Аз давраҳои қадим нуқтаи назар ва ақидаи олимон дар пайдоиши бозиҳо ва машқҳои варзиши ду тариқаанд.
1. Яке назари идеалистӣ
2. Дигаре материалистӣ
Гуруҳи аввал чунин тасаввур доштанд ки равишҳои меҳнат аз бозиҳои ҳайвонот баромадааст. Онҳо маънидод карданд ки гуё одам мисли ҳайвон қувваи зиёдати дорад ва онро дар бози сарф мекунад. Бар ақидаи онҳо бози бар меҳнат собиқаи бештар дорад дар таърихи ҷамъияти бози аз меҳнат муқаддамтар аст ва меҳнат зодаи бози мебошад.Чунин ақида то замони мо аз тарафи файласуфони хайёлпараст ҷонибдори мешавад.
Гуруҳи дуюми олимон ба ин масъала аз мавқеъи қонунҳои инкишофи ҷамъият назар мекунанд. Онҳо мефаҳмонанд , ки инсон бунёдгари варзиш мебошад,онҳо пайдоиши варзишро аз заминаи хулосаи илми баён мекунанд. Аҳмияти меҳнат дар мубаддалшави маймун ба одам мефаҳмонанд,ки одамро меҳнат офаридааст. Одам мисли ҳайвон дар ҷангал ғор дашту кӯҳҳо зиндаги мекард. Сохтани олоти меҳнату шикор низ чун заруроту тақозои зиндаги пеш омад. Истифодаи олотҳои меҳнат омодаи силоҳи шикори ҷанг ва ғайра омилоти пайдоиши тарбияи ҷисмониву варзиш буданд. Шуур ба одам имкон дод,ки дарк намояд, ки натиҷаи шикор аз шарофати машқи шикор аст. Бо ҳамин мисол баъзе машқҳо аз меҳнат ҷудо шуда ба аввалин машқҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши маҳорат мегузарад.
Омӯхтани шаклҳои миллии тарбияи варзиши нишон медиҳад,ки онҳо чун қисми ҷудонопазири фаъолияти меҳнат ва тақозои муҳофизати худ даст ба гиребон шуданд ба душман сифатҳои ҷисмонии худро (дар давидан ҷаҳидан партофтани врситаҳои ҷанги шино ва дигар ҳаракатҳо) такмил медоданд. Аз давраҳои қадим тоҷикон бозиҳои варзиширо доштанд. Гуштингири яке аз намудҳои қадимтарини варзиши тоҷикон буд. Бе гуштингири ягон рӯзи хурсанди намегузашт, паҳлавонон ҳамеша машқи гуштин доштанд. Аз хурди чавонмардҳо ба гуштин машқ мекарданд аввал дар тӯйҳои ҳамқишлоқон баъд дар қишлоқҳои ҳамсоя ба базмҳои гуштингири мерафтанд. Ба ин хотир маросими камарбандон барпо мешуд. Ба он ҷавонмард номи паҳлавонро гирифта дар базму маракаҳо мардум ҳамчун паҳлавон мустақилона ширкат меварзид. Боз як бозии варзиши ки тоҷикон аз давраҳои қадим ба он шавқи калон доштанд «Бузкаши» буд. Дар байни мардуми туркзабон онро «Улоқ» меномиданд. Ин бозиро асосан мардум дар фасли баҳор ва тирамоҳ мегузаронанд. Дар давраҳои қадим иштирокчиёни ин бози асосан одамони бадавлат буданд,ки 2-3 аспҳои махсуси бузкаши доштанд. Қоидаи ин бози аз он иборат мебошад,ки бузи сарбуридаро аз аз байни иштирокчиёни мусобиқа кашида ба ҷои муайян партофтан мебошад. Дар давраҳои қадим онҳое.ки асп надоштанд байни худ харсавор низ мегузарониданд.
Ниёгони мо боварии комил доштанд ки акли солим дар тани солим аст. Дар ҳақиқат тандурусти ганҷи бебаҳост ва ҳалқ гуфтааст:
Чаро нолад касе аз тангдастӣ,
Ки ганҷи беҷиёс аст тандурустӣ.
Ҳар як намуди варзиш қоида ва талаботи ба худ хос дорад. Шикор, ки яке аз намуди аввалини варзиши тоҷикон буд вобаста ба муҳити ҷуғрофи дар ҳар як води талаботу воситаҳои худро дошт. Дар кӯҳистон шикорчи бояд кӯҳгардиро нагз ёд мегирифт аз дарёҳои кӯҳи гузашта метавонист бо хунукиҳои кӯҳистон тобовар мебуд. Роҳи гузари чарогоҳи сайдро медонист. Барои задани як сайд ба шикорчи камаш як ҳафта дар кӯҳҳои баландпоя гаштан лозим меомад. Мушкилии шикорчи вобаста ба навъи сайд мебошад ба он пушоки шикорчи аслиҳа тушаи роҳ ва ғайра вобаста дорад. Аз сабаби одди будани яроқи шикорчи на ҳар кас метавонист ба кӯҳу ҷангалҳо танҳо равад. Шикорчиён одатан одамони нотарс бақувват чолок ва далер буданд онҳо ҳангоми шикор бо худ саг мегирифтанд.
Комментарии (0)