Яҳудия дини монотесистӣ


Яҳудия яке аз динҳои тавҳидии миллию давлатӣ буда, ба гурӯҳи динҳои сомӣ тааллуқ дорад. Ҳама пайравони ин дин аз миллати яҳуд (онҳоро ибронӣ ва Бани Исроил низ меноманд) мебошанд. Яҳудия аввалин дини тавҳидӣ дар байни динҳои сомӣ аст. Маълум аст, ки дини номбурда ба ин марҳилаи худошиносӣ якбора нарасида, балки як давраи рушду таҳаввули табииро аз марҳилаи политеистӣ то монотеистӣ тай кардааст. Ин роҳи тӯлонӣ чун дар дигар миллатҳо аз парастишу таҷассуми табиат (тотемизм ва фетишизм), парастиши арвоҳ (анимизм) шурӯъ шуда, баъд аз пушти сар кардани ин давраҳо мунтазам ба худои миллӣ ва ниҳоят ба худои ягонаи ҳастӣ меорад. Худо дар дини яҳудия Яҳво ном дорад. Асосҳои таълимотии ин дин ба ташаккулёбии дини насронӣ ва ислом таъсири бевосита расонидаанд. Ҳамчунин, бисёр аносири яҳудия ҳам дар насрония ва ҳам дар ислом ба мушоҳида мерасанд, ки ин чиз аз таъсири байниҳамдигарии динҳо шаҳодат медиҳад.

Монотеизм

Тибқи ривоятҳои мазҳабӣ китоби муқаддаси яҳудиён Таврот ё «Паҷкитоб» ном дорад, ки асосгузораш Мӯсо мебошад. Дар ин китоб пеш аз ҳама дар китоби дуюми он «Хуруҷ-берун омадан» ва сеюм «Ададҳо» маълумоти муфассал дар бораи зиндагии Мӯсо дода шудааст. Бар асоси онҳо Мӯсо дар муддати ҳамин ҳиҷратҳо дар Миср таваллуд.

Пайдоиш. Дини яҳудия маҳсули эволютсияи анъанаҳои динии тамаддунҳои қадимаи Шарқи аздик – Байнаннаҳрайн, Миср, Бобул ва Канъон (Ханаан) мебошад. Аз давраҳои аввалини пайдоишаш сар карда яҳудия аз доираи танҳо дин – рўҳоният баромада, фаъолона ба ҳаёти ҷамъиятӣ – сиёсӣ дахолат карданро сар кард. Дар натиҷа ин дин ба як сохтори сершоха табдил ёфт, ки дар он на камтар аз ҳафт унсурро фарқ мекунанд, ки инҳо:

1.Таълимот дар бораи Худо, моҳияти олам ва одам;

2.Таълимот оиди халқи баргузидаи (назаркардаи) Худо будани яҳудиён;

3.Таълимот оиди соҳиби китоби (навиштаҷоти) муқаддас будани яҳудиён;

4.Таълимот оиди соҳиби шариат (маҷмўаи қонунҳои динию дунявӣ) будани яҳудиён;

5.Анъана ва низоми маросимҳои динӣ;

6.Системаи ташкилотҳои (институтҳои) динӣ;

7.Мавҷуд будани маҷмўаи муносибатҳои ахлоқӣ;

Китоби муқаддаси яҳудиён:  Сфарим ё худ Танах мебошад, ки ба ҳайъати он Тора (таълимот) ва «Панҷкитоб» - и пайғамбар Мўсо («Ҳастӣ», «Хурўҷ», «Левит», «Ададҳо», «Такрори шариат») дохил мешавад;

Нэвиим (Расулон) - 21 китоби анбиё, ки моҳияти динӣ – сиёсӣ ва таърихӣ доранд;

Кэтубим (Навиштаҷот) - 13 китоби динии мундариҷаи гуногун дошта, ки қисми қадимтарини он ба асри Х таалуқ дорад.

Тақрибан дар нимаи дуюми ҳазорсолаи II – и то мелод идеяи аз тарафи Худои ягона офарида шудани олам дар байни қавмҳои яҳудиён пайдо шуд. Аз ин рў, асоси дини яҳудиёнро эътиқод ба Худои ягона ташкил медиҳад, ки он азалию абадӣ, пуриқтидор, беҳудуд ва дар ҳама ҷо ҳозиру нозир аст. Мувофиқи таълимоти яҳудия на ҷисми инсон, балки ақлу хиради он бо Худо айният дорад. Рўҳи инсон ҳам чун қисми рўҳи худованд абадӣ мебошад. Инсон бо Худо ҳангоми намозу дуо алоқа барқарор мекунад, иродаи Худованд бошад бо воситаи китоби муқаддас ва ваҳй, ки ба пайғамбарон меояд, маълум мешавад.

Гарчанде, ки яҳудия Худоро барои ҳамаи инсоният ягона ҳисобад ҳам, он зидди омехташавӣ бо халқҳои дигар мебошад. Ҳанўз, соли 444 мелодӣ, рўҳониёни яҳудӣ қарор қабул карданд, ки мувофиқи он оиладоршавии яҳудиён бо халқҳои дигар манъ аст. Дар ҳама давраи мавҷудоти дини яҳудия, танҳо Ҳимориён, - давлат дар Арабистонӣ Ҷанубӣ (дар асри VI) ва давлати Хазарҳо (дар асри VII), ба ин дин гаравида буданд.

Аз давраи патриархалӣ сар карда, аввалин пайғамбарони яҳудӣ Иброҳим, Исҳоқ ва Яқуб бар зидди бисёрхудоӣ баромада, идеяи Худои ягонаро ба миён гузошта буданд.

Мўсо пайғамбар дар Тури (кўҳи) Сино (ҳоло Синай) 40 рўз бо худованд муколама мекунад. Худованд дар ин ҷо бо яҳудиён бо воситаи Мўсо аҳду пайванд мебандад. Дастури Мўсо, ки аз Худованд гирифт ба ду лавҳаи сангӣ навишта шуда, ба Таврот бо номит «Аҳкоми даҳгона» ворид шудаанд. Ин аҳкомҳо чунинанд:

1. Ман Парвардигори туям, ки туро (Бани Исроилро) аз сарзамини Миср, аз хонаи ғуломӣ берун овардам. Туро худоёни дигаре ҷузъ ман набояд бошад.

2.  Барои худ бут матарош ва ҳеҷ гуна тасвире, аз - он чӣ дар осмони аъло ва он чӣ дар қаъри замин ва обҳои зери замин аст, макаш. Ба онҳо саҷда мабар ва онҳоро ибодат макун…

3. Номи Парвардигорро беҳуда ба забон мабар.

4. Рўзи шанберо фаромўш макун, то онро муқаддас донӣ.

5. Падару модари худро азиз дон ва эҳтиром кун.

6. Одам макуш.

7. Зино макун.

8. Дуздӣ макун.

9. Дурўғ магў ва шаҳодати дурўғ мадеҳ.

10. Хонаи дўсти  худро, зани ўро, бандаи ўро, хари ўро, моли ўро тамаъ макун, махоҳ.

Баёни густурдаи ин даҳ аҳком, ки ба дигар динҳои сомӣ дохил шудаанд чунинанд:

Эҳтиром намудани падару модар; бутпарастӣ накардан; нагузоштани гўшти қурбонӣ ба рўзи сеюм; ҳангоми дарави ғалла то охири марз надаравидан, меваро аз дарахт то охир начидан, яъне боқӣ гузоштан барои хўроки бечорагон ва паррандаву ҳайвонот; дуздӣ накардан; дурўғ нагуфтан; на бо сухан, на бо амал наранҷондани одамон; роҳзанию ғоратгарӣ накардан; музди меҳнати мардикорро то субҳи дигар таъхир надоштан; ба дўстон кина наварзидан; аз фарзандони халқи худ қасос, хусусан қасоси хунӣ нагирифтан.

Дар ибтидоъ яҳудия ибодатгоҳҳои худро надошт, танҳо бо ба вуҷуд омадани давлати муттамаркази иброниён, дар аҳди шоҳ Довуд соли1004 то мелод,  он ду сангро бо даҳ аҳкоми ба Мўсо додаи Худованд ба Иерусалим (яҳ. Уршулаим) оварданд, пас писари шоҳ Довуд, - Сулаймон (965 – 928 то мелод) соли 945 то мелод аввалин қасри шоҳӣ ва ибодатгоҳро барои яҳудиён барпо кард.

Соли 586 давлати яҳудиёро шоҳи Бобул Навухудоносор (605 - 562) барҳам медиҳад ва яҳудиён ба кишварҳои дигар бадарға карда мешаванд ва дар бисёр ҷойҳо макони зисти (диаспораи) яҳудиён ба вуҷуд меояд. Дар асри V давлати теократии яҳудиён аз нав барпо мешавад, ки дар он Тора қонуни асосии давлат мегардад. Дар рафти ҷангҳои яҳудӣ (66 -73 мелодӣ) румиён давлати яҳудиёнро барҳам медиҳанд ва баъд аз пахш карда шудани шўриши яҳудиён дар зери роҳбарии Бар-Кохба соли 135, шаҳрҳои Фаластин, аз он ҷумла ибодатгоҳҳои яҳудиён вайрон карда шуда, яҳудиён аз Фаластин бадарға карда шуданд. Маркази миллӣ – динии яҳудиёни дар бадарғабуда, синагогаҳо шуданд, ки онҳо аз тарафи донандагони китобҳои муқаддаси яҳудиён раввинҳо идора карда мешуданд. Дар охири асри III раввини Фаластин Яҳудо га-Наси ба тораи яҳудиён маҷмўаи меъёрҳои ҳуқуқиро дохил мекунад, ки он Мишна (Такрорӣ) номида мешуд. Дар асри IV – V тафсиротчиёни китобҳои муқаддаси яҳудиён ба Мишна иловаҳо дохил карданд, ки он Гемара (Интиҳо) номиданд. Мишна ҳамроҳи Гемара Талмуд (Таълимот) – ро ташкил доданд.

Муҳиммтарин идҳои динии яҳудиён: шаббат (шанбе) рўзи истироҳат, факроғат аз ҳама намуди кор; Йом - киппур (рўзи авфи гуноҳҳо, рўзи бахшоиши умум) рўзадории якрўза, ки рамзи тавба мебошад; Песах (писҳо, пасха) иди аввали баҳор; Суккот ва шевуот – идҳои ҳосилот; хатнаи писарҳо баъди ҳаштум рўзи таваллуд; ва ғайра.

Ҷараёнҳои асосии яҳудия. Баъд аз муқаддас эълон карда шудани Талмуд дар дини яҳудия ду ҷараёни асосӣ пайдо шуданд. 1. қадимиён, (консерваторҳо), онҳо институти раввинҳо, Талмуд ва тафсирҳои Тораро инкор мекунанд. 2. модернистӣ. Навпарастон, ки навъҳои гуногуни мутобиқшавии яҳудияро ба шароити мушаххаси таърихӣ, ба маҳаллу макон вобаста, тарафдорӣ мекунанд. Холо яҳудиён ба ҷараёнҳои динии садуқиён, фарисейҳо, кароим, харудиён ва эссенҳо тақсим шудаанд.

Дар асрҳои XII - XIII дар байни яҳудиёни аврупоӣ ҷаҳонбинии Каббалистикӣ маъмул мешавад. Китоби муқаддаси каббалиҳо «Зохар» (Ҷило, дурахш) ном дошта, аз он бармеомад, ки дар Тора ба ҳамаи саволҳои мегузоштаи инсоният оиди оламу одам ҷавоб ҳаст. Каббалистон муносибати Худованд ва инсонро фаҳмидани шуда, таҷаллии Худовандро дар олами моддӣ меҷустанд. Кабала дар асрҳои XVIII - XIX ба пайдоиши «Ҳасидизм» асос гузошт. Ҳасидиён бар онанд, ки ҳар як фарде, ки митсвот (васиятҳои Тора) - ро пурра иҷро менамояд, ҳанўз ҳангоми ҳаёт «Содиқ», -  нигаҳдорандаи асрорҳои илоҳӣ шуда метавонад.

Дар охири асри XIX ва аввали асри XX ҷараёни динӣ – сиёсии сионизм, ки дар асосаш эҳёи давлати яҳудиён меистад ба вуҷуд меояд.

Яҳудиён ба тамоми олам паҳн шуда, вобаста ба маҳалҳои зисташон ба чунин гурўҳҳо тақсим мешаванд: 1. Сефардҳо – яхудиёни Шарқи Наздик, Африқои Шимолӣ ва Балкан. 2. Ашкеназӣ – яҳудиёни Аврупо, Амрико ва Австралия. 3. Яҳудиёни Бухороӣ.

Ҳарчанд, ки дар давлати Изроили муосир дини яҳудия, дини давлатӣ набошад ҳам, фаъолона ба сиёсат ҳамроҳ мешавад. Манфиати яҳудия ва институти раввинатро дар парлумони Изроил, ҳизби динӣ – сиёсии Мафдал ифода мекунад.

Дини яҳудия низ дар тӯли замон ба таҳаввул ва ихтилофҳои дохилӣ мувоҷеҳ гардида, ба фирқаҳо тақсим гардидааст. Фирқаҳои маъруфи он саддуқиён, форисиён, кароим, харудиён ва эссенҳо мебошанд.


Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив