Дар он руз бини зи душман фароғ,
Ки шаб дар мазораш фурузи чароғ.
Номи аслии Самандархоҷаи Тирмизӣ Муҳаммадбақо буд, «Самандар» тахаллуси адабии ӯ мебошад. Мувофиқи гуфтаҳои худаш дар китоби «Дастур-ул-мулук» ва маълумоти муаллифи тазкираи «Музаккируласҳоб» Малеҳои Самарқанди, зодгоҳаш Хонақоҳ (ноҳияи Ҳисори ҳозираи Ҷумҳурии Тоҷикистон) будааст. Соли таваллуд ва вафоташ маълум нест. Ҳаёт ва фаъолияти ӯ дар асри 17 гузаштааст. Самандархоҷаи Тирмизи аз адибону муаррихони номии давр ба шумор меравад. Самандархоҷаи Тирмизи сафар карданро дӯст медошт ва бесабаб нест, ки давраи ҷавонии ӯ фақат дар сафар гузаштааст. Ба қавли муаррихон, ӯ солҳои 1685, 1693, 1695 дар ҷангҳои Абдулазизхону Субҳонқулихон ба муқобили хоразмиҳою саркардагони Балх иштирок кардааст. Муддате дар шаҳри Насаф зиндаги карда, ду маротиба раёсатпаноҳи Насаф тиъин шудааст. Солҳои охири умри хешро ӯ дар гӯшанишини гузаронидааст.
Аз рӯи гуфтаи худи Самандархоҷаи Тирмизи маълум мешавад, ки фаъолияти адабии ӯ дар шаҳри Насаф оғоз ёфтааст. Маҷмӯъи осори адаби ва таърихии Самандархоҷаи Тирмизи дар асари машҳури ӯ «Дастур-ул-мулук» ҷой гирифтааст. «Дастур-ул-мулук» асари пандуахлоқи буда, воқеъаҳои таърихии солҳои 1694-95 ро дарбар мегирад ва тахминан гуфтан мумкин аст, ки то соли 1696 таълиф шудааст. «Дастур-ул-мулук» дорои 22 боб буда, бист боби аввал ва боби 22 ба масъалаҳои тарбиявию ахлоқӣ, мисли панду насиҳат ба подшоҳон, усул ва шартҳои мамлакатдорӣ, мартабаи ҳунарманду донишманд, эътибори аҳли фазлу дониш, мардонагию шуҷоат, зарурати сулҳу зарари ҷанг, мақоми тарбия, одоби сухан, зарари ғазаб, аҳамияти машварат, тавсифи хислатҳои ҳамида ва мазаммати хулқу атвори ношоиста бахшида шудааст.
Самандархоҷаи Тирмизӣ хостааст, ки ба воситаи ҳикоятҳои пандомези ин китоб рафтору кирдори ношоистаи ҳукуматдорон ва нобаробариҳои замонаро ислоҳ кунад.
«Дастур-ул-мулк» ба адибону муаррихони баъдина таъсири зиёд расонидааст. Шоир ва тазкиранависи асри 17Малеҳои Самарқандӣ дар таълифи тазкираи «Музаккир-уласҳоб» (соли таълифаш -1688-92), муаррихи асри 19-Муҳаммадяъқуб дар навиштани «Гулшан-ул-мулук» ба «Дастурул-мулук» такя намуданд. «Дастур-ул-мулук» арзиши муҳими адабию таърихӣ дорад. Ҳоло чанд ҳикояро аз ин китоби хонданибоб пешкаши хонандагон менамоем.
Комментарии (0)