Нумеративҳо


НумеративҳоНумератив (аз лот. numero — мешуморам), калимаву ҳиссачаҳои махсусе, ки ба шумора ҳамроҳ омада, шумори предметҳоро таъкид менамоянд.
Масалан: нафар, cap, адад, до­на, ҷуфт, банд, бех, даста, -то, -та ва ғайра. Нумеративи нафар бо исмҳое, ки шахсро далолат мекунанд, cap бо калимаҳое, ки ҳайвонотро нишон медиҳанд, адад, дона ва ғайра бо калимаҳое, ки предметҳои беҷонро далолат меку­нанд, истифода мешаванд.
Нумеративҳо (ҳиссачаҳои)-то, -та бо шумораҳои бо ҳарф ифодашуда якҷоя, бо шумо­раҳои бо рақам ифодашуда бо дефис навишта мешаванд. Нумеративҳо хосиятҳои предмету ашёҳо — ҳадду            вазну ғунҷоиш ва ғайраро ифода менамоянд. Таркиби ибораҳои Нумеративдор ба шакли шумора — нумератив — пред­мет, алоқаи байни калимаҳо ҳамроқӣ мебошад.

Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив