Нақша:
1. Мафҳуми «табақабанди иҷтимоӣ» ва «тафриқабандии иҷтимоӣ»2. Меъёрҳои ченкунии табақабандии иҷтимотӣ
3. Шаклҳо ва хелҳои табақабандии иҷтимоӣ
4. Ҷойивазнамоии иҷтимоӣ (социальная мобильность)
5. Низоми таърихии табақабандии иҷтимоӣ
6. Синфи миёна ва нақши он дар устувории ҷомеа
Мафҳумҳои калидӣ:
“Табақабандии иҷтимоӣ”, “меъёрҳои ченкунии табақабандӣ”, “табақабандии пӯшида ва кушода”, “ҷойивазкунии иҷтимоӣ”, “мақоми иҷтимоӣ ”, “синфи миёна”, “табақаи камбизоат” ва ғайраҳо.
1. Мафҳуми «табақабанди иҷтимоӣ» ва «тафриқабандӣ (диференсация) – и иҷтимоӣ»
Ҷомеаи инсонӣ чунин ташкил шудааст, ки институтҳои он боигариҳо, захираҳои моддию маънавӣ ва ҳисси масъулиятшиносиро байни одамон ва гурӯҳҳои иҷтимоӣ якхела ва баробар тақсим карда наметавонад. Аз ин рӯ, вазъи иҷтимоӣ, мақом, дастрасӣ ба боигариҳои моддӣ ва маънавии одамон аз якдигар фарқ менамоянд. Мафҳуми «табақабандӣ» ҳаммаънои калимаи лотинии "стратификатсия» (стратум-табақа) буда, ба сотсиология аз илми геология ворид шудааст, ки дар он маънои қабатҳои амудии ҷисмҳои заминро дорад» . Мафҳуми табақабандӣ барои ифода кардани равандҳо ва натиҷаҳои ба табақаҳо ҷудошавии ҷамъиятро ифода мекунад.Таълимоти марксистӣ, ки фарқияти иҷтимоии одамонро бо мафҳуми «синфҳо» ва таълимоти ғайримарксистии сотсиологияи Ғарб бо мафҳуми «табақаҳо» ифода намудаанд. Сотсиологҳои Ғарб дар ин андешаанд, ки мафҳуми синфи иҷтимоиро барои таҳлили сохтори ҷомеаҳои гузашта, аз ҷумла ҷомеаи индустриалии сармоядорӣ истифода намудан мумкин аст. Аммо дар ҷомеаи муосири постиндустриалӣ истифодаи мафҳуми «синфҳои иҷтимоӣ» мувофиқи мақсад нест, зеро муносибат ба моликият ҳудуди муайяни худро аз даст медиҳад. Аз ин рӯ, «мафҳуми синфи иҷтимоӣ» -ро ба мафҳуми «табақаи иҷтимоӣ» ё «гурӯҳи иҷтимоӣ» ва «сохтори синфии ҷомеа» - ро ба мафҳуми «табақабандии иҷтимоӣ» иваз намудан лозим аст."
Пас, табақабандии иҷтимоӣ ҷойгиршавии фардҳо ё гурӯҳҳои иҷтимоӣ аз боло ба поён дар табақаҳои уфуқӣ вобаста ба нишонаҳои нобаробарии даромад, дараҷаи маълумот, ҳокимият ва мақоми касбӣ мебошад. Табақабандии иҷтимоӣ умумиятҳои одамонро меноманд, ки одамон дар асоси мавқеъ ва кори умумӣ мутаҳид шудаанд. Ба ибораи дагар табақабандии иҷтимоӣ мутаҳидшавии одамон дар гурӯҳи иҷтимоӣ мебошад, ки аз дигар гурӯҳҳои иҷтимоӣ бо нишонаҳои мақомӣ (статусӣ), ҳокимият, моликият, касб, ихтисос, маърифат ва ғайра тафовут дорад.
Тафовути вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодии одамон, аз замонҳои қадим таваҷҷӯҳи инсониятро ба худ ҷалб мекард. Масалан, Афлотун дар асараш «Давлат» (370 сол пеш аз мелод) навишта буд: «Ҳамагуна шаҳрҳо новобаста аз бузург будани онҳо ба ду қисм тақсим шудаанд: қисми барои камбағалон ва қисми дигар барои сарватмандон, ки онҳо байни худ мубориза мебаранд».
Табақабандии иҷтимоӣ дар асоси тафриқаи иҷтимои созмон меёбад. Маълум аст, ки одамон аз рӯи ҷинс, сину сол, мизоҷ, қаду қомат, ранги пӯст, зеҳн ва дигар хусусиятҳо аз ҳам фарқ мекунанд. Фарқияти байни одамон аз рӯи хусусиятҳои физиологӣ ва психологӣ ба вуҷуд омада, фарқияти табиӣ номида мешавад. Фарқиятҳои табиии байни одамон метавонанд сабаби ба вуҷуд омадани муносибатҳои нобаробарии байни фардҳо гардад, мисли пурқувватон нисбати заифон ё айёрон бар соддаҳо ғолиб оянд. Хусусияти асосии ҷомеаи инсонӣ, нобаробарии иҷтимоиест, ки дар натиҷаи фарқияти иҷтимоӣ пайдо мешавад. Он фарқиятҳое, ки омилҳои иҷтимоӣ ба вуҷуд овардаанд, фарқиятҳои иҷтимоӣ номида мешаванд, мисли тақсимоти меҳнат (меҳнати фикрӣ ва ҷисмонӣ), тарзи ҳаёт (аҳолии шаҳр ва деҳот), вазифаҳо, сатҳи даромад ва монанди ин. Фарқияти иҷтимоӣ пеш аз ҳама фарқият дар мақом (статус) аст. Онҳо аз монанд набудани вазифаҳои ба зиммадоштаи одамон дар ҷамъият, имконият ва мавқеъҳои гуногуни одамон, мувофиқ наомадани ҳуқуқ ва уҳдадориҳои онҳо дарак медиҳанд. Тамоюли асосии таҳаввули ҳар як ҷомеа аз ҳад зиёд шудани фарқияти иҷтимоӣ, яъне заёдшавии гуногунӣ дар он аст. Раванди зиёдшавии фарқияти иҷтимоӣ дар ҷомеа, ки амали байниҳамдигарии одамонро душвор мегардонд, аз ҷониби Г. Спенсер «тафриқабандии иҷтимоӣ» номида шудааст. Тафриқаи иҷтимоӣ – ин раванди тақсими меҳнат ва пайдоиши институтҳои тахассусёфтаи функсионалӣ мебошад. Дар ҳамаи ҷомеаҳо тақсимоти мақому нақшҳо вуҷуд дорад. Барои ҳамин аъзоёни ҷамъият дар дохили сохтори чамъият чунин таксим шудаанд, ки мавқеъи ҷамъиятиро ишғол намуда нақшҳои ба он мувофиқро ба иҷро мерасонанд. Ҳарчанд мавқеи иҷтимои дар сохтори ҷамъият аз ҳамдигар фарқ мекунад, аммо маънои онро надорад, ки дар муносибат бо якдигар онҳо бояд мавқеи муайянро ишгол намоянд. Масалан, мавқеи хурдсол ва кӯдак аз худи тафриқа дорад, аммо мавқеи яке аз дигаре боло нест, онҳо танҳо аз ҳам фарқ доранду халос. Пас, дар табақабандии иҷтимоӣ тафриқаи иҷтимоӣ дида мешавад на баракс. Ҷамъият натанҳо бениҳоят тафриқабанди шудаасту аз гуруҳҳои иҷтимоӣ, синфҳо, умумиятҳои зиёд иборат аст, балки аз ҳад иерархиякунонида шуда аст: баъзе табақаҳо нисбат ба дигарон ҳокимият ва боигарии зиёду як қатор бартарияту имтиёзҳои ошкор доранд.
2. Меъёрҳои ченкунии табақабандии иҷтимоӣ
Дар илм чандин меъёрҳои табақабандии иҷтимоӣ вуxуд дорад. Аввалин маротиба К. Маркс ва М. Вебер кӯшиш намуданд табиати ин зуҳуроти ҷамъиятиро илман асоснок намоянд. Барои К. Маркс сабаби ба синфҳо ҷудо шудани дар он аст, ки ҷамъияти сармоядорӣ тақсимоти иҷтимоии воситаҳои истеҳсолотро соҳиб ва идора менамояд. Синфи истисморкунанда ё сармоядорҳо ва қисме, ки мехнати хешро мефурӯшанд, ба истеҳсол машғуланд, аммо қисми муҳими ин истеҳсолоташон ба онҳо тааллуқ надорад. Синфи музлим истисморшаванда ё коргарон мебошанд. Умуман, К. Маркс асоси ба синфҳо ҷудо шудани ҷомеаро дар мувофиқ набудани манфиатҳои гурӯҳҳои одамон дидааст.Сотсиологи олмонӣ Р. Дарендорф дар маркази табақабандии иҷтимоӣ авторитет ё мақом (мафҳуми сиёсӣ) – ро гузоштааст. Ба андешаи Р. Дарендорф ҷомеаи муосир ба идоракунандагон ва идорашавандагон тақсим намудааст. Дар навбати худ идоракунандагон ба ду зергурӯҳ тақсим мешаванд:
1. Идоракунандагони хусусӣ – бюрократҳо;
2. Идоракунандагони ғайрихусусӣ – менеджерҳо.
Идорашавандагонро дар навбати худ ба идорашавандагони олӣ ё коргарони аристократ ва идорашавандагони поёнӣ ё коргарони оддӣ ҷудо шудаанд . Дар байни ин ду гурӯҳҳи идорашаввандагон ва идоракунадагон дар асоси омехташавии коргарони аристократ ва хизматчиёни синфи ҳукумрон (идоракунандагон ) синфи нави миёна пайдо мешавад.
Сотсиологи амрикоӣ Б. Борбер табақабандии ҷомеаро аз руи 6 нишондодҳо имконпазир донистааст:
1. Обрӯ, касб, ҳокимият ва кудратмандӣ;
2. Даромад ё сарват;
3. Маърифат ё дониш;
4. Дин ва этиқоди динӣ;
5. Вазъи волидон;
6. Мутааллиқ будан ба этноси муайян.
Сотсиологи франсуз А. Турен андеша дорад, ки дар ҷомеаи муосир тафриқаи иҷтимоӣ на аз обрӯ, мақом, ҳокимият ва ғайра, балки аз рӯи дастрасӣ доштан ба итилооот ба амал меояд. Мақоми ҳукумрониро он шахсоне ишғол менамоянд, ки итилооти зиёдро дар даст доранд.
М. Вебер бошад дар он ақида аст, ки табақабандии иҷтимоӣ ба ҳолати иқтисодӣ вобаста набуда, аз руи 3 – ченак ба вуҷуд меояд.
Синфҳо (ҳолати иқтисодӣ);
Статус (мақоми иҷтимоӣ);
Ҳизб (ҳокимият) .
Ин се ченак ба ҳам алоқаманд буда, аммо дар баъзе ҳолатҳо ба ҳам мувофиқ намеоянд. Масалан, фоҳишаҳо ва ҷинояткорон имконияти зиёди иқтисодӣ доранд, аммо соҳиби ҳокимият ва нуфуз нестанд, муаллимони мактаби олӣ нуфузи баланд доранд, аммо бо сарват ва ҳокимият на он қадар дастрасӣ дошта метавонанд. Баъзе аз шахсони расмӣ соҳиби ҳокимияти баланд мебошанд, аммо маоши баланд надоранд ва соҳиби нуфуз нестанд.
Дар ин ҷо табақаи иҷтимоиро аз руи се ченаки меъёрӣ: вазъи иқтисодӣ, ҳокимият ва мақеи иҷтимоӣ мавриди таҳлил қарор медиҳем.
Андозагири иқтисодии табакабандӣ бо воситаи сарват ва даромади иқтисодии одамон муаяйн карда мешавад. Боигарӣ – молу мулк ва пулест, ки одамон онро соҳибӣ намудаанд. Даромади иқтисодӣ микдори пулест, ки одамон ба даст меоранд. Масалан, шахс метавонад моликияти зиёди хусусӣ дошта бошад, аммо аз он даромади кам ба даст дорад. Ба ин категорияи одамон колексионерҳои сангҳои қиматбаҳо, намунаҳои санъати бадеӣ (расмҳои қимматбаҳо ва ғайра) дохил мешаванд. Дигар шахсоне ҳастанд, ки маоши баланд ва даромади калон доранд, аммо сарватманд нестанд.
Ҳокимият - ин тавоноии шахсони алоҳида ва гурӯҳҳои иҷтимоӣ, ки барои идоранамоии дигарон ва расидан ба ҳадафҳои худ нигаронида шудааст.
Асосҳои ҳокимият ба се гурӯҳи захираҳо ҷудо мешаванд:
o Маҷбурнамоӣ - захираҳое, ки тарафҳо дар мавриди зарурӣ ва дар вазъи муайян маҳдудкуниҳои навро истифода менамояд: ҷазо додан, ба моликият зарар расонидан, нобуд сохтан ва ғайра;
o Омилҳои ангезанда – захираҳое, ки аз як тараф имкон медиҳад вазъи нави бартаридоштаеро муҳайё намояд. Ба одамони кордон ва содиқ барои хизматҳояшон ҳолати хуби иҷтимоиро муҳайё менамоянд;
o Ҳокимият нерӯи муттаҳидкунанда ва боварнамоӣ дорад, зеро захираҳояш ба як тарф имкон медиҳад, ки андешаи одамонро тағйир диҳанд .
Аз ин хотир, соҳиби захираҳои моддию маънавӣ будан маънои ба одамон ҳукумронӣ карданро дорад. Соҳибони захираҳои муҳими ҷамъиятиро одамон ҳамчун воситаи қонеъсозии талаботҳои иҷтимоии хеш эҳтиром ва ҳифз менамоянд.
Статус (мавқеи иҷтимоӣ) захираест, ки бо воситаи қоидаҳо, ӯҳдадориҳо ва тарзи ҳаёти он дар иерархияҳо (зинахои мансаб) - и ҷамъияти амал менамоянд. Нуфуз, авторитет, обрӯ, эҳтироми ҷамъиятӣ ба статус (мавқеъ) - и муайяни иҷтимоӣ мувофиқ меояд. Дар ҳаёти ҳаррӯза инсон кӯшиш менамояд, ки нуфузи худро баланд бардорад. Барои ин урфу анъанаҳоро намоишкорона риоя ва иҷро менамояд ва зиндаги кардани худро намоиш медиҳад, ки ин аломатҳои нуфузи иҷтимоӣ мебошанд.
Мавқеи иҷтимоӣ бо шахс метавонад аз лаҳзаи таввалудаш новобаста аз сифати шахсии у тааллуқ дошта бошад. Мақоми иҷтимоӣ инчунин дар асоси ҷинс, синусол, алоқаҳои оилавӣ, баромади иҷтимоӣ ё дар асоси талош ва сифати шахси ҳангоми муборизаҳои рақибона ба даст оварда мешавад. Мақоми иҷтимоие, ки бо талошҳои шахси ба даст оварда мешавад, метавонад чунин бошад:
1. Таҳсил намудан дар мактабҳои бонуфузи олӣ;
2. Маълумот;
3. Ихтисос;
4. Никоҳи манфиатнок.
Дар чамъияти индустриалии Ғарб атрибутҳои зерин, мисли касби бонуфуз, соҳиби боигариҳои моддӣ будан, намуди зоҳири, тарзи либоспушӣ ва ғайраҳо нисбат бо баромади иҷтимоӣ омили муҳими статуси иҷтимоии шахсӣ мебошад. Статуси ҳаётии шахс мавқеи ӯро дар табақабандии амудӣ муайян месозад.
Мубориза барои мақоми иҷтимоӣ мақсади асосии одамон мебошад. Мақоми шахс вобаста ба муҳити иҷтимоие, ки дар он ҷо зиндагӣ менамояд, тағйир ёфта метавонад. Масалан, ҳолати мард дар гурӯҳи авлоди ҳолати ӯро дар ҷомеа муайн менамояд. Дар кабилаҳои Хитой ва Ҳинд мутаалиқ будан ба авлоди муайян маънои ҳукм доштан ба идоранамоии замин, сарват, маросимҳои динӣ ва статуси шахсиро дорад. Ё дар баъзе минтақаҳои Аврупо оҳангарон гурӯҳи пасти ҷамъиятӣ ҳисобида мешаванд. Дар бисёр кишварҳо макоми шахс вобаста ба шуҷоату матонаташон тагйир меёбад (тӯҳфаи қиматбаҳо додан, худқурбоннамоӣ ва гайра).
Барои ба даст овардани обрӯ ва нуфуз соҳиби ҳокимият ва сарват будан кифоягӣ наменамояд, балки онро манзури умум карда тавонистан лозим аст. Усулҳои самараноки нишон додани некӯаҳволиро ба андешаи А. А. Радугин чунин арзёбӣ намудан мумкин аст:
o Сарфи маблағи зиёд ба либоси қиматбаҳо, пӯшидани либосҳои мувофиқ ба муди замона, зеро зуд- зуд иваз намудани либосҳои қиматбаҳо ва мувофиқ ба муд аломати некуаҳволии шахс аст;
o Доштани автомобили қимматбаҳо.
Нуфузи аксарияти одамони замонавӣ даромад, намуди фаъолият ва тарзи зиндагии замонавӣ буда, тааллуқ доштан ба оилаи муйян ва сарватманд назар ба соли пеш аҳамияташро торафт гум мекунад. Ҳарчанд бисёриҳо пулро муҳимтар аз ҳама чиз медонанд, лекин айни замон тарзи зиндагӣ ва арзишҳои ба инсон тааллуқдошта барои доштани нуфуз аз ҳама муҳим аст.
3. Шаклҳо ва хелҳои табақабандии иҷтимоӣ
Табақабандии иҷтимои дорои як қатор хусусиятҳои хоси худ мебошад. Сотсиологҳо ду намуди низоми табақабандии иҷтимоиро махсус ҷудо менамоянд:Низоми пӯшидаи табақабандӣ - сохтори табақабандии иҷтимоиест, ки аъзоёни он бо мушкилиҳои зиёд мақоми иҷтимоии хешро тағйир медиҳанд. Масалан, низоми кастагии Ҳиндустон (то соли 1900 ба таври расмӣ шинохта мешуданд), ки одамони ин ё он табақа то охири умр мақоми иҷтимоии худро тағйир дода наметавонистанд. Дар маҷмӯъ 4-каста вуҷуд дошт:
o Браҳманҳо (3% аҳолӣ);
o Кшатриҳо(ҳарбиҳо) ва вайшаҳо (тоxирот) - 7% аҳолӣ;
o Шудраҳо (деҳконон ва косибон) - 70% аҳолӣ;
o Хариджанҳо (ахлотрубҳо, рубандагон, хукпарварон ва чармгарон) - 20% аҳолӣ.
Кастаҳои болои кастаҳои поёниро бадбинӣ, истисмор ва истисноқ менамуданд. Новобаста аз дастовардхои шахсиашон то ҳол дар баъзе минтақаҳои деҳоти Ҳиндустон каста тарзи зиндагӣ, хӯрокхӯрӣ, меҳнат, ҳатто ғамхорӣ ба занҳоро муайян менамоянд. Аммо табақабандии куллан сарбаста дар ҷомеа вуҷуд надорад. Сабаби ягона набудани нишонаҳои таввалуд ва марг дар кастаҳои гуногун, муборизаҳои тезу тунди байни кастаҳо, тарзи нави хоҷагидорӣ ва ғайра сарбастагии кастаҳоро аз байн мебарад. Дар табақабанди пӯшида шахс бо азобу мушкилоти зиёд, новобаста ба истеъдод, дастовардҳо ва сифатҳои шахсӣ аз як табақа ба табақаи дигар мегузарад.
Низоми табақабандии кушода - чунин сохтори иҷтимоиест, ки аъзоёни он бе мушкилии зиёд ва озодона мавқеи иҷтимоии хешро тағйир медиҳанд. Дар ин гуна низоми табакабанди вобаста ба кӯшиш ва қобилияту истеъдодашон фардҳои ҷамъиятӣ метавонад зинаҳои иҷтимоиро ба боло тай намоянд ё поён фароянд. Ҷомеаи муосир ба мутахассисоне, ки ҷараёнҳои мушкили сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиро идора карда метавонанд, ниёз дорад. Ин омил имкон медиҳад, ки фардҳо дар низоми табақабандии иҷтимоӣ озодона ҳаракат намоянд. Ин низом хоси ҷомеаи индустриалӣ ва постиндустриалии асри XXI буда, дар оянда ба арзиши глобализатсия табдил хохад ёфт.
4. Ҷойивазнамоии иҷтимоӣ (социальная мобильность)
Сохтори нисбатан устувори ҷомеа маънои онро надорад, ки дар дохили он ягон ҳаракату, тағйирот ва ивазшавии ҷою макон ба вуҷуд намеояд. Наслҳо аз байн мераванд ва ҷои онҳо, мақоми онҳоро дигарон мегиранд. Шаклҳои нави фаъолият, касбҳо ва мақомҳои иҷтимоии нав ба вуҷуд меоянд. Фард дар тӯли ҳаёт якчанд маротиба метавонад мавқеи иҷтимоии худро иваз кунад. Гузариши инсон аз ҳар як гурӯҳҳои иҷтимоӣ, синфҳо, табақаҳо ба дигар гурӯҳу синф ва табақаҳои иҷтимоӣ ҷойивазкунии иҷтимоӣ номида мешавад. Ҷойивазкунии иҷтимоӣ (социальная мобильность) тағйирёбии макон, мақом ва мавқеи фард ё гурӯҳи фардҳо дар сохтори иҷтимоӣ мебошад. Мафҳуми ҷойивазкунии иҷтимоиро аввалин маротиба соли 1927 П. А. Сорокин ба илми сотсиология ворид кардааст. ӯ зери ин мафҳум ҳама гуна тагйирёбии ҳолати иҷтимоӣ, аз ҷумла гузариши як шахсро аз як гурӯҳ ба гурӯҳи дигар дар назар дошт. Ду сабаби ҷойивазкунии иҷтимоӣ вуҷуд дорад:o Ҷамъият доимо дар тагйироту инкишоф аст, ҳар замон дигаргун мешавад. Дар ин раванд тақсимоти меҳнат низ тағйир ёфта, мақомҳои нави иҷтимоӣ пайдо гашта, мақомҳои пешинаро инкор мекунанд;
o Ҳарчанд элита низоми таълимотро монополия намояд ҳам, тақсимоти истеъдод ва қобилиятҳоро назорат карда наметавонад. Аз ин рӯ, табақаҳои болоӣ аз ҳисоби истеъдодҳо сафи худро пурра менамоянд.
Гузариши одамон дар муҳити иҷтимоӣ ҳам бо кӯшишу талоши онҳо ва ҳам бе хоҳиши шахсии онҳо сурат мегирад. Дар ҷомеа ««ғалбер» - е амал мекунад, ки фардҳоро мегузаронад. Ба баъзеҳо имконият медиҳад, ки ба боло бароянд ва дигаронро дар қабатҳои поёнӣ ҷойгир мекунад ва баръакс» . Дар баробари ин вазифаи «ғалбер» - ро институтҳои иҷтимоӣ (моликият, маориф, сиёсат ва ғ.), инчунин дигар механизмҳои иҷтимоӣ - маданӣ (субъкултура, соҳаи фаъолият, тарзи ҳаёт ва ғ.) иҷро мекунанд. Масалан, шахсе, ки маълумоти олиро соҳиб мегардад, имконияти соҳиб шудани мақоми баландтари иҷтимоиро дорад. Мавқеи муайяни иҷтимоиро соҳиб гашта, инсон бояд бо тарзи ҳаёт, фаъолият ва рафтори худ ба ин мақом ҷавобгӯ будани худро тасдиқ кунад. Вагарна, ӯ метавонад онро аз даст диҳад. Масалан, соҳибкори муфлисшуда маҷбур аст ба гурӯҳи коргарони кироя ворид шавад.
Ҷомашиносон шаклҳои гуногуни ҷойивазкунии иҷтимоиро нишон додаанд, ки муҳимтаринашонро шарҳ медиҳем.
o Ҷойивазкунии амудӣ (вертикалӣ) - тағйирёбии ҳолати иҷтимоӣ, ки фардро ба дараҷаи баланд бурда бурда мерасонад. Ҷойивазкунии амӯдии болораванда ва поёнраванда – гузариши шахс ва ё гурӯҳ аз як табақа ба табақаи дигари иҷтимоӣ. Масалан, шахс вазифаи баландтарро соҳиб мегардад, вазъи моддии худро беҳтар мегардонад, дар интихобот ғолиб дониста мешавад ва ғ. ё баръакс – кори бонуфузро аз даст медиҳад, корхонаи ӯро мебанданд, муфлис мешавад ва ё сохтмончӣ сармуҳандис мешавад ё ӯ ба ёрдамчии сохмончӣ табдил меёбад.
o Ҷойивазкунии уфуқӣ (горизонталӣ) - тагйироти ҳолати фард дар як дараҷаи иҷтимоӣ, ки мақоми иҷтимоии ӯ қариб тағйир намеёбад. Ҷойивазкунии уфуқӣ – гузариши шахс ё гурӯҳ дар доираи як табақаи иҷтимоӣ. Масалан, сохтмончӣ таъмиргари мошин мешавад. Аксарияти одамон дар ҳаёти худ чанд маротиба тагйири касб менамоянд, аммо мақоми иҷтимоияшонро тағйир дода наметавонанд. Ё ин ки деҳқон ба шаҳр кӯчида коргари корхонаи саноатӣ мегардад. Иваз намудани шаҳрвандӣ, дин, оиладоршавӣ ва талоқ низ намудҳои ҷойивазкунии уфуқӣ ба шумор мераванд;
o Ҷойивазкунии фардӣ – ҷойивазнамоии иҷтимоии шахси алоҳида дар муҳити иҷтимоӣ ба ин ва ё он самт ҷои худро иваз мекунад;
o Ҷойивазкунии гурӯҳӣ – гурӯҳҳои иҷтимоӣ, синфҳо ва табақаҳои иҷтимоӣ мавқеи иҷтимоии худро дар сохтори иҷтимоӣ иваз мекунанд. Масалан, колхозчиён соҳиби замин мегарданд ё ба сабаби аз кор мондани корхонаи абрешим коргарон ба дигар соҳаҳо ба кор мераванд;
o Ҷойивазкунии дохилинаслӣ – маънои онро дорад, ки инсон мавқеи худро дар низоми табақабандӣ тӯли ҳаёт тағйир медиҳад;
o Ҷойивазкунии байнинаслӣ – маънои онро дорад, ки фарзандон нисбат ба волидайн мавқеи баландро ишғол менамоянд ва ё баръакс. Ҷойивазкунии амудӣ ва уфуқӣ танҳо дар «ҷомеаи кушода» имконпазир аст, яъне дар низоме, ки он аз маҳдудиятҳои табақавӣ ва тоталитаризми сиёсӣ озод аст.
Гузариши гурӯҳҳои калони иҷтимоӣ дар вазъияти дигаргунсозии сохтори иқтисодӣ, бӯҳрони иҷтимоӣ - иқтисодӣ, ҷунбишҳои бузурги иҷтимоӣ - сиёсӣ (инқилоб, табаддулот ва ғ.) меафзоянд. Масалан, пас аз барҳам хӯрдани давлати абарқудрати шӯравӣ, ки низоми идоранамоии худро дошт. Чун ин низом аз байн рафт, мо дар тамоми муҳити пасошӯравӣ намуду шаклҳои гуногуни ҷойивазкуниро мушоҳида менамоем. Дар натиҷа синфҳо табақаҳо ва элитаи нав ба вуҷуд омаданд, айни замон низ ин раванд давом дорад.
Ивазнамоии мавқеъ (мақом) - и иҷтимоӣ кӯшишҳои зиёди шахсӣ ва гурӯҳиро талаб мекунад. Мақоми нав, нақши нав, муҳити иҷтимоӣ - мадании нав шарту қодаҳои худро дорад. Мутобиқшавӣ ба шароити нав, аксар маврид ба таври кулли самти зиндагиро тағйир медиҳад. Ғайр аз ин низоми нави иҷтимоӣ полояки худро дорад, ки «худиҳо» - ро яккачин карда мегирад ва «бегонаҳо» - ро рад мекунад. Баъзан, муҳити иҷтимоӣ - мадании худро аз даст дода, инсон ба дигар муҳит мутобиқ шуда наметавонад, яъне дар байни ду табақаи иҷтимоӣ, байни ду маданият «дармемонад». Масалан, соҳибкори хурд, ки даромади зиёд ба даст овардааст, кӯшиш мекунад, ки аз табақаи қаблии худ ба табақаи болотар барояд, аммо дар байни ин табақа ӯ бегона аст.
Оқибатҳои ҷойивазкунии иҷтимоиро олимон гуногун шарҳ медиҳанд. Қисме аз олимон ин боварианд, ки ҷойивазкунии амудӣ низоми синфии ҷомеаро вайрон намуда, ба якрангӣ ва аномияи фардию ҷамъиятӣ оварда мерасонад. Дигар гурӯҳи олимон андеша доранд, ки ҷойивазкунии амудӣ одамонро барои баланд бардоштани мақоми иҷтимоиашон ҳавасманд гардонида, ба ин васила рушди ҷомеаро таъмин менамоянд. Пас, аз тадқиқотҳои зиёд олимон ба хулосае омадан, ки дараҷаи тайёрии таълимӣ ва касбӣ, таъсири вазъи иқтисодии оила, таъсири волидон ва тарбиядиҳандагон ва кӯшишҳои худи фард барои аз ҷавонӣ барои ба даст овардани мақоми иҷтимоӣ заминаҳои тақдирсоз мебошанд. Зеро бозори меҳнат барои ҳамаи мутахассисони варзида ҳамеша кушода мебошад.
5. Низоми таърихии табақабандии иҷтимоӣ
Низоми таърихии табақабандии иҷтимоӣ низ гуногун арзёбӣ мешавад. Сотсиологҳо низомҳои зерини табақабандиро махсус қайд менамоянд :Ғуломӣ - аз ҷониби як гурӯҳи одамон одамони дигарро соҳибӣ намудан аст. Ғуломдорӣ - ин шакли аз ҳама мудҳиши нобаробарӣ, ки дар он як қисми одамон моликияти одамони дигар ҳастанд. Баъзан одамон аз ҳама ҳуқуқҳо марум мешаванд. Сабаби зерини ғуломдориро нишон медиҳанд:
Қудрати баргардондани қарзро надоштан;
Қонунвайронкунӣ, ки ҳукми қатлро ба ғуломӣ иваз менамуд;
Ҷангҳо.
Шароитҳои ғуломдорӣ низ дар минтақаҳои мухталиф буд. Дар баъзе мамлакатҳо ғуломӣ ҳолати муввақатии шахс ба ҳисоб мерафт. То муҳлати муайян дар хуҷаини худ кор карда, озод мешуданд. Юнониҳо пас аз ҳар як 50 сол ғуломи худро озод менамуданд. Дар Рими кадим ғуломҳо озодии худро харида метавонистанд. Дар баъзе мамлакатҳо ғуломҳо як умр ғулом монда, пас аз марг низ фарзандони онҳо ғулом боқӣ мемонданд. Дар Мексика фарзандони ғуломон озод буданд. Дар таърихи воқеаҳое вуҷуд дорад, ки ғулом соҳиби моли зиёд шуда, соҳибашро ба ғулом табдил додааст ё ба дараҷаи подшоҳӣ расидааст. Дар асри нав Авропоиҳо аз Африко сиёҳпустонро ба Америка оварда, ба ғуломи табдил додаанд. Онҳо бе иҷозати хуҷаинҳояшон ҳатто оиладор шуда наметавонистанд. Дар Амрико мактабҳои сиёҳпустон ва сафедпустон алоҳида буд. Ғуломдорон бо низоми қонунҳои худ мақоми ғуломро мустаҳкам намуда буданд.
Кастаҳо - низоми табақабандие, ки статуси иҷтимоӣ аз лаҳзаи таваллуд муайян шуда, то охири умр давом менамояд, яъне статуси иҷтимоии нонавиштаи фард аст. Новобаста аз дастовардҳои шахсӣ одамони табақи паст дар табақаи худ то охири умр мемонанд. Ҷамъият низ ин низомро муҳофизат намуда, никоҳи эндогамия - никоҳи дар дохили кастаҳоро муайян намудааст. Муносибати кастаҳоро аз рӯи меъёрҳо ва коидаҳои муайян сурат мегирифт. Мисоли равшан ин низоми каставии Ҳиндустон мебошад, ки то соли 1948 ба таври расмӣ вуҷуд дошт ва то ҳоло дар деҳотҷойҳо ин низом вуҷуд дорад. Лекин урбанизатсия (шаҳришавӣ) ва индустриализатсия (саноатикунонӣ) низоми каставиро вайрон карда истодаст.
Кланҳо (қавму қабила) - хоси ҷомеаҳои аграрӣ буда, мувофиқи он ҳар як фард ба мақоми иҷтимоии волидон ва авлодашон - кланҳо вобастагӣ дорад. Агар қавму авлоди фард мақоми баланд дошта бошад, пас он ба фард низ ба ин мақом тааллуқ дорад. Тамоми воситаю боигарихо дар байни аъзоёни кланҳо баробар тақсим мешаванд. Ин мақом аз лаҳзаи таввалуд то вафот ба фард тааллуқ дорад, аммо фарқи клан аз каста дар он зоҳир мешавад, ки аъзоёни кланҳо ба якдигар никоҳ баста ё муттахид шуда метавонанд. Индустрализатсия ва урбанизатсия сохтори кланҳоро низ вайрон карда истодааст. Масалан, клани амири Кувайт аз 250 одам иборат буд.
Синфҳо – ин гурӯҳи калони иҷтимоӣ аст, ки бо нақшҳои иҷтимоии хеш аз якдигар фарқ намуда, дар асоси манфиатҳои ичтимоиашон муттаҳид шудааст. Синф ин гурӯҳи калони иҷтимоиест, ки аз дигар гурӯҳи иҷтимоӣ бо меъёри дастрас намудани сарватҳои ҷамъиятӣ, ҳокимият ва нуфуз фарқ мекунад, аъзоёни он мақоми якхелаи иҷтимоӣ - иқтисодиро соҳиб мебошанд. В. И. Ленин синфро чунин таъриф додааст: «Синфҳо гуфта гурӯҳҳои калони одамонеро меноманд, ки аз ҷиҳати мақоми ишғолкардаашон дар системаи таърихан муайяни истеҳсолоти чамъиятӣ, аз чиҳати муносибаташон ба воситаҳои истеҳсолот, аз ҷиҳати нақше, ки дар ташкили иҷтимоии меҳнат мебозанд ва аз чиҳати тарзҳои гирифтани он ҳиссаи сарвати ҷамъиятӣ, ки онҳо дар ихтиёри худ доранд ва аз ҷиҳати миқдори он ҳиссаи сарвати ҷамъиятӣ аз якдигар фарқ мекунанд. Синфхо чунин гурӯҳҳои одамон мебошанд, ки бо сабаби дар сохти муайяни хоҷагии ҷамъиятӣ гуногун будани мақоми худашон яке аз он гурӯҳҳо метавонад меҳнати гурӯҳи дигарро азони худ кунад». Омили ба синфҳо ҷудошавии ҷамъиятро марксистон дар тақсими иҷтимоии меҳнат ва нобаробарии иҷтимоӣ дидаанд.
Аввалин шуда ҷамъиятро ба синфҳо олими иқтисодчии англис Адам Смит ҷудо кард. ӯ се синфро аз ҳам фарқ менамояд: заминдорон, капиталистон, истеъмолкунандагон. Асоси ин ҷудокунии синфҳо табиати иқтисодӣ дошт.
К. Маркс синфҳоро вобаста ба дастрасӣ ба воситахои истеҳсолот ба синфҳои хукумрон ё истисморкунда (ғуломдорон, феодалон, сармоядорон) ва синфҳои музлиму итоаткор (мисли коргарон) ҷудо намуда буд, ки доимо дар мубориза мебошад. Аз назари Маркс синф гурӯҳи одамон аст ва аз ҷиҳати муносибаташон ба воситаҳои истеҳсолот, ки ба воситаи он зиндагии худро таъмин мекунад, дар як дараҷа мебошад.
Барои М. Вебер синф - одамоненанд, ки дар вазъияти ягона қарор доранд, вазъияти якхелаи иқтисодиӣ доранд: касбу кори монанд, даромади яксон ва тақрибан вазъияти якхелаи моддӣ доранд. Пас, на манфиатҳои гуруҳӣ (фикри Маркс аст), балки мафиатҳои одамон, талошҳои онҳо барои роҳёбӣ ба бозор, дастрасӣ ба неъматҳо ва даромад сарчашмаи муборизаи синфианд .
Низоми синфӣ табақабандии кушода буда, ба пул ва моликияти хусусӣ такя менамояд. Тааллуқ доштан ба ин ё он синф аз лаҳзаи таввалуд оғоз мешавад, шахс мақоми волидайнашонро ишғол менамояд, аммо дар давоми зиндагӣ ин мақом вобаста ба дастовардҳои шахсӣ тағйир ёфта метавонад. Дар дохили синфҳо муносибатҳо ва никоҳи оилавии байни синфҳо манъ нашудааст. Низоми синфӣ ба ҷойивазкунии ҷомеа имконият медиҳад, ки ин ҳаракати макоми шахсро дар зинаҳои иҷтимоӣ таъмин менамояд. Нерӯи асосии баланд бардоштани ҳолати иҷтимоии синфҳо хуб хондан ва таълим гирифтан мебошад. Ҷомеашиносон синфҳои муосирро ба се намуд ҷудо кардаанд:
o Синфи болои олӣ дар ҷомеаи саноатӣ аз намояндагони сулолаҳои намоён ва сарватманд таркиб ёфтаанд. Масалан, дар Амрико 30% боигарии миллӣ ба 1% мулкдорони болоӣ тааллук доранд. Онҳо аз рақобат ва паст рафтани қурби асъор калавише нахурда, ба сиёсати иқтисодӣ ва ҳалли масоили сиёсӣ таъсири бузург мерасонанд;
o Синфи миёна кормандоне, ки роҳбарон, мансабдорони дараxҷаи миёна ва олӣ, инженерҳо, муаллимон ва соҳибони муассисаҳо, мағозаҳо ва фермаҳои хурд мебошанд. Қуллаи баланди синфи миёна мутахасисони сарватманд ва роҳбарони ширкатҳои бузург ҳастанд, ки ба синфи болоӣ (олӣ) омехта мешаванд;
o Синфи поён - дар ҷомеаи муосири саноатӣ аз синфи коргарон пурра мегардад, ки аз коргарони кирояи меҳнати ҷисмонӣ ва истеҳсолоти соҳаи иктисодӣ таркиб ёфтааст. Инчунин дар ин катор коргарони пастихтисос ва беихтисос, ки маоши ниҳоят паст мегиранд, дохил мешаванд. Синфи коргар зиндагии вазнин дошта, ба маълумоти оддӣ ва такмили шахсияти хеш дастрасӣ надоранд. Дар нимаи асри ХХ автоматикунонӣ ва компютеркунонии саноат, ҷудо шудани сектори истеҳсолӣ аз хизмат боиси бекормонии синфи коргар гардида, мақоми онҳоро боз паст фаровард.
Дар ҷомеаи тоҷик пас аз барҳам хӯрдани давлати Шӯравӣ низоми синфӣ (деҳқонон, коргарон, зиёиён) номуайян мондааст. Одамон ба ин машғулиятҳои гуногун саргарм мебошанд: мисли, кормандони истеҳсолот, соҳаи кишоварзӣ, фарҳанг, маориф, тиҷорат, соҳибкорӣ ва гайра. Тахминан дар сохтори иҷтимоии Тоҷикистон чунин синфҳоро ҷудо намудан мумкин аст:
1. Элитаи роҳбарикунанда (роҳбарону кормандони ҳокимияти давлатӣ, вазирон, раисони кумитаҳо, адвакату прокурорҳо ва диг);
2. Капиталистони нав - соҳибкорони сарватманд, тоҷирони бой, бонкирҳо, соҳибони бозорҳо ва диг.;
3. Зиёиён;
4. Коргарон;
5. Деҳқонон.
Ба синфи болоии ҷомеаи тоҷик доираи шахсон ва гурӯҳҳое дохил мешаванд, ки дар низоми идоракунии давлатӣ, иқтисодиёт ва сохторҳои қудратӣ мавқеи олӣ доранд. Синфи миёна дар ҷомеаи тоҷик то ҳол пурра ташаккул наёфтааст ва ҳамаги гурӯҳи камеро ташкил дода кафолати устувории ҷомеаро дода наметавонад. Ба синфи пасти 65 % - и аҳолии тоҷик мутаалиқ аст, мисли як қисми зиёиён, кормандони соҳаи тиҷорат, хизматрасонон, деҳқонон, бекорон, нафақахӯрон ва дигарон, ки торафт «маданияти қашшоқӣ (камбизоатӣ)» - ро ташаккул медиҳад.
6. Синфи миёна ва нақши он дар устувории ҷомеа
Бо тағйироти иҷтимоӣ, инқилоби илмӣ - техникӣ ва коммуникатсионӣ, имконпазир гардидани ҷойивазкунии иҷтимоӣ, паҳншавии арзишҳои глобализатсия раванди барқароршавии «табақаи миёна» - и нав, ки дар Ғарб онро «синфи миёна» низ меноманд, оғоз гардид. Синфи миёна зуҳуроти навин, мураккаб ва гуногунҷанба мебошад, ки дар асри ХХ ба вуҷуд омаду дар ҷамъият мақоми махсусро соҳиб гардид. Айни замон дар баъзе аз давлатҳои мутараққии ҷомеаи муосир ҳиссаи намояндагони синфи миёна то 60-70 % рафта мерасад. Ҳанӯз 2500 сол пеш Арастуи бузург пайғом дода буд, ки бояд синфи миёна ё афроди миёнаҳол такягоҳ ва пойгоҳи ҳукумату давлат қарор гирад.Дар ҷомеае, ки синфи болою поён вуҷуд дошта бошад, пас ҳатман ҳадди миёна ҳам ҷой дорад. Табақаи миёна ҳамаи он гурӯҳҳои мухталифе мебошанд, ки фазои иҷтимоии ҳудудҳои байни аз як тараф, элита ё сарватмандон ва аз тарафи дигар, камбизоатонро пур менамоянд. Меъёри тааллуқ доштан ба синфи миёна пеш аз ҳама сатҳи муайяни даромади иқтисодӣ, доштани моликияти хусусӣ, саводу маълумоти баланд, ки ба шахс барои ба даст овардани касб ва кори бонуфуз мусоидат намоянд, пешрафт дар касбу кор ва ҷойивазнамоии иҷтимоӣ мебошанд.
Синфи миёна намояндагони соҳаҳои гуногуни истеҳсолотро фаро мегиранд, ки тавассути таълимоти хуб, ихтисоси баланд, қобилияти мутобиқшавӣ ва дигар сифатҳои шахсӣ шароити хуби иқтисодиро соҳиб гаштанд. Нерӯи меҳнати ҷисмонӣ ва фикриашон «серхаридор» буда, аз «фурӯши» қувваи меҳнатӣ ва маҳорати касбии худ маблағи барои зиндагиашон кофиро дастрас мегардонад. Пайваста аз ҳисоби синфи болоӣ (ҳангоми нобарорӣ дар пеша ва касбу кор) ва синфи поёнӣ (талошҳои шабонарӯзӣ ва кӯшишҳои бобарор дар ихтисос ва ҷои кор) синфи миёна сафи худро пурра карда меистад. Мутахассисони боистеъдод, кормандони соҳаи маъмурӣ ва идоракунандаи сатҳи поёнӣ, соҳибкорон ва тоҷирони хурду миёна, менеҷерҳо, муҳандисон, кормандони соҳаи хизматрасонӣ ва ширкатҳои истеҳсолӣ, кормандони илмӣ ва техникӣ, сармоядорони хурди шаҳр ва деҳот, мисли баъзе деҳқонону фермерҳо ва баъзе аз доираи зиёиён аз зумраи намояндагони афзудаистодаи ин табақаи иҷтимоӣ маҳсуб мешаванд.
Мувофиқи назарияи Э. Райт аксарияти намояндагони синфи миёна мисли менедҷерон, мутахассисони баландихтисос, коргарони соҳаи хизматрасонӣ ва дигар «гиребонсафедон» бо ҳокимият ва синфи боло муносибатҳои наздики корӣ доранд. Чунин одамонро сармоядорон барои назорат намудани синфи коргар итстифода мебаранд, аз хизмати онҳо фоида ба даст меоранд, ба хотири «вафодорӣ» ва «садоқаташон» мукофоти арзанда ва маоши бештареро арзонӣ дошта, барои пешрафти шахсӣ ва болоравияшон дар зинаҳои хизматӣ ёрӣ мерасонанд. Ҳолатҳое мешаванд, ки намояндагони синфи миёна аз ин муносибатҳо моҳирона истифода бурда, шомили синфи болоӣ мегарданд ва ба сиёсати калон роҳ меёбанд. Бартарияти намояндагони синфи миёна дар шароитҳои тағйрёбанда пеш аз ҳама рақобтпазирӣ, мутобиқшавӣ баивазшавии технология, дар давоми ҳаёт чандин маротиба аз навомӯзӣ намудан ва такмили пешаю ихтисос мебошад.
Синфи миёна синфи ботаҳаммул ва пуштибони сиёсати давлат аст, воситаи беҳтарини бартараф намудани оқибати буҳрони иқтисодӣ, бекорӣ, паст гардонидани шиддати иҷтимоӣ мебошад. Ба шарофати синфи мазкур эҳтимолияти сар задани инқилобҳо, роҳпаймоиҳо, низоъҳои иҷтимоӣ кам мешавад. Барои устувории низоми иҷтимоӣ ва сиёсии давлат синфи миёна мусоидат менамудааст, зеро «талаботҳо»-и синфи миёна нисбатан камтар аст, намояндагони он бештар «ба кори худ» банд мебошанд бо қувваи худ ҳаёташонро ба таври мӯътадил пеш бурда метавонанд, сарбории давлат нестанд. Агар намояндагони синфи миёна ҳиссаи зиёди шаҳрвандонро ташкил диҳанд, он гоҳ ҳокимияти давлатӣ имкониятҳои бештареро пайдо менамояд, ки дархости табақоти дигари ниёзманди ҷомеаро дида бароянд. Илова ба ин, намояндагони синфи миёна бо сабаби ҳаёти мӯътадил доштанашон ба устувории низоми сиёсӣ ва ҳуқуқии ҷомеа ҳавасманд ҳастанд, барои нигоҳдошти сулҳу оромӣ ва дастгирии низоми сиёсии ҳукумрон кӯшишҳояшонро дареғ намедоранд.
Синфи миёна ҳам ба табақаи боло ва ҳам поён хеле наздик аст. Синфи боло аз хизмати онҳо самаранок истифода бурда, дар ивази маҳорат ва «садоқаташон» мукофоти арзандаеро арзонӣ медорад. Тавассути синфи миёна дар байни табақаҳои болоӣ ва поёнӣ робитаҳо барқарор шуда метавонанд. Баъдан, синфи миёна нуқтаҳои қутбии табақабандиро аз ҳам ҷудо намуда, эҳтимолияти бархӯрди синфҳои болоию поёниро бартараф менамояд.
Имрӯз баъзе аз ҷомеашиносони тоҷик ба ин андешаанд, ки дар ҷомеаи тоҷик ҳанӯз синфи миёна ташаккул наёфтааст, аммо таҳлилҳо ва мушоҳидаҳо собит месозанд, ки дар ҷомеаи мо синфи миёна ҷои худро пайдо намудааст, лекин бисёр заифу нотавон аст ва ҳар лаҳза онҳоро хатари ба табақаи камбизоат махлутшавӣ таҳдид намуда, шумораи намояндагони худро аз даст медиҳад. Барои ҷомеаи ҳуқуқбунёд ва демократияи солими Тоҷикистон синфи миёнаи солим лозим аст. Дар ҳолати дастгирии иқтисодию ҳуқуқӣ наёфтани синфи миёна ҷои намояндагони онро як қатор маргиналҳо ва аҳолии камбизоат гирифта, ба шиддати иҷтимоӣ, бекорӣ, афзудани сатҳи ҳуқуқвайронкуниҳо, ноустувории тартиботи ҷомеа ва нобаробариҳои иҷтимоӣ мусоидат менамоянд.
Ба андешаи мо барои ташаккулёбии синфи миёна амалӣ гаштани тадбирҳои зерин мусоидат менамоянд:
Ба воқеият табдил ёфтани озодии фаъолияти иқтисодии шаҳрвандон;
Воқеан ҳифз гардидани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, аз ҷумла кафолати ҳифзи моликияти хусусӣ (зеро кафолати воқеии ҳифзи моликияти хусусӣ шаҳрвандонро барои машғул шудан ба соҳибкории ватанӣ ҳавасманд мегардонад);
Ташкил ёфтани корхонаю ташкилотҳои хурду миёнаи истеҳсолию тиҷоратӣ ва хизматрасонӣ;
Таъмини шароитҳои имконпазир барои ба таври воқеӣ (на ҳисоботдиҳии расмӣ) ва объективӣ (дар доираи кулли шаҳрвандон) ҷараён гирифтани ҷойивазкунии амудии иҷтимоӣ;
Дуруст ба роҳ мондан ва мусоидат намудан ба сотсиализатсияи самараноки шаҳрвандон, аз ҷумла сотсиализатсияи ҳуқуқӣ, ки боиси баланд гардидани сатҳи шуур ва маданияти онҳо мегарданд (тавассути пурзур намудани низоми таълимот).
Комментарии (0)