Нақша:
1.Мафҳуми “ташкилоти иҷтимоӣ” ва хусусиятҳои он2.Таснифоти ташкилотҳои иҷтимоӣ
3.Бюрократия ва олигархия
Мафҳумҳои калидӣ:
“Сотсиология”, “объект”, “предмет”, “категория”, “қонун”, “иҷтимоиёт”, “ҷамъият”, “микросотсиология”, “макросотсиология” ва ғайраҳо
1. Мафҳуми “ташкилоти иҷтимоӣ” ва хусусиятҳои он
Ташкилот ҳамчун як унсури сохтори иҷтимоӣ дар ҳама низомҳо ҷой дорад. Одамон асосан дар ташкилотҳои гуногун кору фаъолият мекунанд, дар маҳалҳои ҷойгиршавии ташкилотҳо зиндагӣ мекунанд ва он чизе, ки ба зиндагӣ зарур аст аз ташкилотҳо (маркази савдо) харидорӣ мекунанд, дар ташкилотҳо таваллуд мешаванд, мехонанд ва истироҳат мекунанд. Одамон дар ташкилотҳо кор карда, талаботхои муҳими моддӣ ва маънавии хешро қонеъ мегардонанд. Бо воситаи ташкилотҳо кору фаъолияти одамон ба тартиб даромада, созандагию эҷодкории онҳо самаранок мегардад. Аксарияти сотсиологҳо ташкилотро намуди мураккаби институти иҷтимоӣ арзёбӣ менамоянд.Ташкилот (аз калимаи ourganisation-шарикӣ ва қонеъгардонӣ)-унсури сохтори ҷомеа ва шакли фаъолияти гурӯҳии одамон буда, барои расидан ба мақсадҳои муайян нигаронида шудааст ва сатҳи баланди сохтори расмиятчигӣ дорад. Ба андешаи Э. Гидденс «Ташкилот - ин гурӯҳи калони одамонест, ки барои расидан ба мақсадҳои муайян ҷамъ омадаанд» . Шарҳи аввалини ташкилотро сотсиологи олмонӣ М. Вебер додааст. Ба ақидаи ӯ ташкилот воситаи ба роҳи самаранок равона намудани фаъолияти одамон, истеҳсоли молу маҳсулот ва хизматрасонӣ мебошад.
Бештари гарӯҳҳои иҷтимоӣ дар ҷомеаи муосир дар шакли ташкилот вуҷуд доранд, мисли мактаб, мактаби олӣ, коллективи меҳнатӣ, ҳизбҳо, иттифоқҳои касаба, беморхонаҳо ва ғ. Аз дигар гурӯҳҳои иҷтимоӣ (оила, дӯстон ва ғ.) ташкилотҳои иҷтимоӣ маҳз бо муносибатҳои характери расмидошта фарқ менамоянд. Агар талаботҳои иҷтимоӣ ва заруроти қонеъ гардонии онҳо ба миён наояд, ташкилотҳои иҷтимоӣ созмон намеёбанд. Ташкилот низ бо пурра таъмин гаштани талаботҳои иҷтимоии фардҳо ё гуруҳҳо рисолати хешро иҷро намуда, аз байн мераванд.
Ташкилотҳои иҷтимоӣ чунин хусусиятҳо доранд:
1. Фаъолияти гурӯҳии одамон-дар танҳоӣ ба мақсадҳо расидан мушкил аст, аз ин рӯ, дар якҷоягӣ фаъолият мекунанд. Якчанд нерӯ, қобилияту истеъдод ва “мағзҳо” муттаҳид шудасамараи кор даҳчанд меафзояд;
2. Таъминоти шароити фаъолият-ташкилот ба кормандони худ шароитҳои меҳнатиро таъмин мекунад, ки дар алоҳидагӣ ба даст овардани чунин шароит хело мушкил аст. Масалан, ба офис, компютер, интернет ва дигар таҷҳизоти барои кор лозима таъмин мегардонад;
3. Меъёрҳо ва арзишҳои иҷтимоӣ-одамон дар ташкилот нақшу вазифаҳоро байни худ тақсим намуда, аз рӯйи қоидаҳо ва меъёрҳои муайян амал мекунанд;
4. Муносибатҳои расмӣ-теъдоди аъзоёни ташкилот зиёд шуда, сарварон ва тобеин якдигарро хуб намешиносанд ва алоқаҳои байниҳамдигарӣ камтар гашт робитаҳои расмӣ бартарӣ пайдо менамояд;
5. Тақсимоти баланди меҳнат, ки яке аз воситаи муҳим ва баланд рафтани истеҳсолот дар ташкилот мебошад. Дар дохили ташкилот гурӯҳҳои гуногуни ихтисосӣ, ки махсус бо вазифаҳои муайян тайёр карда мешаванд, вазифаи худро иҷро мекунанд, мисли сармусоҳиб, муҳандис, таъмиргар ва ғайра. Гузаронидани як корманд бе тайёрии махсус аз як ихтисосу вазифа ба дигар ихтисосу вазифа ғайриимкон аст. Тақсимоти меҳнатӣ.
2. Таснифоти ташкилотҳои иҷтимоӣ
Ҳар як ташкилот мақсадҳо ва ҳадафҳои ба худ хосу муайянро доро мебошанд. Вобаста ба ин ташкилотҳои иҷтимоиро чунин тасниф менамоянд: Давлатӣ ва ғайридавлатӣ
Буҷавӣ ва ғайрибуҷавӣ
Ҷамъиятӣ ва ғайриҷамъиятӣ
Расмӣ ва ғайрирасмӣ
Тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ
Аз ҳама шаклҳои муҳими ташкилотҳои иҷтимоӣ ташкилотҳои расмӣ ва ғайрирасмӣ мебошанд. Ташкилотҳои расмӣ – воситаи муташаккилест, фаъолиятҳои меҳнатию ахлоқии коргарон дар асоси меъёрҳои расмӣ ба танзи дароварда мешавад. Умуман, ташкилоти расмӣ як системаи қонунгузорӣ корхона буда, тамоми стандартҳо, қарорҳо, барномаҳо, меъёри ҳуқукии коргарон ва фаъолияти ташкилотро дар асоси ҳуҷҷатҳои меъёрӣ муайян мекунад. Дар ин гуна ташкилот ҳар як корманд вазифаи майяни худро аз руи фармони додашуда иҷро менамояд. Вазифаҳо бо воситаи дастурамалҳо, фармон, амрҳо пешниҳодҳо ва дигар ҳуҷатҳо ба расмият даровада шуда тақсим шудаанд. Фармон ва амрҳо «аз боло ба поён» ҳаракат мекунанд. ҳисоботҳои тобеин барои иҷрои кор «аз поён ба боло» ҳаракат мекунанд. Ҳамаи ин амалҳо ба расмият дароварда шуда, идоранамоии роҳбаронро дар ташкилот таъмин менамояд.
Ташкилоти расмӣ чунин хусусиятҳо дорад.
• Мақсаду маромнокии маълум ва ошкоро;
• Нақшаи муайяни фаъолнокӣ;
• Меъёр ва қоидаи фаъолият;
• Намунаи рафтори хизматӣ;
• Арзишҳои муайян;
• Вазифаҳо ва нақшҳои муайян.
Ташкилотҳои расмӣ се намуд мешаванд:
o Озодона (ихтиёрӣ)-ин иттиҳодияҳое, ки аъзоёнаш ҳуқуқи озодона ба он дохил ва хориҷ шуданро дорад: клуби шоҳмотистҳо, ҷамъияти ҳифзи ҷангал, ҷамъити моҳидорон, ассотсиатсияи сотсиологҳо, ки аъзоёни он маош намегиранд ва вақтҳои холиашонро самаранок мегузаронанд;
o Маҷбурӣ - аъзоёни ташкилоти расмӣ маҷбурӣ ғайри хоҳиши худ ба он дохил мешаванд. Масалан, шахс ба беморхонаи касалиҳои рӯҳӣ ё маҳбас меафтад;
o Аз руи манфиат-фардҳо инчунин барои манфиат ва расидан ба мақсадҳои муайян ба ташкилоти расмӣ дохил мешаванд, мисли донигоҳҳо, ширкатҳо, ассотсиатсияҳои фермерӣ, итифоқҳои касбӣ ва ғ.
Ташкилоти ғайрирасмӣ аз камбудиҳо ва норасоиҳои ташкилотҳои расмӣ ба вуҷуд меоранд. Ташкилоти ғайрирасмӣ пеш аз ҳама шабакаи алоқаҳои байнишахсӣ аст. Барои гурехтан аз кашолкориҳои бюрократӣ коргарон байни худ созишномаҳои ғайрирасмӣ мебанданд ва дар муҳити кори муносибатҳои ғайрирасмӣ ва дӯстонаро ба роҳ мемонанд. Дар асл барои он, ки ташкилоти расмӣ камтар ба камбудиҳо роҳ диҳанд, ба ташкилотҳои ғайрирасмӣ ниёз доранд. Ғайр аз ин сохторҳои бюрократӣ ба бисёре аз коргарон таъсири манфӣ мерасонад ва онҳо дар вазъияти корӣ хамдардии дустон ва наздиконро тавассути ташкилотҳои ғайрирасмӣ меҷӯянд .
Ташкилотҳои ғайрирасмӣ сохтори ғайрирасмӣ, худидоракунӣ ва худтанзимнамоиро доранд, баъзан вақт пинҳонӣ амал менамоянд. Шахс дар ин гуна ташкилотҳо нисбатан озод фаъолият менамояд, зеро онҳо меъёрҳо ва қоидаҳои оҳанини устувор надоранд. Лекин дар ин гуна ташкилотҳо имкониятҳои эҷодӣ, фаъолияти сермаҳсул ва коркарди наовариҳо бештаранд. Ба мисоли ташкилотҳои ғайрирасмӣ ташкилотҳои ҷавонон, маҳфилҳо, корхонаҳои пинҳонии истеҳсолӣ, ҷинояткорон, дуздон, ҳизбҳои пинҳонӣ амалкунанда ва ғайра баромад намуда метавонанд.
Ҳангоме, ки аъзои ташкилот микдоран кам аст, дар асоси муносибатхои бевоситаи шахсии аъзоёнаш вазифаҳои иҷтимоии хешро хело самаранок ба роҳ мемонанд. Аммо ҳангоми ташкилот бузург аст, бе тасдиқи қоидаҳои расмии истеҳсолӣ ва маъмурӣ вазифаҳои худро иҷро карда наметавонад. Дар ин ҳолат талаботи ташкилотро бюрократия қонеъ мегардонад. Табиист, ки асоси амалнамоии ташкилотҳои расмӣ идоранамоӣ маҳсуб мешавад. Намудҳои зерини тарзи роҳбариро ҷудо мекунанд:
o Роҳбарии авторитарӣ - ҳангоме, ки роҳбар ақидаи зердастонашро ба инобат намегирад ва иродаи худро ба онҳо бор мекунад;
o Роҳбарии демократӣ - ҳангоме, ки зердастон ба ҳалли масъалаҳои умумӣ ҷалб карда мешаванд;
o Роҳбарии заифона - ҳангоме, ки роҳбар ба коллектив таъсири назаррас расонида наметавонад.
3. Бюрократия ва олигархия
Бюроктария – сохтори иҷтимоиест, ки дар асоси иерархия (зинаҳо)-и мансабҳо, қоидаҳо ва тақсими вазифаҳои ҳокимият ба роҳ монда шудааст. Мафҳуми “бюрократия”-ро соли 1745 Де Гурне истифода намудааст, калимаи “бюро” маънои “офис” ё “мизи хатнависӣ” ва калимаи юнонии “кратия” маънои “ҳокимият”-ро дорад. Дар аввал ин мафҳум нисбати мансабдорони давлатӣ истифода мешуд, аммо минбаъд шакли идоракунии ташкилотро ифода менамояд. Худи Де Гурне низ мафҳуми бюрократияро касалии мансабпарастӣ номида буд.Дар ҳастии рӯзмара истилоҳи мазкур ба маънои фаъолияти бесамар, мансабпарастӣ ва қоғазбозии мансабдорон низ истифода мешавад, ки маҳдудиятҳои кори худро дар ҳуҷҷатҳо пинҳон медорад. Дар асл агар муқаррароти бюрократӣ дуруст ба роҳ монда шавад, бюрократия беҳтарин шакли ташкили фаъолияти муштарак мебошад, зеро дар шароити имрӯза ва мураккаб гаштани сохтори ташкилот бе сохтори бюрократӣ идоранамоӣ ғайриимкон мегардад. Ташкилотҳои расмӣ ҳамеша майл ба бюрократия доранд.
Аввалин назария оиди муносибатҳои кории расмӣ аз тарафи М. Вебер дар консепсияи бюрократия пешниҳод шуда буд. М. Вебер дар консепсияи худ қайд менамояд, ки брократия кодир аст дастовардхои колективии одамонро ифода намояд ва ба низом дорад. Ҳарчанд Веберо як катор ҷиҳатҳои манфии идораи бюрократӣ ба ташвиш оварда буд, аммо ӯ боварии дошт, ки барои идораи оммаи васеи халқ сохтори бюрократӣ шароити заруриро фароҳам месозад. ӯ бюрократияро навъи идеали номидааст, гарчанде, ки асосҳои он ба бюрократияи ҳозира мувофиқат намекунад. Мувофиқи андешаи М. Вебер бюрократия аз нигоҳи ӯ тарафҳои зерин дорад:
o Ҳар як зинаи мансаб ӯҳдадориҳо ва масъулияти мушшахас дорад, ки таввасути онҳо фаъолияти мунтазами ташкилот мувофиқ ба принсипҳои тақсимоти меҳнат ва вазифаҳо ба роҳ монда мешавад;
o Тамоми вазифаҳо дараҷаи муайяни иерархӣ дорад ва дар ташкилот мақоми муайянро ишғол мекунад ва онҳо дар маҷмӯъ шакли аҳромро доранд. Шахсони мансабдор вобаста ба мавқеи мансабашон ба якдигар ҳисобот медиҳанд. Онҳо ба мансабдорони боло на танҳо оиди рафтору амали худ, балки ба тобеъёнашон ҷавобгар мебошанд;
o Ҳамаи фаъолияти ташкилот дар асоси низоми қоидаю меъёрҳо сарчашма гирифта, иҷрои фаъолияти ташкилотро новобаста аз ивазшавии мансабдорони он таъмин месозад;
o Ҳамаи вазифаҳо дар асоси қобилияти шахс пешниҳод мегарданд, кормандони ин вазифаҳоро на дар асоси сифати шахсӣ, балки бо тавонистани кори муаяйн қабул мекунанд. Шахсоне, ки дар асоси алоқаҳои хешутаборӣ ва ошнобозӣ ин вазифаҳоро ишғол намудаанд, баръакс ба ташкилот ва фаъолияти он монеъ мешаванд;
o Мансабдорони ташкилот меросхури курсии худ набуда, маҷбур ҳастанд, ки ба ҳамкорони хеш тамоми шароити зуруриро таъмин намоянд.
o Фаъолият дар ташкилот ҳамчун карера маҳсуб мешавад. Ба дараҷаҳои баланди мансабҳо шахсан таввасути собиқаи кори ё хизматҳои бузургашон мерасанд. Ҳангоме, ки мӯҳлати фаъолияти корманд сипари мегардад, ӯро ба нафақа гусел менамоянд. Таввасути ин меъёр вазифаҳо ё мансабҳо бо кадрҳои нав ба нав таъмин мегарданд;
o Фармонҳо ва нишондодҳои маъмурият дар шакли хаттӣ содир шуда, доимо ҳифз мегардад.
Шакли идеалие, ки Вебер нишон додаст дар амалия имконнопазир аст, зеро фардҳо на танҳо барои ташкилот вуҷуд доранд, онҳо барои беҳбудии зиндагии шахсӣ дар дохили ташкилот ба корҳои «зишт» машғул мешаванд ва манфиатҳои хешро тавассути ташкилот амалӣ мегардонанд. Баъдан, бюрократия аз тағйирёбии ҷомеа ҳифзнашаванда аст. Бо иваз шудани вазъи иҷтимоӣ ташкилот зуд ба ин тағйирот мутобиқ шуда наметавонад. Аз ин рӯ, дар фаъолияти ташкилот мушкилотҳо сар мезананд.
М. Вебер бюрократияро механизми асосии дастовардҳои пурсамари ташкилот меҳисобид, аммо мувофиқи андешаи Т. Парсонс бюрократия дастгоҳест, ки доираи меҳнатро барои зиёд намудани шумораи мансабҳо васеъ мегардонад. Бюрократиякунони ва коррупсия, иштироки васеи мансабдорон дар тиҷорат, ишғол намудани ячанд мансабҳо дар ҳокимияти қонунгузор ва иҷроия аз ҷониби як шахс, кӯшиши маҳдудгардонии ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон, нигилизми ҳуқуқӣ аз ҷумлаи маҳдудиятҳои ҷиддии низоми бюрократии ҷомеаҳои муосир ҳастанд.
Олигархия – ташкилотест, ки мисли дигар гурӯҳҳои иҷтимоӣ имконияти васеи таъмини идоракунӣ, мукофотдиҳӣ ва ҷазодиҳиро дорад, идораи он дар дасти олигархҳо мебошад. Олигархҳо нисбати ҳамкорони хеш пули зиёд, алоқаҳои муфид ва воситаҳои муҳофизатии хешро таҷрибаи бойи сиёсӣ ва захираҳои маъмурии идоракунӣ ва дигар бартариятҳо дорад. Онҳо иттилооотеро дар даст доранд, ки ба дигарон дастрас нест. Як сабаби пайдоиши олигархия дар он аст, ки аъзоёни оддӣ намехоҳанд дар бурду бохти ташкилот масъулиятро ба душ дошта бошанд ва ба масъалаҳои ташкилот бетафовутона муносибат менамоянд.
Донишманди олмонӣ Роберт Михелс андеша дорад, ки низоми бюрократӣ охири охирон ба олигархия оварда мерасонад, ки дар натиҷа ҳокимият ба дасти як ё якчанд шахс меафтад, онҳо соҳиби ҳуқуқҳои бемаҳдуд мегарданд ва аз ин вазъияти хуби иҷтимоӣ ба манфиати худ истифода мебаранд. Роберт Михелс ин анъанаро «қонуни оҳанини олигархия» номидааст. Дар олигархия манфиати фардҳои алоҳида аз манфиати ҷомеа боло гузашта мешавад.
Комментарии (0)