Фишангҳои танзими давлатӣ, ки дар соҳаи иқтисодиёт амал мекунанд, доираву ҳудудҳои дахолати берунаро ба
корхона муайян менамоянд, аммо бартарф намесозанд. Корхонаҳои хусусӣ, кооперативӣ, саҳомӣ ва дигар намуд корхонаҳо низ аз назорати давлатӣ озод нестанд. Давлат аз болои чунин намудҳои фаъолияти корхона назорат мебарад:
- Даромади корхона ва пардохти андозҳо;
- Ҳолати санитарии истеҳсолот;
- Таъинот ва дараҷаи техникии маҳсулот;
- Риояи стандарт ва шароити техникии истеҳсолот;
- Ҳифзи ҳуқуқи ҳайати кормандони кироя ва як қатор паҳлўҳои дигари фаъолияти корхона.
Дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст, ки корхона дар ҳама намудҳои фаъолияти худ барои иҷрои қоидаҳои зерин пурра масъул аст:
- Риояи манфиатҳои давлат ва ҳуқуқи шаҳрвандон;
- Риояи қонун ва муҳофизати муҳити атроф;
- Афзоиш додани амволе, ки давлат ё саҳмдорон боварӣ карда супоридаанд;
- Афзоиши самаранокии истеҳсолот.
Фаъолияи корхона шароити мусоиди корхонаҳои дигар, шароити зиндагии шаҳрвандони дар гирду атрофаш муқимигаштаро набояд халалдор кунад. Ҳамзамон давлат ё сохтори дигари болоӣ барои ўҳдадориҳои корхона ва корхона барои ўҳдадориҳои онҳо масъул нест.
Маъмурияти корхона барои фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ вазифадор аст. Аз ин рў, масъалаҳои иҷтимоӣ-иқтисодии фаъолияти корхона бо иштироки коллективи меҳнатӣ ҳаллу фасл мегардад.
Байни маъмурият ва коллективи меҳнатӣ (коргар) шартномаи меҳнатие баста мешавад, ки дар он:
- Шароити тартиби кори корхона ва узвҳои он;
- Бастҳои корӣ ва давомнокии онҳо;
- Давомнокӣ ва ҳаҷми пардохти рухсатии меҳнатӣ;
- Шарту намудҳои пардохти музди меҳнат ба категорияҳои муайяни коргарон ва дигар масоили иҷтимоӣ иқтисодӣ баррасӣ мешавад.
Новобаста ба ин, сохторҳои давлатии маҳаллӣ ва ташкилотҳои тиҷоратӣ, ҳуқуқи ба ҳамаи корҳои корхона дахолат карданро надоранд. Онҳо метавонанд танҳо ба ҳайси назораткунандаи иҷроиши қонунҳо дар корхона баромад намуда, ба маъмурияти корхона бо таклифу пешниҳодот муроҷиат намоянд, ки онҳоро тарафи муқобил метавонад қабул ё рад кунад.
Комментарии (0)