Қурутоб як таоми хӯроки тоҷикист. Ин яке аз маъруфтарин ва қадимтарин хӯроки ин ошхонаи миллии тоҷикӣ аст. Технологияи пухтупаз гуногун аст ва аз ҳар минтақа фарқ мекунад. Ин хӯрок инчунин дар баъзе минтақаҳои Ӯзбекистон, Афғонистон, Покистон ва Эрон омода карда мешавад. Онро одатан дастӣ мехӯранд.
Ғизоҳо
Таркибҳои асосии ин хӯрок чакка (сузма ё курти гудохта), катик ё кефир, фатири варақӣ, равғани зағир, равғани зард ё маскаи доғ, помидор, бодиринг, гиёҳҳо, пиёз ва намак мебошанд. Баъзеҳо шир, равған ё равғани пахта, қаламфури сурх ё сиёҳ ва дигар хӯрокҳоро истифода мебаранд.
Тарзи омодакунии “Қурутоб”
Тарзи тайёр кардани таом бо номи қурутоб дар тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон қариб яксон аст. Барои тайёр кардани қурутоб қурутро дар оби ҷӯши ширгарм тар карда, сипас дар табақи чӯбин соида тамоман ҳал мекунанд. Баъд дар коса ё табақ фатирро реза карда, аз ҳамон қурутоб меандозанд. Ба коса ё табақ инчунин равғани зард ё маскаи доғ, мурч, намакро ҳам илова кардан мумкин аст. Ба қурутоб мувофиқи табъ резапиёз, кабудӣ, мурч ё қаламфур ҳамроҳ мекунанд.
Масалан дар водии Зарафшон қурутобро ин тарз мепазанд. Қурути қоқро бо оби ҷӯшида месалованд, сипас пиёзи оширо дар равғани зард зирбонда аз болояш мерезанд ва ҳамчун таоми дуюм истеъмол менамоянд. Дар болооби дарёи Зарафшон қурутро дар оби гарм каме тар карда, баъди мулоим шудан ба девораҳои зарфи чӯбин совида қурутоб тайёр мекунанд. Сипас қурутобро ба косаҳо мегиранд, баъд равғани зарди гудохта андохта аз болояш нон реза мекунанд.
Қурутоб таоми серғизо буда, онро аз ҷурғоти чакка низ тайёр мекунанд. Барои 2‒3 фатир як коса қурути обкардашуда ё ҷурғот, 2‒3 бандча пиёзи кабуд ва кабудӣ, 200 г равған ва мувофиқи табъ мурч лозим аст.
Қурутоб
Мавзуҳои монанд:
- Ҷавобҳои саволҳои имтиҳонӣ аз фанни "География" (шифоҳӣ) қисми I аз 1 то 20 саволнома
- Ҷавобҳои саволҳои имтиҳонӣ аз фанни География (шифоҳӣ) қисми II аз 20 то 35 саволнома
- Ҷавобҳои саволҳои имтиҳонӣ аз фанни Таърихи халқи тоҷик қисми II аз 15 то 30 саволнома
- Ҷавобҳои саволҳои имтиҳонӣ аз фанни Таърихи халки точик қисми I аз 1 то 15 саволнома
- Заминаҳои ташаккулёбии фарҳанги ҳуқуқии наврасон
Комментарии (0)