Имлои шумора


Якҷо навишта мешаванд:
  • а) пасвандҳои шумораи тартибӣ -ум (-юм), -умин (-юмин): сеюм, сеюмин, панҷум, панҷумин, даҳум, даҳумин, шастусеюм, шастусеюмин ва ғайра;
  • б) шумораҳои мураккаби аз ёздаҳ то нуздаҳ ва аз дусад то нуҳсад: дувоздаҳ, шонздаҳ, ҳаждаҳ, сесад, шашсад ва ғайра;
Эзоҳ. Шумораҳои миқдорӣ ва тартибии зерин ду шакли навишт доранд: дуюм-дувум, сеюм-севум, чор-чаҳор, чорум-чаҳорум, чил-чиҳил, дусад-дувист ва ғайра.
  • в) шумораҳои касрӣ: сеяк, чоряк, шашяк, даҳяк ва ғайра;
  • г) нумеративи -то бо шумораи миқдории бо ҳарф навишташуда: дуто, сето, даҳто, садто, ҳазорто ва ғайра.
Бо нимтире навишта мешаванд:
  • а) шумораҳои тахминӣ: як-ду, се-чор, даҳ-понздаҳ, сӣ-чил, сад-дусад, ҳазор-ду ҳазор ва ғайра;
  • б) нумеративи -то аз шуморае, ки бо рақам навишта шудааст: 3-то, 5-то, 20-то, 100-то, 1000-то ва ғайра;
  • в) пасвандҳои шумораи тартибии -ум (-юм), -умин (-юмин) аз рақам: 5-ум, 12-ум, 2-юм, 30-юм ва ғайра.
Эзоҳ. Агар шумораҳо бо рақамҳои римӣ навишта шаванд, пасванди -ум (-юм), -умин (-юмин) навишта намешавад: асри ХХ, синфи Х ва ғайра.
Ҷудо навишта мешаванд:
  • а) шумораҳои таркибие, ки бо пайвандаки -у (-ю, -ву) сохта шудаанд: бисту як, сиву (сию) се, панҷоҳу панҷ, ҳазору сиву шаш ва ғайра;
  • б) шумораи касрӣ аз шумораи аслӣ: яку ним, дуву (дую) ним ва ғайра;
  • в) шумораҳои касрӣ бо пешоянди аз ҷудо навишта мешаванд: аз се як, аз шаш чор, аз панҷ се ва ғайра;
  • г) нумеративҳои дона, сар, нафар, даста ва амсоли инҳо аз шумора ва исми шумурдашаванда: ду дона себ, панҷ сар асп, ду нафар коргар, як даста гул ва ғайра.

Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив