Дар баҳор аз фоқа ранги заъфарон бошад маро,
Пораҳо бар дӯш аз барги хазон бошад маро.
Баҳри рӯзӣ мекунам бофандагӣ чун анкабут,
Хона ҳамчун дорбоз аз ресмон бошад маро.
Дар байтҳои Миробид Сайидои Насафӣ касби бофандагӣ бо маҳорати том тасвир шудааст. Сайидо дар ҷавонӣ баробари таҳсили илм барои таъмини рӯзгори хеш нозукиҳои касби меросии бофандагиро меомӯзад ва соҳибҳунар мегардад. Саволе ба миён меояд, ки нигоҳи ман ба ин ғазали Сайидо чӣ гуна аст? Мехоҳам дар ин бора андешаҳои худро баён созам.
Оре, интихоби дурусти касб кафолати ояндаи дурахшони ҳаёт аст. Ашхосе, ки соҳибкасб ва соҳибҳунар аст, мӯҳтоҷи кассе нахоҳад гашт. Лекин ҳар як касбу ҳунар ба худ хос машаққатҳоро дорад. Беҳуда нагуфтаанд: «Бе ранҷ ганҷ муяссар намешавад».
Касби бофандагӣ гарчанде ки даромади зиёд надошт, лекин меҳнати душворро талаб мекард. Аз ин хотир шоир дар ғазали «Мекунам бофандагӣ» аз ноҷӯриҳои замони худ шикоят менамояд, чунки соҳибмансабону зимомдорони давр камхираду бедониш буданд ва ба қадри соҳибҳунар намерасиданд. Бо вуҷуди ин, шоир аз кассе қарз напурсид, қаноат кард ва аз пушти меҳнати ҳалоли худ як бурда бошад ҳам, нон хӯрд. Сайидо шоири номдор буд, аммо ,соҳибмансабон ҳатто ашъори мадҳии ӯро низ напазируфтанд ва қадр накарданд. Аз гуфтаҳои боло дарк кардан мумкин аст, ки даромади кам дошта бошад ҳам, маҳз ҳунари шоир ӯро аз вартаи гуруснагӣ раҳо додааст.
Нигоҳи ман ба ғазали шоир мусбист, зеро ӯ ҳақиқати ҳолро дар замони хеш тасвир намудааст. Агар замони шоирро бо замони истиқлоли худ тафриқа андозем, фарқ аз замин то осмон, зеро ҳунармандони мо соҳиби обрӯву эътибор буда, аксарашон соҳибкороне мебошанд, ки барои пешрафти давлат ҳиссагузоранд. Пойдевори ин ҳама пешравиҳо ҳукуматдорон ва соҳибмасабони бофарҳангу соҳибмаърифатанд. Бале, соҳибҳунар дар ҳама давру замон соҳиби обрӯву эътибор буд ва ҳаст. Пешвои муаззами мо - Эмомалӣ Раҳмон низ дар яке аз баромадҳояшон соҳибҳунарро ба хазина ва соҳибкасбро ба гавҳар монанд карда буданд, ки ҳақиқати ҳол аст. Инсоне, ки ғурур, сабр ва номус дорад, аз меҳнати сангин наметарсад, балки аз ҳисоби дигарон хӯрдану таъна шуниданро ор мешуморад.
Ман аз гуфтаҳои боло ба чунин хулоса омадам, ки касбу ҳунар низ вобаста ба иҷтимоиёт, иқтисодиёт ва сиёсати давр арзиш доштааст. Мо ҷавононро зарур аст, ки ба қадри даврони исиқлоли хеш расида, соҳиби касбу ҳунар гардида, бо меҳнати ҳалол зиндагиямонро хушбахтона ва бо номи нек сипарӣ намоем. Беҳуда нагуфтаанд: «Чунон зӣ, ки ба сано арзӣ ва чунон мир, ки ба дуо арзӣ».
Комментарии (0)