Инкишофи сотсиология ҳамчун илм дар бораи ҷамъият


 «Социология родилась из современной страсти к улучшению общества»[1]

А. Смол и Д. Винсент

Мафхуми сотсиологияСотсиология илми ҷавон аст, солҳои 30 - 40 уми асри XIX дар Франсия пайдо шудааст. Асосгузори ин илм донишманди бузурги франсуз О. Конт (1798 - 1857) мебошад, аммо ин маънои онро надорад, ки донишҳои сотсиологӣ асрҳо боз аз омӯзиши таҳлили илмӣ фаромӯш шуда бошад. Баръакс, он масъалаҳое, ки имрӯз сотсиология предмети омӯзиши худ қарор додаст, пештар дар фалсафа ва минбаъд дар фалсафаи иҷтимоӣ таҳлилу таркиб мешуданд. 

Сабабҳова заминаҳои пайдоиши илми сотсиология:

  • Инқилобҳои иҷтимоии асри XVIII, махсусан, Инқилоби бузурги Франсия (1789);
  • Рушди илмҳои табиатшиносӣ (яъне одамон агар қонунҳои табиатро омӯхта тавонистанд, пас қонунҳои ҷомеаро низ омӯхтан мумкин аст) 
  • Пешрафти муносибатҳои иқтисодии ҷомеа, махсусан, рушди истеҳсолоти саноатии фабрикаю корхонаҳо дар асрҳои XVIII  XIХ дар Аврупо;
  • Рушди шаҳрҳо дар Аврупо;
  • Идеяҳои нави демократия ва ҳуқуқҳои сиёсӣ ва ғайраҳо.
Аввалин факултети сотсиология соли 1892 дар Универститети Чикагои Амрико кушода шуда буд. Аваллин маротиба дар Россия шӯъбаи сотсиология соли 1920 дар дохили факултети илмҳои ҷомеашиноси кушода мешавад, ки роҳбарии онро сотсиологи рус Питирим Сорокин ба душ гирифта буд. Соли 1923 илми сотсиология материализми таърихи номида шуда, ба ҷузъи таркибии фалсафа табдил меёбад (бо талошҳои Бухарин). Баъд аз супориши И. В. Сталин илми сотсиология илми буржуазӣ шуморида шуда, дар СССР тадқиқотҳои назариявию амалии сотсиологӣ қатъ гардонида шуда, худи мафҳуми сотсиология аз илм бардошта мешавад. Танҳо аз соли 1960 ба гузаронидани тадқиқотҳои амалии сотсиологӣ иҷозат медиҳанд. Дар Тоҷикистон пас аз барҳам хурдани СССР аз соли 1991 илми сотсиология ба сифати илми мустақил шинохта шуда, аввалин маротиба соли 2005 дар ДМТ кафедраи сотсиология кушода мешавад. Имрӯз илми сотсиология босуръат рушд меёбад. Дар Тоҷикистон зиёда аз 21 Маркази тадқиқоти сотсиологӣ вуҷуд дорад, ки дар масъалаҳои гуногуни иҷтимоӣ тадқиқотҳои сотсиологию маркетингӣ мегузаронанд. Масалан, яке аз марказҳои муваффақи тадқиқоти сотсиологи бо номи “Зеркало” маъруф аст. Дар Россия яке аз чунин марказҳо “Маркази умумиҷаҳонии афкори умум” ва дар Амрико “Гэллап” хело машҳур гардидааст. Танҳо дар ИМА зиёда аз 90 ҳазор сотсиолог фаъолият мекунанд. Дар Амрико барои гузаронидани тадқиқотҳои сотсиологӣ ҳамасола даҳҳо миллиард доллар харҷ мекунанд. 

Мафҳуми сотсиология аз ду калима гирифта шудааст: якум - лотинии societas – ҷомеа ва дуюм юнонии logos – дониш, таълимот, яъне илм дар бораи ҷомеа аст. Донишмандон илми сотсиологияро гуногун таъриф медиҳанд:
  1. Сотсиология илмест, ки барқароршавӣ, рушд ва таѓйироту дигаргуншавии умумиятҳои иҷтимоӣ ва шаклҳои гуногуни зуҳуроти он: низом, сохтор ва институтҳои иҷтимоиро меомӯзад;
  2. Сотсиология илмест, ки сохтори иҷтимоии ҷоме ва унсурҳои асосии он (умумиятҳо, институтҳо, ташкилотҳо иҷтимоӣ ва рафтори одамон), раванду таѓйиротҳои дар дохили ин сохтор рӯйдиҳандаро меомӯзад
  3. Сотсиология илмест, ки рафтори одамон ва гурӯҳҳои иҷтимоиро меомӯзад;
  4. Сотсиологияро илмест дар бораи ҳаёти иҷтимоии одамон, гурӯҳҳо ва ҷомеа (сотсиологи англис Э. Гидденс);



[1] См.: Small A.W., Vincent G.E. An Introduction to the Study of Society. N.-Y., 1894. P. 77. Цит. по: Козер Л. Функции социального конфликта / Пер. с англ. О.А. Назаровой. М., 2000. С. 36.


Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив