Бӯҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии охири солҳои 80-ум ва ибтидои солҳои 90-уми асри XX


Бӯҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии охири солҳои 80-ум ва ибтидои солҳои 90-уми асри XX

Дар мамлакат чандин тамоюлҳои сиёсй барои аз ҳайати ИҶШС баромадан ба амал омаданд. Хусусан, аз охири солҳои 80-ум сар карда, дар ҷумҳуриҳои назди Балтик ҳаракати аз ҳайати ИҶШС баромадан авҷ гирифт. Ба ин ҳаракат қувваҳои мухолифин (оппозитсионӣ) роҳбарй карда, аввал масъалаи ба забони модарй додани мақоми давлатӣ, тадбирҳои таъҷилии кам кардани шумораи касоне, ки барои сукунат аз дигар ҷумҳуриҳо меоянд, баланд бардоштани мақом ва мустақилии сохтори идоракунии маҳаллӣ нисбат ба Ҳукумати умумииттифоқиро талаб мекарданд.


Маълум аст, ки тирамоҳи соли 1988 дар интихоботи шӯроҳои марказӣ ва маҳаллии ҷумҳуриҳои Латвия, Литва ва Эстония Фронти халқӣ ғалаба намуда, фавран нақшаи стратегии худро оид ба пурра ба даст даровардани соҳибистиқлолӣ ва барпо намудани давлатҳои мустақил пешниҳод намуд.
Моҳи апрели соли 1989 якчанд рӯз дар Тифлис намоишҳо барпо гардида, иштирокчиёнашон гузаронидани ислоҳоти демократӣ ва соҳибистиқлол эълон намудани Гурҷистонро талаб намуданд. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Мухтори Абхазистон изҳор карданд, ки Ҷумҳурии Мухтори Абхазистон аз ҳайати Ҷумҳурии Гурҷистон ҷудо карда шавад.
Бояд қайд намуд, ки баъзе ҷумҳуриҳои иттифоқӣ барои омӯхтани таҷрибаи муборизаи Фронти халқии ҷумҳуриҳои назди Балтик ва минтақаҳои Қафқоз намояндагони худро фиристода буданд.
Ҳамин тавр, моҳи ноябри соли 1988 аввалин шуда Шӯрои Олии ҶШС Эстония Эъломияро оид ба соҳибистиқлолии давлатии худро қабул намуд. Чунин ҳуҷҷатҳо дар Литва, Латвия, Озарбойҷон (соли 1989), Молдова (соли 1990) низ қабул гардиданд. 19 январи соли 1990 Ҷумҳурии Мухтори Нахичеван соҳибистиқлолии худро эълон кард.

Анҷумани якуми вакилони халқии РСФСР соли 1990 қарор дар бораи соҳибистиқлолии Русияро қабул намуд. Аввалин президенти он Б.Н. Елтсин ва ноиби он А.В. Рутской интихоб шуданд.

Сарчашмаҳои таърихӣ нишон медиҳанд, ки сарвари ин ҷунбишҳо дар ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ қувваҳои муттаҳидаи мухолифин буда, ҳизб ва созмонҳои нави сиёсӣ дар Украина «Рух», дар Литва «Саюдис», дар Тоҷикистон Ҳизби Демократӣ, Наҳзати Ислом, созмонҳои «Растохез» ва «Лаъли Бадахшон» фаъолият мекарданд. Дар Тоҷикистон ин ташкилотҳо муттаҳид шуда, ситоди «Наҷоти Ватан»-ро ташкил намуданд.

Соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон дорои хусусиятҳои хос буда, аз рӯйи нақша ва барномаи мушаххас ба амал наомадааст. Баръакс, қадамҳои аввалин дар роҳи соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ бо хунрезӣ оғоз ёфтанд. 12-14 феврали соли 1990 дар шахри Душанбе бесарусомониҳо рух дод, ки дар рафти он шаҳрвандони бегуноҳ ҳалок гардиданд. Он вақт як гурӯҳи экстремистон овоза паҳн намуданд, ки барои мардуми тоҷик хонаю ҷой намерасад, аммо роҳбарияти ҷумҳурӣ гӯё ба гурезаҳои армание, ки аз Боку омадаанд, хонаҳои навбунёди пойтахтро тақсим карда медода бошад. Сарварони ошӯбгар намоиши бисёрҳазораро (зиёда аз 30 ҳазор) ташкил дода иборат аз 17 нафар «Кумитаи халқӣ»-ро таъсис намуда, талаб карданд, ки роҳбарони ҷумҳурӣ Қаҳҳор Маҳкамов, Ғоибназар Паллаев ва Иззатулло Ҳаёев ба истеъфо раванд. Дар рафти ин ошӯбҳо дуздӣ, ғоратгарӣ, оташ задани иморатҳо, гаравгонгирӣ, латукӯби шаҳрвандон низ авҷ гирифтанд. Душманон хостанд вазъияти ҷумҳуриро тезутӯнд созанд. Дар чунин шароити таърихӣ Тоҷикистони соҳибистиқлол оғоз ёфт.

24 августи соли 1990 Иҷлосияи дуюми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ Эъломия қабул намуд. Дар моддаи аввали Эъломия омадааст, ки «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати мустақили демократии ҳуқуқбунёд мебошад».

Бояд қайд кард, ки Эъломия чун ҳуҷҷати муҳим барои ташкилёбии Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон саҳми арзанда гузошт, вале бо тағйир ёфтани вазъият дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ зарурат барои такмили Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал омад. Хусусан ҳодисаҳои моҳи августи соли 1991 тақозо мекард, ки баҳри ба даст овардани истиқлолияти комил ба Эъломияи соли 1990 тағйироту иловаҳо дохил карда шавад. Дар ин бора Изҳороти Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (9 сентябри соли 1991) шаҳодат медиҳад. Дар асоси изҳороти қабулшуда Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор “Дар хусуси дохил кардани тағйироту иловаҳо ба Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро қабул намуд. (Муфассал нигаред ба кит.: Маҷмӯи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Душанбе, 2002. ҷ.1.-С.12-13).

Ҳамин тавр, дар Давлати Шӯравӣ як ҷунбише ба амал омад, ки вай бо қатьият гузаронидани тағйироти ҷиддии сиёсиро дар Иттиҳоди Шӯравӣ талаб мекард. Бо ин мақсад моҳи декабри соли 1990 дар ш. Маскав Анҷумани IV вакилони халқии ИҶШС даьват карда шуд. Анҷуман тағйиротҳои куллии дар ҷамьият бавуҷудомада ва роҳи соҳибистиқлолиро пеш гирифтани ҷумҳуриҳои иттифоқиро ба назар гирифта, қарори махсус «Оид ба консепсияи умумии аҳдномаи иттифоқӣ» ва тарзи қабули онро тасдиқ намуд. Дар ҳуҷҷат ба тариқи мушаххас роҳҳои азнавсозии Иттифоқ муайян гардида буданд.

Мувофиқи қарори Анҷумани IV дар мамлакат 17 марти соли 1991 райьпурсии умумииттифоқӣ оид ба нигоҳ доштани Иттиҳоди Шӯравӣ гузаронида шуд. Бояд қайд кард, ки аз миқдори умумии иштирокчиёни райьпурсӣ 71,3 дарсади онҳо барои нигоҳ доштани ИҶШС овоз доданд.

Бо мақсади ҳалли буҳрони сиёсӣ ва қатьиян муайян намудани ояндаи Иттиҳоди Шӯравӣ моҳи апрел-майи соли 1991 дар Ново-Огарево гуфтушуниди М.С. Горбачев бо роҳбарони нуҳ ҷумҳурии иттифоқӣ оид ба аҳдномаи нави давлатдорӣ барпо гардид. Ҳамаи иштирокчиёни гуфтушунид шакли давлатдории такмилёфтаи Иттифоқро дастгирӣ намуда, лоиҳаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро (ИДМ) дастгирӣ намуданд. Иштирокчиёни гуфтушунид пешниҳод карданд, ки бояд Конститутсияи нав қабул шавад ва дар асоси он давлатдории навинро ташкил намуда, ба сохтори интихобот тағйирот дохил карда шавад.

Дар санаи 20 августи соли 1991 бояд аҳдномаи нав имзо гардида, дар матбуот чоп карда мешуд. Нашр ва муҳокимаи лоиҳаи аҳдномаи иттифоқӣ дар ҷомеа буҳрони сиёсиро пурқувват ва вазьиятро боз ҳам тезутунд намуд. Аз ин сабаб роҳбарони ҳаракати «Русияи демократӣ» таклиф намуданд, ки алҳол аҳдномаи муваққатӣ танҳо ба муддати як сол имзо карда шавад. Чунин масьалагузорӣ норозигиро дар ҷомеа боз ҳам зиёдтар намуд ва якчанд рӯз то имзои аҳдномаи иттифоқӣ мухолифин кӯшиданд, ки сиёсати ислоҳотчигӣ бекор карда, Давлати Шӯравиро аз барҳамхӯрӣ наҷот диҳанд.

Дар таьрихи 19 августи соли 1991 Президенти ИҶШС М.С. Горбачев гӯё бо сабаби бад шудани саломатиаш аз вазифааш озод карда шуд. Гурӯҳи ходимони давлатӣ изҳор намуданд, ки дар мамлакат ба муддати 6 моҳ вазьияти фавқулода ҷорӣ карда шуда, намоиш ва корпартоиҳо манъ карда шаванд.

Ҳамин тавр, ба воситаи матбуоти даврӣ ва радиою телевизион эълон карда шуд, ки дар мамлакат Кумитаи фавқулодаи давлатӣ (ГКЧП) ташкил ёфтааст, ки вай муваққатан идоракунии давлатиро ба зиммаи худ мегирад. Ба ҳайати Кумитаи фавқулодаи давлатии ИҶШС ноиби президент Г.И.Янаев, сарвазир В.С. Павлов, раиси Кумитаи амнияти давлатӣ (КГБ) В.А. Крючков, вазири мудофиа Д.Т. Язов ва дигар ходимони сохтори давлатӣ дохил шуданд.

Дар изҳороти Кумитаи фавқулодаи давлатӣ (КФД) қайд карда шуд, ки вазифаи аввалиндараҷа барҳам додани буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, муътадил гардондани муносибатҳои миллӣ, хотима додани конфронтатсияи байни шаҳрвандон ва умуман бесарусомонӣ дар мамлакат мебошад. Бояд қайд кард, ки КФД вазифаи асосии худро дар барқарор намудани тартиботи то соли 1985 ИҶШС медид. Вале Кумитаи фавқулодаи давлатӣ дер давом накард ва 22 августи соли 1991 ҳайати он ҳабс карда шуд. Воқеаҳои 19-22 август ҷараёни барҳамхӯриро тезонда заминаҳои амалии аз байн рафтани Иттиҳоди Шӯравиро ба миён оварданд.

Бояд қайд кард, ки рӯзҳои ташкилёбӣ ва барҳамхӯрии Кумитаи фавқулодаи давлатӣ дар ҷумҳуриҳои иттифоқӣ воқеаҳои сиёсӣ рух доданд. Чунончи, 20 август Эстония, 24 август Украина, 25 август Беларус ва то охири ҳамин моҳ Озарбойҷон, Ӯзбекистон, Молдова, Қирғизистон соҳибистиқлолии худро эълон намуданд. Ин чунин маъно дошт, ки амалан Иттиҳоди Шӯравӣ аз байн рафтааст ва онро аз ҷиҳати ҳуқуқӣ қонунӣ гардонидан лозим буд.

Воқеаҳои моҳи августи соли 1991 дар мамлакат бесарусомониҳоро пурқувват намуда, раванди барҳамхӯрии ИҶШС-ро тезониданд.

8 декабри соли 1991 дар Беловежск (наздикии Брест) сарварони Русия – Б.Н. Елтсин, Беларус – С.С. Шушкевич ва Украина – Л.М. Кравчук ҷамъ омада, дар бораи таъсиси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил созишнома имзо карданд. Дар Созишнома омадааст, ки ИҶШС ҳамчун субъекти байналмилалӣ барҳам хӯрд.

18 декабри соли 1991 намояндагони ҷумҳуриҳо дар Шӯрои Олии ИҶШС изҳорот қабул намуданд, ки созишномаи Русия, Беларус ва Украина дар хусуси ташкил намудани Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ба инобат гирифта шавад. Дар санаи 21 декабри соли 1991 дар шаҳри Алмаато сарони ёздаҳ ҷумҳурӣ ҷамъ омада, Созишномаи Беловежскро дастгирӣ намуда, қарор доданд, ки бо ташкил ёфтани Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ИҶШС фаъолияти худро қатъ мегардонад.

Дар таърихи 25 декабри соли 1991 Президенти ИҶШС М.С. Горбачёв ба воситаи телевизиони марказӣ суханронӣ карда, изҳор намуд, ки бо ташкил ёфтани Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ӯ аз вазифаи Президенти ИҶШС даст мекашад.

Ҳамин тавр, ба ивази ИҶШС Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ташкил гардид, ки ба ҳайати он Русия, Беларус, Украина, Арманистон, Гурҷистон, Молдова, Озарбойҷон, Туркманистон, Узбекистон, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон дохил шуданд. ИДМ дар рушди муносибатҳои иқтисодӣ ва сиёсию фарҳангии ҷумҳуриҳои соҳибистиқлол саҳми худро бояд гузорад.

Он «бозсозие», ки аз ҷониби роҳбарони ҳизбию давлатии ИҶШС бо умеди ба амал баровардани дигаргуниҳои демократӣ дар ҷамъият бояд гузаронида мешуд, ба итмом расид. Натиҷаи он пошхӯрӣ ва аз байн рафтани давлати сермиллати бузург бо номи Давлати Шӯравӣ гардид.


Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив