Қонун - раҳнамои зиндагӣ


Қонун - раҳнамои зиндагӣҚонун дар луғат маънои низом, тартиб, қоида ва дастурро доро буда, раҳнамои зиндагӣ бошад, нишондиҳандаи роҳи росту пешравӣ, инчунин, сарбаландии зиндагиро хоҳад дод. Ин тавр бошад, қонун зиндагии моро чӣ тавр раҳнамоӣ мекунад? Доираи ин мавзӯъ то қадри имкон андешаи худро иброз хоҳам кард.

Ҳар як халқу миллат вобаста ба сохти давлатдориаш қонуну қоидаҳои худро дорост, ки он дар Конститутсия ном китоб дарҷ гардидааст. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 бобу 100 модда иборат буда, тамоми ҷабҳаҳои қонун ва қоидаҳои ҳаёту фаъолияти инсониро дар бар мегирад. Мақсад аз зиндагӣ хушбахт будан аст. Ба ақидаи ман, оне хушбахт буда метавонад, ки мутеи қонун асту аз чорчӯбаи он берун намебарояд. Надонистани қонун аз ҷавобгарӣ озод наменамояд. Пас, мо - хурду бузургро зарур аст, аз масъулиятҳои хеш огоҳ бошем. Масалан, фарзандон ба дарс дер наоянд, одоби дар дарс нишастанро риоя намоянд, бо баҳои хубу аъло хонанд, ҳурмати худ ва устодонро ба ҷо оранд ин нишонаи масъулиятшиносии волидон нисбати фарзандон асту эшон аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар » огоҳ ҳастанд.

Ё ин ки ҳангоми гузаронидани тӯйи арӯсиву домодӣ ба қонуни «Танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» риоя намоем, ба зиндагии осудаву саодатманд ноил ҳоҳем гашт, вагарна аз ҷаримасупорӣ ҷойи гурез нест. Лоҳутӣ барҳақ гуфтааст:

Зиндагӣ озодии инсону истиқлоли ӯст,

Баҳри озодӣ ҷадал кун, бандагӣ даркор нест.

Ё ин ки:

Ҳуқуқи рӯзгордорӣ бидонӣ дар ҷаҳон асло,

Набошӣ номуроду ғамзада, бошӣ азиз ҳар ҷо.

Ҳаминро бояд таъкид кард, ки зиндагӣ чун мавҷи дарё пастиву баландӣ, дорову нодорӣ ва омаду ноомадиҳои худро дорост. Дар чунин ҳолат қонун моро раҳнамоӣ намуда, инсонро барои сабру қаноат ва шукргузорӣ даъват менамояд. Лек агар хислатҳои одилона дар маниши одамӣ набошад, аниқ аст, низоми қонунро мешиканад. Қонунро ғайр аз раҳнамои зиндагӣ тарбиятгари инсоният гӯям, саҳв нахоҳам кард.

Хулоса, бахту саодат, хушиву сарбаландӣ ва шаҳди зиндагӣ дар дасти худи шахс аст. Мо касеро озор надиҳем, ба касе ва чизе хиёнат накунем, аз суханони қабеҳ парҳез намоем, ҳам дар назди қонун ва ҳам дар назди виҷдони худ пок ҳастем.


Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив