Устод касест тарбиятгар, таълимдиҳанда, бомаърифат ва шарафманд. Волидон бошанд, сабабгори ҳастӣ, ҳидоятгари роҳи рост ва муҳайёкунандаи ризқу рӯзӣ. Модоме чунин аст, саволе дар сар пайдо мешавад, ки сабаби баланд будани қадри устод аз падар дар чӣ бошад?
Агар вазифаи падару модар тарбияи хуби фарзандон бошад, вазифаи устод ғайр аз тарбия додан таълим ва маданияту фарҳанг низ ҳаст. Бузургон хело муносиб мегӯянд: «Агар барои қабои сабз пӯшидани замин баҳор лозим бошад, пас барои сабз гаштани домони инсон устод рамзи баҳор аст». Маҳз устод сабаб мегардад, ки шогирдонаш сатҳи баланди обрӯву эътиборро дар ҷамъият сазовор гардида, ҳамчун фарди комил ва оқил шинохта шавад ва маҳз бо ин фарҳанги воло соҳибмаълумот гардида, ба халқу Ватани хеш хидмат намояд, роҳи зиндагияшро ба осонӣ дарёбад. Гарчанде ин амалҳо фидоӣ буданро талаб намояд ҳам, омӯзгор аз ин касбаш меболад ва тайёр аст, ки шогирди арзанда тарбия намояд. Зеро: «Омӯзгор чун шамъ месӯзаду роҳи шогирдонро мунаввар месозад».
Домани устод гиру шод шав,
Муддте хидмат куну устод шав.
Аҳли омӯзгорон равшанкунандаи хиради башарият ва афрӯзандагони машъали илму маърифат мебошанд. Банда, бори дигар иқрор гардидам, ки қадри устод аз падар боло будааст. Вақте ки дар мавзӯи «Меҳнат инсонро тарбия менамояд» соати тарбиявӣ мегузаштем, омӯзгор мо хонандагонро чунон дар руҳияи меҳнатдӯстӣ тарбия намуданд, ки дар натиҷа ҳама «Шарафи одамӣ аз меҳнат аст»-ро шиори худ намудем. Ҳатто як ҳамсинфам миннатдории аҳли синфро баҳри устод иброз намуда, иқрор гардид, ки то ҳоло ин гуна суханони чун гавҳар қиматбаҳоро аз касе нашунидааст.
Муаллим боғбон, шогирди ӯ райҳони ӯ бошад,
Муаллим шамсу шогирдаш бақои ҷони ӯ бошад.
Шавад инсони комил ҳар касе пайваст бо меҳраш,
Муаллим қасри комилгардии виҷдони ӯ бошад.
Адибу шоиру олим - ҳама диданд таълимаш,
Муаллим шоҳсутуни бораи кайвони ӯ бошад.
Маориф кони бедорӣ, бувад орӣ зи бадхоҳон,
Муаллим решаи амну амон, имони ӯ бошад.
Хулласи калом, омӯзгор сазовори таҳсину офарин ва намунаи ибрат ба аҳли башар аст. Пас моро зарур аст, ҳаққи хидмати шоистаи устодро бо амалҳои хуби инсонӣ ҷавоб гардонем, зеро хушбахтии устод дар хушбахтии шогирд. Аз ин рӯ устод мегӯяд:
То даме, ки зиндаам, шогирди маънӣ дар дилам,
Бош фарзанди накӯ аз ҷон дуоят мекунам.
44
Комментарии (0)