Масъалаи тарбияи духтарон дар педагогикаи этникӣ ва халқии мардуми тоҷик


Тарбияи духтаронЗан поягузори вуҷуди ҳаёти одамӣ аст. Дар пайрезии асос ва сохтори шахсияти инсон, зан меъмори нақшофарин ва ҳунарманди чирадаст аст. Ӯ бо рафтори худ ояндаи тифлро дурахшон месозад. Доноёни аҳли ҳукамо ва донишмандон дар ин амр иттифоқи назар доранд, ки инсон дар сояи тарбияи хуб ба саодат мерасад. Дар омӯзишгоҳи бузурги ҳаёт нақши аввал дар таъини сохтори шахсияти кӯдак ба ӯҳдаи модар аст. Ӯ меҳвари отифии хонаводаро дар қудрати худ дорад ва муҳаббаташ сабаби рушди отифӣ мегардад. Ҳосили ин вижагӣ ва нақшпазирии кӯдак аз афъол ва ақвоми модар аст, ки ояндаи ӯро маънӣ мебахшад.

Эҷодиёти даҳонакии халқ таҷрибаи занони заҳматкашу озодихоҳро ба таври бадеӣ инъикос карда меояд. Беҳтарин хислатҳои миллӣ ва анъанаҳои гуногуни мардумро таҷассум мекунад ва ба ҳамин нақши тарбиявии худро иҷро менамояд ва доираи шуури занонро такомул медиҳад.

Мо ин маънӣ ва маромро дар афсонаҳои халқӣ равшантар мушоҳида менамоем. Афсонаҳои халқӣ яке аз сарчашмаҳои тарбия дар педагогикаи этникӣ ва халқӣ ба шумор меравад. Дар афсонаҳо орзую умеди занон ва духтарон, бартарии нек бар бад, тантанаи ҳақиқат акс ёфтаанд. Аз ҳамин сабаб, афсона аз даҳон ба даҳон, аз насл ба насл гузашта ба мо боқӣ монд. Ин мероси пурганҷ ифодакунандаи ҳаёт аст, ки то ба имрӯз дар тарбияи духтарон васеъ истифода бурда мешавад. Афсонаҳо аҳамияти бузарги тарбиявӣ доранд. Қисме аз онҳо ба мавзӯи сифатҳои ахлоқӣ, қаҳрамонӣ, хирадмандии духтарон бахшида шудааст, ки ин дар афсонаи «Духтари ҷасур» инъикос ёфтааст.

Дар афсона, вақте ки падар нобино мешавад ва хабари табибе, ки дар шаҳри бегона барои чашм аз гиёҳ дору тайёр мекунад, шунида, оҳи сард кашида мегӯяд, ки агар писар медоштам, рафта он доруро меоварду аз азоби нобиноӣ халос мешудам.

Корнамоии бебоконаи духтар барои пайдо намудани табиб ва овардани доруи дарди чашм боиси шифо ёфтану шодии падар гардид, ки ба ин чунин ақидаи халқӣ гувоҳӣ медиҳад: «Духтари хуб аз даҳ писари бад болотар меистад».

Падар дар ҳаққи духтараш дуо карда чунин мегӯяд: – «Духтари азизам, дигар фикр намекунам, ки писар надорам, ту кори даҳ писарро кардӣ, илоҳи умрат дароз ва бахт ёрат бошад».

Мақсади қаҳрамони афсона ба даст овардани ашёҳои (предмети) табиат – дарахти аз меваи он дору тайёркардашаванда ва худи дору мебошад. Духтар барои аз нобиноӣ наҷот додани падараш ба девҳо рӯ ба рӯ мешавад.

Дар ин афсона ғояи хеле баланд – мубориза барои дигаргунсозии табиат, яъне дарахтшинонӣ ва нигоҳубини он, барои саломатӣ аҳамияти калон доштан ва барги дарахтон ба миён гузошта мешавад.

Агар чунин афсонаҳо дар китобҳои дарсии синфҳои ибтидоӣ мешуданд, ин ба муаллим имконият медод, ки бачагонро ба фаъолияти эстетикӣ водор намояд, дар бораи комёбиҳои илми тибби имрӯза, масалан оид ба ҷарроҳии чашм васеъ истифода бурдани гиёҳҳо дар саноати дорусозӣ маълумот диҳад. Аз ин афсона духтарон бисёр чизҳо, аз ҷумла одоби муомила, ҷасурӣ, ҳушёриро меомӯзанд ва иродаи матин ҳосил мекунанд, дар онҳо устуворӣ ва серҳаракатии мақсаднок парвариш меёбад.

Духтарон аз рӯи табиати худ ба зоҳир намудани ҳисси ғамхорӣ, нигоҳубин бештар майлу рағбат доранд. Масалан, нигоҳубин кардан, ғамхорӣ дар ҳаққи бародарон ва хоҳарони хурдсоли худ, дар иҷрои кор бо эҳтиёт будан ва ғайра.

Чунин хислатҳо дар афсонаи дорои шеър дар «Фауст» ном романи манзуми нависандаи немис Ҳёте, ки байни мардуми мо бо «Булбулаки саргашта» машҳур гардидааст, тасвир шудааст. Ин афсона ба суруди дар Эрону Афғонистон маълуму машҳур аст, монанд мебошад.

Ман булбули саргашта,
Дар кӯҳҳою дар пушта.
Падар маро кушта,
Моиндар маро хӯрда
Ҷон апеки дилсӯхта
Устухони маро чида
Дар сабадча андохта,
Дар шохи чинор овехта.
Бар ман болу пар дод ӯ,
 Булбул карда, сар дод ӯ.

Дар афсонаи «Булбули саргашта» модари ӯгай ба хӯрдани гӯшти писарча майл мекунад, ки ин асари давраҳои ваҳшонияти инсон аст. Хоҳари писарак устухонҳои ӯро ҷамъ карда овехта мемонад. Дар қадим аҷдодони халқҳои эроннажод устухони хешовандони худро ба сабадча андохта, овехта мемонданд.

Бинобар ин, афсонаҳои сеҳрангез ба гузашта не, балки ба оянда нигаронида шудаанд. Дар онҳо орзуи инсон дар бораи халос шудан аз машақатҳои зиндагӣ, ташкили ҳаёти осудаву зебо, аз миён бардоштани бадӣ, осон кардани корҳои тоқатшикан ва ғайраҳо ифода ёфтааст.

Ғояи афсона худ аз худ маълум аст. Дар афсона аз як тараф зиштхӯӣ, бадфеълию бадкинагии модари ӯгай ва нодонию бераҳмии падар, аз тарафи дигар дилсӯзию меҳрубонии духтар инъикос ёфтааст. Афсонаҳо ҳақиқати ҳаётӣ доранд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки бисёрзанӣ, якдигарнофаҳмӣ дар оила боиси чунин нохушиҳо мегардад.

Афсона дар ҳаёти духтарон аз замонҳои қадим нақши асосиро бозидааст. Модаркалонҳо, бобоён, модарону падарон дар ҳамаи давру замон ба фарзандони худ афсонагӯӣ мекарданд. Тавассути афсонаҳо духтаронро дар рӯҳияи меҳнатдӯстӣ, пуртоқатӣ, ватандӯстӣ, инсондӯстӣ ва дигар сифатҳои инсонӣ тарбия мекарданд.

Солҳои охир чунин анъанаҳо қариб аз байн рафтаанд Падару модарон аз афсонагӯӣ фориғболанд. Ҷои афсонагӯии модару бибиро тамошои телевизор гирифтааст. Ба муаллим зарур аст, ки чунин анъанаҳои пешинро дар байни падару модарон аз нав эҳё созад, то ки тарбияи духтарон дар оила дуруст ба роҳ монда шавад. Духтаронро зарур аст, ки маънии ҳаёти ҳақиқиро донанд, чунки онҳо худ модари оянда ҳастанд ва дар қалбашон меҳри модарӣ ҷӯш занад.

Дар педагогикаи этникӣ ва халқӣ назокати зан дар симои модари хуб будани ӯ ифода меёбад. Мардум ба воситаи афсонаҳо зарурати некию накӯкорӣ, одамдӯстӣ ва саховатмандию бофаросатиро тарғиб кардаанд.

Як гурӯҳ афсонаҳо сухан дар бораи алоқамандии инсон бо ҳайвонот. Таҷрибаҳои ҳаётӣ нишон додааст, ки инсонҳо аз қадим ба ром кардани ҳайвонот машғул буданд. Намунаи барҷастаи ин афсонаи «Ҳезумкаш ва хирс» мебошад.

Дар афсона камбудиҳои занон вобаста ба муошират дида мешавад. Ин бештар дар ҳамон лаҳзаҳо ба назар мерасад, ки ҳезумкаш хирсро ба оғӯш мегирад. Вақте ки хирс ба хонаи ҳезумкаш ба меҳмонӣ меояд. Зан ин ҳолатро дида, – «Вой рӯям сиёҳ» дӯсти шумо ҳамин ҳайвони бадбӯ ҳаст? Ин суханони носазо ва талхи зани ҳезумкаш ба хирс таъсири калон мерасонад. Хирс аз суханони пичингомези зан сахт меранҷад ва дар ғазаб шуда, ба дӯсташ мегӯяд, ки бо ҳамин табар ба ҷабинаш занад. Ҳезумкаш аз рафтори бадкирдонаи занаш дар хиҷолат монда, гуфт:

– Ҳар дуи мо ошноем, чӣ хел табарро боло мекунаму туро мезанам?

Хирс гуфтааст ё мезанӣ, ё мехӯрамат!

Ҳезумкаш бо тамоми қувваташ ба ҷабини хирс мезанад. Баъди чанд вақт онҳо бо ҳам вомехӯранд. Ҳезумкаш мебинад, ки аз захми табар осоре дар ҷабини хирс намондааст. Ин воқеаро хулоса карда хирс чунин изҳор менамояд: захми табар аз бадан мераваду захми гапи бад аз дил не.

Санъати тарбия пеш аз ҳама санъати сухан – муроҷиат ба қалби одамиро дар бар мегирад. Сухани нек шарбати зиндагист.

Аз ин рӯ, падру модаронро зарур аст, ки дар тарбияи фарзандон, ба хусус духтарон диққати махсус диҳанд.

Дар масъалае, ки педагогикаи этникӣ ва халқӣ ба он эътибори махсус додааст, ин тарбия намудани латофат, нафосат ва назокати занона мебошад.

Он яке аз вазифаҳои муҳими тарбияи ахлоқӣ-эстетикии духтарон ба шумор меравад. Дар таҷрибаи ҳаёт халқ ба чунин хулоса омадааст, ки латофат ва назокати зан на танҳо дар ҳалимӣ, ғамхорӣ, меҳрубонӣ, қобилияти дарк намудани дигарон, хушмуомилагӣ, кушодарӯӣ, самимият, ҳаётдӯстӣ, балки дар сарбаландӣ, ҳисси шарафи худро риоя намудан, нисбат ба дигарон ғамкор будан, садоқатмандӣ маҳорати соҳибхоназнӣ, дилкаш будан, ахлоқи хуб доштан ва ғайра инъикос меёбад.

Ба падару модар зарур аст, ки ҳангоми тарбияи духтарон ба ҷиҳатҳои психологии онҳо аҳамияти калон диҳанд. Дар асоси ба ҳисоб гирифтани ин хусусиятҳои онҳо тарзи тарбияи духтарон ба роҳ монда шавад. Аз давраи кӯдакӣ афсонаҳое, ки ба синну соли духтарон мувофиқ аст, нақл кунанд. Ба онҳо нағз афсона гуфта додан ин қадами аввалини тарбияи маданӣ мебошад. Тарбияи неки духтарон ба анъанаҳои оила ва ба модар вобаста аст. Бинобар ин, модар намунаи духтар бошад. Ба ин чунин зарбулмасал шаҳодат медиҳад: «Модар чӣ гуна – духтар намуна», ё ки «Модарро бин, духтарро гир».

Мардуми мо пеш аз ҳама аз рӯи авлод ва аҷдоди ҳамон оила ба симои духтар баҳо медиҳанд. Яке аз одатҳои беҳтарини халқи тоҷик ин меҳмоннавозӣ мебошад. Падару модарон кӯшиш мекарданд, ки дар фарзандони худ аз хурдсолӣ ҳисси меҳмондӯстиро тарбия намоянд. Ҳисси меҳмондӯстӣ ва меҳмоннавозии халқи тоҷик дар афсонаҳои халқӣ низ ифода ёфтаанд, ки ин дар афсонаи «Ду зан» инъикос ёфтааст.

Боре шоҳу вазир дар ростои шаҳр дӯконеро диданд. Ду бародар соҳибони ин дӯкон буданд. Калонӣ фарбеҳу тарзу тоза, хурдӣ харобу рангпарида мисли пирамардон қоматхамида буд.

– Сирри аз якдигар ба ин андоза фарқ кардани бародарон чӣ бошад? – пурсид подшоҳ.

– Подшоҳам, барои фаҳмидани ин сир аз хонаҳои онҳо дидан лозим аст, ки рӯзгорашон чӣ ҳоле дорад, ҷавоб дод вазир.

Онҳо ба пеши бародарон рафта гуфтанд:

– Мо дарвешем, аз роҳи дур омадем, шуморо дидему орзуе дар диламон пайдо шуд.

– Марҳамат, бигӯед, чӣ орзу? – пурсиданд бародарон.

– Мехоҳем меҳмонатон бошем, то бубунем шумоён чӣ зисте дореду чӣ зидагӣ. Калонӣ ин гапро шунида, хурсанд шуд.

Меҳмононро зани хандонрӯ бо меҳрубонӣ истиқбол кард:

– Марҳамат, марҳамат, меҳмонони азиз, нури дида, тоҷи сар! Хуш омадед! Зан ба кӯза об баровард, меҳмонон даст шустанд, дастпоккун (саҷок) дароз кард. Меҳмонон даст пок карданд. Баъд онҳоро ба хона даъват кард, дастархон густурд, нони гарму қанду шарбати набот рӯи хон гузошт. Як чойники қирмизӣ чой бароварду дар тараддуди ошпазӣ шуд.

Зани бародари хурдӣ чунин қоидаҳоро ба ҷо наовард. Ӯ бо суханони дилхарошу чеҳраи тира табъи меҳмононро хира кард:

– Эй ту, чӣ хел мард?! Медонӣ, ки дар ин хонаи истоқӣ кори ман аз мӯи сарам ҳам зиёд. «Болои сӯхта намакоб» то боз меҳмон кашола карда омадаӣ.

Ҳамаи гап дар сари занҳояшон будааст. Беҳуда нагуфтаанд, ки «тоҷ бар сар мекунад, зан мекунад. Хок бар сар мекунад, зан мекунад»! Аз забони яке шакар мерехту аз забони дигараш заҳр.

Ба муаллимони синфҳои ибтидоӣ лозим меояд, ки ҳангоми фаҳмондани афсонаҳо дар синфҳои ибтидоӣ ба хислат ва рафтори қаҳрамонҳои онҳо бештар диққат дода, хусусиятҳои ғоявӣ-эстетикиашонро ба эътибор гиранд, зеро ин ба идроки эстетикии онҳо мувофиқанд. Тадқиқоти этнографӣ шаҳодат медиҳад, ки занони оддӣ фарзандони худро аз хурдсолӣ ба меҳнат тайёр мекарданд.

Масалан, духтарон аз панҷсолагӣ ба модаронашон об меоварданд, нах мересиданд, мебофтанд, чорво мебониданд ва ғайра.

Далерию матонат, зиракию ҳушёрӣ, нотарсӣ барин хислатҳо, ба замми қувваи беинтиҳо, ба иҷрои ҳама гуна мақсадҳои каҳрамон мусоидат мекунад. Чунин хислатҳо дар афсонаи «Духтари зирак» ифода ёфтааст.

Капирак духтараке дошт ҳушёру чаққон. Духтарак боре ҳам бекор наменишаст: ҳавлӣ мерӯфт, хона меғундошт, хӯрок мепухт, ресмон меришт, мато мебофт, либос медӯхт.

– Вақти хоб шуд, духтарам, чароғро кушу хоб кун, мабодо балое аз дашти Карбало омада, чароғро дида, ба хонаи мо надарояд.

Духтарак ба гапи модараш гӯш надода, корашро давом додан гирифт. Кампирро як хобаш бурду баъд сарашро бардошта нигоҳ кард, ки духтараш машғули бофтан аст, гуфт:

– Эй духтари гапнодаро, кай хоб мекунӣ?

– Боф-бофи бофон мекунам, бурбури бурон мекунам, дӯздӯзи дӯзон мекунам, пӯшпӯши пӯшон мекунам, баъд хоб мекунам, – гуфт духтар.

Духтар корашро ба охир расонда буд, ки Девбарзагӣ хандакунон даромада омаду гуфт:

– Чароғи тобонро дидам, духтари рахшонро дидам, хурсанду хандонро дидам, либопӯшонро дидам.

Модар гуфт:

– Ба гапи ман надаромадӣ, сарамонро ба бало монондӣ.

Кампир аз ҷояш хеста чароғро даргиронда, пеши Девбарзангӣ дастархон андохта, нон гузошт. Девбарзангӣ дасташро ба нон дароз карда буд, ки духтар гуфт:

– Будаст магаро, будӣ набудаст магаро одати девон даст нашуста нон хӯрдан будаст магаро?!

-Кучо даст шӯям? – пурсид Девбарзангӣ.

Духтар тозон берун баромад. Дар кунҷи ҳавлӣ чоҳе буд. Духтар болояш бӯрё партофту Девбарзангиро берун даъват кард.

– Мана об бигиру дастатро шӯй, гуфт ба ӯ.

Девбарзангӣ шитобон бегумон ба рӯи бӯрё по монда буд, ки якбора ба чоҳ афтод. Духтарак даҳони чоҳро маҳкам кард.

Ана, бо ҳамин тадбир духтарак балоро аз сарашон дур карду чӣ хеле, ки дилаш мехост, ҳамон хел зиндагӣ карда гашт.

Ҳамаи ин ба тарбияи неки духтарон таъсир мерасонад. Падару модар кӯшиши кунанд, ки хислатҳои беҳтаринро аз давраи хурдсолӣ ба духтарон ёд диҳанд. Духтарон оҳиста-оҳиста дар натиҷаи ёддиҳӣ доир ба рафтори дуруст таҷрибаи муайян аз худ намоянд. Духтарон бояд ба намунаи ибрати модарон такя намуда, сифатҳои беҳтарини худро такмил диҳанд.

Таҷрибаи педагогикаи этникӣ ва халқӣ шаҳодат медиҳад, ки камолёбии духтарон ба фаъолияти меҳнатии онҳо алоқаи бевосита дорад. Меҳнати маишӣ дар оила, ҷалб намудани духтарон ба корҳои дӯзандагӣ, тайёр кардани намудҳои гуногуни хӯрок, хусусан шириниҳо, нигоҳубини хурдсолон на танҳо ба он кӯмак мерасонад, ки малакаҳои муайяни меҳнатӣ ҳосил намоянд, балки барои шуурона калоншавии онҳо мадад мерасонад.

Дар духтарони синни хурди мактабӣ шавқу ҳаваси шунидан ва хондани афсонаҳо боқӣ мемонад, аммо муносибат ба мазмуни онҳо тағйир меёбад. Духтарон оҳиста-оҳиста чизи бофта ва хаёлиро аз воқеият фарқ мекунанд. Бо вуҷуди ин онҳо ҳангоми бозӣ ба олами хаёлӣ дода шуда, нақши қаҳрамонони афсонавиро иҷро мекунанд. Олами хаёлӣ, ки дар афсона кушода мешавад, ба онҳо барои он ҳам мароқовар аст, ки дар он сабаби воқеӣ инъикос меёбад.

Ғайр аз ин, барои бачагони синни хурди мактабӣ бисёр афсонаҳои ҷолиб, аз қабили «Хурмачаи шӯлапазак», «Бибигамбусак», «Булбули саргашта», «Гунҷишк», «Духтари доно», «Подшоҳ ва духтари оҳангар», «Духтари ҷасур», «Духтари доно ва марди лаванд» (синфҳои II – IV) дар китоби «Афсонаҳои халқи тоҷик» гирд оварда шудаанд, ки онҳо ба ташаккули идрок ва ҳиссиёти эстетикии духтарон аҳамияти калон доранд.

Мамадносирова Моҳбегим – ассистенти кафедраи педагогикаи умумии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ


Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив