Низомии Ганҷавӣ (1141-1209)


Низоми ГанчавиАбӯмуҳаммад Илёс ибни Юсуф ибни Закии Муайид (1141, шаҳри Ганҷа ҳозира Кировободи Озорбойҷон ҳамонҷо), шоир ва муттафаккир, яке аз устодони соҳибмактаби шеъру адаби форсу тоҷик. Абумухаммад Илёс ибни Юсуф Закии Муайяд мутахаллис бо номи Низомӣ шоир ва мутафаккири бузург, бунёдгузори мактаби хамсанависи мебошад. Ӯ соли 1141 дар шаҳри Ганҷа таваллуд ёфтааст. Ганҷа он вақт маркази Озарбойҷони шимолӣ буда, шаҳри бузургу тараққикарда ҳисоб меёфт. Як гурӯҳи адибону донишмандон дар он ҷо ҷамъ омада буданд. Мувофиқи маълумоти бисёр манбаъҳои таърихӣ ва адабӣ аҷдоди падарии Низомии Ганҷавӣ аз аҳли Куми Эрон будаанд. Модари шоир аз деҳоти атрофи Ганҷа ва ба қавли худи шоир “раисаи курд ” буд. Падари Низомӣ ва аҷдоди ӯ аз аҳли илм буданд. Шоир дар хурдсолӣ аз падару модар маҳрум гашт. Тарбия ва сарпарастии ӯро тағояш Хоҷа Умар ба ӯҳда гирифт. Таҳсилаш пурра дар зодгоҳаш гузаштааст. Дар омӯхтани илмҳои гуногун Низоми кӯшиши зиёд дошт. Ӯ аз илмҳои замонааш фиқҳ, калом, фалсафа, ҳайъат, ҷуғрофия, нуҷум, риёзиёт, тиб, кимиё баҳраманд гардида, аз ҷавони ба шеър гуфтан оғоз намуд. Дар баробари донистани илмҳои замони худ, Низомӣ аз мероси бадеии Юнони Қадим, ёдгориҳои хаттии паҳлавӣ, осори илмию адабии араб, таърихи халқҳои Кавкоз ва адабиёти форсу тоҷик пурра огох буд. Вай адабиёти даҳонии халқи худ ва расму одоби насронию яҳудӣ ва паҳлавиро хуб медонист. Илмҳои табиӣ, махсусан, тиб ва нуҷум (астрономия)-ро хуб аз худ карда буд. Умуман, Низомӣ аз илмҳои зиёде баҳравар буд. Аз ҳамин сабаб, ӯро ҳамчун донишманди ҳамадон, яъне ҳаким эътироф карда буданд. Зиндагии Низомии Ганчавӣ пурра дар Ганҷа гузаштааст. Боре бо даъвати Тугралшоҳ ба Табрез сафар кард, вале дар он ҷо фақат се рӯз истода тавонист. Ҳаким Низомӣ умрашро берун аз дарбор, дар озодиву сарбаландӣ гузаронидааст. Ӯ бо шоҳон робита дошта бошад ҳам, касеро мадҳ накардааст. Ҳаким Низомии Ганчавй соли 1209 дар Ганҷа даргузашт. Холо дар болои турбати ӯ мақбараи мухташаме сохта шудааст. Халки Озарбойҷон нисбат ба Низомӣ ифтихор ва эҳтироми бузург дорад. Дар Ганҷа ва Боку ҳайкалҳои мухташами Низомӣ гузошта шудааст. Низомии Ганчавӣ дар адабиёти ҷаҳон бо достонхои худ машҳур аст. Тамоми осори ӯ ба форсӣ навишта шудааст. Ёдгории ҷовидонаи Низомӣ “Хамса”-и ӯст, ки онро “Панҷ ганҷ” низ меноманд. “Хамса” аз панҷ достон иборат аст: “Махзануласрор “, «Хусрав ва Ширин”, “Лайли ва Маҷнун”, “Ҳафт пайкар”, “Искандарнома”. Ин маҷмуаи достонҳо дар инкишофи минбаъдаи адабиёти Шарқ мақоми арзандае доранд ва боиси пайдоиши анъанаи ҳамсасароӣ гаштаанд. Хамса-и Низомии Ганчавӣ бо рангинии мазмун, тозагии санъат, гановати забон, пардози сухан ва маҳорати нигорандагии муаллиф машҳур гардида, дар он масоили муҳими иҷтимои ва ахлоқӣ гузошта шудааст. Муаллиф мардумро ба кӯшишу кор, илму донишомӯзӣ, ғанимат донистани умр, покии ахлоқ, шарму ҳаё, ҳакиқатгуию накӯкори ва ғамхорӣ нисбати одамон тарғиб намуда, подшоҳонро ба адолатпарварӣ ва саховату раиятпарварӣ ҳидоят мекунад. Забони “Хамса” ниҳоят бой, рангин, васеъ ва фаҳмост. Низомӣ чун саррофи сухан дар истеъмоли калимаҳои хушоҳанг, ибораю таъбирҳои рехтаи халқи ва маколу зарбулмасалҳо ниҳоят борикбин аст. Ин заркориҳои у мусиқият ва хушоҳангии достонҳоро ба вуҷуд оварда, хонданашро гуворо мегардонад. Низомии Ганчавӣ аз шоирони дорои мактаби адабии хос мебошад. Шоири инсондӯст ва халқпарвари бузург бо осори гаронбаҳояш дар ганҷинаи маданияти ҷаҳонӣ саҳми калон гузоштааст. Замони зиндагонии Низомӣ, сарфи назар аз нооромиҳои феодалӣ, давраи шукуфони таърихи тамаддуни халқҳои Кавкоз, Эрон ва Осиёи Миёна буд. Дар асри XII дар Озарбойҷон шоирони муқтадире чун Абулаъло Ганҷави, Изиддини Шервонӣ, Махастии Хуҷандӣ, Хоконии Шервонӣ зиста, дар Гурҷистон Шота Руставеллӣ, дар Арманистон Нерсес Шноралӣ зиндагӣ ва эҷод мекарданд. Низомӣ хусусан бо шоирони Ганҷаву Шервон, хоса бо Маҳастии Хучандӣ қаробати маънавӣ дошт. Аввалин достони «Хамса» «Махзануласрор» аз 2260 байт иборат буда, соли 1176 эҷод гаштааст. «Махзануласрор» асари фалсафиву ахлоқӣ мебошад. «Хисраву Ширин» дуюмин асари «Хамса» буда, достони ишқиву ахлоқӣ ва гуманистӣ аст. Низомӣ дар тасвири ишқи поку самимӣ ва вафодориву ҷонфидоии қахрамони достон маҳорати баланди суханварӣ ва эҷодкори зоҳир карда, дар симои Фарход муҳаббати бузургу заволнопазирро нишон додаст. Мунозираи ошкоро ва гуфтугуи ду нафар ошиқ, яъне Хусрав ва Фарход худ баёнгари неруи тавонои суханварии шоир мебошад:

Нахустин бор гуфташ, к-«аз куҷоӣ?»

Бигуфт: «Аз дори мулки ошноӣ».

Бигуфт: «Он ҷо ба санъат дар чӣ кӯшанд?»

Бигуфт: «Андӯҳ харанду ҷон фурӯшанд».

Бигуфто: «Ишқи Ширин бар ту чун аст?»

Бигуфт: «Аз ҷони ширинам фузун аст».

Бигуфто: «Дил зи меҳраш кай куни пок?»

Бигуфт: «Он гаҳ, ки бошам хуфта дар хоб».

Достони сеюми Хамса – Лайлию Маҷнун соли 1188 таълиф шудааст. Ҳафт пайкар – и Низомӣ асари чоруми «Хамса» соли 1197 хотима ёфтааст. Достони панчум ва аз ҷиҳати ҳаҷм аз ҳама бузургтарини «Хамса» – «Искандарнома» соли 1201 таълиф шудааст.

Низомӣ, ҳам аз Ганҷа бикшоӣ банд,

Гирифтори Ганҷа то чанд? Чанд?

Чу дур гарчӣ дар баҳри Ганҷа гумам,

Вале аз кӯҳистони шаҳри Қумам.

Падари Низомӣ Ганҷавӣ аз аҳли илм буданд. Модари ӯ аз деҳоти атрофии Ганҷа ба қавли худи ӯ «раиси курд» буд. Низоми Ганҷавӣ аз хурди аз падару модар маҳрум гашт. Тарбия ва сарпарастии ӯро тағояш Хоҷа Умар ба ӯҳда гирифт ва ба ӯ имкон дод, ки ӯ илм омӯзад. Таҳсили Низоми Ганҷавӣ дар зодгоҳаш гузашт. Ӯ дар омӯхтани илмҳои гуногун саъю кӯшиши зиёде мекард. Зиндагонии Низоми Ганҷавӣ аз аввал то охир дар Ганҷа гузаштааст. Дар муқаддимаи баъзе достонҳои худ вай якчанд байт дар насиҳати фарзанд эҷод кардааст:

Он рӯз, ки ҳафтсола будӣ, Чун гул ба чаман ҳавола будӣ. Ва акнун, ки ба чордаҳ расидӣ, Чун сарв ба авҷ сар кашидӣ. Ғофил манишин на вақти бозист, Вақти ҳунар асту сарфарозист. Дониш талабу бузурги омӯз, То беҳ нигарад рӯзат аз рӯз. Чун шер ба худ сипаҳшикан бош, Фарзанди хисоли хештан бош. Макӯш ба ҳар варақ, ки хонӣ, Ки он донишро тамом донӣ.


Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив