Таснифоти корхонаҳо


Таснифоти корхонаҳо барои таҳлили фаъолияти соҳибкории онҳо, муайян намудани самаранокии натиҷаи кори онҳо зарур аст.
Корхонаҳоро асосан, аз рўи нишонаҳои зерин тасниф мекунанд:
  • Махсусгардонии соҳавӣ ва ашёӣ;
  • Сохтори истеҳсолот;
  • Иқтидори истеҳсолӣ (андозаҳои корхона).
Яке аз нишонаҳои асосии таснифи корхонаҳо фарқиятҳои соҳавии маҳсулоти истеҳсолшаванда, аз ҷумла, таъинот, усули истеҳсол ва истеъмоли он мебошад. Ҳангоми таъсиси корхона муайян карда мешавад, ки вай барои истеҳсолӣ кадом намуди маҳсулот (кор, хизматрасонӣ)-и мушаххас таъин гаштааст. Вобаста ба ин корхонаҳо ба чунин гурўҳҳо тақсим мешаванд:
  • Корхонаҳои саноатие, ки мошину таҷҳизот, асбобу анҷом, дигар воситаҳои истеҳсолот меофаранду қувваи барқро истеҳсол мекунанд;
  • Корхонаҳои кишоварзӣ, ки бо парвариши ғалла, сабзавот, чорво ва дигар зироатҳои техникӣ машғуланд;
  • Корхонаҳои сохтмонию нақлиётӣ;
  • Корхонаҳои хизматрасонӣ.
Аз лиҳози талаботи одамизод муҳимтарини онҳо корхонаҳои истеҳсолкунандаи молҳои истеъмолӣ, яъне корхонаҳои кишоварзӣ, саноати хўрокворӣ ва сабук, мошинсозӣ, саноати коркарди чўб ва кимиё, сохтмони манзил ба шумор мераванд.
Соҳаҳои калонтарини хоҷагии халқ ба соҳаҳои хурду махсусгардонидашуда тақсим шудаанд. Масалан саноат ба ду соҳаи калони махсусгардонидашуда: истиҳроҷ ва коркард ҷудо мешавад. Дар навбати худ соҳаи коркард ба соҳаҳои саноати сабук, хўрокворӣ, вазнин ва ғайра тақсим гаштааст. 
Бо таъсири омилҳои гуногун махсусгардонии корхона, на ҳама вақт, бо сохтори маъмурӣ ва махсусгардонии асосии соҳа мувофиқ меафтад. Масалан, дар бисёр соҳаҳое, ки ба мошинасозӣ дохил нестанд (металлургия, истихроҷи ангишту нафт) заводҳои калони истеҳсолкунандаи мошину таҷҳизот ва таъмири онҳо вуҷуд доранд. Дар баробари ин, дар соҳаи мошинсозӣ корхонаҳои металлургиву кимиёвӣ, истгоҳҳои барқӣ, корхонаҳои нақлиётӣ низ фаъолият мекунанд. Аз ин рў, дар иқтисодиёт ду нишонаи нисбатдиҳии корхона ба ин ё он соҳа истифода мешавад: маъмурӣ-ташкилӣ ва маҳсулотӣ.
Ҳангоми истифодаи нишонаи маъмурӣ-ташкилӣ намуди фаъолияти ташкилии корхона ва мансубияти он ба ин ё он идора ё иттиҳодияи соҳибкорон ба назар гирифта мешавад. Дар ин маврид, ҳамаи коргоҳҳои мошинасозӣ ба соҳаи мошинсозӣ, нақлиёт ба соҳаи нақлиёт, сохтмонӣ ба соҳаи сохтмон мансуб дониста мешаванд ва тобеъияти маъмурии онҳо сарфи назар мегардад.
Дар таҷрибаи ҳаётӣ, аксар маврид, чунин нисбатдиҳии корхонаҳо ба ин ё он соҳа номукаммал аст, зеро аксари онҳо сохтори байнисоҳавӣ доранд. Вобаста ба сохторашон корхонаҳоро ба гурўҳҳои зерин ҷудо мекунанд:
а) корхонаҳои махсусгардониашон маҳдуд;
б) корхонаҳои серсоҳа;
в) корхонаҳои омехта.
Корхонаҳои махсусгардониашон маҳдуд гуфта, корхонаҳоеро гўянд, ки номгўи маҳдуди маҳсулоти истеҳсолоташ васеъро ба роҳ мемонанд. Ба ин гурўҳ корхонаҳо корхонаҳои истеҳсоли чўян, варақаҳои пўлод, ғалла, гўшт ва ғайраро мисол овардан мумкин аст.
Корхонаҳои серсоҳа, ки бештар хоси саноат ва кишоварзианд, маҳсулоти номгўяшон васеъ ва таъиноташон гуногунро истеҳсол менамоянд. Дар саноат онҳо метавонанд дар як вақт ба истеҳсоли компютерҳо, автомобилҳо, яхдонҳо, дастгоҳу аробачаҳои кўдакона; дар кишоварзӣ ба парвариши ғалла, сабзавот, мева, чорво махсус гардонида шаванд. Бо дараҷаи шиддат ёфтани рақобати озоди бозорӣ аксари корхонаҳои махсусгардониашон маҳдуд аз ҷиҳати иқтисодӣ қудратнок мегарданд ва аз доираи махсусгардонии пешина берун рафта, бозорҳои нави фурўшро бо номгўи нави маҳсулоту хизматрасонӣ забт менамоянд. Бисёр вақт чунин корхонаҳо намуди пешинаи соҳавии худро бой дода, ба корхонаҳои байнисоҳавӣ табдил меёбанд. Онҳо дар як вақт метавонанд бо истеҳсоли маҳсулоти гуногуни саноатӣ машғул шуда, бо амалиётҳои тиҷоратӣ ва нақлиёти шуғл варзанд. Гузариши сармоя аз як соҳа ба соҳаи дигар дар ин маврид дар ҳудуди корхонаи алоҳида сурат мегирад. 
Бисёрнавъӣ (диверсификатсия) самти асосии фаъолияти соҳибкории ибтидои асри ХХ1 гаштааст. Корхонаҳои замоне махсусгардонидашуда тўли муддати кўтоҳ ба дараҷаи нав, яъне ба корхонаҳои муттаҳидкунандаи фаъолиятҳои гуногунҷинсаи намудҳои соҳибкории истеҳсолӣ ва тиҷоратӣ табдил ёфтаанд. Дар ин ҳолат гурўҳбандии корхонаҳо аз рўи соҳаҳо мантиқи худро гум мекунад, зеро дар ин вақт онҳо аз рўи маҳсулот гурўҳбандӣ мешаванд. 
Корхонаҳои омехта бештар дар саноати кимиё, нассоҷӣ ва металлургия вомехўранд. Моҳияти омехтагии онҳо дар он аст, ки ягон намуди ашёи хом, маҳсулоти тайёр дар ҳамон як корхона паи ҳам ё ба таври баробар ба ягон намуд ва баъдан ба намуди сеюм табдил меёбад. Масалан, дар корхонаи нассоҷӣ аз ашёи хом, яъне пахта нах метобанд, аз нах ришта ва аз ришта матоъ тайёр мекунанд. 
Истеҳсолоти мураккаби омехта истифодаи пурраи ашёи хом барои тайёр кардани маҳсулоти гуногунсохтор ва таркиби кимиёвиашон ҳархела дар назар дорад. Барои мисол, ҳангоми гудозиши чўян аз хўлаи оҳан таркиби металлҳои нодиру ранга дар қатори партовҳо хориҷ мешаванд. Барои аз партовҳо ҷудо карда гирифтани ин таркибҳо дар корхонаҳои металлургияи сиёҳ коргоҳҳои металлургияи ранга сохта шудаанд. Ғайр аз ин, аз партовҳои истеҳсолоти домнагӣ ва пўлодрезӣ дар ин корхонаҳо масолеҳи сохтмонӣ тайёр мекунанд. Ҳамин тавр, дар асоси ҳамон як ашёи хоми ибтидоӣ (дар мисоли мо хўлаи оҳан) корхона истеҳсоли маҳсулоти гуногунсифату таъиноту технологияи истеҳсолашон ҳархеларо ташкил менамояд. 
Ғайр аз ин меъёру нишонаҳо таснифоти корхонаҳо аз рўи иқтидори нерўҳои истеҳсолӣ (андозаҳои корхона) густариши васеъ ёфтааст. Чун қоида, ҳамаи корхонаҳоро метавон ба се гурўҳ тақсим кард: хурд, миёна ва калон (азим). Ҳангоми нисбатдиҳии корхона ба яке аз ин гурўҳҳо нишондиҳандҳои зеринро ба назар мегиранд:
  • Шумораи коргарон;
  • Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар ифодаи арзишӣ;
  • Арзиши фондҳои асосии истеҳсолӣ;
  • Иқтидори истеҳсолии корхона.
Низоми марказонидашудаи идоракунии иқтисодиёт дар гузашта такя ба иттиҳодияҳои азими истеҳсолӣ мекард ва инкишофи онҳоро ҳавасманд менамуд. Дар саноати мамлакат андозаи миёнаи корхонаҳо (аз рўи шумораи коргарон) нисбат ба корхонаҳои мамолики Ғарб ва Ҷопон 8-12 маротиби бузург буд. Ин ҳол низ вобастаи якчанд сабаб буд:
якум, - аз маркази ягона идора кардани объектҳои азими каммиқдор осонтар аст нисбат ба идоракунии шумораи зиёди объектҳои хурд;
дуюм,- низоми мутамаркази давлатӣ ба инкишофи соҳибкории хурд мусоидат намекунад, зеро чун инҳисоргари ягонаи хоҷагии халқ аз рақобат ва натиҷаҳои номусоиди инҳисори корхонаҳои азими дохилӣ эмин аст;
сеюм, - истеҳсолоти калонмиқёс новобаста аз шакли моликият ва сохтори давлатӣ нисбат ба истеҳсолоти хурдмиқёс самараноктару босубот аст.
Корхонаҳои азим аз ҳисоби тамаркузи истеҳсолот, махсусгардонии дохилӣ ва кооперикунонӣ якчанд бартарӣ доранд. Масалан, барои тайёр кардани маҳсулоти бисёр таҷҳизоту технологияе истифода мешаванд, ки нишондиҳандаҳои иқтисодиву техникии баланд доранд. 
Фарз кардем, хатти автоматие, ки барои тайёр кардани ошиқ-маъшуқи дар истифода мешавад, соҳиби иқтидори истеҳсолии 1, 5 млн. маснуот дар як сол мебошад ва дар корхонаи калон ҳар як маснуот 1, 2 сомонӣ даромад меорад, ки ин даромад дар як сол 1, 8 млн сомониро ташкил медиҳад. Арзиши хати автоматӣ бо расонидан ва устуворсозӣ-5,4 млн. сомонӣ аст.
Пас мўҳлати талофият (ҷуброн)-и хароҷот 3 сол (5,4млн. сомонӣ/ 1,8млн. сомонӣ= 3 сол) аст, ки пас аз ин муддат хатти автоматӣ ба корхона даромади калон меорад. Агар ҳамин хатти автоматиро дар корхонаи хурд барои истеҳсоли миқдори ками ошиқ-маъшуқи дар (100 ҳазор маснуот дар 1 сол) истифода барем, он гоҳ корхона зарар мебинад, зеро мўҳлати талофияти хатти автоматӣ шартан 45 солро ташкил мекунад: (5,4 млн. сомонӣ/ 120000 сомонӣ=45 сол).
Ин хатти автоматии зикршуда дар корхонаи хурд аз рўзи оғози кор зарар меорад, зеро хароҷоти иловагии истеҳлок, таъмир ва хизматрасонӣ дар ҳаҷми пурраи арзиши тавозуни нигоҳ дошта шуда, иқтидори таъминкунандаи сарфа хеле кам истифода мешавад. Ҳамин тавр, техникаи нави сермаҳсул барои корхонаи хурд, чун қоида, дастнорас мебошад. Амалан, соҳибкории хурд, хусусан, дар соҳаи истеҳсолӣ ба кўмаку дастгирии давлат дар шароити имрўза эҳтиёҷ дорад. 
Иқтисоди бозории ғайримарказишуда, зери фишори инҳисорӣ дар симои корпоратсияву иттиҳодияҳои калон қарор дорад. Барои мубориза бо онҳо сохторҳои давлатӣ маҷбуранд, ки инкишофи ҳаматарафаи соҳибкории хурду миёнаро қадрёбӣ ва дастгирӣ намоянд. Бо мувофиқати давлат ва дастгирии он дар баробари корпоратсияҳои азим ҳазорҳо истеҳсолкунандагон-корхонаҳои хурд арзи вуҷуд мекунанд. Соҳибкории хурд имкон намедиҳад, ки ширкатҳои бузург дар бозори фурўш дар масъалаи шароити истеҳсолу фурўш, сифату нархи маҳсулот яккаҳукмрон бошанд. Дар мувофиқат бо ин падида вазъият дар бозори пивофурўшии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рухдодаро мисол овардан мумкин аст. Шаш корхонаи азими пивопазии Амрико муддати тўлонӣ истеҳсолу фурўши ин нўшокиро назорат мекарданд. Дар ниҳояти кор, мувофиқи шаҳодати пурсиши истеъмолкунандагон, инҳисорӣ ба пастшавии сифати нўшокӣ овард. Аммо бо пайдоиши садҳо заводҳои хурди пивопазӣ дар нимаи солҳои 80-уми асри ХХ вазъият тағйир ёфт. Ҳарчанд мувофиқи маълумотҳои оморӣ ҳаҷми истеҳсоли ин заводҳои хурд дар нисбати истеҳсолоти умумии пивопазӣ ҳамагӣ андак зиёдтар аз 1%-ро ташкил дод, аммо корхонаҳои азим сифату номгўи ин маҳсулотро беҳтар намуданд, то бозори худро аз даст надиҳанд.

Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив