Шавқу ҳавас ҳамчун фаъолияти пешбарандаи кӯдакони синни томактабӣ


Бачахои томактаби

Дар ҳаёти инсон ҳосил намудани тасаввурот дар бораи олами гирду атроф, аз ҷумла предмет, ашё ва умуман мавҷудоти таббиӣ мақоми муҳим мебозад.

Бо мақсади боз ҳам самарабахштар ба роҳ мондани фаъолияти фоидабахши худ, шахс дар тамоми давраи ҳаёти худ барои дурусттар фаҳмидани олами берунӣ саъю кӯшиш менамояд. Яке аз ҷиҳатҳои аз худкунии дониш ин  майлу рағбат пайдо кардани шахс ба дониш мебошад. Ин майлу рағбат дар давраҳои гуногуни синну сол хусусиятҳои ба худ хос дорад.

Маълум аст, ки яке аз давраҳои муҳимтарини инкишоф ин давраи синни калони томактабӣ мебошад. Бинобар ин психологҳо ба тадқиқи ин давра бештар аҳамият додаанд, чунки ба ақидаи онҳо ин давра роҳи ояндаи инкишофи шахсро муайян мекунад.

Аз ҷумла тавоноӣ ва нотавоноӣ, афзалият ва норасогии табиати ӯ ва имкониятҳои фаъоли ӯро, ки дар оянда бояд барои ҷамъият  манфиате оварда тавонад, муайян мекунад.

Дар ин давра, алалхусус имкониятҳои маърифатии кӯдак муайян мегардад, ки ин имконият медиҳад муайян карда шавад, ки ӯ то кадом андоза ба таълими мактабӣ тайёр аст. Мақсади мо ҳама рӯшанӣ андохтан ба ин масъала мебошад.

Кӯдаке, ки ҳоло се соли пурра надорад, калонсолонро бо чунин саволҳои сершумори худ ба монанди барои чӣ? Чӣ хел? Чаро? Ин чист? ва ғайра безобита мекунад. Мо бошем барои қонеъ гардонидани ҳисси кунҷкобии беохири кӯдак қариб ва вақти зиёдатӣ надорем. Аз тарафи дигар ба саволҳои онҳо баъзе вақт чӣ ҷавоб доданро ҳам намедонем. Саволҳои кӯдак то андоза моро ба хулосае меорад, ки онҳо дорои ким – чӣ хел як қувваи ноаёне ҳастанд, ки онҳоро барои чуқур сарфаҳм рафтан ба моҳияти ҳодисаю воқеаҳо сафарбар менамояд, мо бошем ба саволҳои кӯдакон ба таври гуногун муносибат менамоем. Баъзе калонсолон ба ҳар як саволи онҳо ҷавоби дуруст доданӣ шуда ба китобҳо муроҷиат менамоянд, дигарон бошанд ба онҳо аҳамияте намедиҳанд ва ба кӯдакон чунин мегӯянд: «Бисёр донӣ зуд пир мешавӣ», «Калоншавӣ худат фаҳмида мегирӣ», «Бас кун» ва ғайра. Ин рафтори калонсолон бе асос аст, чунки кӯдак дар бораи он чизе, ки ӯро иҳота кардааст ва он чизе, ки дар оянда дар рафти ҳаёт ба он дучор меояд фаҳмидан мехоҳанд. Вақте ки ба ҳодисаву воқеаҳо, ба ҳаёт то андозае сарфаҳм мерафтагӣ мешавад, баъд саволҳои таббиӣ медиҳад. Ба саволҳои кӯдакон ҳеҷ гоҳ сарсарӣ рафтор кардан ва ё ҷавоби ҳазломез додан мумкин нест, ҷавоб бояд ҳақиқати реалӣ дошта бошад, вале он бояд дар шакли оддӣ барои бача фаҳмо ва дастрас бошад, чунки хоҳ нохоҳ минбаъд ӯ ба ин саволҳо дучор меояд ва агар падару модар ҷавоби нодуруст дода бошанд, ин ошкор мегардад ва боварии ӯ нисбат ба падару модар кам мегардад, ҳатто мумкин аст минбаъд ба онҳо муроҷиат накунад. Бинобар ин ба саволҳои кӯдакон аз ваҷҳи он, ки онҳо калон шаванд худашон фаҳмида мегиранд, беаҳмиятона назар кардан мумкин нест, чунки дар айни замон чизҳое ҳастанд, ки донистани онҳо барои кӯдак ҳатмист. Агар кӯдак дар доираи имконияташ ва фаҳмишаш онҳоро фаҳмида нагирад муносибати бача бо муҳити атроф халалдор мегардад. Аз тарафи дигар ҷавобҳо ба ҳақиқат рост наоянд, аз ҳазломез будани ҷавоб пай баранд баръакс калонсолонро саволборон мекунанд.

Чаро ин тавр? Чаро ӯ калонсолонро саволборон мекунад, чунки ба туфайли саволҳои худ кӯдак бо калонсолон алоқа пайдо карда, ба ин восита муҳити атрофи худро дониста мегирад. Маҳз ҳамин ният кӯдакро ба саволборонкунии калонсолон сафарбар менамояд, вале калонсолон бошанд ба мақсади асосии кӯдак сарфаҳм нарафта, баъзан ӯро барои ин амалаш ҷазо медиҳанд.

Вақте ки мо ба кӯдак чунин муносибат мекунем ҳамчун тарбиятдиҳанда мо майлу хоҳишҳои маърифатии кӯдакро барбод медиҳем. Ин минбаъд ба таҳсили мактаби ӯ таъсир расонида ба ахборотҳои гуногун бепарво муносибат карда, аз онҳо ҳаловате намебарад. Аз тарафи дигар дар ин давраи синнусол дар кӯдак кӯшишҳои муайяни кунҷковона нисбат ба зиндагии ҳамсоягон, ба баҳсу мунозираҳои оилавӣ ва ғайра низ пайдо мешавад, ки ин мазмуни асосии фикр, ҳиссиёт ва майлу хоҳиши ӯро ташкил медиҳанд.

Вале муносибати нодурусти калонсолон ба ин мерасонад: бузургӣ, зебоӣ гуногунрангӣ, беохирии олами табиат ва инсоният барои кӯдак ҳамчун чароғи норавшан, тира, номаълум мемонад, ҳол он ки Рӯдакии бузург гуфта буд:

Дониш андар дил чароғи равшан аст,
 В–аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.

Дар ҳолате, ки шахси ба воя расида истода шавқу ҳавасе надорад, илму дониш диққати ӯро ба худ ҷалб намекунад, чароғи хиради ӯ чӣ гунна равшан шуда метавонад.

Майлу рағбати маърифатҷӯӣ ҳангоми аз оддӣ ба душвор, аз эҳтиёҷот ба таасуроти нав, аз пайдоиши шавқу ҳавас ба объекти муайян ва аз он ба намуди муайяни фаъолият гузаштан инкишоф меёбад, ки асоси онро рафти алоқаи кӯдак бо калонсолон ташкил мекунад. Калонсолон дар навбати худ бояд хусусиятҳои психологии кӯдакони ин синну солро ба ҳисоб гирифта, инкишофи шавқу ҳаваси маърифатҷӯии онҳоро идора намоянд.

Албатта ин рафти инкишофро ба таври сунъӣ тезонидан лозим нест. Баъзе падару модарон ба мақсади фарзандонашон барвақтар, бештар бо ақл шудан, яъне ҳамадон гардидан, инкишофи онҳо ба таври сунъӣ тезониданӣ мешаванд, ки ин оқибати хуб надорад. Албатта тадқиқотҳои соҳаи психология муайян карданд, ки кӯдакони ҳозира бар хилофи чашмдошти мо имкониятҳои беҳад калони дониш аз худкунӣ доранд. Вале баъзе олимон ҳам ба имкониятҳои кӯдак аз будааш бешар баҳо медододагӣ шудаанд.

Дар ҳақиқат ба туфайли пешрафти илми техникӣ, васеъ шудани сарчашмаҳои ахборот ба кӯдак бисёр чизҳоро ёд додан мумкин аст. Вале магар ин зарур аст?

Аз хотир фаромӯш набояд кард, ки ҳар як кӯшиши ба таври механикӣ тезонидани инкишоф тарафи манфӣ ҳам дорад.  Гарчӣ вай ҳоло ноаён аст, вале дар оянда пеши роҳи инкишофи мустақили шахсро мегирад, чунки гарчӣ кӯдакони ҳозира назар ба кӯдакони 30-50 сол пеш аз ин бисёртар доноанд ва бохирадтар бошанд ҳам, вале ба тамоми хусусият ва сифатҳои бачагонаи худ ҳамчун кӯдак боқӣ мемонанд. Бинобар ин гарчӣ кӯдак ҳанӯз ба мактаб нарафта, навиштану хонданро ёд гирифта бошад ҳам, ба илми кайҳоннавардӣ ё биологӣ майлу рағбат пайдо карда бошад ҳам ӯро ҳамадон ҳисоб кардани мо ҳоло ҳеҷ чиз асосе надорад. Чунки барои қобилияти ҳақиқӣ танҳо майлу рағбат доштани кӯдак басанда нест. Барои аз худ намудани дониш боз меҳнатдӯстӣ, маҳорату малакахои муайян ва устуворӣ низ лозим аст.

Хулоса ҳамаи кӯдакони синни калони томактабӣ шавқу ҳаваси беҳад зиёд, аз ҷумла шақу ҳаваси маърифатҷӯӣ доранд. Аз тарафи дигар аз баски шавқу ҳаваси кӯдак асоси муваффақиятҳои ояндаи ӯро дар роҳи аз худ кардани системаи донишҳо дар мактаб ташкил медиҳанд, калонсолон бояд шавқу ҳаваси донишҷӯии кӯдаконро ҳамаҷониба дастгирӣ намоянд, чунки шавқу ҳаваси маърифатҷӯии кӯдакони синни калони томактабӣ дар оянда, ҳамчун заминаи боэҳтимоди ташаккулёбии ҷаҳонбинии мақсадноки онҳо хизмати босазо хоҳад кард.

Сабоҳати Муродзода – муаллимаи калони кафедраи педагогика ва психологияи синфҳои ибтидоии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ


Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив