Таърихи пайдоиш ва инкишофи илми сотсиология


Нақша:
1. Заминаҳои пайдоиши илми сотсиология  13
2. Классикони сотсиологияи илмӣ  14
а) ОгюстКонт – асосгузори илми сотсиология (Шоев К) 14
б) Таълимоти сотсиологии Герберт Спенсер  15
в) Таълимоти сотсиологии Эмил Дюркгейм   16
г) Таълимоти сотсиологии К. Маркс  17
д) Таълимоти сотсиологии Макс Вебер  17
е) Питирим Сорокин  18


Мафҳумҳои калидӣ:
Пайдоиши сотсиология“Динамикаи иҷтимоӣ”, “статикаи иҷтимоӣ”, “далелҳои иҷтимоӣ”, “дарвинизми иҷтимоӣ”, “Хамгироии механикӣ ва органикӣ”, “типи идеалӣ”, “боюрократия”, “табақабандии иҷтимоӣ”, “Ыойивазкунии иҷтимоӣ” ва ѓайраҳо
  1. Заминаҳои пайдоиши илми сотсиология
Барқароршавии илми сотсиология давраи дуру дарози таърихӣ дорад, чунки кӯшишҳои дарк намудани характери сохтори ҷамъиятӣ, ба инсоният ҳанӯз дар ибтидои инкишофаш хос буд. Инкишофи таълимот дар бораи ҳаёти ҷамъиятиро мо дар Юнони қадим дар асарҳои Афлотун ва Арасту дарёфт мекунем. Афлотун диққати худро ба таҳлили табақаҳои зеринро равона мекунад: «файласуфон» - е, ки давлатро идора мекунанд (ҳокимӣ мекунанд), «сарбозон», ки ҷанговаранд, «косибон», ки шахсони озод ва ѓуломон мебошанд. 
Дар давраи эҳё масъалаи муносибатҳои инсонҳоро дар ҷомеа Т. Мор, Н. Макиавеллӣ, М. Монтен дида баромадаанд. Ин масъала нисбатан хубтар дар замони нав, дар асарҳои Ж. Ж. Руссо, Д. Дидро, Т. Гоббс ва дигарон мавриди омӯзиш қарор гирифтааст. Диққати махсусро, хусусан, асарҳои Ш. Монтескё ҷалб мекунад. Монтескё чи гуна тамаддунҳо мустаҳкам мешаванд, ба авҷи аълои худ мерасанд ва аз байн мераванд, дида мебарояд. Дар асараш «Оиди рӯҳи қонунҳо» (1748) ӯ рафтори инсонро дар сохтори ҷомеа шарҳ додаст. Аз нуқтаи назари сотсиология беҳтарин идеяе, ки Монтескё пешниҳод намудааст, принсипи тақсимоти ҳокимият дар давлати буржуазӣ - демократӣ мебошад.
Сотсиология ҳамчун дониши илмӣ замоне ба вуҷуд омад, ки тарзи зиндагии муқаррарии мардум ба шароитҳои нави иҷтимоӣ рост намеомад. Умуман, ба вуҷуд омадани сотсиология ҳамчун илми нав дар бораи ҷомеа ин тарзи ҳаёт, робитаҳои рӯзмара миёни одамон, ки аз рӯйи анъана буданд, таѓйир ёфт, аз нав тақсимкунии ҳокимият ба вуҷуд омад ва низоми идоракунии иҷтимоӣ душвор гашт. Фикру андешаҳое, ки нисбати инсон ва сохтори иҷтимоӣ вуҷуд дошт, зери омӯзиши дубора қарор гирифт. Дар ин айём тадқиқотҳои зиёди амалӣ (эмпирикӣ) дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа оѓоз шуданд.
Яке аз аввалинҳое, ки истифодабарии усулҳои илмҳои табиатшиносиро барои дарки хаёти ҷомеа ҷонибдорӣ мекард, файласуфу муаррихи франсавӣ Клод Анри де Сен - Симон (1760 - 1825) буд. Сен - Симон ва Конт «Нақшаи корҳои барои аз нав ташкилкунии ҷамеа зарур» - ро омода сохтанд. Идеяи асосии ин нақша он буд, ки бояд илме ташкил кард, ки ба мушоҳидаҳои объективӣ асос ёбад ва мувофиқи усулҳои илмҳои табиатшиносӣ, хусусан, физика кор карда шавад. Сараввал илми навро дар бораи ҷомеа Конт физикаи иҷтимоӣ ном гузошт. Ба монанди қисматҳои физика Конт ин илмро ба «статикаи иҷтимоӣ» ва «динамикаи иҷтимоӣ» ҷудо кард. Баъдтар дар соли 1839 Конт дар ҷилди чоруми асари шашҷилдаи худ «Курси фалсафаи позитивӣ» ба ҷои мафҳуми физикаи ичтимоӣ мафҳуми нав – сотсиологияро истифода кард. Сабаби иваз кардани мафҳуми физикаи иҷтимоӣ он буд, ки асосгузори омор, математик ва физики белгиягӣ А. Кетле (1796 - 1874) дар асараш «Физикаи иҷтимоӣ ва ё таҷрибаи тадқиқи қобилиятҳои инсон» физикаи иҷтимоиро танҳо ба тадқиқи омории ҳаёти ҷамъиятӣ мансуб медонад. Пас аз он, ки ҷомеашиносон кӯшиш намуданд ҷомеаро ба воситаи усулҳои илмӣ (намунаи ин дар илмҳои табиатшиносӣ истифода мешуд) омӯзанд, сотсиология ҳамчун илми мустақили ҷомеашиносӣ ба вуҷуд омад. 
2. Классикони сотсиологияи илмӣ
а) ОгюстКонт – асосгузори илми сотсиология (Шоев К)
Огюст Конт (1798 – 1857) сотсиолог ва файласуфи франсавӣ, дар илм ҳамчун асосгузори сотсиология ва фалсафаи позитивӣ этироф шудааст. Ба ақидаи ӯ илми ҳақиқӣ бояд аз масъалаҳои ҳалнопазире, ки онҳоро дар асоси далелҳо на рад ва на исбот кардан мумкин аст, даст кашад. Ба андешаи ӯ танҳо он илме дар амал фоида меорад, ки ҳуқуқи вуҷуд доштанро дорад ва ҷонибдори таҳқиқи пайвастагии далелҳои иҷтимоӣ мебошад. ӯ кӯшиш мекард, ки равиши ақлониеро барои омӯхтани ҷомеа кор карда барояд, ки ба мушоҳида ва таҷриба асос ёбад. Асари машҳуртарини О. Конт асари шашҷилдае бо номи «Курси фалсафаи позитивӣ» мебошад. 
Ба андешаи О. Конт сотсиология ягона илмест, ки ошкор кардани қонунҳои умумии инкишоф ва амалкунии ҷомеа, ки аз қонунҳои табиат ҷудонашавандаанд, равона шудааст ва сотсиология ба воситаи чор усул: мушоҳида, эксперимент, муқоиса ва усули таърихӣ омӯзишро ба роҳ мемонад. Мафҳуми «позитивизм» - ро худи Конт дар панҷ маъно медид: ҳақиқӣ, фоиданок, дуруст, дақиқ ва ташкилкунанда. 
Сотсиологияи позитивии Конт аз 2 таълимоти асосӣ иборат буд:
  1. Статикаи иҷтимоӣ; 
  2. Динамикаи иҷтимоӣ.
Статикаи иҷтимоӣ муносибатҳои миёни институтҳои иҷтимоиро ошкор менамояд. Мувофиқи ақидаи Конт дар ҷомеа ба монанди ҷисм (организм) - и зинда қисмҳои алоҳида байни ҳам ҳамоҳанг шудаанд. Қонуни дохилии статикаи иҷтимоиро вай тартибот медонист. Барои таҳлили тартибот мафҳуми ҳамфикрӣ ва ҳамдигарфаҳмиро истифода мебурд. 
Динамикаи иҷтимоӣ бошад ҷамъиятро дар таѓйирот ва инкишоф меомӯзад. Омӯзиши динамикаи иҷтимоӣ зарур аст, чунки он ба ислоҳотҳо мусоидат менамояд ва барои таҳқиқи таѓйиротҳои муқаррарие, ки ҳангоми пошхӯрӣ ва ё аз нав ҷобаҷокунии сохтори иҷтимоӣ ба вуҷуд меояд, кӯмак мерасонад. Қонуни дохили динамикаи иҷтмоӣ прогресс аст. Прогресс фақат барои ҷамъияти инсонӣ хос аст. 
Инкишофи ҷомеа ба андешаи Конт ин натиҷаи «Қонуни се зина» мебошад. Конт чунин меҳисобид, ки инкишофи ҷомеа ин гузариш аз як зинаи инкишоф ба зинаи дигар аст: теологӣ, метафизикӣ, позитивӣЗинаи теологӣ то соли 1300 давом дошт. Дар ин зина тамоми зуҳуротҳо ҳамчун натиҷаи таъсири қувваҳои фавқуттабиӣ дида баромада мешуданд. Аммо қонунҳои инкишофи ақлро манъ кардан номумкин аст ва онҳо низоми пешинаро аз байн мебаранд. Аз байн бурдани тартиботи кӯҳна марҳилаи муайянро дар бар мегирад, ки Конт онро ҳамчун зинаи метафизикии инкишофи ҷомеа, яъне зинаи аз байн рафтани тартиботи пешинаи ҷамъиятӣ муайян намудааст. Зинаи метафизикӣ аз соли 1300 то 1800 давом дошт. «Рӯҳи метафизикӣ» ин изҳори шубҳа, худхоҳӣ, вайроншавии ахлоқӣ ва бетартибии сиёсӣ мебошад. Ин ҳолати ѓайримуқаррарии ҷомеа мебошад. Барои баргардонидани ҳолати муқаррарӣ ба ҷомеа идеологияи муттаҳидсозандае зарур аст, ки бо рафти инкишофи дониши илмӣ беҳтар шудан мегирад. Ин гуна дониш позитивизм мебошад. Барои ҳамин зинаи минбаъда позитивистӣ ном дорад. Дар ҷомеаи нав бояд ба ҷои худхоҳӣ ѓамхорӣ (инсондӯстӣ), баланд рафтани ҳисиётҳои иҷтимоӣ, мустаҳкам шудани тартибот ва сулҳи иҷтимоӣ, гузариш аз ҷомеаи ҳарбӣ ба низоми ташаккулёфтаи саноатӣ ба миён ояд. Аммо аз сабабе, ки дар он ҷиҳатҳои манфӣ боқӣ мемонанд, вазифаи илм тоза кардани онҳо аст. 
б) Таълимоти сотсиологии Герберт Спенсер      
Герберт Спенсер (1820 – 1903) яке аз бузургтарин донишманди англис мебошад, ки таълимоти худро оиди таҳаввулоти иҷтимоӣ пешниҳод намуда, дар илми сотсиология саҳми бузург гузоштааст. Мутафаккир дар доираи анъанаҳои сотсиологияи позитивӣ, инчунин аз рӯйи назарияи Чарлз Дарвин назирияи таҳаввулотии ҷомеаро пешниҳод менамояд. Дар асараш «Статикаи иҷтимоӣ» (1851) нуқтаи назари худро оиди «ҳолати иҷтимоӣ» - и инсоният ҳамчун ҳолати мувозинат ва ризоият (гармония ва консенсус), ки ҳангоми қонеъ гаштани талаботҳои фардҳо ба даст меояд, пешниҳод кард. 
    Г. Спенсерро дар илми сотсиология асосгузори равияи органикӣ меҳисобанд. ӯ ҷамъиятро ба организми биологӣ монанд карда, қисмҳои алоҳидаи ҷомеа (давлат, масҷит, маориф ва ѓ.) - ро бо узвҳои алоҳидаи организм (дил, системаи асаб ва ѓ.) муқоиса менамояд. Ба ақидаи Спенсер ҳар як узв ба организми бутун ягон фоида меоварад ва вазифаи ҳаётан зарурро иҷро мекунад. Таѓйиротҳо дар ҷамъият бе таѓйирёбии қисмҳои он ва вазифаҳои иҷрокунандаи онҳо ба вуҷуд омада наметавонад. Дар ҳолате, ки таѓйирот дар иқтисодиёт ба вуҷуд ояд, ин ба дигаргуншавии сохтори иҷтимоӣ оварда мерасонад, чунки синфҳои нав (масалан, соҳибкорон ва коргарони кироя) ба вуҷуд меоянд. Ба ақидаи ӯ, қонуни асосии инкишофи иҷтимоӣ ин қонуни зинда мондани фардҳои нисбатан беҳтар мутобиқшуда ба ҳисоб меравад. Вазифаи интихоби табииро рақобати иқтисодӣ иҷро менамояд. Давлат бояд ба раванди интихоби табиӣ дахолат накунад ва аз фардҳои нисбатан камтар мутобиқшуда халос шудан зарур аст. Ин гуна ҳолат баъдтар номи «дарвинизми иҷтимоӣ» - ро гирифт. Спенсер зидди инқилоб буда, онро бемории организми иҷтимоӣ ҳисоб мекунад.
Спенсер назарияи таҳаввулоти иҷимоиро пешниҳод намуда, ақида дошт, ки ҳама ҷомеаҳо зина ба зина инкишоф меёбанд. Спенсер таҳаввулотро ҳамчун як тамоюли умумии инкишоф таҳқиқ мекард, ки дар натиҷаи он ташаккулёбӣ ва мураккабшавии объектҳо, тафриқаи қисмҳои вазифаҳои гуногунро иҷрокунанда ва ҳамгироии қисмҳои онҳо ба як чизи бутун ва ягона табдил меёбанд.  Г. Спенсер барои дар илм ворид шудан ва васеъ истифода шудани мафхуми «институти иҷтимоӣ» мусоидат намуд. Ба ақидаи ӯ, институтҳо ягонагии иҷтимоиро нигоҳ медоранд, чунки барои фардҳо рафтори аниқеро муайян менамоянд. Фардҳо аз рӯи тартиботи институтҳо амал мекунанд, зеро маҳз институтҳо муҳимтарин талаботҳои одамонро қонеъ мегардонанд. 
в) Таълимоти сотсиологии Эмил Дюркгейм
    Эмил Дюркгейм (1858 – 1917) донишманди фаронсавиест, ки барпошавии сотсиология ҳамчун илми мустақил ва фанни таълимӣ дар Авпупо бо номаш алоқаманд аст. Инчунин Дюркгейм асосгузори мактаби сотсиологӣ дар Фаронса мебошад. Мероси адабии Дюркгейм ин асарҳои: «Усули сотсиология», «Оиди тақсимоти меҳнати ҷамъиятӣ», «Худкушӣ. Рисолаи сотсиологӣ», «Сотсиологияи маориф», ва ѓайра мебошанд. 
Ба ақидаи Дюркгейм сотсиология бояд воқеият (ҳақиқат) - и иҷтимоиеро, ки сифатҳои хоси худро дорад, омӯзад. Унсурҳои воқеияти иҷтимоӣ далелҳои иҷтимоӣ мебошанд, ки дар маҷмӯъ ҷомеаро ташкил медиҳанд. Далелҳои иҷтимоӣ ин воқеиятест, ки новобаста аз фард вуҷуд дошта, «қувваи маҷбурсозӣ» доранд (тарзи тафаккур, қонунҳо, урфу одат, забон, этиқод, низоми пулӣ). Масъалаи марказӣ дар эҷодиёти илмии Дюркгейм ин масъалаи ҳамфикрии иҷтимоӣ мебошад. ӯ ба монанди Конт ва Спенсер ақида дошт, ки ҷомеа бояд ба консенсус асос ёбад. Низоъҳо на қувваи ҳаракатдиҳандаи инкишофи ҷомеаанд ва на аломати ҳаёти коллективона, балки онҳо аломати беморӣ ва бетартибии ҷомеа мебошанд. Дюркгейм ѓояи Марксро оиди он ки «инқилоб ягона воситаи мувофиқи ҳал намудани низоъҳои иҷтимоӣ мебошад» - ро рад мекард.
Мувофиқи ақидаи Дюркгейм дар таърихи ҷомеаҳои инсонӣ ду навъи тақсимоти меҳнатро ҷудо кардан мумкин аст, вобаста ба ин ду навъи ҳамфикрӣ вуҷуд дорад. Навъи якум ин ҳамфикрии механикӣ, ки дар натиҷаи умумӣ будани этиқоду ҳиссиётҳо ба вуҷуд омада, одамон бо онҳое муносибатро нигоҳ медоранд, ки аз рӯи тарзи ҳаёт ва фикрронӣ ба худи онҳо монанд бошанд. Дар ин намуди ҳамфикрӣ сатҳи пасти тақсимоти меҳнат (фардҳо дар иҷрои вазифаҳои истеҳсолӣ ва ҷамъиятӣ метавонанд якдигарро иваз кунанд) вуҷуд дорад, сохторҳои иҷтимоӣ на он қадар равшан тафриқабандӣ шудааст. Навъи дуюм ин ҳамфикрии органикӣ мебошад, ки дар натиҷаи ҷудокунӣ аз рӯи намуди шуѓл ба вуҷуд омада, одамон бо онҳое муносибат мекунанд, ки аз рӯи тарзи ҳаёт ва фикрронӣ аз онҳо фарқ мекунанд, вале барои қонеъ гардонидани талаботҳояшон онҳо ба ин одамон ниёз доранд. Дар ин намуди ҳамфикрӣ бошад, тақсимоти меҳнат дар сатҳи нисбатан дигар ба роҳ монда шудааст. 
Таълимоти ҳамфикрии иҷтимоиро Дюркгейм инчунин дар дигар асари машҳури худ «Худкушӣ» (1897) истифода бурдааст. Дар ин асар Дюркгейм фарқияти шумораи худкуширо дар давлатҳои гуногун, умумиятҳои гуногуни этникӣ ва динӣ, дар байни категорияҳои гуногуни демографӣ таҳқиқ карда, онро исбот карданӣ буд, ки ҷавоби ин танҳо сотсиологӣ буда метавонад. Дар рисолаи «Оиди тақсимоти меҳнати ҷамъиятӣ» Дюркгейм аномияро ҳамчун номуайянии меъёрҳо маънидод карда буд. Набудани самт ва қоидаҳои мушаххаси рафтор ба зиёд шудани ҳисси бегонашавӣ аз ҷомеа ва ба паҳн шудани рафторӣ низоъҷӯёна ва худвайронкунӣ (ҳатто то ба худкушӣ) бурда мерасонад. 
г) Таълимоти сотсиологии К. Маркс
Карл Маркс (1818 – 1883) яке аз бузургтарин ва машҳуртарин донишманди илмҳои ҷамъиятии асри XIX мебошад. Асарҳои К. Маркс, ки дар сотсиология аҳамияти хоса доранд, инҳоянд: «Манифести партияи коммунистӣ», «Капитал» (Сармоя), «Муборизаи синфӣ дар Фаронса аз соли 1848 то соли 1850», «Оиди танқиди иқтисоди сиёсӣ. Сарсухан». Аз рӯи таълимоти марксистӣ сохти ҳар як ҷамъиятро воситаҳои истеҳсолоти моддӣ ташкил медиҳанд, яъне Маркс тарафдори фаҳмиши материалистии таърих буд. Фаҳмиши материалистии таърих ҷамъиятро ҳамчун организми иҷтмоӣ, низоми ягонаи иҷтимоӣ меҳисобад ва сарчашмаи тараққиёту инкишофи ҷамъиятро дар худи дохили ҷамъият мебинад[1]. Маркс тарафдори аз байн бурдани ҷомеаи куҳна ва ба ивази он ба ҷомеаи наву боадолатона буд. Маркс роҳи инқилобии таѓйироти ҷомеаро тарафдорӣ менамуд. Инчунин ӯ асосгузори назарияи низоъ мебошад, низоъ ва зидиятҳоро ҳамчун омили асосии таѓйиротҳои иҷтимоӣ ва қувваи пешбарандаи таърих меҳисобад. 
    К. Маркс ба чунин паҳлӯҳои манфии капитализм, ба монанди истисмори инсон за тарафи инсони дигар, қашоқшавии оммаи халқ ва зиёдшавии ҷинояткорӣ диқати махсус медод. Ба андешаи ӯ дар доираи капитализм ин зуҳуротҳоро аз байн бурдан номумкин аст, чунки капитализм ба монанди ѓуломдорӣ ва феодализм сохти антагонистӣ[2] мебошад. Дар он ҷомеаҳое, ки синфҳо вуҷуд доранд антагонизм вуҷуд дорад, яъне як синф ҳамеша синфи дигарро истисмор мекунад, аз ҳисоби қувваи кории онҳо зиндагӣ мекунад. Синфе, ки соҳиби сарват аст, ҳеҷ гоҳ намехоҳад сарвати ҷамкардаи худро аз даст диҳад. Синфе, ки ин гуна сарватро надорад, кӯшиш мекунад соҳиби сарват шавад. Муборизаи миёни синфҳоро омӯхта, Маркс ба чунин хулоса омад, ки истисморро ба воситаи ислоҳоти ҷомеа аз байн бурдан номумкин аст. Истисморро танҳо бо воситаи барҳам додани ҷомеаи синфӣ ва ба ҷои он ташкил кардани ҷомеаи баробари бесинф бартараф намудан мумкин аст.
д) Таълимоти сотсиологии Макс Вебер
Макс Вебер (1864 - 1920) асосгузори сотсиологияи фаҳмиш ва назарияи амали иҷтимоӣ мебошад. Вебер диққати асосиро ба таҳқиқи сабабу мақсади фаъолият ва рафтори инсон ва ё гурӯҳ равона мекард. Ба ақидаи Вебер фаъолияти шахсони алоҳида ва ё гурӯҳ аз тарафи муносибатҳои иҷтимоӣ ва сохтори иҷтимоӣ пешакӣ муайян нашудаанд, балки онҳо мулоҳизакорона ва мустақилона мебошанд. Натанҳо ҷомеа ба инсон (гурӯҳ) таъсир мерасонад, балки инсон низ мақсаду манфиатҳои худро пеш гирифта, дидаю дониста бо дигар инсонҳо муносибат мекунад, ки дар натиҷа воқеияти иҷтимоӣ ба вуҷуд меояд.  Муҳимтарин асарҳои Вебер «Ахлоқи протестантӣ ва рӯҳи капитализм», «Оиди баъзе категорияҳои сотсиологияи фаҳмиш», «Сиёсат ҳамчун ҳунар ва касб», «Илм ҳамчун касб», «Ахлоқи хоҷагидории динҳои ҷаҳонӣ», «Таърихи аграрии дунёи қадим», «Хоҷагидорӣ ва ҷомеа» ва «Оид ба ҷомеаҳои тиҷоратӣ дар асрҳои миёна» ба ҳисоб мераванд. “Амали иҷтимоӣ яке аз мафҳумҳои марказӣ дар сотсиологияи Вебер аст. Амали иҷтимоӣ гуфта чунин амалеро меноманд, ки аз рӯи маънои ба он додаи иштирокчиён ба амали дигар одамон алоқаманд буда, ба онҳо равона шудааст. Вебер назарияи бюрократияи идеалиро кор карда баромадааст. 
е)Питирим Сорокин
Питирим Сорокин (1889 - 1968) машҳуртарин сотсиологи русу амрикоӣ мебошад. Асари ӯ «Динамикаи иҷтимоӣ ва фарҳангӣ» (1937) яке аз беҳтарин асар дониста шуда буд. Асари дигари ӯ «Ҷойивазкунии иҷтимоӣ» асари классикии ҷаҳонӣ гардид. Дар ин асар Сорокин мафҳумҳои ҷойивазкунии амудӣ ва ҷойивазкунии уфуқиро дида баромадааст. Инчунин П. Сорокин асогузори назарияи табақабандӣ ба шумор меравад. Шарҳи мухтасари ин назария дар осори илмии ӯ «Инсон, тамаддун, ҷомеа» оварда шудааст. Дар солҳои 30 - уми асри ХХ сотсиология ҳамчун илми «буржуазӣ» эълон гардид, баъзе аз донишмандони ин соҳа ҳабс шуданд, қисми дигар мамлакатро тарк намуда ба Аврупою Амрико муҳоҷират намуданд. Дар солҳои 30 - уми асри ХХ марксизм ҳамчун идеологияи ҷамъиятӣ мустаҳкам гардид. Сотсиология як шохаи фалсафа эълон гардида, «материализми таърихӣ» ба ҷои сотсиология қабул карда шуд. Аз солҳои 60 - ум саркарда сотсиология мавқеи аз даст додаи худро баргардонидан гирифт. Дар Тоҷикистон соли 1967 дар назди Шӯъбаи фалсафаи АИ ЧТ бахшии таҳқиқотҳои сотсиологӣ таъсис ёфт (аз соли 1991 шӯъбаи сотсиология), ки то охирҳои солҳои 90 –ӯми асри гузашта ягона маркази таҳқиқотҳои сотсиологӣ дар ҷумҳурӣ буд.  
Марҳилаи муҳими ташаккули сотсиология ҳамчун илм ва институткунонии таълимоти сотсиологӣ таъсис додани шӯъбаи сотсиология ва баъдтар кафедраи сотсиология дар факултаи фалсафаи ДМТ шуданд.  Соли 2001 бо қарори Шӯрои олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар назди кафедраи таърихи фалсафаи факултаи фалсафаи ДМТ ихтисоси сотсиология таъсис дода шуд. Соли 2005 дар назди факултаи фалсафаи ДМТ кафедраи тахасусии сотсиология кушода шуд.

[1] Социология. Основы общей теории: Учебник для вузов – М.: Норма, 2003. С. 8
[2] Зидияти оштинопазир миёни синфҳои асосии ҷомеа.

Адабиёт:
  1. Баҳромбеков В., Миров Ф. Асосҳои сотсиология. - Душанбе: “Матбуот”, 2015.  
  2. Волков Ю. Е. Социология. — М.: «Дашков и К°», 2012. 
  3. Гулаҳмадов Ш.Н., Абдулвоҳидов С., Файзиев Б. Сотсиология. – Кулоб, 2011. 
  4. Идиев Х., Гиёев Қ., ва дигарон. Сотсиология. - Душанбе, 2003
  5. Лавриненко В.Н. Социология. Конспект лекций. - М.: Проспект, 2013. 
  6. Осипов Г. Социология. Основы общей теории. Второе издание. - М.: Инфра-М, 2013. 
  7. Кравченко А.И. Общая социология: учебное пособие для вузов – М.: Юнити, 2008. 

Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив