Синтоия /аз японӣ – роҳи худоён/ – дини японҳост, ки дар асрҳои VI-VII ба вуҷуд омадааст. Он бар ақидае ҳаст, ки инсон баъди таввалуд аз роҳи худоён дур мешавад ва ҳангоми фавт боз ба он роҳ бар мегардад. Дар байни худоҳои синтоия олиҳа Аматерасу худои офтоб мавқеи асосиро ишғол мекунад. Он асосгузор ва нигоҳбони сулолаи ҳукмрони императорӣ ва миллати япои ҳисоб мешавад.
Барои ҳамин ба синто муқаддас донистани ҳукумати императорон хос аст. Ғайр аз Аматерасу боз худоҳои зиёди дигар парастиш мешаванд. Ғояҳои асосии синто дар китоби муқаддас Коддихи /”Ёддоштҳо аз корҳои қадим”/ баён шудаанд. Дар онҳо ғояи афзалияти апонҳо бар халқҳои дигар талқин шудааст. Дар синтоия маросимҳои гуногун, ки дар ибодатгоҳҳо иҷро мегарданд, мавҷуданд.
Тибқи китобҳои мифологии японӣ, ки дар асрҳои VII-VIII навишта шудаанд, дар ибтидо фақат осмону замин вуҷуд дошта, онҳо аввал 3-худо, баъд ду ва баъд боз 5-ҷуфти худоҳоро яке паси дигарӣ ба дунё овардаанд. Дар бораи худоҳои аввал чизе гуфта намешавад, вале ҷуфти охири онҳо иборат аз Идзанагӣ ва Идзанами зану шавҳар буда, Идзанагӣ ҳамчун офаридгор ба қалам дода мешавад. Маҳз ӯ ҷазираҳои Японияро офаридааст. Ӯ бо занаш аз боло истода бо найза баҳрро мекофт ва аз қатраҳои обе, ки аз нӯги найзаи ӯ мечакиданд, ҷазираҳои Япония пайдо шудаанд. Баъд аз ин Идзанагӣ аз чашми чапи худ офтоб ва худозани офтоб-Аматерасуро офарид. Худозан Аматерасу яке аз худоҳои муҳимтарини японҳо ва аҷдоди императорҳои Япония ба ҳисоб меравад, ба хусус аҷдоди императори аввалин Дзимму- тенно (тенно ва микадо-император). Идзанагӣ худоҳои дигари моҳ, тӯфон, шамол ва ғайраро низ офарид. Худои тӯфон-Суса-но-во ба Аматерасу муқобил баромад ва аз осмон ба замин ба вилояти Идзумо дар ҷазираи Хонсю, ки ҳоло дар он ҷо ба Суса-но-во ибодат карда мешавад, ронда шуд.
Дар асрҳои VI-VII буддоия ба воситаи муҳоҷирони кореягӣ ба Япония роҳ ёфт. Дар замони император Нара буддоия дар Япония ба ойини давлатӣ табдил ёфт. Роҳибони буддоиро бодзу (аз ҳамин ҷо- бонзу) меномиданд. Дини худи японҳо бошад «ками-но-мити» (айнан-роҳи ками), яъне «роҳи худоҳои (маҳаллӣ)» ном гирифт. Ин ибора ба забони хитойӣ «син-то» тарҷума гардида, бо ҳамин ном дини маҳаллии японӣ ҳамчун «синтоия» дар кишварҳои аврупоӣ машҳур гашт.
Дар зери таъсири дини буддоӣ роҳибони синтоӣ низ ба сохтани ибодатгоҳҳо машғул шуданд ва муҷассамаҳои худоҳои худро низ месохтанд. Пештар дар Япония ҷасадҳои мурдаҳоро гӯр мекарданд. Акнун тибқи талаботи дини буддоия ҷасадҳоро месӯзониданд. Оқибат ҳар ду дин бо якдигар наздик шуданд: дар дохили ибодатгоҳи буддоӣ як кунҷеро барои худоҳои синтоия «ками» ҷудо мекарданд ва дар маъбадҳои синтоия низ барои худоҳои буддоия ҷой ҷудо карданд. Фарқ дар байни ду дин кам монд.
Маъбадҳои синтоӣ бо одӣ будани худ аз маъбадҳои буддоия фарқ мекунанд. Дар дохили маъбад дар маркази он рамзи худо-ойина, шамшер ва ғайра нигоҳ дошта мешавад. Дар он инчунин гохеи (лентаи сафеди коғазӣ) ба ҷои дарахти муқаддасе, ки дар шохаҳои он қитъаҳои матоъ баста мешаванд, мавҷуд мебошад. Ба маъбадҳои аз ҳама машҳури синтоӣ дар Идзумо, Ямада, Изе дар рӯзҳои муайяни сол даҳҳо ҳазор зиёратчиён меоянд.
Каннусҳо-роҳибони маъбадҳои синтоӣ ҷою вазифаҳои худро ба фарзандонашон медиҳанд. Вале дар айни замон онҳо ягон мансаби дунявиро низ ишғол карда меоянд. Каннусҳо 8 дараҷа доранд. Дараҷаи аз ҳама баланд «саншу»-ро ҳатман бояд ашрофзода ишғол намояд.
Тарзи ибодати синтоӣ бисёр одӣ аст: синтоӣ бояд ибораҳои намоз «порито»-ро гуфта истода, назру ниёз (биринҷ, моҳӣ, сабзавот ва ғайра) тақдим намояд. Иловатан дар синтоия маросимҳои ба шаманҳо монанд мавҷуданд. Аз тариқи онҳо каннусҳо синтоиҳоро ба дараҷаи ваҷд (экстаз) мерасонанд, то онҳо бо худо робита барқарор намоянд. Ахлоқи синтоия низ бисёр одӣ аст: синтоӣ бояд бечунучаро ба император итоат намояд.
Дар соли 1945 америкоиҳо дар Япония директиваи ҷудо кардани синтоияро аз давлат эълон намуданд. Микадо дар январи соли 1946 изҳоротеро чоп намуд, ки тибқи он доктринаи пештараи ҳукми улуҳият доштани император ва афзалият доштани японҳо нисбат ба халқҳои дигар маҳкум карда мешуд. Ҳозир дар Япония таассуби динӣ вуҷуд надорад. Диндорӣ озод аст.
Комментарии (0)