Хонандагони мо то имрӯз дар дарсҳои забон ва адабиёти тоҷик бештар имло, нақли хаттӣ ва иншо менавиштанд. Акнун омузгоронро зарур аст, ки роҳу усулҳои навиштани эссеро омӯзонанд. Агар омӯзгор худ соҳибмаърифат бошад, пас шогирдаш бомасъулият шуда, дар оянда ба қуллаҳои баланди илму дониш хоҳад расид.
Саволе ба миён меояд, ки эссе чист ва чӣ тавр навишта мешавад?
ЭССЕ аз калимаи лотинии ехасит «санҷиш» ва фаронсавӣ еѕѕаі «кӯшиш, ҷустуҷӯ, таҳлил» гирифта шуда, ба маънои очерк меояд. Яъне, эссе як навъи очерк аст, ки онро иншои мухтасар низ меноманд. Дар навиштани чунин тарзи иншо хонанда дар баёни фикр озод аст, яъне ӯ андешаи худро доир ба мавзӯи пешниҳодшуда мухтасар ва бо далел баён мекунад.
Навиштани эссе кори саҳл нест, аз эссенавис маҳорату малакаи забондонӣ, луғатдонӣ, иборасозӣ ва ибораороиро талаб менамояд. ЭССЕ метавонад субъективӣ ва объективӣ бошад. Дар эссеи субъективӣ хислату кирдор, орзую хостаҳои муаллифи он баён мегардад. Дар эссеи объйективӣ бошад, муаллиф дар бораи ягон ғоя ва ё гуфтори адибону олимон, шахсони намоёни сиёсӣ андешаҳояшро баён менамояд. Муаллифи эссе дар бораи мавзӯи интихобнамудааш фикрашро баён намуда, тарафдор ё муқобил будани худро бо далелҳо исбот менамояд. Мақсади навиштани эссе рушди малакаҳои тафаккури эҷодии мустақилона ва баёни хаттии андешаҳои шахсӣ мебошад.
Эссенавис ҳангоми шарҳу маънидод бояд аз сергапӣ, истифодаи калимаҳои нофаҳмо, истифодаи бемавқеи калимаҳои иқтибосӣ ва калимаҳои шевагӣ худдорӣ намояд. Баръакс,
истифодаи калимаҳои зебову ҷаззоб, ибораҳои ҳамқофия ва фразеологизмҳо эссеро ҳусн бахшида хонданбоб менамояд.
Эссе сохтори махсуси худро дорад:
1. Сарсухан: дар сарсухан бояд масъалагузорӣ бошад ба монанди:
«Мехоҳам дар ин масъала андешаамро баён намоям» ё ки «Фикри ман доир ба ин мавзӯъ чунин аст»
2. Қисми асосӣ: қисми асосӣ тезис ва далелро дар бар мегирад.
Дар тезис масъалаи гузошташуда возеҳу равшан таҳлил шуда бо далелу санад исбот карда мешавад. Далелҳо бояд асосноку фаҳмо ва мулоҳизарониҳо мантиқӣ бошанд.
3. Хулоса: дар хулоса чунин таъкидҳо бояд бошанд:
«Ман ба чунин хулоса омадам, ки...» «Аз таҳлили мавзӯъ чунин хулоса бармеояд, ки...» ва монанди инҳо. Хулоса ин ҷамъбасти фикр бо таъкиди андешаи асосӣ бозгашт ба сарсухан аст.
Мавзӯи эссе ҳамеша аниқ аст. Он дорои мавзӯъ ё идеяи бисёр буда наметавонад, дар он танҳо як вариант ва як фикр инъикос меёбад. Эссе ҷавоб ба як савол аст.
То ин ки шогирди мо фикру андешаҳояшро дар шакли эссе рӯи қоғаз оварад, мо бояд заҳмати зиёд кашему хонандаи мо пайваста машқ кунад. Мегӯянд, ки «Нобурда ранҷ, ганҷ муяссар
намешавад». Ранҷ бояд кашид, то дурри мақсуд ба даст ояд.
Комментарии (0)