъалаҳои тарбияи экологии хонандагон ва аҳли ҷомеа аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад. Чунки ба инкишофи ҳаматарафаи кудак на танҳо муносибатҳои инсонӣ, балки муҳити зист низ таъсири калон мерасонад. Аз ин рӯ имрӯзҳо барои баланд бардоштани маърифати экологии хонандагон дар мактабҳои маълумоти умумӣ фанни «Экология» омӯзонда мешавад. Мақсади он дар насли наврас тарбия намудани меёрҳои муайяни муносибатҳои оқилона ба табиат, парваридани ҳисси масъулият нисбати ба он ва сарфакорона истифода бурдани табиат мебошад. Вале мазмуни таълими экологияи мактабӣ дар як фанни алоҳида инъикос намегардад. Онро дар алоқамандӣ бо фанҳои дигар физика, химия, география ва ғайра ба амал овардан лозим аст. Кадом омилҳо инсонро водор мекунанд, ки ба проблемаҳои экологӣ рӯ оварад. Маълум аст, ки дар солҳои охир шумораи аҳолӣ дар сайёраи замин хеле афзудааст. Аз ин рӯ талаботи инсон ба озуқаворӣ зиёд шуда истода инсониятро водор месозад, ки минтақаҳои азими қитъаҳои оламро дигаргун созад. Бинобар ин дар назди ҳар як инсони комил масъалаи бағоят душвор- оқилона истифода бурдани табиат гузошта шудааст. Дар ҳалли ин масъала роҳу воситаҳои самарабахшро ҷустуҷӯ ва истифода кардан лозим аст, то ки табиат ҳаёти солими насли ояндаи инсонро таъмин намояд.
Дар ҷумҳурии мо барои ҳалли проблемаҳои экологӣ диққати бағоят калон дода мешавад. Ва дар назди омӯзгорони мактабҳои маълумоти умумӣ вазифа гузошта шудааст, ки насли наврасро дар рӯҳи муносибати гуманистӣ ба табиат, покиза нигоҳ доштани обу ҳавои кишвари худ тарбия намоянд. Вазифаи мо омӯзгорон аз ин иборат аст,ки минбаъд наслеро тарбия намоем, ки ба қадри боигариҳои табии расида, дар ҳифзи он саҳм гузорад. Барои ноил шудан ба ин мақсад муаллим бояд тамоми имкониятҳоро моҳирона истифода намояд.
Масалан, муаллими табиатшиносӣ ҳангоми таълими мавзӯи «Оксиген, оксидҳо ва сӯзиш» (дар синфи 8) барои он, ки хонанда масъаларо хубтар дарк намояд аз манфиати дарахту буттаҳо ва растаниҳо мисол орад. Муаллим метавонад таъкид намояд, ки як дарахти ба воя расида дар як шабонаруз 180 литр оксиген хориҷ мекунад. Як одам бошад дар як шабонаруз аз 500 то 700 литри ин газро нафас мегирад. Яъне барои нафаскашии ҳар як шахс аз 5-тои дарахт лозим аст. Ҳол он, ки як мошини сабукрав ҳангоми 100 километр роҳро тай кардан миқдори солонаи оксигенеро, ки як одам нафас мекашад, нобуд месозад. Аз ин рӯ, барои ба бемориҳои гуногун гирифтор нашудани организм мо бояд олами набототро эҳтиёт намуда, ба нобудшавӣ ва бераҳмона нест кардани дарахту буттаҳо роҳ надиҳем.
Инчунин ҳангоми омӯзондани мавзӯи «Таркиби ҳаво» ба хонанда оиди моддаҳои дохилии он маълумот дода қайд намудан лозим аст.
Таркиби ҳаво аз қисмҳои гуногун иборат аст ва дар натиҷаи кам ё зиёд шудани яке аз қисмҳояш сабабгори тағйирёбии муҳит гашта, ба организм зарари калон мерасонад. Дар ин ҷо, муаллим бояд таъкид намояд, ки заҳрнокшавии ҳаво баъзан бо фаъолияти худи инсон рӯй медиҳад. Мувофиқи маълумот соле ба ҳаво 200 миллион тонна дуоксиди карбон, 150 миллион тонна дуоксиди сулфур хориҷ мешавад. Инчунин муаллим ба шогирдон мефаҳмонад, ки боз заҳре вуҷуд дорад, ки таъсираш бисёр аст. Он дуди тамоку буда, дар таркибаш 28,7 фоиз никотин, оксидҳои карбону нитроген, арсен, ҷамъ 186 хел зараркунадаҳо дорад ва заҳрнокии он назар ба дуди автомобил 4,25 маротиба зиёд аст. Агар ҳамагӣ 10 фоизи сигори кашида ба худи шахс зарар орад, 90 фоизаш ба атрофиён зарар меорад. Ин гуфтаҳо ба хонандагон таҳсили калони тарбиявӣ бахшида, имкон медиҳад, ки онҳо дар оянда ба ин заҳри котил рӯ наоранд. Аз ин маълумотҳо хонандагон истифода бурда, дар оянда донишҳои экологии худро такмил медиҳанд. Дар хонандагон меҳру муҳаббат нисбат ба табиати зебои Тоҷикистон ва бойигариҳои табии он пайдо мешавад, ки ин яке аз ҳадафҳои асосии баланд бардоштани маърифати экологии хонандагон мебошад. Зеро ҳисси ватандӯстии ҳар як шахс ҳам аз меҳри деҳоту шаҳри худ сар мешавад. Тарбияи ватандӯстӣ, маҳаббат ба диёри худ дар афзун гардонидани бойигарию зебоии табиат нақши ҳалкунанда мебозад. Барои ба ин ҳадаф ноил шудан ҳар як муаллими фанҳои табиатшиносӣ чи дар протсеси дарс, чи дар дарсҳои тарбиявӣ ва корҳои берун аз синфӣ хонандагонро ба роҳҳои муҳофизати табиат шинос намояд ва диққати онҳоро ба масъалаҳои экологии ҳозираи ҷумҳурии мо ҷалб намояд. Ҳамин тавр, яке аз масъалҳои муҳими имрӯзаи таълиму тарбия ин баланд бардоштани маърифати экологии насли наврас мебошад. Чӣ тавре, ки дар боло қайд шуд, барои баланд бардоштани маърифати экологӣ на фақат муаллимони фанни химия, балки муаллимони фанҳои табиатшиносӣ(биология, физика, география) низ бояд саҳмгузор бошанд. Дар протсеси таълим инчунин қайд кардан мумкин аст, ки дар ҷумҳурии мо ба масъалаҳои экологӣ диққати ҷидди дода мешавад. Аз он ҷумла, кабудизоркунии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ташкили ҳашарҳои умумиҷумҳуриявӣ, ки ин барои тарбияи экологии насли наврас ниҳоят аҳамияти калон дорад. Аз ин ҷиҳат зарур аст, ки пеш аз ҳама барои баланд бардоштани маърифати экологии хонандагон аз табиати маҳал ё ин, ки кишварамон истифода бурдан лозим аст: масалан сарватҳои табиӣ, захираҳои обӣ, мавзеъҳои ҳифзшавандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра. Ин хонандаро водор месозад, ки дар бораи муҳити маҳали зисти худ, фикр кунад ва дар ободонии он саҳми худро гузорад.
Ҳамин тариқ бояд муаллимони фанҳои табиатшиносӣ ба хонандагон мавзӯъро тарзе фаҳмонанд, ки ҳисси табиатдӯстии онҳо такмил ёбад. Ва ҳар як хонанда дарк намояд, ки ҳалли проблемаҳои экологӣ бе муҳофизати табиат ва эҳтиёткорона истифода бурдани сарватҳои он номумкин аст. Зеро ҳалли проблемаҳои экологӣ на фақат дар ҷумҳурии мо, балки дар тамоми ҷаҳон дар мадди аввал меистад. Аз ин рӯ ҷомеаи башар барои баланд бардоштани маърифати экологии насли наврас кушиши зиёде ба харҷ дода истодааст.
Оре, дар шароити пешрафти илму техника дахолати инсон ба табиат хело зиёд мебошад. Ва тарбия намудани хонандагон дар руҳияи табиатдӯстӣ, тоза нигоҳ доштани муҳит яке аз талабҳои муҳими тарбияи экологии мактабҳои маълумоти ҳамагонӣ мебошад. Бояд кӯдаконро аз овони хурдсолӣ нисбат ба табиат муносибати оқилона намуданро тарбия кард. Дар мактаб бошад хонандагон бояд дар тули ёздаҳ соли таҳсил, чи дар рафти дарс ва чи дар корҳои берун аз синфӣ дар бораи проблемаҳои ҳозираи экологӣ ва муҳофизати табиат тасаввуроти ҳамаҷониба пайдо намоянд. Хусусан дар дарсҳои табиатшиносӣ ба муҳофизати набототу ҳайвонот ва афзун гардонидани онҳо диққати калон дода мешавад.
Тарбияи экологӣ иҷрои якчанд вазифаро талаб менамояд: пеш аз ҳама шахсиятеро бояд тарбия намуд, ки вобастагии инсону ҷамъият ва табиатро дарк намояд, нисбат ба ҳолату вазъи муҳити атрофашмасъулият ҳис кунад. Тарбияи экологӣ он вақт ба ҳадаф мерасад, ки бефосила бошад, аз синни томактабӣ шурӯъ шуда, дар мактабу берун аз он давом кунад. Бояд ҳар як муаллим, ҳар як мактаб ва умуман коркунони системаи маориф дар иҷрои ин вазифаҳо саъю кушиш намояд.
Чанде пештар яке аз вазифаҳои асосӣ дар ҳифзи табиат ҳимояи ҳайвоноту наботот буд, баъдтар масъалаи манбаи табии ба миён омад. Имрӯз масъалаи муҳофизати муҳити зист барои беҳдошти вазъи сиҳатии инсон ва ҷамъият мақоми баланд гирифтааст. Барои ҳамин баҳри ҳифзи табиат бештар ҷалб кардани хонандагон ва баланд бардоштани маърифати экологии онҳо ташкил намудани маҳфилҳо, экскурсияҳо ба табиати маҳал хеле зарур аст. Бо ташаббуси ин корҳо хонандагон рафтору кирдори худро нисбат ба табиат дигар мекунанд ва шуурашонро ташаккул медиҳанд. Барои ин хонандагонро бо табиат бештар шинос кардан лозим аст.
Шиносоии хонандагонро бо табиати мамлакати мо аз омӯзиши атрофи мактаб ва ҳудуде, ки мактаб дар он ҷо воқеъ гардидааст, оғоз бояд кард. Бо мақсади омӯзиши табиати атроф дар вақти гузаронидани экскурсия хонандагон бояд муайян кунанд, ки мактаби онҳо бо кадом шаклҳои релеф иҳота шудааст. Бо ин мақсад муаллим метавонад бисёртар аз материалҳои маҳал истифода барад. Масалан захираҳои бойи обҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар солҳои охир бо ташаббуси президенти ҷумҳур диққати тамоми ҷаҳонро ба худ ҷалб намудааст, ё ки сарватҳои зеризаминии ҷумҳуриамон, ки бисёри онҳо то ҳол таҳқиқ нашудаанд ва ҳамсоли инҳо мисол шуда метавонад. Ин фаҳмиши хонандагонро дар бораи гуногунии сарватҳои табиии ҷумҳуриямон васеъ намуда, имконият медиҳад, ки роҳҳои азхудкунии онҳоро инкишоф диҳанд. Омӯзиши иқлими Тоҷикистон ва сарватҳои табиии он ба хонандагон на фақат маълумоти политехникӣ медиҳад, балки дар оянда барои интихоби касб ёрӣ мерасонад. Ба хонандагон инчунин оиди аҳамияти иқтисодӣ доштани сарватҳои табии маълумот додан даркор аст ва шарҳ додан лозим аст, ки онҳо бепоён нестанд. Инчунин қайд кардан лозим аст, ки сарватҳои табииро ба гурӯҳҳои барқароршаванда, барқарорнашаванда ва тамомнашаванда ҷудо мекунанд. Барои дуруст истифода бурдани сарватҳои табии барқарор нашаванда аз нуқтаи назари иқтисодӣ донистани онҳо зарур аст. Чунин тарзи баҳодиҳӣ на фақат мавқеи ҷойгиршавии сарватҳои табии, инчунин таҳлили захираи умумӣ, сифат, шароити геологию нархи аслии истеҳсолӣ, омилҳои кашондани он, дараҷаи аз худ шудани ҳудудро низ дар бар мегирад. Ҳамаи ин нишондодҳои иқтисодӣ то кадом дараҷа фоиданок будани истифодаи ин ё он манбаи ашёи хомро мефаҳмонанд. Инчунин хонандагон оиди аҳамияти иқтисодии сарватҳои табии Тоҷикистон, оқилона истифода бурдани онҳо, оиди муҳофизат ва барқароркунии онҳо маълумоти мушахас гирифта метавонанд. Бо масъалаҳои муҳофизати табиат дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ дар замони муосир диққати ҷиддӣ дода мешавад. Муллимон дар дарсҳо, машғулиятҳои факултативӣ ва корҳои берун аз синфӣ хонандагонро бояд ба масъалаҳои муҳофизати табиат ошно намоянд. Ба хонандагон оиди сарфакорона истифода бурдани сарватҳо ва боигариҳои табиӣ маълумот диҳанд. Муҳофизати табиат на фақат кори муаллимони фанҳои биология, химия, география, балки кори ҳамаи омӯзгорони мактабҳои маълумоти умумӣ мебошад. Масъалаҳои муҳофизати табиат дар протсеси таълими ҳамаи фанҳо ҳалли худро ёфта метавонанд. Бинобар ин ҳар як муаллим дар донишандӯзӣ оиди муҳофизати табиат иштирок намуда, хонандагонро дар руҳи меҳру муҳаббат доштан нисбат ба табиат тарбия намоянд.
Комментарии (0)