Падар, ки раҳмати ҳақ бар равони покаш бод,
Зи ман дареғ намедошт панди пирона.
Пас аз вафот кардани падараш (1322) Ибни Ямин маҷбур мешавад барои эҳтиёҷоти моддӣ ба хизмати Хоҷа Алоуддин дарояд. Соли 1337 зодгоҳашро тарк карда ба шаҳри Гургон рафта дар дарбори ҳокими он ҷо – Тағой Темурхон кор мекунад. Соли 1341 ба зодгоҳаш баргашта дар муборизаҳои Сарбадорон ба муқобили муғулон иштирок мекунад. Дар яке аз ҷангҳо асир меафтад ва ўро ба Ҳирот бурда кор мефармоянд. Баъди халосӣ аз асорат ба зодгоҳаш баргашта, охирҳои умрашро дар гўшанишинӣ мегузаронад.Ибни Ямин соли 1368 дар зодгоҳаш вафот кардааст. Мероси адабии Ибни Ямин аз рўйи девонҳо ва куллиёташ, ки то замони мо расидаанд, 13000 байтро ташкил дода, аз қитъа, қасида, ғазал, рубоӣ, тарҷеъбанд ва маснавӣ иборат мебошад.
Мазмуну мундариҷаи ашъорашро танқиди нобаробариҳои иҷтимоӣ, ҷавру ситами золимон, тарғиби ғояҳои инсондўстӣ, хайру саховат ва ташвиқи илму маърифат ташкил медиҳанд.
Комментарии (0)