Ҳама гуна фаъолияти иқтисодӣ бояд мақсаднок бошад .
Мақсади фаъолияти соҳибкорӣ – грифтани даромади иқтисодӣ ва зиёдкунии даромад мебошад.
| Мақсадҳои соҳибкорӣ |
| |||||||||||||
|
| ||||||||||||||
|
|
|
|
| |||||||||||
| Истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо |
| Даромад (манфиати иқтисодӣ) |
| Мақсадҳои иҷтимоӣ |
| Рушди бизнес |
| |||||||
Номгӯи функсияҳо | Муҳтавои функсияҳо |
Иқтисодӣ | Соҳибкорӣ ҷузъи воқеии иқтисоди бозоргонӣ ба шумор меравад. Функсияҳои асосии иқтисодии он дар шароити тафриқаи зудамалишаванда ва фардикунии талаботи истеъмолӣ аз ташкили номгӯи васеи мол ва хизматрасониҳо иборат аст. Рушди устувори соҳибкорӣ рушди рӯзафзуни тамоми иқтисодиёт, яъне пешравии иқтисодиётро пешбинӣ менамояд. |
Иҷтимоӣ | Ҳар як шахс метавонад соҳибмулки фаъолияти худ бошад ва бо ин имкониятҳои фардии худро амалӣ намояд, барои машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ дар доираи талаботи қонунгузориҳои мавҷуда ҳуқуқ дорад. Дар маҷмуъ, рушди соҳибкорӣ ба шуғли меҳнатӣ фаро гирифтани аҳолӣ, паст намудани сатҳи бекроӣ ва, дар ин замина, устувории иҷтимоию иқтисодиро дар ҷомеа таъмин месозад. |
Инноватсионӣ | Пеш аз ҳама функсияи мазкур ба истифодаи инноватсияҳо равона гардидааст. Дар истеҳсолот татбиқ намудани якчанд шакли инноватсияҳо (технологияҳо нав, намудҳои нави маҳсулот ва ғайра) ба баландравии самаранокии меҳнат ва нисбатан самаранок истифода бурдани тамоми намуди захираҳо оварда мерасонад. |
|
|
Принсипҳои асосии фаъолияти соҳибкорӣ инҳоро дар бар мегирад:
- интихоби мустақили қарорҳо
- танзими давлатӣ
- озодии рақобат ва маҳдудияти фаъолият
- масъулияти иҷтимоӣ
- фоиданокӣ ва арзиш
- баробарии шакли моликият
- қонунӣ будани фаъолият
Комментарии (0)