Назарияҳои томарксистӣ ва ғайримарксистии Маданият дар ибтидо мафҳуми Маданият маънои таъсири мақсадноки одам ба табиат (коркарди замин ва ғ.), инчунин тарбия ва таълими худи одамро дошт. Дар асрҳои миёна Маданият камолоти шахсӣ, алалхусус такомули динии шахсро ифода мекард. Дар давраи Эҳё такомули Маданият гуфта ба идеали гуманистӣ (баъд маорифпарварӣ) мувофиқ омадани атвору аъмоли инсонро мефаҳмиданд.
Таърихи маданият
Фалсафаи буржуазии томарксистӣ Маданиятро ба шаклҳои маънавӣ ва сиёсӣ инкишофи ҷамъият ва одам, ки дар илм, санъат, ахлоқ, дин ва шаклҳои идораи давлaтӣ зоҳир мешаванд, айният медод. Аз ин сабаб маорифпарварони асри 18 Франция (Вольтер, А. Тюрго, Ж. А. Кондорсо) мазмуни ҷараёни маданию таърихиро аз инкишофи «ақлӣ» инсон иборат медонистанд. Дар баробари ин дар доираи маорифпарварӣ «танқидӣ» Маданият ва тамаддун (Ж. Ж. Руссо) пайдо шуд. Ин тамоюлро фалсафаи классикии немис давом дода, зиддиятҳои тамаддуни буржуазиро ба таври назариявӣ шapҳ дод. Илоҷи аз ин вазъияти зиддиятнок халос шуданро файласуфони немис дар доираи «рӯҳ», дар доираи шуури ахлоқӣ (И. Кант), эстетикӣ (Ф. Шиллер, романтикҳо) ё фалсафӣ (Г. Гегель) . меҷӯстанд. Маданият аз ин нуқтаи назар, ҳамчун соҳаи «озодии маънавии» одам аст, ки аз доираи мавҷудияти табиӣ ва иҷтимоӣ берун буда, ба мақсадҳои эмпирикӣ ва талаботи вай вобаста нест. Моҳияти тамоми эволюцияи маданию таърихии инсоният ба даст овардани ин озодӣ аст.Дар охири асри 19— ибтидои асри 20 дар зери таъсири неокантчигӣ Маданият гуфта системаи махсуси сарват ва идеяхоро меномиданд, ки аз рӯи мавқеъ дар ҳаёт ва ташкили ҷамъият аз якдигар фарқ мекарданд. Назарияи ягонагии хати эволюционии Маданиятро намояндагони фалсафаи ҳаёт низ танқид кардаанд, ки Маданият ва тамаддунро (ҳамчуи зинаи охирини инкишофи Ҷамъиятӣ муайян) ба якдигар муқобил мегузоштанд. Аз сеяки охири асри 19 омӯзиши Маданият дар доираи антропология ва этнография инкишоф ёфт.
Дар шароити ҳозираи пешрафти илмию техникӣ ва тезутундшудани зиддиятҳои ҷамъияти капиталистӣ, дар шароити ҳамзистии ду системаи иҷтимоӣ ва ба арсаи прогресси таърихӣ қадам мондани халқҳои Осиё, Африка ва Америкаи Лотинӣ бисёр сотсиолог ва маданиятшиносҳои буржуазӣ ба хулосае омаданд, ки татбиқи муттасили ғояҳои Маданияти ягона имконпазир аст. Ин ақида дар назарияҳои полицентризм, зиддияти қадимии Ғарбу Шарқ ва ғ. зоҳир мешавад, ки қонуниятҳои умумии инкишофи ҷамъиятро инкор мекунанд.
Назарияи марксистӣ-ленинии Маданият
Назарияи марксистии Маданият, ки ба таълимотҳои буржуазӣ зид аст, ба нуқтаҳои принционалии материализми таърихӣ асос ёфтааст. Аз нуқтаи назари марксизм-ленинизм Маданият тавсифи махсуси ҷамъият буда, зинаи инкишофи таърихии инсониятро, ки аз рӯи муносибати одам ба табиат ва ҷамъият муайян мегардад, ифода мекунад. Бинобар ин Маданият ифодаи махсуси ягонагии одамият бо табиат ва ҷамъият, тавсифи қувваҳои эҷодӣ ва имкониятҳои шахс аст. Маданият на танҳо натиҷаҳои предметии фаъолияти одамон (мошинҳо, иншоотҳои техникӣ, натиҷаҳои маърифат, асарҳои санъат, нормаҳои маърифат, нормаҳои ҳуқуқ ахлоқ ва ғ.), балки қувва ва имкониятҳои субъективии одам (дониш ва маҳорат, малакаи истеҳсолӣ ва касбӣ, дараҷаи инкишофи ақлӣ, эстетикӣ ва ахлоқӣ, ҷаҳонбинӣ, тарз ва шаклҳои муомилаи коллективӣ ва ҷамъиятии одамон)-ро низ дар бар мегирад,Вобаста ба се намуди асосии фаъолияти одамон — моддӣ, сиёсӣ ва маънавӣ Маданиятро ба Маданияти моддӣ, Маданияти сиёсӣ ва Маданияти маънавӣ тақсим мекунанд. Маданияти моддӣ тамоми соҳаи фаъолияти моддӣ ва натиҷаҳои он (олоти меҳнат, манзил, лавозимоти ҳаррӯза, либос, воситаҳои нақлиёту алоқа ва ғ.)-ро дар бар мегирад.
Маданияти сиёсӣ
Маданияти сиёсӣ соҳаи муносибатҳои иҷтимоию сиёсӣ ва натиҷаҳои он (дараҷаи фаъолии сиёсӣ, аз тарафи синфи революционӣ аз худ карда шудани қонуниятҳои объективин инкишофи ҷамъият ва маҳорати роҳбарии сиёсии он ба омма ва ғ.)-ро дар бар мегирад. Маданияти маънавӣ соҳаи шуур ва фаъолияти маънавӣ (маърифат, ахлоқ, тарбия ва маориф, фалсафа, этика, эстетика, илм, санъат, адабиёт, асотир, дин)-ро дар бар мегирад. Назарияи марксистии Маданият ба ягонагии узвии Маданияти моддӣ, сиёсӣ ва маънавӣ асос ёфтааст.Асосҳои моддии Маданият дар инкишофи он роли ҳалкунанда мебозанд. В. И. Ленин қайд карда буд, ки «…маданият ҳар қадар хароб карда шавад ҳам — онро аз ҳаёти таърихӣ хат зада партофтан мумкин нест… Ин ё он қисми ин маданиятро, ин ё он боқимондаи моддии онро аз миён бардоштан мумкин нест, фақат аз нав барқарор кардани он душвор мешавад» (Асарҳо, ҷилди 27, саҳифаи 125). Ҳар як формацияи ҷамъиятию иқтисодӣ Маданияти ба худ хос дорад. Вобаста ба ивази формацияҳои ҷамъиятию иқтисодӣ хелҳои Маданият тағийр меёбанд, аммо ин маънои канда шудани инкишофи Маданият, нест кардани Маданияти кӯҳна, даст кашидан аз мерос ва анъаҳои маданиро надорад, зеро ҳар як формацияи нав заруратан комёбиҳои мадании пешинаро мерос ва системаи нави муносибатҳои ҷамъиятиро дар бар мегирад.
Маданият зуҳуроти умумиинсонӣ ва синфист
Барои формацияҳои антагонистӣ стихиявист ва нобаробарии ҷараёни маданию таърихӣ хос аст. Маданияти синфӣ ҳукмрон фаъолияти маънавии оммаро паст мезанад, аммо маҳз ҳамин фаъолият мазмуни объективии умумиинсонии бисьёр комёбиҳои муҳимтарини ҳар як Маданияти миллиро муайян мекунад. Синфҳои хукмрон кӯшиш мекунанд, ки ба души омма «маданияти оммавии» соддаро бор кунанд. Дар айни ҳол дар қатори Маданияти синфи ҳукмрон дар шароити капитализм Маданияти нав дар шакли унсурҳои демократӣ ва социалистӣ ба миён меояд. «Дар ҳар як маданияти миллӣ унсурҳои лоақал инкишофнаёфтаи маданияти демократӣ ва социалистӣ мавҷуданд, зеро дар ҳар як миллат оммаи меҳнаткаш ва истисморшаванда ҳаст, ки шароити зиндагонии вай ногузир идеологияи демократӣ ва социалистиро ба вуҷуд меоварад» (Ленин В. И., Асарҳо, ҷилди 20, саҳифаи 8).Ғалабаи револютсияи социалистӣ табаддулоти куллиро дар инкишофи ҷамъият ва Маданияти он ба амал меорад. Дар рафти революцияи мадании социалистӣ Маданияти социалистӣ ташкил ва мустаҳкам мешавад. Хусусиятҳои асосии Маданияти маънавии социалистӣ, ки онҳоро шаклҳои нави муносибатҳои ҷамъиятӣ ва ҷаҳонбинии марксистӣ-ленинӣ муайян менамояд, чунинанд: халқият, ғоянокӣ ва партиявияти коммунистӣ, коллективизм ва гуманизми социалистӣ, мутобиқати маънавии интернационализм ва ватандӯстии социалистӣ.
Мақсади муҳимтарини Маданияти социалистӣ — ташаккули одами нав, табдили ҷаҳонбинии марксистӣ-ленинӣ ба эътиқоди ҳар як аъзои ҷамъият, дар ӯ тарбия кардани сифатҳои баланди ахлоқӣ, бой гардонидани олами маънавии ӯ мебошад.
Маданияти социалистӣ
Таҷрибаи СССР — давлати сермиллати социалистӣ намунаи барҷастаи инкишофи Маданияти социалистӣ дар шароити таъсири мутақобили Маданиятҳои миллӣ аст. Маданияти ягонаи советии социалистӣ, ки дар давраи мавҷудияти СССР ташкил ёфтааст, ҷиҳатҳои муфид ва анъанаҳои Маданияти ҳар як халқи СССР-ро дар бар мегирад, ҳар як Маданияти миллии советӣ на танҳо ба мероси мадании худ такя мекунад, балки аз ҳисоби комёбиҳои Маданияти халқҳои дигар низ бой мегардад. Процесси пурзӯршудаистодаи таъсири мутақобили Маданияти миллии социалистӣ ба афзоиши ҷиҳатҳои интернационалии ҳар як Маданияти миллӣ ёрӣ мерасонад. Ҳамин тавр, дар замони социализм Маданият мазмунан социалистӣ, шаклан миллӣ ва рӯҳан интернационалистӣ буда, боигарии маънавии ҳамаи халқҳои СССР аст. Наздикшавии босуръати Маданиятҳои миллӣ ҷараёни пешқадами объективист. Маданияти социалистӣ тимсоли Маданияти маънавии умумиҷаҳонии ҷамъиятӣ коммунистӣ буда, хусусияти умумиинсонӣ дорад. «Маданияти коммунизм, ки тамоми беҳтарни чизҳои бавуҷудовардаи маданияти ҷаҳониро дар худ муҷассам карда ва инкишоф медиҳад, дар тараққии мадании инсоният дараҷаи нави олӣ мешавад».Маданияти сиёсӣ
Маданияти сиёси ҳамчун яке аз категорияҳои омӯзишии сиёсатшиносии таърихи тулонӣ надорад, балки он падидаи нав мебошад. Ҳамчун мафҳум «маданияти сиёсӣ» аввалин маротиба аз тарафи философ ва маорифпарвари олмон дар асри ХУ111 И. Гердер истифода шудааст. Дар ҳаёти муқаррарӣ маданияти сиёсӣ ҳамчун маҷмӯӣ мақом ва рафторҳо, одатҳои хуби ҳаёти сиёсӣ фахмида мешавад. Чунин тарзи фаҳмидан ба одамон, мансуб аст, ки ба маданияти сиёсӣ муносибати хоса надоранд. Вақте ки моҳият ва хосиятҳои онро дарк кардани мешавед, масъалаҳоидигар пеш меояд ва онҳо дарак медиҳанд, ки чунин баҳогузор соддалавҳона буда, моҳият ва хусусиятҳои маданияти сиёсиро пурра фаро намегиранд, чунин муносибат аз сатҳи маданияти сиёсии одамон ва гурӯҳҳои ҷомеа дарак медиҳад.Маданияти сиёсӣ аз амалияи таърихии одамон, гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, аз анъанаю одатҳои сиёсӣ, аз мақеи фардҳо ва гурӯҳҳо, аз ру муносибат ба ҳодисаҳои сиёсӣ ва рӯовариҳои онҳо вобаста мебошад.
Рӯовариҳои сиёсии фардҳо ва гурӯҳҳои иҷтимоӣ бисёр хосиятҳои муҳим ва тарзи зоҳиршавии муайян доранд ва дар чунин шаклҳо маълум мегарданд: рӯовариҳои маърифатӣ пурарзишанд ва онҳо асосан, аз донишҳои ҳақиқӣ ва бардуруғ дар бораи идеяҳо ва объектхои сиёсӣ таркиб ёфтаанд. Рӯовариҳои самаранок як қатор ҳодисаҳоро, аз қабили ҳис кардани алоқаҳо, бахудҷалбнамоӣ ва баҳам муқобилиятнамоӣ доир ба муносибат ба объектҳои сиёсиро фаро мегиранд. Рӯовариҳои арзишӣ, ки чигунагии муҳокимарониҳо ва хулосабарориҳоро нисбати объекти сиёсӣ муйаян менамоянд.
Олими поляк Ежи Вятр маданияти сиёсиро аз маҷмуӣ мақом, арзишҳо ва кодекси рафторе иборат медонад, ки ба муносибатҳои баиниҳамдигарии ҳокимият ва шаҳрвандон дахл менамоянд. А.Боднар дар асоси баҳисобгирии ҳодисаҳои умумӣ ва гуногун маданияти сиёсиро аз маҷмуи тасаввуротҳои муайян ва номуайяни таърихан ташаккулёфта дар бораи падидаю равандҳои гуногуни ҳаёти сиёсӣ, ки ба он: а) арзишҳо (сарватҳо), б) қоидаҳо, в) институтхои сиёсӣ, г) намунаҳо, д) тарзи амалиёти сиёсии фардҳо ва гурӯҳҳои ҷамъиятӣ дохил мешаванд, иборат медонад.
Аз ин ду таъриф таърифи Ежи Вятр махдудтар мебошад, вале таърифи дуюми А. Боднар ба талаботҳои имрӯзаи илми сиёсатшиносӣ мувофиқтар мебошад.
Маданияти сиёсӣ ду хели зоҳиршавӣ дорад:
- Маданияти сиёсии маҳдуд, ки фақат дар доираи анъанахо ва қоидаҳои махсус бозсозӣ менамояд ва рӯ ба ҳодисаҳои дигар мениҳад:
- Маданияти сиёси кушода, ки метавонад хар замон рӯ ба тағъирот биёрад ва пайдоиши унсурони навро бипазирад.
Маданияти сиёсӣ инчуни ба навъҳои зерин тақсим мегардад:
- Маданияти сиёсии анъанавӣ, ки таърихан аз давраи ғуломдорӣ то Асрхои Миёна амал менамуд;
- Маданияти сиёсии демократияи табақавӣ, ки Асрҳои миёна ва давраи Эҳёро дар бар мегирад;
- Маданияти сиёсии демократӣ, ки дар Замони нав ташаккул ёфта ва то имрӯз хусусиятҳои нав ба навро ба худ мегирад;
- Маданияти сиёсии авторитарӣ ба муқобили маданияти сиёсии демократии буда, он ҳокимияти муқтадири давлатиро тараннум намуда, нисбати ҳуқуқ ва озодиҳои сиёсии шаҳрвандон ба ҳатогиҳо ва саҳланкорӣ роҳ медиҳад;
- Маданияти сиёсии тоталитарӣ. Хусусияти мухими онро баҳам пайвастани парастиши доҳӣ ва ҳокимияти муқтадир бо сафарбарии фаъоли сиёсии аҳолӣ ташкил медиҳад.
Ин раванди душвор ва дуру дарозе мебошад. Сотсиализатсиянамоии шахс аз оила сар мешавад, чи қадаре ки дониши маданияти сиёсии волидайн зиёд бошад, ҳамон қадар таъсири он ба фарзандон мерасад. Баъдтар ин марҳила дар мактаб давом меёбад. Ба воситаи фанҳои чамъиятӣ сотсиализатсиякунии шахс баланд мегардад. Дар натиҷаи баланд шудани савияи донишҳо, шахс имконият пайдо мекунад, ки ба воқеаҳои ба амал омадаи сиёсӣ аз нуқтаи назари танқидӣ назар намояд, яъне тафаккури танқидии ӯ ташаккул меёбад.
Марҳилаи дигари баланд бароштани маданияти сиёсӣ ва сотсиализатсиякунонии шахс ин иштироки ӯ дар корҳои ҷамъиятӣ, фаъолияти ӯ дар дохили ҳизбҳо ё ташкилотҳо мебошад.
Дар замони муосир якчанд шаклхои сотсиализатсиякунонии шахс муайян гаштааст:
- Шакли гармоники сотсиализатсияи шахс.
- Мувофиқи ин шакл дар байни шахс ва институтҳои сиёсии ҳокимияти давлатӣ муносибатхои мутақобилаи хеле хуб ба амал меояд;
- Шакли гегемонӣ- дар ин мавқей инсон ба воқеаҳои сиёсии баамаломада ба таври ҷиддӣ ва танқидӣ назар мекунад;
- Шакли плюралистӣ – ин шахсияти демократӣ буда, баробариро дар чомеа эътироф менамояд, ақидаи дигар шахсонро эътироф мекунад ва тайёр аст ақидаҳои сиёсии худро, агар онхо нодуруст бошанд, дигар намояд;
- Шакли моҷароҷӯёна –дар ин ҷо шахс хама вақт кӯшиш мекунад, ки дар коллектив моҷароҳо бошанд ва барои амалӣ кардани манфиатҳои худ гурӯҳҳои моҷарҷӯй ташкил намоянд;
- Шакли конюктурии сотсиализатсияи сиёсӣ. Дар ин вақт шахс манфиатҷӯй мегардад. Ҷаҳонбинии ӯ аз воқеаҳои сиёсии баамаломада вобастаги дорад.
Раванди сотсиализатсиякунонӣ тамоми умри инсонро фаро мегирад. Ин раванд аз субъектҳо низ вобастаги дорад. Ба онҳо муассисахои томактабӣ, мактаб ва дигар муассисаҳои таълимӣ, институтҳои махсус дар системаи маълумотгирии сиёсӣ , институтҳои сиёсӣ , ташкилотҳои ҷавонон, иттиҳодияҳои диниӣ ва воситаҳои ахбори омма дохил мегарданд.
Мазмуни сотсиализатсияи сиёсӣ аз бисёр ҷиҳатҳо аз характери режими сиёсӣ вобастағи дорад. Ҳар як режими сиёсӣ метавонад шахсро барои манфиат овардан ба онҳо тарбия намояд.
Дар замони ҳозира дар бисёр давлатҳо , аз ҷумла дар Тоҷикистон институтҳои сотсиализатсияи сиёсӣ, пеш аз ҳама воситаҳои ахбори омма, дар аксари мавридҳо бо мақсади вайрон кардани шуури сиёсӣ ва рафтори одамон ташвиқотҳои ғаразнок мебаранд.
Матбуот озод аст ва аз назорати давлат берун мебошад. Чи тавре, ки мебинем маданияти сиёсӣ низ падидаи мустақили ҷомеа, соҳаи махсуси инкишофи иҷтимоӣ мебошад.
Комментарии (0)