Вазифаҳои фарзанд нисбат ба волидайн


Таълими волидайнҲарфшунавӣ, эҳтиром ва ҳамчунин саробонии онҳо дар вақти эҳтиёҷ, бахусус дар айёми пирӣ. Бар ӯҳдаи фарзандон аст, ки барои рӯҳи падару модари худ дуъо кунанд, чи дар вақти ҳаёт ва чи баъд аз фавташон. Падару модар ҳаққи бисёре ба фарзандон доранд, аз ин рӯ, нафрин ё дуъояшон таъсири қатъӣ ба зиндагии фарзанд мегузорад. Агар фарзандон хуб тарбият шуда бошанд, дар иҷрои вазифаҳояшон кӯшиш мекунанд.

Вазифаҳои фард нисбат ба хонавода мартабаҳое дорад. Ҳар кас бояд ибтидо ба фикри хушбахтии ҳамсараш бошад, сипас фарзандон ва баъд аз он падару модар. Пазируфтани масъулияти хонавода имтиёзи маънавии бузурге дорад. Дар қиёси арзиши маънавӣ як рӯз касе, ки бори масъулияти хонаводаеро ба дӯш дорад, баробар аст бо арзиши маънавии касе, ки ҳазор рӯз тарки дунё карда ва рӯзгорро ба гӯшанишинӣ мегузаронад.

Зиндагии муштараки мард ва зан ҷомеъа аст. Ин пайванд ниҳоли зиндагии моддӣ ва маънавиро мешинонад ва агар дона талх бошад, самари дарахт низ талху зиёнбор хоҳад буд. Бинобар ин, он пайванд бинояш бар ахлоқ ва усулҳое бошад ва ҳарду онро риоят кунанд, дар он сурат дарахт самари аз ҳар ҷиҳат ширин ва муфид ба бор хоҳад овард.

Дар гузашта мушкилоти зиндагӣ барои башар бисёр бештар аз имрӯз будааст. Ин мушкилот дар низоми таҳсилот ва тарбияти онҳо нақш доштааст, мушкилоте мисли набудани маконҳои таҳсилӣ, мисли мадраса ва донишгоҳҳо ва набудан ё норасоии муаллимон ва афроди таҳсилкарда дар ҷомеъа. Ҷомеъае, ки афроди онҳо аз гуруснагӣ ва бемори ранҷ мебаранд ё қодир ба таъмини сарпаноҳе барои аъзои худ нестанд, бо ҳодисаҳои табиъӣ ҳам наметавонанд ба хубӣ муқобила кунанд, яъне бароварда кардани ниёзҳои аввалия низ мушкил аст, чӣ басо қонеъ намудани ниёзҳои дуюмдараҷа. Бинобар ин, касби илм ва дониш дар ҷомеъаи имрӯз бисёр осонтар ва муфидтар аз гузашта аст.

Бузургон барҳақ фармудааанд: – «Ҳар кас битавонад фарзандашро хуб тарбият кунад, метавонад мамлакатеро идора намоянд». Падару модар илова бар таълиму тарбияи ахлоқии кӯдак дар таълиму тарбияи маънавии ӯ низ бояд ҳиммат варзанд, зеро ахлоқ бидуни Худо мисли дарахти камреша аст, ки бо аввалин вазиши бод бар замин меафтад. Дар тарбияти ахлоқии кӯдак додани шахсият ва иззати нафс ба ӯ муҳимтарин чиз аст ва дигар ин ки ба ӯ вазифашиносӣ, эҳтиром ба ҳуқуқи дигарон, вафо ба қавл, ростгӯйӣ, эҳсоси масъулият ва ғайраро биомӯзем. Дар тарбияи маънавии кӯдак бояд ӯро ба тадриҷ бо бархе аз усул дар бораи Худованд, олами охират, хештаншиносӣ ва маънои воқеъии зиндагӣ ошно кард. Парвариши фикри дуруст дар калонсолӣ метавонад таъсироти манфии даврони кӯдакиро коҳиш диҳад ё ҳатто бартараф кунад. Ҳамчунин кӯдак бояд дарёбад, ки ҳеҷ чиз бе далел нест ва ҳар чиз ҳисобе дорад. Огоҳӣ ба ин усули илоҳӣ ва иззати нафси кӯдакро тақвият мекунад ва ба ӯ дар баробари номулоимоти зиндагӣ суботу устуворӣ мебахшад ва дар синни навҷавонӣ ва ҷавонсолӣ ӯро аз содир намудани саҳву хатоҳои ҷуброннопазир дур медорад. Барои ин ки кӯдак битавонад усули ахлоқӣ ва илоҳиро дар худ ҷазб кунад ва бо расидан ба синни рушду балоғат аз онҳо гурезон набошад, бояд ин усулро ба тарзи хушоянду дилнишин ва ба сурати достонҳои зинда ва наздик ба воқеият мутаносиб бо синни вай ба ӯ омӯхт. Муҳимтар он ки аз таҳмили амалҳои сахту душвор ва таълиму усул ба сурати иҷборӣ худдорӣ шавад.

Ба таври куллӣ нуктаҳое, ки бояд дар тарбияти кӯдак риоя шавад, аз ин қарор аст:

– омӯзиш ва ташвиқи ӯ ба ростгӯйӣ;

– мустақил бор овардани кӯдак аз ҳамон хурдсолӣ ва эҷоди ҳисси масъулият дар ниҳоди ӯ бидуни он ки ба вай фишори хориҷ аз тоқат биёварад;

– ёд додани арзиши воқеии чизҳо: – кӯдак бояд қадри чизҳоеро, ки дорад, бидонад ва сайъ кунад, то ҳуқуқи он чиро, ки толиби он аст, ба даст оварад. Масалан, агар чиз бахусус мехоҳад, коре ба ӯ ҳавола кунанд, то онро дар оғозу анҷоми он кор дарёфт кунад;

– парвариши ақли маош дар кӯдак аз мавридҳои боарзиши тарбиятӣ аст. Ёд бигирад, ки чӣ тавр маблағро харҷ кунад аз қарз гирифтан худдорӣ намояд, ҳамчунин ба ӯ ёд диҳанд, ки қотеъ ва мураттаб бошад;

– аз муоширатҳои носолим дур нигаҳ дошта шавад ва ба ӯ огоҳиҳои лозим дода шавад то ба самти чизҳое монанди сигор, арақ, маводи мухаддир, ки барояш зиёновар аст ва саломатии ҷисму равонашро таҳдид мекунад, кашида нашавад. Дар айни ҳол набояд аз вай беш аз ҳад назорат кард ва ӯро таҳти фишор гузошт;

– зиёда аз ҳад вобаста ба хонавода бор наояд. Ҳамчунин ба таҷаммул ва роҳатталабӣ одат накунад, зеро дилзада мешавад ва дар калонсолӣ ҳеҷ чиз ӯро розӣ намекунад. Албатта, камкорӣ ҳам иштибоҳ аст, зеро маҳрумияти зиёд метавонад ӯро дучори уқда кунад;

– ташвиқи кӯдак ба мутолиъа ва таҳқиқ ҳидояти саҳеҳи кунҷковии фитрии ӯ ва ҷалби таваҷҷӯҳаш ба ҷозибаҳои дониш бисёр муфид аст. Албатта, бояд назорат бояд кард, ки ин кор хориҷ аз тавонаш набошад ва зеҳни кӯдак хаста нашавад. Мағз ҳам узве аст мисли дигар аъзои бадан ва зиёдшавии дар кор кашидан аз он, ба вижа дар мавриди кӯдакон кори дурусте нест. Мағзе, ки кори зиёд онро хаста карда бошад, мумкин аст дучори равоннажандӣ ё ҳатто равонпаришӣ, гоҳ ғайри қобили ҷуброн шавад;

– ташвиқи кӯдак дар риояти беҳдошт ва саломатии бадан, бахусус тарғиби ӯ ба варзиш;

– парвариши шуҷоат ва пушткор дар ӯ;

– омӯзиши фазоили ахлоқӣ дигар, аз қабили бурдборӣ, таваҷҷӯҳ ба дигарон.

Аз омилҳои муҳими тавфиқ дар кори тарбияти кӯдакон, таваҷҷӯҳи падару модар ба рафтори худашон аст ва ин мавзӯъ ба вижа дар мавриди модарон аз аҳамияти бештаре бархӯрдор аст, зеро хурдтарин хусусиятҳои падару модар таъсири амиқе дар рӯҳияи кӯдак мегузоранд. Аз он ҷост, ки кӯдакон ба таври ғаризӣ замири волидайни худро мефаҳманд, волидайн бояд сармашқи хубе барои онҳо бошанд ва бахусус сухан ва амалашон як бошад. Агар падару модар амалан ба чизҳое, ки мегӯянд, пойбанд бошанд, фарзандон ҳам қоидатан ҳамонҳоро риоя хоҳанд кард.

Равише дуруст ин аст, ки волидайн бо истифода аз равишҳои равоншиносӣ кӯдакро ба пазируфтани сухани худ розӣ кунанд, на ин ки бо фишор, хушунат ва тарс водор ба коре шавад. Падару модар бо қарор додани худ дар сатҳи кӯдак метавонанд воситаҳоеро беҳтар ба ӯ тавсия диҳанд ва кӯмакаш кунанд, то тавонад шахсан худро ислоҳ намоянд.

Таваҷҷӯҳи шадид ё танбеҳи ҷисмонӣ шахсияти кӯдакро хурд мекунад. Ба ҷойи таҳқиқ, бахусус дар муқобили дигарон беҳтар аст волидайн кӯшиш кунанд, то шахсият ва иззати нафси кӯдакро тақвият кунанд, то худи ӯ ба ин натиҷа бирасад, ки баъзе рафторҳо дар шаънаш нест. Эҷоди ҳисси мақому манзалат дар кӯдак яке аз рукнҳои асосии тарбияти дуруст аст. Барои як хонавода ҳеҷ чиз бадтар аз табъиз қоил шудан дар байни фарзандон нест. Падару модаре, ки байни фарзандони худ табъиз мегузоранд, на танҳо дучори мушкилоти хонаводагӣ мешаванд, балки бояд аз лиҳози маънавӣ низ посухгӯйи хатоҳои худ бошанд.

Ҳадафи эҷоди тарбияти саҳеҳ эҷоди тағйироти мусбату созанда дар ниҳоди кӯдакон аст. Таваҷҷӯҳи кофӣ ба кӯдакон, муроқибат ба мавқеъ аз онҳо ва фароҳам сохтани имконоти зиндагии солим барои рушд ва парвариши онҳо, аз ҷумла ҳуқуқи асосии кӯдакон ва аз вазифаи аслии волидайн аст. Далел ин, ки даврони кӯдакӣ дар рушд ва парвариши кӯдакон нақши муҳим дорад, ин аст, ки ҷанбаҳои асосии рушди ҷисмонӣ, зеҳнӣ, отифӣ ва иҷтимоии онҳо дар ин солҳо шакл мегирад. Кӯдакон созандагони фардои ҷомеъа мебошанд ва агар коройӣ ва тавонмандии лозим ва кофӣ надошта бошанд, наметавонанд дар оянда вазифаи идораи ҷомеъаро ба дурустӣ анҷом диҳанд.

Хонавода ба унвони нахустин муҳити зиндагии кӯдак дар ин замина масъулияти бузургеро бар ӯҳда дорад, аммо бо таваҷҷӯҳ ба ду далел ҳам мудохилаи ҷомеъа ва ё ба иборати мушахастар давлат амри зарурӣ аст. Аввал он ки, бисёре аз хонаводаҳо ба далели гуногун дар анҷоми ин вазифаҳо кӯтоҳӣ мекунанд ва дигар он ки бартарафсозии бисёре аз ниёзҳои кӯдакон, ба вижа дар ҷаҳони печида ва густурда имрӯз усулан аз тавоноии хонаводаҳо хориҷ аст ва таъмини беҳдошт, омӯзиш ва муҳити зисти солим аз вазифаҳои давлатҳост.

Ҳар гоҳ яке аз ду ниҳоди хонавода ва давлат нисбат ба кӯдакон ва рафъи ниёзҳои онҳо таваҷҷӯҳҳои кофӣ нишон надиҳанд ва шароити муносиб ва мусоидро барои зиндагии солиме онҳо фароҳам насозанд, осебҳои ҷисмӣ ва равонӣ ба кӯдакон расоинда мешавад.

Дар ҷомеъаи гузашта ин тавҷеҳот хеле кам будааст, вале имрӯза бештар ба ин мавод таваҷҷӯҳ мешавад ва ҳамин сабаб мегардад, ки ҷомеъаомӯзӣ аз лиҳози тарбият, таҳсили фарзандон дар сатҳи болотаре нисбат ба гузашта қарор бигирад. Ҳатто дар гузашта ба далели таъассубот бисёре аз падару модарон иҷозат намедоданд, ки духтаронашон ба мактабҳо бираванд ва бар ин бовар буданд, ки дар манзил бинишинанд ва тариқаи шавҳардорию тарбияти фарзандонро биёмӯзанд. Вале имрӯза ин тарзи фикр то ҳадди босазое аз байн рафта ва вуҷуд надорад.

Дар Юнони қадим донишманди маъруф Суқрот барои омӯзиши мардум, бахусус ҷавонон, шевае ба кор мебурд, ки худ онро момоӣ мехонанд ва Афлотун шогирди ӯ онро «диалектика» ба маънои «фанни савол кардан ва ҷавоб додан» номид. Афлотун чунон шефтаи Суқрот ва равиши ӯ буд, ки тамоми назария ва ақидаҳои худро аз қавли Суқрот нақл кард ва ҳама китобҳои худро ба равиши саволу ҷавоби ин донишманд нигошт.

Суқрот дар инкишофи равиши худ мегӯяд: – «Ман писари як момо ҳастам ва худ низ ҳамин шуғлро дорам. Кори ман ин аст, ки ба мардум кӯмак кунам, то фарзандон равони худро солим ба дунё оваранд. Худи ман ҳеҷ гуна донише надорам ва дар воқеъ мардум аз ман чизе намеомӯзанд, балки бо савол ва ҷавобҳои манзум ва санҷидае, ки аз онҳо мекунам, ба онҳо нишон медиҳам, ки равони онҳо обистани андешае аст, ки бо ин равиш худро намудор месозад ва бо он, ки фарзанди равони онҳо мавҷуди ноқис аст, ки шоистаи парваридан нест».

Агарчи Суқрот ба хотири ин равиш ва талош дар роҳи огоҳ кардани мардум ва ҷавонони шаҳри Отин ба марг маҳкум шуд ва барои итоат аз қонун ҷоми заҳро ба сар кашид, аммо равиши ӯ пас аз гузаштани қарнҳо ҳанӯз дурустӣ ва корёбии худро ҳифз кардааст ва ба унвони яке аз пояҳои асосии омӯзиш ва парвариши ҷадид мавриди истифода қарор гирифтааст.

Аз дидгоҳи равоншиносӣ савол кардан, бахусус дар синну соли кӯдакӣ хусусияти табиъии фарзанд аст. Бисёре аз ин саволҳо бо воситаи падару модар ва бисёри дигар дар муҳити таҳсил посух дода мешавад. Дар гузашта ба далели камбуди имконият ба далели сатҳи илмии бисёр пойин ба ин пурсишҳо ба тарзи хубу аҳсан ҷавоб дода намешуд ва ҳатто кӯдакон эҷодкории худро аз даст медоданд.

Девид Паркиниз яке аз равоншиносони муосир дар Донишгоҳи Гарвард солҳо ба таҳқиқ дар заминаи эҷодкорӣ пардохта аст. Паркиниз дар ин пажӯҳиш шахсияти эҷодкорро мавриди баррасӣ қарор дода, натиҷаҳои онро ба унвони намунаи шахсияти афроди эҷодкор ироа додааст. ӯ шаш хусусиятро барои афроди холиқ (эҷодкор) зикр мекунад, ки яке аз онҳо тавоноии тарҳи масъала ва савол аст.

Дар гузашта ба далели мушкилоти моддӣ бисёр хонаводаҳо фарзандони худро ба ҷойи фиристодан ба мактаб ба сари кор мефиристоданд, то кор кунанд ва пул биоваранд ва агар кӯдакон ба мадраса ё мактабҳо мерафтанд, бояд рафторҳои таҳсил ва танбеҳияти бади омӯзиш ва камбуди имконоти рифоҳӣ ва омӯзиш мувоҷеҳ буданд.

Ба ҳамин далел баъзе аз кӯдакон аз мактабҳо фирор ё безорӣ аз он доштанд ва бархе тарки таҳсил мекарданд. Дар муҳити хона ва хонавода низ фарзандон бо бадрафториҳо ва мушкилоти зиёде дар ҷомеъаҳои гузашта бархӯрдор буданд ва ҳамин сабаб мешавад, ки шумораи ками кӯдакон битавонанд таҳсилоти худро ба поён бирасонанд.

Имрӯза кишварҳо Конвенсияи ҳуқуқи кӯдакро нисбат ба омӯзиш ва парваришро ба расмият мешиносанд ва барои дастёбии тадриҷӣ ба ин ҳуқуқ ва бар асоси эҷоди фурсатҳои баробар иқдомҳои маъмул хоҳанд дошт:

1. Дар дастрас қарор додани иттилоот ва роҳнамоиҳои омӯзишӣ ва касбӣ барои тамоми кӯдакон дар ҳоле ки дар гузашта кӯдаконе, ки вазъи молии хубе доштанд, ба мактабҳои хуб фиристода мешуданд ва бақияи кӯдакон, ки вазъи молии хубе надоштанд ё коре мекарданд ё дар бадтарин вазъиятҳо ва мактабҳо дарс мехонданд.

2. Иттихози иқдомҳо ҷиҳати ташвиқи ҳузури мартабаи кӯдакон дар мактабҳо ва коҳиши ғайбатҳо ва ғайра.

3. Иҷборӣ ва ройгон намудани таҳсили ибтидоӣ барои ҳамагон.

4. Дар дастрас қарор додани омӯзиши олӣ барои ҳамагон бар асоси тавоноиҳо ва аз тариқи муносибат ва ғайра.

Дар гузашта ва то ҳудуде дар ҳоли ҳозир бештари мактабҳо танҳо марказҳои омӯзишӣ ҳастанд ва масъалаҳои тарбиятӣ дар ҳадди насиҳатҳои омехта ба таҳдид дар сари саф ё дар синфҳо ва ё аз роҳи танбеҳ ва хушунат анҷом мегирад, шеваҳое, ки на танҳо муфид нестанд, балки таъсироти зиёнборе бар фароянди рушди кӯдакон дорад.

Дар хонаводаҳо бояд тарбияти кӯдакон бо мавридҳои гуфташуда ва ба таври дуруст бо муроқибат анҷом шавад ва такмили он дар марказҳо ва мактабҳои омӯзиш анҷом шавад, то пешрафти рӯзафзуни таҳсилро барои афроди ҷомеъа шоҳид бошем.

Ҳарчанд дар тарбияти кӯдакон ва афроди ҷомеъа ва ҳатто донишҷӯён дар хонавода ва дар муҳити фарҳангӣ кушотар бошем, пешрафти таҳсили болотарро шоҳид хоҳем шуд.

Сайид Муртазо Алавии Аъло


Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив