Институтҳо ва ташкилотҳои иҷтимоӣ


Нақша:
1. Институтҳои иҷимоӣ: мафҳум ва намудҳо
2. Вазифаҳои институтҳои иҷтимоӣ
3. Оила ҳамчун институти иҷтимоӣ
4. Ҳуқуқ ҳамчун институти иҷтимоӣ



Мафҳумҳои калидӣ:
“Институти иҷтимоӣ”, “институткунонӣ”, “меъёро”, “арзишҳо”, “оила”, “ВАО”, “ҳуқуқ”, “маориф” ва ғайраҳо.

1. Институтҳои иҷимоӣ: мафҳум ва намудҳо
Институтҳои иҷтимоӣ ин он сутунҳое ҳастанд, ки бинои ҷамъиятро нигоҳ медоранд. Мафҳуми “институт” ба забонҳои аврупоӣ аз забони лотинӣ ворид шудааст: institғtғm - барпо (ташкил, муқаррар) кардан, бино кардан. Вобаста ба замон мафҳуми институт ду маъноро қабул кард – маънои маҳдуди техникӣ (номи муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ) ва маънои васеи иҷтимоӣ - маҷмӯи меъёрҳои ҳуқуқ дар хусуси доираи муайяни муносибатҳои иҷтимоӣ, масалан, институти никоҳ, институти таълимот, институти давлат. Яке аз якуминҳо шуда Торстейн Веблен дар хусуси институтҳои иҷтимоӣ «Назарияи синфи бекорхӯҷа» (1899) маълумот додааст.
Сотсиологҳо ин мафҳумро аз ҳуқуқшиносон қабул карданд ва маънои онро тағйир доданд. Вале, албатта маънои асосӣ - маҷмӯи меъёрҳое, ки соҳаи муайяни муносибатҳои ҷамъиятиро танзим мекунад, боқӣ монд. Институти иҷтимоӣ гуфта, шакли таърихан ташаккулёфтаи ташкили фаъолияти муштараки одамонро меноманд. Институти иҷтимоӣ -ин маҷмӯи меъёрҳо, қоидаҳо, рамзҳо, бовариҳо, арзишҳо, нақшҳо ва аломатҳои танзимдароварандаи доираи мухталифи фаъолияти муштараки одамон буда, тавассути он талаботҳои ҳаётан муҳими одамон қонеъ гардонида мешаванд. Тавассути институтҳои иҷтимоӣ алоқаҳо ва муносибатҳои иҷтимоӣ ботартиб, бонизом, расмӣ ва стандартӣ гардонида мешаванд. 
Чи хеле, ки маълум аст, ҳайвонот ба муҳит ба воситаи инстинкт (майли табиӣ, одат, хислат, ҳис) мутобиқ мешавад. Инстинкт ба ҳайвонот имкон медиҳад барои вуҷуд доштанаш мубориза баранд ва талаботҳои муҳими ҳаётии худро таъмин кунад. Одам қариб ҳамаи инстинктҳои худро гум кард, инстинктҳои боқимонда дар муҳити хатарнок ва тағйирёбанда ҳаёт ба сар бурдан на он қадар зиёд ёрдам мерасонанд. Нақши инстинктҳоро дар ҷамъиятӣ инсонӣ институтҳои иҷтимоӣ бозӣ мекунанд, ки натиҷаи эволютсияи мадании ҳазорсолаҳо мебошанд. Онҳо ҳам барои вуҷуд доштан, бомуваффақият зиндагӣ кардан ва мубориза бурдан ёрдам мерасонанд. Институти иҷтимоӣ фаъолияти муштараки одамонро ба роҳ монда, таъиноти асосиашон қонеъ гардонидани талаботҳои моддӣ ва маънавии одамон мебошад. Масалан, институти иқтисодиёт ба истеҳсолот, мубодилот, истеъмол ва хизматрасонӣ машғул аст ё институти маориф барои аз як насл ба насли дигар интиқол додани мероси фарҳангӣ хизмат мерасонад. Ҳоло дар илми сотсиология нишонаҳои зерини институтҳои иҷтимоӣ номбар карда мешаванд:
•    Тақсимоти аниқи вазифаҳо, ҳуқуқҳо ва ӯҳдадориҳо;
•    Тақсимоти меҳнат ва тахассусишавии иҷроиши вазифаҳо;
•    Танзимнамоии муносибатҳои иҷтимоӣ;
•    Мавҷудияти муассисаҳо ва ташкилотҳо (дар чорчӯбаи муассисаҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳо фаъолияти ин ё он институти иҷтимоӣ амалӣ мегардад);
•    Мавҷудияти воситаҳо ва захираҳои зарурӣ. 
Калимаи «институтсионализатсия» ба маънои мустаҳкам гардонидани таҷриба ё муносибатҳои ҷамъиятӣ ба сифати қонун ё меъёрҳои ҷамъиятиро дорад. Масалан, институткунонии ягон илм, масалан сотсиология, маънои қабул кардани стандартҳои давлатӣ ва қарорҳо, барпо кардани институтҳои таҳқиқотӣ, шӯъбаҳо, лабораторияҳо, дар назди доншгоҳҳо ва колледжҳо кушодани факултаҳо, шӯъбаҳо, кафедраҳои мувофиқ ва курсҳои тайёр кардани мутахассисони касбӣ, чоп кардани маҷаллаҳо, китобҳои илмӣ ва китобҳои дарсиро дорад. Институткунонии ҷомеа гуфта раванди батартибдарорӣ, расмикунонӣ ва стандартизатсияи муносибатҳо, алоқаҳо ва рафтору фаъолияти одамонро меноманд. Институткунонӣ раванди иҷтимоиест, ки дар рафти он одамон талаботҳои умумиҷамъиятии хешро дарк намуда, барои қонеъгардонии онҳо қоидаҳои муайяни устувори рафтору амалнамоиро кор карда баромада, кадрҳоро тайёр менамоянд ва захираҳои моддию маънавии ҷомеаро байни худ тақсим мекунанд. Талаботи бешумори одамон ва зарурати қонеъгардонии онҳо боиси институткунонии ҳаёти ҷомеа мегардад. 

2. Вазифаҳои институтҳои иҷтимоӣ.
Хусусияти асосии ҳамаи институтҳои иҷтимоӣ ин вазифаи онҳо мебошад. Вазифаи институтҳои иҷтимоӣ ин ҳамон фоидае мебошад, ки онҳо ба ҷамъият меоваранд. Калимаи «амал кардан»-и институт маънои ба ҷамъият фоида овардан аст ва баръакс, агар аз институт дар баробари фоида зиён ба амал ояд, ин гуна амалро дисфунксия меноманд. Барои мисол вазифаи институти таълимот ин тайёр кардани мутахассисони ҳаматарафа тараққиёфта мебошад. Вале агар вай аз ӯҳдаи вазифаи худ набарояд, агар таълимот бисёр суст ба роҳ монда шуда бошад, ҷамъият соҳиби мутахассисони касбӣ шуда наметавонад. Вазифаи институтҳои ҷамъиятӣ – таъмин (қонеъ) кардани талаботҳои муҳими ҳаётии коллективҳои одамон мебошад. Институтҳои иҷтимоӣ чунин талаботҳои бунёдии барои ҳама муҳимро қонеъ мегардонанд:
•    Талабот ба такрористеҳсолнамоии насл (институти оила ва никоҳ);
•    Талабот ба амният ва тартиботи иҷтимоӣ (институҳои сиёсӣ ва давлат);
•    Талабот дар хусуси ба даст даровардани воситаҳои зиндагӣ (институтҳои иқтисодӣ ва истеҳсолот);
•    Талабот барои ирсол кардани дониш, иҷтимоишавии насли наврас ва тайёрии кадрҳо (институти таълимот дар якҷоягӣ бо илм ва фарҳанг);
•    Талабот ба ҳали проблемаҳои маънавӣ (институти дин);
•    Талабот ба ҳали масъалаҳои ҳуқуқӣ (институти ҳуқуқ).
Намояндагони мактаби сотсиологии функсионализми иҷтимоӣ (Толкотт Парсонс ва дигарон) ҷомеаро аз маҷмӯи институтҳои иҷтимоӣ иборат дониста, рушди ҷомеаро ба амали самараноки институтҳои иҷтимоӣ вобаста медонанд. Сотсиологҳои машҳур Сиймур Мартин Липест ва Ҷорҷ Ландберг институтҳои иҷтимоиро вобаста ба вазифаҳояшон чунин тасниф менамоянд:
    Институти такрористеҳсолкунии аъзоёни ҷомеа (оила ва никоҳ бо иштироки давлат);
    Институти сотсиализатсия (оила, дин, маориф ва ВАО);
    Институти истеҳсолот ва тақсимот (иқтисодиёт, хизматрасонӣ ва оила);
    Институти назорат, танзим ва идораи рафтору фаъолияти одамон (сиёсат, ҳуқуқ, дин, оила);
Хангоме, ки талаботҳои иҷтимоии одамон тағйир меёбанд ва ба вазифаҳои институтҳои иҷтимоӣ мувофиқат намекунанд, боиси дисфунксияи институтҳо мегардад. Дар ин маврид мақсаду вазифаҳои институт номаълум гашта, нуфузи қаблиашро аз даст медиҳад, аммо фаъолияташро ба таври анъанавӣ нигоҳ медорад, ба манфиати шахсони алоҳида хизмат менамояд. Номувофиқатии фаъолияти институт ба паст шудани нақши хизматии он ва ба суистифода гардидани мақоми расмии институти иҷтимоӣ (ришвахурӣ) оварда мерасонад. Вазифа (функсия) ва дисфунксияи институти иҷтимоӣ метавонанд ошкор ва равшан бошанд, агар онҳо расман эълон шуда бошанд ва аз тарафи ҳама дарк шудаанд ва метавонанд ниҳонию зоҳирнашаванда (лотентный) бошанд. Ба вазифаҳои ошкор ва равшани мактаб ин саводнокӣ ва номаи камол, тайёрӣ ба мактаби олӣ, нақшаҳои касбиро омӯхтан, арзишҳои бунёдии ҷамъиятро аз худ кандан дохил мешаванд. Вале дар мактаб вазифаҳои зоҳирнашаванда ҳам ҷой доранд, мисли мавқеи муайяни иҷтимоиро доро шудан, алоқаҳои мустаҳками дӯстона бастан, дастгирӣ кардани хатмкунандагон дар мавриди дохил шудани онҳо ба бозори меҳнат. Хулоса, институтҳои иҷтимоӣ вазифаҳои ошкоро, кушод ва зоҳирнашаванда доранд. Вазифаҳои зоҳирнашаванда аз дисфункция бо он фарқ мекунанд, ки онҳо зарар намеоваранд. Онҳо нишон медиҳанд, ки аз ҳар як институт фоидаи бештареро, назар ба он ки расмӣ эълон шудааст, гирифтан мумкин аст.

3. Оила ҳамчун институти иҷтимоӣ 
Оила институти иҷтимоиест, ки аъзоёни он дар асоси никоҳ ва муносибатҳои хешутаборӣ-авлодӣ бо ҳам муттаҳид гашта, муштаракона зиндагӣ ва кору фаъолият мекунанд, ба фарзандон ғамхорӣ менамоянд ва ҳамаи аъзоёни оила дар бурду бохти ин гурӯҳ масъул мебошанд. Ба андешаи сотсиологи англис оила гурӯҳи хурди ҷамъиятиест, ки аъзоёни он якдигарро аз ҷиҳати иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ (психологӣ) дастгирӣ мекунанд. Оила - шакли ҳамзистии одамон дар доираи маҷмӯи меъёрҳои иҷтимоӣ, санксияҳо ва нaмунаи қоидаи рафтор мебошад, ки муносибатҳои байни ҳамсар, волидайн, фарзандон ва дигар хешовандони онҳоро ба танзим медарорад. Аъзоёни оила тавассути никоҳ, муносибатҳои хешу таборӣ ё фарзандон ба ҳам муттаҳид шуда, муштаракона зиндагӣ карда, кору фаъолият мекунанд ва ба фарзандон ғамхорӣ менамоянд. Оила ячейкаи аввалини ҷомеа, хишти нахустини бинои ҷомеа ва шакли ибтидоии ҳамзистии гурӯҳии одамон аст, ки такрористеҳсолкунии ҳаётро таъмин менамояд. 
    Бисёре аз ҷомеашиносон ба ин андешаанд, ки тӯли 40 - соли охир институти оила дар давлатҳои мутараққӣ ба бӯҳрони шадид гирифтор шудааст. Шумораи ҷавононе, ки дер ба муносибатҳои никоҳӣ ворид мешаванд ё умуман оиладор намегарданд, ботадриҷ зиёд мегарданд, шумораи талоқ меафзояд, шумораи тавлид кам мегардад. Аммо нисбати солҳои қаблӣ оилаҳое, ки дар асоси меҳру муҳаббат созмон меёбанд (на дар асоси манфиату ғаразҳо) хеле афзуда истодаанд. Оила ин ягона институти муҳимтарини иҷтимоӣ ва гурӯҳе ҳаст, ки инсон аз таваллуд то ба охири зиндагиаш дар он мемонад. 

Намудҳои оила:

    Оилаи нуклеарӣ-оилае, ки аъзоёни он зану шавҳар ва фарзандон мебошад;
    Оилаи васеъ (анъанавӣ ё хонавода)-оилае, ки дар он якчанд насл зиндагӣ мекунад;
    Патрилокалӣ-ҳамсарони ҷавон пас аз никоҳ дар хонаи волидони мард зиндагӣ мекунанд;
    Матрилокалӣ- ҳамсарони ҷавон пас аз никоҳ дар хонаи волидони зан зиндагӣ мекунанд;
    Неолокалӣ-ҳамсарон аз оилаи волидон берун зиндагӣ мекунанд;
    Патриархалӣ-оиларо мард роҳбарӣ мекунад;
    Матриархалӣ-оиларо зан роҳбарӣ мекунад;
    Эгалитарӣ-баробарии зану мард дар оила.
Никоҳ-шакли таърихан тағйирёфтаи муносибатҳои иҷтимоии зану мардро меноманд, ки ҷамъият ҳамзистии ҷинсии онҳоро ба тартиб дароварда, ҳуқуқу ӯҳдадориҳои оилавии онҳоро муайян менамояд. Барои интихоби ҳамсар аз ду роҳ истифода мебаранд:
    Эндогамия-қоидаест, ки никоҳ дар дохили гурӯҳи муайяни иҷтимоӣ (дар доираи синф, табақа, каста, миллат, мақоми иҷтимоӣ, мисли эшонзодаҳо ва ғайра ) сурат мегирад.; 
    Экзогамия-никоҳ берун аз гурӯҳи муайяни иҷтимоӣ низ мумкин аст (никоҳи сарватманду қашшоқ, никоҳи байни миллатҳо ва ғайра).
Никоҳи хешутаборӣ то ҳол устувор мондааст. Умуман, дар асоси таҳлилҳои маводҳои мавҷуда чунин сабабҳои ҷой доштани никоҳи хешутабориро дар Тоҷикистон нишон додан мумкин аст:
1.    Ҳифзи моликият дар доираи хешу табор ва авлод;
2.    Аз сабаби муносибатҳои наздики хешутаборӣ ба ҳам унс гирифтани писар ва духтари ҷавон;
3.    “Бегона накардан”-и духтари зебо ё писари “кордон”;
4.    Мустаҳкам кардани муносибатҳои хешутаборӣ (дар бештари ҳолат баръакс мешавад);
5.    Анъанаи авлод ва ё маҳал;
6.    Нигоҳ доштани мақоми иҷтимоӣ ва ё вайрон накардани “хун” ё генҳо, махсусан дар байни онҳое, ки худро эшонзода ё “авлоди махсус” медонанд ва ғайраҳо.
Тибқи оморҳои расмӣ 50 дарсади кӯдаконе, ки дар пайи издивоҷи хешутаборӣ ба дунё меоянд, мубталои бемориҳои мухталифи ирсӣ ҳастанд ва танҳо 25 дарсади онҳо солиманд. 25 дарсади кӯдакони ин гуна хонаводаҳо, гирифтори бемориҳои модарзодӣ ҳастанд . То 80 дарсади кӯдакони маъюб дар хонаводаҳое ба дунё меоянд, ки издивоҷи хешутаборӣ доранд. Ва 15 дарсади хурдсолоне, ки аз бемориҳои мухталиф ҷон медиҳанд, низ аз никоҳҳои хешутаборӣ зода мешаванд . 
Намудҳои никоҳ:
    Моногамия-никоҳи байни як зану як мард;
    Полигамия-никоҳи байни як мард ва ду зиёда зан (мисол, дар дини Ислом);
    Полиандрия-никоҳи байни як зан ва ду зиёда мард(мисол, қабилаи Тодаси дар Ҳиндустон);
    Никоҳи гурӯҳӣ- никоҳи ду ва зиёда мард бо ду ва зиёда зан (мисол, қабилаҳои ҷангалҳои Бразилия, қабилаҳои ҷазираи Маркизи ҷануби Уқёнуси Ором, қабилаҳои чужчаи Сибир дар Русия ва ғайра). Шоҳ Сулаймон 700 зан дошт.
Оила дар ҷомеа як қатор функсияҳои муҳимро иҷро менамояд. Сотсиологҳо чунин вазифаҳои асосии ба ҳама гуна оилаҳо хосро махсус қайд намудаанд:
1.    Идомаи насл ё вазифаи репродуктивӣ (репродкусия калимаи лотинӣ, маънояш аз нав истеҳсол кардан ё сохтан аст) - функсияи асосии ҳама гуна оилаҳо ба ҳисоб меравад. Агар ҷомеа хоҳад мавҷудияти хешро ҳифз намояд бояд одамони навро истеҳсол намояд. 
2.    Сотсиализатсия - оила ба фарзандон қоидаҳои рафтор, ҳамзистии осоиштаи муштарак ва маданияти ҳукмрони ҷомеаро меомӯзонанд. 
3.    Ғамхорӣ, ҳифз ва дастгирии маънавӣ. 
4.    Додани мақом (статус) - и иҷтимоӣ- оила ба кадом синф, табақаҳо, миллат ва дине, ки тааллуқ дошта бошад эҳтимолияти зиёд аст, ки аъзоёни нави он низ он мавқею статусро ишғол менамояд. 
5.    Танзими муносибатҳои шаҳвонӣ -меъёрҳои ахлоқӣ ва умуман ҷомеа чунин сохта шудааст, ки муносибатҳои шаҳвони марду зан ва тавлиди фарзандро танҳо дар оила ва никоҳ иҷозат медиҳад. 
6.    Вазифаи хоҷагидорю иқтисодӣ - бурдани хоҷагии хона, тартиб додан ва истифодаи буҷаи оила, масъалаи тақсимоти меҳнат дар хона, дастгирӣ ва мадад ба кӯҳансолону маъюбон дар оила, ташкили истеъмоли оилавӣ ва ғайра.
Дар илм давраҳои махсуси ҳаёти оиларо қайд менамоянд: 
1)    Пайдоиши оила тавассути никоҳ;
2)    То ба дунё омадани фарзандон; 
3)    Оила дар ҳайати волидону фарзандон; 
4)    Фарзандонро ба оилаи мустақил ҷудо кардан; 
5)    Барҳамхурии оила баъд аз фавти яке аз ҳамсарон.
Ба ақидаи мутахассисон низоъҳои оилавӣ бо сабабҳои зерин сар мезананд:
    Низоъ барои нақши оилавӣ;
    Низоъ барои хиёнати як тараф;
    Низоъ барои моликияти оилавӣ.
Агар низоъҳои оилавӣ шиддат гиранд, роҳи ниҳоии ҳалли онҳо талоқ мебошад. Тибқи иттиллои расмии мақомоти Тоҷикистон, дар соли 2013 беш аз 6000 хонаводаҳои тоҷик баъди ду се моҳи зиндагӣ аз ҳам ҷудо шудаанд.

4. Ҳуқуқ ҳамчун институти иҷтимоӣ
Дар байни институтҳои иҷтимоӣ нақш ва аҳамияти институти ҳуқуқ бағоят бузург аст. Табиати иҷтимоии ҳуқуқ дар он зоҳир мегардад, ки муносибатҳои ҳуқуқӣ аз муносибатҳои байни одамон бармеоянд, сарчашмаи пайдоиши муносибатҳои ҳуқуқӣ худи одамон мебошанд ва аз ҳама муҳимаш доираи амали ҳуқуқ худи ҷомеа мебошад. Ҳуқуқ табиати иҷтимоӣ дорад ва пеш аз ҳама қоидаи ҳатмии рафтори одамон аст. Аз тарафи давлат меъёрҳои он муайян, муқаррар ва тасдиқ карда шуда, муносибатҳои муҳими ҷамъиятиро ба танзим медарорад. Ҳуқуқ кафили тартибот ва устувории ҷомеа, воситаи танзимнамоии муносибатҳои иҷтимоӣ ва механизми самараноки назорати рафтори иҷтимоии аъзоёни ҷомеа мебошад.
Амали самараноки ҳуқуқ дар ҷомеа пеш аз ҳама ба сатҳи ташаккули шуур ва маданияти ҳуқуқии шаҳрвандон алоқамандии зич дорад. Шуури ҳуқуқӣ ҳамчун ҷӯзъи шуури ҷамъиятӣ аз маҷмӯи донишҳои ҳуқуқӣ иборат мебошад. Барои он, ки одамон озодона бо ҳам муносибат намоянд ё манфиату ҳуқуқҳои худро ҳимоя карда тавонанд, бояд меъёрҳои ҳуқуқиро донанд. Маданияти ҳуқуқӣ бошад мафҳуми васеътар ва пурмазмунтар мебошад. Зери мафҳуми «маданияти ҳуқуқӣ» пеш аз ҳама маҷмӯи донишҳо, арзишҳо ва рафтори ҳуқуқии шахс фаҳмида мешавад. Шуур ва маданияти ҳуқуқии ҷомеаро шахс тавассути иҷтимоишавии ҳуқуқӣ аз худ менамояд. Иҷтимоишавӣ ҳуқуқи як намуди асосии иҷтимоишавии шахс ва раванди иҷтимоиест, ки фард тавассути он меъёрҳо ва арзишҳои ҳуқуқӣ, қонун ва санадҳои меъёри ҳуқуқии ҷомеаи мушаххасро меомeзад. Ба иҷтимоишавии шахс нигилизми ҳуқуқӣ таъсири манфӣ мерасонад. Нигилизми ҳуқуқӣ маънои нобоварӣ ба амали одилонаи ҳуқуқ, шак овардан ба нерӯи бузурги ҳуқуқ ва бовар накардан ба адолати ҳуқуқӣ мебошад. Дар ҳақиқат, имрӯз дар ҷомеаи мо чунин афрод вуҷуд доранд. Онҳо ба ин андешаанд, ки гӯё қонун фақат барои табақаи поёнӣ амал менамояд. Ин гуна тасавурот дар бораи ҳуқуқ ва санадҳои меъёрӣ - ҳуқуқӣ боварии мардумро ба ҳуқуқ ва объективияти қонунҳо коста мегардонад. Боиси гум шудани майл ва кӯшиши шаҳрвандон барои омӯхтани санадҳои ҳуқуқӣ мегардад. Дар натиҷа шахсони алоҳидаи масъул аз шуур ва маданияти пасти шаҳрвандон истифода бурда, даст ба суистифодаи мансаб, фасод ва дигар амалҳои ғайриқонунӣ мезананд.Ташаккул додани маданият ва шуури ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон амри зарурӣ ва зарурияти ногузири воқеяити имрӯза аст. То сатҳи шуур ва маданияти ҳуқуқии шаҳрвандонамонро боло набардорем, ҳеҷ гоҳ ҷомеаи ҳуқуқбунёду шаҳрвандиро бунёд намуда наметавонем.
Ҳуқуқ пеш аз ҳама институти иҷтимоӣ буда, иҷрои як қатор вазифаҳои иҷтиморо ба зима дорад. Мафҳуми «вазифаҳои ҳуқуқ» дар мадди аввал ифодагари таъиноти иҷтимоии ҳуқуқ, самти таъсиррасонии ҳуқуқ ба муносибатҳои иҷтимоӣ ва нақши ҳуқуқ дар ҳаёти иҷтимоии ҷомеа мебошад. Ҷомеашиносон чунин вазифаҳои иҷтимоии институти ҳуқуқро махсус қайд менамоянд:
    Танзимнамоӣ;
    Идоранамоӣ;
    Назоратнамоӣ;
    Иҷтимоишавӣ;
    Коммуникатсия;
    Ҷойивазнамоии иҷтимоӣ;
    Муттаҳиднамоӣ ва ғ.
Вазифаи калидии иҷтимоии ҳуқуқ танзимнамоии муносибатҳои иҷтимоӣ мебошад, ки барои ташкилу батартибдарории муносибатҳои иҷтимоӣ нигаронида шудааст. Танзими муносибатҳои иҷтимоӣ маънои муайян намудани ҳудудҳои рафтору амали одамонро ва гурӯҳҳои иҷтимоӣ, нишон додани мақсаднокӣ ва роҳи фаъолияти иҷтимоиро дорад. Дар ҳаёти иҷтимоии ҳар як ҷомеа танзимгароне зиёде вуҷуд доранд, ки баробари ҳуқуқ амал менамоянд (мисли, меъёрҳои динӣ, ахлоқӣ ва унсурҳои маданият), аммо одамон дар мавридҳои маҷбурӣ ва зарурати ногузир маҳз ба ҳуқуқ такя менамоянд. Зеро ҳуқуқ нисбати дигар танзимгарони иҷтимоӣ як қатор бартариятҳо дорад. Аз як тараф, меъёрҳои ҳуқуқӣ танҳо дар ҳолатҳои махсус низоъҳо ва зиддиятҳои иҷтимоӣ ва дар ҳолате, ки дигар танзимгарони муносибатҳои иҷтимоӣ дар танзими муносибатҳои иҷтимоӣ оҷиз мемонанд, амал менамоянд, аз тарафи дигар, дар мавриди лозима аз дастгирии мақомоти қудратӣ (суд, прократура, милитсия ва ғайра) ва зӯроварии давлатӣ таъмин мебошанд. Дар ин гуна ҳолат нишондодҳои ҳуқуқӣ ба таҳдиди ҷазо субъектҳои мносибатҳои иҷтимоиро водор месозад, ки мувофиқ ба манфиатҳои умум рафтор намоянд. Дар натиҷа таритиботи вайроншуда барқарор мешавад. 
Барои эъмори ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва шаҳрвандӣ низоми пурзӯри танзимнамоӣ ва назорати иҷтимоӣ, ки институти асосии онро на сиёсат, балки ҳуқуқ ташкил диҳад, хеле лозим аст. Барои амали самараноки ҳуқуқ ҳамчун институти иҷтимоӣ ва иҷроиши мӯътадили вазифаҳои иҷтимоии он дар шароити кунунии кишварамон чунин омилҳо мусоидат менамоянд:
•    Таъмини волоияти ҳуқуқ;
•    Бартараф намудани номувофиқатҳо ва зиддиятҳои дохилии санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқӣ;
•    Баланд бардоштани ҷаҳонбинӣ, сатҳи шуур ва маданияти ҳуқуқии шаҳрвандон тавассути пурзӯр гардонидани низоми иҷтимоишавии ҳуқуқӣ;
•    Паст намудани шиддати нобаробариҳои иҷтимоӣ;
•    Фароҳам овардани шароити зарурӣ барои ҷойивазнамоии иҷтимоии тамоми табақаҳои аҳолӣ, махсусан барои ҷавонон;
•    Андешидани тадбирҳои зарурӣ барои зиёд шудани намояндагони синфи миёна ва ғ.

Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив